АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва паёми шахсияти миллӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

(чанд нукта дар ҳошияи конфронси илмӣ-амалии “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби  адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”)

          Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешавад, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ қарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрӯз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

       Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти руҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

       Хатти меҳварии осори адабӣ ва таҳқиқии устод Ҷамолиддин Саидзода дар доираи меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, озодманишӣ, адабпарварӣ ва ҳувиятсозии миллӣ чарх мезанад (дар ин замина, таваҷҷуҳ шавад ба китобу рисолаҳои зер: Саидзода, Ҷамолиддин. Ҷалолиддин Балхии Румӣ. –Душанбе, 2008. -143 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Сувари хаёл дар шеъри Рӯдакӣ. –Душанбе, 2009. -100 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Дар силсилаи Фиғонӣ. –Душанбе, 2010, -100 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Нақши Рӯдакӣ дар шеъри замони Сомониён. –Душанбе, 2011. -92с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм. –Душанбе: Ирфон, 2011. -116 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Калим – “халлоқулмаонии сонӣ”. –Душанбе: Ирфон, 2012. -100с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Бозор Собир – тасвиргари моҳир. –Душанбе: Адиб, 2009. -130 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Мевае нест беҳ зи озодӣ. –Душанбе, 2012. -100 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Ақидаҳои педагогии Соиб. –Душанбе: Ирфон, 2012. -144 с.; Саидзода , Ҷамолиддин. Назаре ба шеъри муосири Эрон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Назаре ба шеър ва мусиқии Афғонистон. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун. –Душанбе: Ирфон, 2012. -104 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Иқбол дар роҳи бузургони Аҷам. - Душанбе: Бухоро, 2014. –174 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Соиб – шоири халлоқулмазомин. –Душанбе: Адиб, 2015. -168 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -200 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Хоқонӣ – ҳассони Аҷам. –Душанбе, 2021. -320 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Дигарон пайравони Рӯдакианд. Китоби 1. –Душанбе, 2021. -176 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Рӯ ба Ҳинд. Китоби 2. –Душанбе: Ирфон, 2021. -120 саҳ.).

         Бояд ёдовар шуд, ки устод Саидзода  умре дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва моҳияти ҳувиятии ин асари безаволи миллӣ зиёд муруру пажӯҳиш карда, ҳосили мутолеоту баррасиҳояшро дар чандин маҷмуаҳо ва монографияҳои алоҳида ба нашр расонидааст. Устод ҳамеша дар ҳама нутқу гуфтугӯҳо ва гузоришу суханрониҳояш бар мабнои таъкиду паёмҳои Фирдавсӣ, ки дар “Шоҳнома” инсиҷом ёфтаанд, бар он ишора мекунад, ки дар шароити тезутунд шудани бархурдҳои тамаддунӣ, буҳронҳои фикрию ахлоқӣ ва танишҳои ақидатӣ ҳувияти миллиро метавон аз тариқи пахшу нашри осоре шоҳномагуна таҳкиму тақвият бахшид. Бо таваҷҷуҳ ба ин, устод Саидзода  ҳосили мутолеоту бардошт ва диду мушоҳидоташро дар заминаи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар китобҳои алоҳида мунсаҷим карда, манзури хонандагони соҳибзавқи миллӣ гардонидааст (барои иттилооти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист? - Душанбе: Дониш, 2011. - 108 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. “Шоҳнома” ва ҳувияти миллӣ. Нашри дувум. - Душанбе, 2015. -113 с.; Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ. –Душанбе, 2021. -292 саҳ.; Саидзода, Ҷамолиддин. Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ. –Душанбе, 2021. -216 саҳ.) Устод шоҳномапажӯҳиро идома бахшида, дар ин замина соли 2022 китоби муфассалеро таҳти унвони “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (муфассал нигаред: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.)-ро ба чоп расонд, ки дар 3 муҷаллад ё китоб – Китоби якум “Фирдавсӣ кист ва “Шоҳнома” чист?” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.4-99), китоби дувум “Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома” ва паёми ватандӯстонаи Фирдавсӣ” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.101-298), китоби севум “Фирдавсӣ – шоири ватанпараст ва сарояндаи ормонҳои миллӣ” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. С.299-570) гирдоварӣ шудааст. Иқдомоте, ки устод Саидзода  дар заминаи шоҳномашиносӣ ва фирдавсипажӯҳӣ пеш гирифтааст, аз шахсияти матраҳи миллӣ ва билохира фидоӣ будани ӯ далолат мекунад.

