АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Раимзода Мадина

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя, дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳо обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар ва умуман, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

Баъд аз ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ маҳз бо иқдом ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи энергетика дучанд зиёд гардида, барои пешрафти ин соҳа ва бахшҳои он корҳои иловагӣ анҷом дода шудааст. Инчунин барои аз нав шуруъ намудани нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ тадбирҳои судмандро рӯи кор гирифтанд.

Зимни суханронӣ дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нуктаҳои асосиро оид ба соҳаи энергетика қайд намуданд, ки дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқии обии амалкунанда беш аз 11,3 млрд, сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқии обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Ҳамзамон, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроқум» бошад, бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмуъ 423 мегаватт афзоиш меёбад. Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда, баъди азнавсозӣ боз даҳсолаҳои дигар хизмат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо назардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317 млрд.кВт соат баробар буда, айни замон танҳо 4-5 % он мавриди истифода қарор дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар баробари дигар самтҳои иҷтимоӣ иқдоми аз ҳама бузурги Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин сохтмони бузурги аср Неругоҳи барқии обии Роғун ба ҳисоб меравад. Зеро яке аз самтҳои муҳимми баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати кишвар ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки аввалин агрегати гидроенергетикии НБО «Роғун» санаи 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ташкилоти молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар ба истифода дода шуд.

Инчунин, агрегати дуюми НБО «Роғун» санаи 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ин ҳама самараҳои истиқлолият мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетикаро яке аз соҳаҳои калидӣ ва ҳадафи стратегӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қарор додааст.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта мешавад, ки агрегати сеюми НБО «Роғун» соли 2025 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Тавре аз Паёми имсола бармеояд, барои расидан ба ин иқдом дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, айни ҳол дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз ташаккул ва рушди ояндаи энергетикаи кишвар ёдовар шуда таъкид карданд, ки: «Новобаста аз муваффақиятҳои ба даст омада ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати давлат, Вазорати энергетика захираҳои об ва дигар сохтору мақомотҳои марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд»:

  • бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди нерӯгоҳҳои амаликунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд;
  • барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии нерӯгоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад;
  • дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи САSА – 1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт соат афзоиш додани содироти нерӯи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд;
  • ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 % - и талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад;
  • бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегии рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобию бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд;
  • корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳама соҳаҳои кишвар нақши калидӣ дорад. Он сармашқи фаъолияти шаҳрвандони огоҳи мамлакат буда, фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногун дар ин маврид ҷалби таваҷҷуҳ мебошад.

Инчунин, маврид ба зикр аст, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуд, ки агар ҳар давлат дар рушду инкишофи худ бештар чун як кишвари истеҳсолгар роҳи худро пеш гирад, тамоми монеаҳоро дар буҳрони ҷаҳонӣ паси сар карда метавонад. Истеҳсолоти нерӯи барқ ва муҳимтар аз он, дар шароити феълии ҷаҳонӣ рушди соҳаи энергетикаи кишвар нақши боризтар дорад.

Ҳамин тариқ, сиёсати энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

 

Раимзода Мадина Назиршоҳ,

магистранти соли 2-юми Институт

БОЗГАШТ