АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Шветсия ва иқтисоди муввафақ дар Аврупо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо андози давлатии Шветсия яке аз пасттарин андоз арзёбӣ гардида, беқурбшавӣ мутавасситу ночиз ва системаи бонкӣ ба қадри кофӣ мустаҳкам мебошад. Муҳаққиқони соҳа ба он назарнад, ки дар асл ҳамеша чунин набудааст.    Шведҳо хуб омӯхтаанд, ки зиндагӣ дар шароити иқтисодии вазнин, сатҳи таваррум ва беқурбшавии пули миллии чӣ гуна аст. Дар аввали солҳои 90-ум бӯҳрони шадиди молиявӣ ин кишварро фаро мегирад. Бисёре аз бонкҳо иқтидорашонро аз даст медиҳанд, дутои онҳо милликунонида шуда, сатҳи бекорӣ якбора боло рафта, хароҷоти буҷа аз назорати молиявӣ мебарояд. Роҳ ба сӯи рушди устувор осон набуд. Аммо бо ислоҳоти ҷасурона ва ғайримуқаррарӣ тасмим гирифтан боис мегардад, ки  Шветсия иқтисодиёти худро дигаргун сохта, дар остонаи озмоишҳои нави ҷаҳонӣ захираи иловагии  ва марзи бехатарро таъмин намояд.
   Мақомоти Шветсия аз бӯҳрони солҳои 90-ум дарс гирифтанд. Дар давоми даҳсолаҳои оянда, новобаста аз он, ки кӣ дар интихобот ғолиб меояд - буҷаи мутавозин вазифаи асосии ҳама гуна ҳукумати нав боқӣ мемонад. Ба иҷрои пайдарпайи ин вазифа ҳатто фалокатҳои шадид, ки дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2008 рух дода буданд, монеъ нашуд.
   Шветсия тамоми сиёсати иқтисодии худро тавассути таҳияи абзорҳои муосири танзими давлатӣ дубора барқарор кард. Соли 1996, ҳадди ниҳоии (“шифт”) хароҷоти давлатӣ (utgiftstak) муқаррар карда шуд ва ҳадафи асосии буҷети давлатӣ изофаи он буд. Идеяи ислоҳоти вазнин ва фаврӣ аз ҷониби ҳизбҳои гуногун дастгирӣ ёфт. Ҳамин тавр, имконпазир шуд, ки афзоиши қарзи давлатиро боздоранд ва вазифаи  пардохти онро ба зимаи наслҳои оянда вогузор накунанд.
   Илова бар ин, дар соли 2007 Шӯрои коршиносон оид ба сиёсати молиявӣ (Finanspolitiska rådet) дар Шветсия ба кор шурӯъ кард. Он нақшаҳои ҳукуматро барои хароҷоти нав  арзёбӣ мекунад, ки оё онҳо ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди иқтисодӣ, нигоҳ доштани суботи молиявӣ ва шуғли баланд мувофиқат мекунанд?
   Ба туфайли муносибати мутавозин ба буҷет, Шветсия мавқеи худро дар Лигаи калони давлатҳои Аврупо бо сиёсати масъули молиявӣ мустаҳкам кард. Дар ҳоле ки дар он вақт дигар аъзои Иттиҳоди Аврупо бо сабаби камбуди ҷиддии буҷа маҷбур буданд ба чораҳои сарфаҷӯӣ рӯ оранд, шведҳо тавонистанд аз он раҳоӣ ёбанд. Гузашта аз ин, дар муқоиса бо давраи бӯҳронӣ, андозҳо ҳатто коҳиш дода шуданд. Ҳамзамон, ҳукумати Шведсия бар хилофи дигар кишварҳо, натанҳо аз ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ даст накашидааст, балки сармоягузориро ба соҳаи тандурустӣ, маориф ва илм низ афзоиш медиҳад..
   Иқтисоди динамикӣ
   Ҳоло Шветсия дорои иқтисодиёти муваффақ, диверсификатсияшуда ва рақобатпазир аст. Тибқи нишондодҳои охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар ҷаҳон он ҷои нӯҳумро ишғол мекунад. Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Шветсия дар рейтинги шарикони савдои қуллай ҷойгоҳи баландро ишғол мекунад. Ин тааҷубовар нест, чун ошкорбаёнӣ ва равиши либералӣ ба тиҷорати байналмилалӣ хусусиятҳои муайянкунандаи иқтисодиёти миллӣ мебошанд. Барои беҳбудии мамлакати хурди дорои иқтисодиёти калон такя ба содирот аҳамияти ҳалкунанда дорад. Корхонаҳои шведӣ молҳои истеҳсолкардаашонро дар хориҷа ба доираи васеи  харидорону тоҷирони калон мефурӯшанд. Захираҳои буҷаи ин кишвар сол аз сол барзиёд нигоҳ дошта мешавад.
  Дар баробари пешрафти соҳаҳои анъанавӣ дар даҳсолаҳои охир, Шветсия дар соҳаҳои иқтисодиёт муосири- технологияҳои рақамӣ ва телекоммуникатсия пешрафт кардааст. Намунаҳои маъруфтарини ин муваффақият таҳиягари Skype, IP телефони ё  стриминги мусиқавии хидматӣ- Spotify мебошанд.
   Дар тӯли даҳ сол, дар тамоми иқтисодиёт саҳми технологияҳои иттилоотӣ то 16% афзоиш ёфт ва аллакай 6,1% аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ кор мекунанд. Хусусияти фарқкунандаи он дар Шветсия ин аст, ки шумораи калони роҳбарони ҷавон дар тиҷорати хурд кор мекунанд. Бесабаб нест, ки Стокголм яке аз беҳтарин шаҳрҳои Аврупо барои роҳандозии стартапҳо дар соҳаи технологияҳои рақамӣ эътироф шудааст.
   Пойтахт асосӣ, аммо маркази ягонаи иқтисодӣ маҳсуб намешавад. Сатҳи некӯаҳволӣ дар Шветсия дар минтақаҳои худ нисбат ба дигар маконҳои Аврупо баробар нигоҳ дошта шудааст. Дар маҷмӯъ имрӯз агар гап дар мавриди давлатҳои дорои иқтисоди пуриқтидор ва сатҳи баланди зиндагӣ  равад, Шветсия аз аввалини онҳо арзёбӣ гардидааст.
   Некӯаҳволии ва омӯзиши пешрафти иқтисодиёти Шветсия намунаи хуб барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта шуда метавонад. Ислоҳоти мушкил аммо асосноккардашуда ва эътимоднокии хазинадорӣ далели эътирофшудаи Шветсия мебошад, ки он ҳам дар муҳокимаи қонунҳои нав роҳнамо мешавад. Шветсия сиёсати мутавозини молиявиро бо кушода будан ба бозорҳои хориҷӣ, рушди рақобау инноватсия ва пешгирии қатъии ҳама гуна шаклҳои коррупсия муттаҳид менамояд. Ҳамаи инҳо ҷузъҳои муваффақияти пешравии давлати Шветсия мебошанд.
Гулҳаё Мадимарова

БОЗГАШТ