АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шинохти шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Душанбе – калонтарин шаҳр ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад. Шаҳри Душанбе имрӯз яке аз шаҳрҳои зебои дунё гардида истодааст. Бидуни тардид, ана ҳамин омил сабаби асосии ҷалби сайёҳони хориҷӣ аст ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ боиси шинохта шудану таблиғ гардидани шаҳри Душанбе дар хориҷи кишвар ва арсаи байналмилалӣ мегардад.
  Ин ҳама иқдомотест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар фарзандони фарзонае, ки бевосита саҳми худро ҳамарӯза мегузоранд ва талош меварзанд, то шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилал шинохта шавад. Барои он ки ин мақсад амалӣ шавад, дар шаҳри Душанбе ин қадар конфронсу созмонҳо, мусобиқаҳо ва ғайра дар сатҳи байналмилал гузаронида мешавад, ки ахиран тавре ҳамагон мушоҳида намудем, мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар мусобиқа беш аз 400 намоянда аз 27 давлати қора иштирок доштанд.
  Бояд гуфт, ки баргузории чунин мусобиқаҳову конфронсҳо дар сатҳи байналмилал худ гувоҳи шиносонидан ва шинохта шудани шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилал мебошад.
  Хуб дар арсаи байналмилал чанд омиле ҳаст, ки бояд вуҷуд дошта бошад, то шаҳр хубтар шинохта шавад:
  Аввал тозагӣ аст. Вақте ки мо ҳамарӯза дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе қадам мегузорем, гулгашту хиёбонҳои зебои он ба дили мо шодию фараҳ мебахшад. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.
  “Кор ҳаст камбудиҳо ҳам мешавад” мегӯянд, вале то ҳадди имкон барои бартараф кардани камбудиҳо бояд сокинони бошарафи пойтахт саҳми худро гузоранд. Масалан сокинони пойтахт метавонанд ба сабзазору гулҳо ва дарахтон аҳамияти хосса диҳанд. Манзур дар фасли тобистон каме ҳам бошад барои хушк нашудани сабзазорҳо ҳадди ақал об диҳанд.
  Шукронаи ваҳдат ва тинҷию оромӣ, ки Душанбе рӯз то рӯз симои худро дигар мекунад. Биноҳои зебои замонависохт имрӯзҳо ба ҳусни зебои шаҳр ҳусни тозае зам мекунад.
  Таъмини амният. Гуфта мешавад, тибқи иттилои Маркази таҳлилии амрикоӣ “Gallup” дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳоро радабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додаст. Ин нукта гувоҳи он аст, ки сулҳу амонӣ дар шаҳри Душанбе комилан таъмин аст. Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки аз кишвари Тоҷикистон солона ҳудуди 1 млн сайёҳ дидан менамоянд.
  Имрӯз пойтахти давлати тоҷикон шаҳри Душанбе яке аз марказҳои муттаҳидсозандаи тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.
  Ҳифзи манфиатҳои миллӣ. Ҳадафи ниҳоии ҳар сиёсати давлатӣ – ҳифзи манфиатҳои миллии давлат мебошад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва муаррифии давлати тоҷикон дар саҳнаи байналхалқӣ равона гардидааст. Дар тӯли 30 соли cоҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии кишвари мо марҳилаҳои ташаккул, рушд ва таҳаввулро сипарӣ намудааст. Тайи ин муддат дар самти сиёсати хориҷӣ ва дипломатия тоҷикон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, ки дар таърихи халқи мо назир надоранд[1].
  Ин маънои онро дорад, ки пойтахти кишвар шаҳри Душанбе марҳилаҳои ташаккул, рушд ва таҳаввулро сипарӣ намудааст ва омодааст, то дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад.
  Дастовардҳои фарҳангӣ. Омили дигар, ин омили дастовардҳои фарҳангӣ мебошад, ки шаҳри Душанберо дар арсаи байналмилалӣ шинохтааст. Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши арзишҳои ғарбӣ яке аз вазифаҳои асосии кишварҳои миллӣ – ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва динӣ ба шумор меравад. Зимнан муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ алоқаманд мебошад. Ин дастовардҳои мардуми тоҷик аз ҷониби ниҳоди бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар самти илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО эътироф шуда, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии он ворид гардиданд. Дар ин радиф, ворид шудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат далели ҷавҳари фарҳангии миллати тоҷик, моҳияти сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи он маҳсуб мегардад.
