АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шоҳнома ва Тоҷикистони муосир

Муаллиф: Меҳр Собириён

Расм

(Бардоштҳо аз Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода)

Ҷусторҳо дар мавзуи омилҳои рушди кишварҳо дар замони муосир нишон медиҳанд, ки фарҳангу худшиносии миллӣ дар раванди рушду пешрафти иқтисодиву сиёсӣ нақши барҷаста доранд. Миллатҳои худшинос дар баробари хатарҳои дихиливу берунӣ манфиати фардиро ба канор гузошта, сари номус меоянд ва давлату миллаташонро қавӣ мегардоданд. Давлати қавӣ саранҷом зиндагии шоистаро барои ҳар як шаҳрванд таъмин ва аз истисмори дигарон ҳимоя мекунад. Таъсири фарҳанг ба руҳияи мардум ва натиҷаи заҳмати як миллати худшиносро мо дар ҳар кишваре дида метавонем. Билохира, “мо маҳсули фарҳанги ҷомеаи худ ҳастем”.

Тоҷикистони муосир низ аз ин воқеият берун нест. Дараҷаи рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мо низ ба сатҳи худшиносии миллии мо баробар мешавад. Маълум аст, ки дар 15-20 соли охир мо дар ин ҷода ақибравии нисбӣ доштем. Гурӯҳҳои муайян таблиғоти идеологии худро пурзӯр карданд ва мардуми моро ба сӯи худкамбиниву бегонапарстӣ раҳсипор намуданд. Худшиносии миллӣ пойин рафт ва ин монеи рушду пешрафти ҳамаҷонибаи давлати ҷавони мо гардид. Албатта, ниҳодҳои давлатӣ ва гурӯҳе аз зиёиёну равшанфикрони озодандеш дар баробари ин раванди бегонашавӣ истодагарӣ карданд ва таъсири онро камтар намуданд. Вале ҳанӯз ҳам он чи барои ҷомеаи мо, дар ростои кам кардани таъсири бади хурофоту ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, дархур аст, ба даст наомадааст. Ба ҳар ҳол, равшангарӣ идома дорад ва умедворем, ки мардуми баномуси тоҷик намегузорад, ки чанд гурӯҳи бадхоҳ фарзандони моро аз худ бегонатар кунад.

Дар доираи ҳамин кори неки равшангарӣ ва таблиғи фарҳангу арзишҳои миллӣ, бо мақсади боло бардоштани ҳувийяти миллӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ, имрӯз -- 28-уми апрели соли 2023 дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор гардид. Бо вуҷуди он ки танҳо ба гузоришгарон даъватномаи расмӣ фиристода шуда буд, аз эълони он шунида ҳаводорони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар ин конфронс сарҷамъ шуданд. Бори дигар маълум шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ омили ваҳдату ҳамбастагии тоҷикон аст. Ташкилкунандагон ҳам тавонистанд як конфронси муҳимро дар сатҳи баланд баргузор намоянд ва шароити хуберо барои иштироккунандагон фароҳам созанд.

Ба конфронс Президенти АМИТ акдемик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар эҳёву нигаҳдории арзишҳои миллӣ суханҳои ҷолибе ироа кард. Аз ҷумла, таъкид кард, ки Фирдавсӣ на танҳо шоири замони худ буд, балки шоири замони мо ҳам ҳаст. Чунки масъалаи худшиносии миллӣ ва таъмини ҷойгоҳи арзанда ба арзишҳои миллӣ, ҳам дар асрҳои миёна аҳамияти калон дошт ва ҳам имрӯз аз аҳамияти зиёд бархурдор мебошад. Доир ба китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода низ сухан ронда, таъкид кард, ки ин китоб натиҷаи тадқиқоти хуби Ҷамолиддин Саидзода мебошад. Дар он арзишҳои неку писандидае мисли ватандӯстиву ҷавонмардӣ, боло бурдани руҳияи миллӣ ва ҷуръату ҷасорати иҷтимоию маданӣ, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мавриди ситоиш қарор гирифтаанд, ба таври густурда таблиғ мешаванд. Ба назари Президенти АМИТ, Ҷамолиддин Саидзода дар китоби ахирии худ (манзур китоби “Фирдавсӣ – шоири паёмрасон” аст) чеҳраҳои матраҳи миллӣ -- Абулқосим Фирдавсӣ ва Садриддин Айниро симоҳои баробарвазн миллӣ қаламдод карда, хадамоти пурарзиши ин ду чеҳраи мондагори миллатро бо далелҳои муътамад собит сохтааст. Ҳамчунин, академик Фарҳод Рамимӣ пешниҳод кард, ки китоби мазкур бояд китоби рӯимизии на танҳо донишмандону пажуҳишгарон, балки тамоми толибилмони ҷумҳурӣ  бошад. Зимнан, ин пешниҳод аз ҷониби дигарон низ дастгирӣ ёфт.