          Дар зимн, дар заминаи рӯнамоии монографияи ахирии устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.) 28 апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳузури доираҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва адабию мадании ҷумҳурӣ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Фирдавсӣ ва замони мо” баргузор гардид. Дар конфронс атрофи вежагиҳои миллӣ-ҳувиятии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва мушаххасоти китоби тозанашри Ҷамолиддин Саидзода  “Фирдасӣ – шоири паёмрасон” президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, академик Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулҳай Маҳмадамин, доктори имлҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷаб, шарқшинос Умед Назар, шоир ва донишманди матраҳи миллӣ Назрӣ Асадзода ва дигарон изҳори назар карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки монографияи ахирии Саидзода  ба доираи васеи хонандагон манзур гардида, ҳамчун манбаи зарурии илмӣ-оммавӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ ва ҳувиятсозии бумӣ хеле корсоз аст. Махсусан, гузориши шарқшинос Умед Назар дар мавзуи “Бардоштҳои муқаддимотӣ дар ҳошияи китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода ” ва суҳбати Назрӣ Асадзода таҳти унвони “Шоҳнома” абзори зеҳниятсозӣ. Низоми арзишӣ дар “Шоҳнома” ҷолиб ва ихтисосӣ буданд. Дар бахши ихтитомӣ-эҷодии конфронс омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Ифтихор Дамдоров бо истифода чанд банд шеъри ба устод Ҷамолиддин Саидзода бахшидашударо дар ҳавои оҳанги мардумӣ суруд. Ба ин тартиб, конфронси илмӣ-амалӣ дар сатҳи зарурии илмӣ ва эҷодӣ баргузор гардид.

       Мо, ки дар конфронс ба сифати шунаванда ва шоҳиди бевоситаи баҳсу мунозираҳои судманд ширкат доштем, чанд нуктаро ба таври иҷмолӣ дар робита бо мавзуъ ироа мекунем.

           Якум. Монографияи ахирии устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” (ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Фирдасӣ – шоири паёмрасон (Дастури бедорӣ, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ). –Душанбе, 2022. -574 саҳ.)-ро, ҳарчанд ки дар қолиби публитсистикаи илмӣ таълиф гардидааст, метавон дар радифи пажӯҳишҳои ҷиддии шоҳномашиносӣ ҷо дод. Аз сӯйи дигар, китоби мазкурро ба лиҳози ҳадафу мақсади миллӣ, мазмуну муҳтавои фалсафӣ ва шеваи паёмрасонӣ бо пажӯҳишҳои ҷиддии ихтисосие назири “Ҳамосаи ҳамосаҳо”-и Муҳаммад Карамӣ (ниг.: Карамӣ, Муҳаммад. Ҳамосаи ҳамосаҳо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ. –Ҷилди 1. –Теҳрон: Интишороти Висман, 1370. -453 с.), “Фирдавсӣ”-и Муҳаммадамини Риёҳӣ (ниг.: Риёҳӣ, Муҳаммадамин. Фирдавсӣ (зиндагӣ, андеша ва шеъри ӯ). Ба алифбои кириллии тоҷикӣ баргардони Дорои Дӯст. –Душанбе: “Шуҷоиён”, 2010), асарҳои профессор Манучеҳри Ҷамолӣ (ниг.: Ҷамолӣ, Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари аввал. Ландан, бидуни соли нашр. -178 с.; Ҷамолӣ, Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари дувум. Ландан, бидуни соли нашр. -192 с.), Ҷамолӣ, Манучеҳр. Сиёҳмашқҳои рӯзонаи як файласуф. Бахши дувум. Ландан: Курмалӣ, 1995. -223 с.), “Таърихи равшанфикри аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ”-и Комил Бекзода (ниг.: Бекзода, Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. -Душанбе: Дониш, 2012) ва амсоли инҳо метавон ҳамрадиф донист.

          Дувум. Тамоми мақола, матолиб ва китобу таълифоти Саидзода  ба як нукта – ҳувиятсозӣ ва тақвияти раванди давлатдории миллӣ тамаркуз карда, ба истилоҳ, мавқеъгирӣ-ориентатсияи ҳамешагии мавсуф шиносоии нуқтазаъфҳои миллӣ, ташхиси вазъи фикрӣ, шинохти мушкилоти равонӣ, рафъи буҳронҳои ҳувиятӣ ва барқарорсозии ҳувияти бумӣ мебошад. Устод бар мабнои паёми “Ту, ай марди доно ба шево забон, Паёми хирадро ба мардум расон” аз ҷомеа ва бахусус, насли худогоҳу худшиноси миллӣ даъват ба амал меоварад, ки тавассути ҷуръату ҷасорати фардию ҷамъӣ, ҳамчунин мутолеаву мурури бардавоми “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва осори мондагори устод Айнӣ халои фикрӣ, буҳронҳои ҷиддии ҳувиятӣ ва заъфи зеҳниро дар минтақа бартараф созанд ва ҷомеаро аз вазъу ҳоли бунбастию буҳронӣ бираҳонанд. 

