АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ БАЪД АЗ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ЧӢ ГУНА ХОҲАД ШУД

Муаллиф: Турсунов Ҳусен

Расм

Осиёи Марказӣ дар консепсияи нави сиёсати хориҷии Туркия ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳиме қабул карда шудааст, ки Туркия аз густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ин минтақа комилан манфиатдор мебошад. Чи тавре  ки ба ҳамагон маълум аст, Ҷумҳурии Туркия баъд аз пош хӯрдани ИҶСШ, ки дар натиҷа кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар баробари дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Истиқлолияти давлатии худро ба даст оварданд, сиёсати миллатсолориро нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ғайр аз Тоҷикистон) пеш гирифт.

Эрдоған ва Осиёи Марказӣ.

Дар давраи ба сари Ҳокимият омадани Ҳизби Адолат ва Тараққӣ (ҲАТ) бо роҳбарии Президенти имрӯзаи Туркия Раҷаб Тайип Эрдоған ташабуссҳои ҳамгироии Туркия бо Осиёи Марказӣ ба қавле ба камоли авҷ расид. Зеро Эрдоған аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан, ки то соли 2014 ба ҳайси Сарвазир дар арсаи сиёсати Туркия лаҷоми қудратро ба дасти худ гирифта буд, бештар ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва дар маҷмӯъ ба арзишҳои Шарқӣ такя намуда, ба ин васила ҷиҳати мустаҳкам кардани ҳамгироии кишварҳои турктабор чандин лоиҳаҳои бузургро сармоягузорӣ ва дар амал татбиқ намуд. Чунки Осиёи Марказӣ аз лиҳози мавқеи геополитикӣ ва захираҳои мавҷудаи табиӣ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои геополитикии сиёсати хориҷии Туркия нақши калидиро мебозад. Эрдоған дар давоми 22 соли сари ҳокимият буданаш тавонист, ки бо ҳар роҳу восита сиёсати миллатсолорӣ ва динсолории  худро дар кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ густариш диҳад. Таъсиси Созмони давлатҳои туркзабон тақвиятгари ин гуфтаҳост. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум ҳаст маҳз бо ташаббус ва роҳнамоии Эрдоған, дар Осиёи Марказӣ чандин ҳамоишҳои сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он ғайр аз Тоҷикистон дигар кишрваҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Ҳамин тавр сиёсати ҲАТ нисбати  Осиёи Марказӣ доманадор мебошад. Аз ин рӯ, дар такя ба барнома ва маъракаи пеш аз интихоботии ин ҳизб метавон гуфт, ки дар ҳолати аз сари нав Президенти Туркия эълон гардидани Эрдоған, Туркия самтҳои сиёсати хориҷии худро нисбати Осиёи Марказӣ,  хусусан кишварҳои турктабор боз ҳам фаррохтар хоҳад намуд. Зеро 16 марти соли 2023 дар давраи маъракаи тарғиботии пешазинтихоботӣ дар Туркия нишасти сарони давлатҳои Созмони давлатҳои туркзабон  баргузор гардид. Бинобар ақидаи бархе аз коршиносони сиёсӣ ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Эрдоған дар самти пешбурди сиёсатии хориҷи худ то ба андозае ба Осиёи Марказӣ низ такя менамояд. Ин нуқтаро худи Эрдоған низ дар яке аз баромадҳои пеш аз интихоботиаш тасдиқ намуд. Вақте, ки хабарнигорон аз Эрдоған дар бораи аввалин барномаи кории ӯ дар ҳолати аз сари нав Президент интихоб шуданаш пурсон шуданд, ӯ чунин ҷавоб дод: “Аввал аз кишварҳои бародар ва дӯст дидан хоҳам кард[1]. Бештари коршиносон дар ин бобат ҳамфикранд, ки Эрдоған “кишварҳои бародар” гуфта сараввал кишварҳои турктаборро дар назар дошт, ки 4- тои он дар Осиёи Марказӣ ҷойгир мебошанд. Ин нуқтаро корҳои пеш аз интихобот ба анҷом расонидаи Эрдоған тақвият мебахшад. Чуноне, ӯ аз нақлиёти барқии истеҳсоли Туркия, ки аввалин намунаи худро таҳти тамғаи “TOGG’’ ба бозор баровард, намунаи онро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев тӯҳфа намуд. Дар такя ба лоиҳаҳои тарҳрезинамудаи сиёсати хориҷии Туркия бо сарварии Эрдоған дар самти ҳамгироии кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ метавон қайд намуд, ки баробари такрор Президенти Туркия интихоб гардидани Раҷап Тайип Эрдоған нуфузи Туркия дар минтақа аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва идеологӣ бештар хоҳад шуд.  Ҳамаи ин дар натиҷа ба мувозинати вазъи минтақа бешубҳа таъсири бевосита ва бавоситаи худро хоҳад гузошт.