Баъдан академик Кароматулло Олимов суханронӣ карда, сари масъалаи аҳамияти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ таваққуф намуда, аз ҷумла хотирнишон сохт, ки ин раванд бо вуҷуди манфиатҳои муайян доштан, ба миллатҳо хатар низ дорад. Дар ин раванд ҳазму нобуд шудани миллатҳои воҳиду бутун имконпазир мебошад. Барои миллати мо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ метавонад ҳимоятгар бошад. Ин асар бояд миёни насли нав пайваста муаррифӣ шавад, то масунияти миллати мо дар баробари хатарҳои замони нав мустаҳкамтар гардад. Дар ин асар ватандӯстиву ҷасорату мардонагӣ таблиғ мешавад ва таълими дунявияту ватандӯстӣ барои ҷавонон бениҳоят зарур аст. Олимов, инчунин таъкид кард, ки Ҷамолиддин Саидзода дар ин роҳ хеле пешсаф аст. Мутолеаи зиёд дорад ва ҳангоми омӯзиши асарҳои классикон таваҷҷуҳи махсус ба бедории фикрӣ ва худшиносии миллӣ медиҳад. Ин китоб дар замони муосир аҳамияти зиёд дорад ва бо сиёсати давлати миллии мо ҳамоҳанг аст.

Шарқшиноси тоҷик Умед Назаров дар навбати худ, китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзодаро таҳлили амиқ намуда, аҳамияти зиёд доштани онро барои ҷомеаи мо дар замони муосир хотиррасон намуд. Ӯ қисматҳои алоҳидаи китобро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба муҳтавои он суханҳои ҷолиберо ироа дошт. Пешниҳодҳои мушаххасро низ пешкаши иштироккунадагон гардонид, ки аз ҷониби раҳбарияти АМИТ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумлаи пешниҳодот яке он буд, ки чопи асарҳои таъсирбахш доир ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо хатти порсӣ зарур аст, то ин ки насли имрӯзи порсизабон аз вазъи шоҳномашиносӣ дар минтақаи мо огоҳ шаванд ва дар ин замина пайвандҳои дӯстию ҳамтаборӣ таҳкиму тақвият биёбанд.

Ходими пешбари илмии АМИТ Назрӣ Асадзода масъалаи низоми арзишӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсиро баррасӣ кард. Ӯ вазъияти ҷомеаи мо дар замони Фирдавсиро бо имрӯз қиёс карда, таъкид намуд, ки рисолати асосии “Шоҳнома” зеҳниятсозӣ будааст. Имрӯз ҳам ин асар аҳамияти худро гум накардааст ва бояд муаррифии бештар гардад. Китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода ин нақши муҳимро иҷро карда, хонандагонро ба асолати худ наздик месозад. Дар ҳоле, ки фарҳанг дар давлатсозӣ ва рушду пешрафти давлат нақши муҳим дорад ва мо маҳсули фарҳанги ҷомеаи худ ҳастем, ин китоб як такони ҷиддие дар самти бозшиносии фарҳангии мо дода метавонад.

Директори Маркази мероси хаттии АМИТ суханронии ҷамбастиро ба души худ гирифта, таъкид кард, ки муҳимтарин шоири миллии мо Абудқосим Фирдавсӣ мебошад. “Шоҳнома” таҷассумгари ҳамлаи хонумонсӯзи душманон ба ватани мо буда, ба мо руҳияву тавони ҳифзу ҳимояи меҳанро дар замони нав медиҳад. Ӯ аз баромадкардагон ва иштирокчиёни конфронс сипосгузорӣ карда, гуфт, ки ҳама пешниҳодҳои созандае, ки матраҳ шуданд, гирдоварӣ ва ба масъулони соҳаҳои муайян расонида мешаванд.

Хулоса, Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шоҳнома ва замони мо” ва рӯнамоии китоби “Фирдавсӣ - шоири паёмрасон”-и Ҷамолиддин Саидзода дар сатҳи зарурии ташкилӣ, илмӣ-назариявӣ ва эҷодӣ ҷараён гирифта, барои доираи васеи ширкаткунандагон хеле ҷолиб ва манфиатовар буд. Дар воқеъ, “Шоҳнома” барои Тоҷикистони муосир низ баробари асрҳои миёна асари зарурӣ мебошад. Он донишмандон ва давлатмардоне, ки ин асарро ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ мекунанд, саҳми арзандаи худро дар ҳифзу ҳимояи ватан ва тақвияти давлатдории миллӣ мегузоранд. Чунин иқдомоти зарурии илмию эҷодӣ сатҳи худогоҳию худшиносии миллиро дар ҷомеаи мо боло мебаранд. Миллати худшинос имконоти бештар дар ростои рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дошта метавонад, ки дар натиҷа таъмини зиндагии шоиста барои ҳама шаҳрвандони он имконпазир мегардад.

Меҳр Собириён

28.04.2023

БОЗГАШТ