  Таҳким ва густариши робитаҳо. Омили навбатӣ, ин таҳким ва густариши робитаҳо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар даврони истиқлолият Душанбе ба узвияти 57 созмони минтақавию байналхалқӣ пазируфта шуда, яке аз муассисони Иттиҳоди далватҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва Раванди Истамбул ба шумор меравад. Табдили шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, раисии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ироаи ташаббусҳои муҳим дар самти пешгирии хатарҳои муосир, эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон, баргузории ҳамоишҳои илмиву амалӣ дар самти мубориза бо падидаҳои номатлуби муосир далели эътирофи кишвар ба ҳайси муайянкунандаи мавзӯи рӯз дар самти мубориза алайҳи хатарҳои муосир ва меҳвари афкори байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
  Шаҳрҳои шарик. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия пайваста дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
  13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
  Бародаршаҳрҳо. Айни замон Душанбе бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо, ИДМ бародаршаҳр мебошад, ба монанди:
  Лусака (Замбия). Робитаҳои бародаршаҳрӣ бо шаҳри Лусака дар моҳи августи соли 1966 барқарор карда шудаанд. Санаи 11 январи соли 1989 дар шаҳри Лусака Меморандум дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лусака ба имзо расидааст.
  Санъо (Ҷумҳурии Яман). Шартнома дар бораи бародаршаҳрӣ 25 июни соли 1967 имзо шудааст. Санаи 7 апрели соли 1988 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сана ба имзо расидааст.
  Монастир (Тунис). Санаи 24 ноябри соли 1967 Протокол дар бораи бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Монастир ба имзо расидааст.
  Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон). Санаи 15 сентябри соли 1976 дар шаҳри Душанбе баимзорасии дуҷонибаи Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Лаҳор баргузор гардид.
  Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия). Робитаҳои шарикӣ байни шаҳрҳо соли 1972 барқарор гардидаанд. Таърихи 22 марти соли 1989 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни Магистрати шаҳри Клагенфурт ва Комиҷроияи шаҳри Душанбе дар доираи робитаҳои якҷояи бародаршаҳрҳо ба имзо расидааст.  Таърихи рӯзи 13 марти соли 1993 Протокол оид ба ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт барои солҳои 1993-1994 ба имзо расидааст.
  Боулдер (ИМА). Дар таърихи 8 майи соли 1987 Созишнома доир ба паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст. Санаи 10 октябри соли 1988 Протокол дар бораи ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер барои солҳои 1989-1990 ба имзо расидааст.
  Ройтлинген (Олмон). Протокол дар бораи барқарор намудани робитаҳои дўстӣ, шарикӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлинген 24 марти соли 1990 ба имзо расидааст. Созишнома дар бораи бародаршаҳрии ду шаҳр 5 октябри соли 1991 ба имзо расидааст.
  Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон). Санаи 13 июли соли 1991 Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Мазори Шариф ва Душанбе ва Созишнома дар бораи барқарор намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расидааст.
  Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон). Дар моҳи июли соли 1995  Протокол оид ба бародаршаҳрӣ ба имзо расид. Санаи 12 марти соли 2001 дар шаҳри Теҳрон Созишномаи нав дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва Протокол дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон ба имзо расидааст.
  Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон). Санаи 16 феврали соли 1992 Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расид. Таърихи 12 марти соли 2001 Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз ба имзо расидааст.
  Санкт-Петербург (Федератсияи Россия). Санаи 6 октябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба бародаршахрии шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербург ба имзо расид. Таърихи 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
  Минск (Беларус). Санаи 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск байни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
  Урумчӣ (Ҷумҳурии Мардумии Чин). Санаи 31 августи соли 1997 Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Урумчӣ ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст. Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчӣ 10 сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
  Анқара (Ҷумҳурии Туркия). Санаи 11 декабри соли 2003 дар шаҳри Анқара Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.