         Севум. Устод Саидзода  ба мушкилоту муаммоҳои имрӯзаи мо бетарафу бетафовут нест ва пайваста сари заъфи равонию ҳувиятӣ андешида, мушкилотро аз решаву бунёд расидагӣ мекунад. Дар ҳамаи нигоштаҳои устод ва алалхусус, дар монографияи ахирии “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” ба мушкилоти миллӣ хурдабинона бархурд мешавад ва бо овардани мисолу намунаҳои олии манзум масоили ҳувиятӣ шарҳу тавзеҳ меёбанд. Албатта, Саидзода  ҳеҷ гоҳ иддаои  решашиносии илмию ихтисосии мушкилоти миллиро накардааст, аммо он чи ки дар қолиби китобу рисолаву матолиби алоҳида манзур месозад, ҳамагӣ ба масоили ҳассоси миллӣ марбутанд. Гузашта аз ин, Саидзода  ҳадафи олии бедории фикрию миллии ҷомеаро дунбол мекунад ва барои расидан ба ин ҳадафи олӣ аз васила-приёмҳои адабӣ, илмӣ ва публитсистӣ васеъ истифода мебарад. Ба сухани дигар, Саидзода  адабиёт, фалсафа, илм, ҳунар ва фарҳангро ҳадафмандона ба ҳам дармеомезад ва ин ҳамаро дар тавъамӣ ба хидмати миллату давлат вомегузорад. Аз ин ҷост, нигоштаҳои Саидзода  бештар ҳолу ҳавои моро инъикос менамоянд ва зиёдар ба дарди мардум мехуранд.

     Чорум. Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти асрӣ, ташаннуҷи хурофоту таассуби мазҳабӣ ва шароити сахти бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ, мутолеаи монографияи устод Ҷамолиддин Саидзода “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” талаботи замон ва амри виҷдон аст. Бахусус, нашру пахши китоби мазкур  дар фазои мактабӣ ва муҳитҳои донишгоҳии ватанӣ роҳро барои вусъати дидгоҳи миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои марзбумию аҷдодӣ ҳамвор месозад. 

         Панҷум. Ҳамин тариқ, ташаббусоту ибтикороти устод Ҷамолиддин Саидзода дар заминаи таблиғу муаррифии осори арзишманд ва чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги аҷдодӣ (дар мисоли Ҳаким Фирдавсӣ ва устод Айнӣ), ки дар раванди зеҳниятсозии миллӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои муҳим маҳсуб мешаванд, сазовори таҳсину офаринанд. То имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавии ин рӯшангари муосири тоҷик дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзуъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад. Солҳост, аҳолии маҳаллию музофотӣ аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ ин чеҳраи саршиноси миллиро мешиносанд ва суҳбату гузоришҳои ҷолиби ӯро, ки сари масъалаҳои умдаи миллӣ ироа мегарданд, хуш мепазиранд. Дар ин авохир устод дар матбуоти даврӣ сари масъалаҳои ҷиддӣ тамаркуз намуда, дар заминаи бозсозии тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ғуруру ҳамияти миллӣ, ташхиси буҳронҳои ҳувиятӣ, бозбинии мушкилоти фикрӣ матолиби ҷолиби илмӣ ва илмӣ-оммавӣ интишор медиҳад (барои намуна, таваҷҷуҳ шавад ба матолиби зерин: Саидзода, Ҷамолиддин. Афғонистон ва Хуросон – ду кишвари мустақил. //Минбари халқ, №44 (1338), 3 ноябри соли 2021. –С.12-13;  Саидзода Ҷамолиддин. Афғонистон ва Хуросон – ду кишвари мустақил. //Минбари халқ, №45 (1339), 10 ноябри соли 2021. –С.12-13; Саидзода, Ҷамолиддин. Гар хусрави Курт бар далерон назадӣ... //Минбари халқ, №46 (1340), 17 ноябри соли 2021. –С.11-12;  Саидзода, Ҷамолиддин. Вазъи забон ва адабиёти тоҷик дар замони Аҳмади Дониш. //Дунё, №51-52 (922-923), 21-28 декабри соли 2021).

     Шашум. Воқеан, Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиест, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Маҳз аз тавонмандиҳои  фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии  равшангарони фидоие назири Ҷамолиддин Саидзода  ҷомеаи тоҷик ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури шахсиятҳое ҳамчунинӣ боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ мегардад. Ба ин маънӣ:

 

На ҳангоми нифоқу не ҷудоист,

Ки вақти иттиҳоду ҳамсадоист.

Яқин дар роҳи нангу номи миллат

Ҷамолиддин Саидзода фидоист!

 

На вақти ин куҷойӣ, он куҷойист,

Замону даври бо ҳам ошноист.

Ба захми руҳи мо чун нӯшдорӯ

Суханҳои Саидзода давоист!

 

                                   Нозим Нурзода

                                   пажӯҳишгар

                                   2 майи соли 2023, сешанбе, соати 17:35

БОЗГАШТ