Камол Киличдароғлу ва Осиё Марказӣ

Камол Киличдароғлу аслан Раиси Ҳизби Халқии Ҷумҳуриятхоҳ мебошад. Дар интихоботи Президенти бошад намояндаи “Иттифоқи мардумӣ” мебошад, ки аз 6 Ҳизби сиёсӣ иборат буда, аксари онҳо пуштибонӣ аз арзишҳои Ғарбӣ доранд. Аз тарафи дигар, вақти ба ақидаҳои сиёсии Киличдароғлу нигарем, бештар бо масоили иқтисодӣ сару кор гирифтан ва оид ба ҳамин мавзӯъҳо аз сиёсати Эрдоған интиқод гирифтанашро шоҳид хоҳем гашт. Бар замми ин, арзишҳои Шарқӣ ва такя ба кишварҳои Шарқ барои Киличдароғлу мавзӯи муҳимтарин ҳисоб намеёбад. Ӯ гарчанде, ки дар барномаи пеш аз интихоботи худ лоиҳаи “роҳи пайвастан бо Чин” – ро муаррифӣ намуда онро “роҳи турк” унвон дода бошад ҳам, дар асл он ба арзишҳои муштараки турктаборҳо эътибор додани Қиличдароғлуро ифода наменамояд. Зеро,  аз ибтидо ӯ Озарбойҷонро, ки дар сиёсати Эрдоған наздиктарин кишвари дӯст ва бародари  хурдии Туркия ба ҳисоб меравад, аз харитаи фаъолияти ояндаи худ берун кардааст. Яъне, дар ҳолати ба сари қудрат омадани Киличдароғлу сиёсати хориҷии Туркия нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ то дараҷае ба таҳаввулот дучор хоҳад шуд. Эҳтимолан ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ аз ин зарари каме хоҳанд бардошт. Бо ибораи дигар сиёсати хориҷии Тукрия дар Осиёи Марказӣ пироҳани суннатии худро ба пироҳани Америкоӣ ва Аврупоӣ иваз хоҳад кард.  Аммо маҷмӯи фаъолиятҳои ба ҳамгироӣ ва миллатсолорӣ равонакардашудаи Туркия суръати худро аз даст хоҳад дод. Лекин ин маънои онро надорад, ки Туркия аз сиёсати миллатсолорӣ, ҳамгироии турктаборон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои худ дар минтақа даст хоҳад кашид.

Умуман, сиёсати хориҷии Туркия вобаста ба Осиёи Марказӣ дар ҳарду маврид идома дода хоҳад ёфт, аммо маълум аст, ки вобаста ба сари қудрат омади Эрдоған ё рақиби асосии ӯ Киличдароғлу сиёсати хориҷии Туркия нисбати Осиёи Марказӣ ба шакли нисбӣ тайғир хоҳад ёфт.

Дар бобати ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикиситону Туркия метавон қайд намуд, ки ивазшавии Президент дар Туркия ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонид. Зеро чи гунае, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ бешар рушд карда,  ҳамориҳо дар соҳаи сиёсат фарогир намебошад.  Дақиқашро вақт нишон хоҳад дод?.

Ҳусен Турсунов,

ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи

Миёна ва Наздики Институти омӯзиши

масъалаҳои  давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

БОЗГАШТ