  Сямэн (Ҷумҳурии Халқии Хитой). Санаи 20 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидааст.
  Ашқобод (Туркманистон). Санаи 2 ноябри соли 2017 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Ашқободи Туркманистон Созишнома дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ашқободи Туркманистон ба имзо расид. Санади бародаршаҳриро Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳокими шаҳри Ашқобод ҷаноби Шомуҳаммад Дурдилиев имзо карданд.
  Музофоти Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин). Санаи 12 декабри соли 2018 дар шаҳри Душанбе миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ақд гардид.Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини губернатори Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд.
  Чиндао (Ҷумҳурии Мардумии Чин). Санаи 18 сентябри соли 2018 дар ҷараёни сафари Раиси шаҳри Чиндао ба шаҳри Душанбе миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Чиндаои  Ҷумҳурии Мардумии Чин ақд гардид. Санади бародаршаҳриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии шаҳри Чиндао Раиси шаҳри Чиндао Менг Фан Ли имзо карданд[2].
  Ташкилотҳои байналмилалӣ. Шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад.
  1. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) (United Cities and Local Governments) (аз с.2006),
  2. Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП) (Sister-Cities International) (аз с.2004),
  3. Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ) (аз с.1998). Аз соли 1998 шаҳри Душанбе муассис ва аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ) мебошад.
  4. Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП)(Boulder-Dushanbe Sister Cities) (аз с.1982).
  5. Федератсияи Умумиҷоҳонии Шаҳрҳои Туристӣ ва ғ.
  Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшад. Натиҷаи ин сиёсати воқеъбинона дар истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи қариб 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 30 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо 100 кишвари ҷаҳонӣ (нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст) ва аз ҳама муҳим ироаи ташаббусҳои байнамилалӣ ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи он ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад. Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад[3].
  Ин гуфта худ гувоҳи он аст, ки ҳамаи гуфтушунидҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, чун қалб ё маркази кишвар аст.
  Энергияи сабз. Омили дигар тақвият башидан ба неру ё энергияи сабз мебошад, ки ба ин самти сиёсат солҳои охир дар дигар кишварҳои дунё, хосса дар шаҳрҳои фарҳангии он таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.
  Бояд гуфт, ки тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз аввали мавсим дар ҳудуди шаҳри Душанбе 291 ҳазору 750 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан, мевадиҳандаю буттагӣ  ва дар гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт зиёда аз 10 млн  018 ҳазору 983 дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида шудаанд, ки аз ин шумора 4 млн 538 ҳазору 041 дона гулҳои мавсимӣ ва 5 млн 480 ҳазору 942 донааш гули лола мебошад.
  Дар оянда. Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» шаҳри Душанбе бо истифода аз имконияти мавҷуда рушд намуда, раванди корҳои ободонӣ, созандагӣ ва сабзазоркунӣ сабаби саросар сабзу шукуфон ва гулафшон гардидани пойтахт хоҳад гашт.
  Хулоса. Дар хулоса бояд гуфт, ки имрӯз миллати тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ба сифати иштирокчии комилҳуқуқ фаъолият намуда, орзуву ормони ҳазорсолаи халқашро амалӣ менамояд. Аз замони дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узвият ба Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол расман эътироф кардааст. Ин худ нишони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудани шаҳри зебои Душанбе мебошад.

 Умед Пудинаев, ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
                                                                 Сарчашма:
[1] https://khovar.tj/2021/09/dastovard-oi-s-soli-siyosati-hori-va-diplomatiyai-to-ikiston-andesha-oi-dotsenti-dmt-dar-ostonai-ashni-isti-loliyat-davlat/ (Санаи истифодабарӣ: 20.04.2022)
[2] https://dushanbe.tj/goroda-pobratimy Бародаршаҳрҳои шаҳри Душанбе (Санаи истифодабарӣ: 21.04.2022)
[3] https://khovar.tj/2021/09/dastovard-oi-s-soli-siyosati-hori-va-diplomatiyai-to-ikiston-andesha-oi-dotsenti-dmt-dar-ostonai-ashni-isti-loliyat-davlat/ (Санаи истифодабарӣ: 20.04.2022)

БОЗГАШТ