АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Симои Мансури Ҳаллоҷ дар оинаи адабиёти араб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Абулмуғис Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Абӯтоҳир машҳур бо номи Ҳусайн ибни Мансури Ҳаллоҷ аз маъруфтарин орифони қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ (IX –X милодӣ) шинохта шудаааст. Ӯ дар соли 244 –и ҳиҷрӣ (858-и милодӣ) дар рустои Тури ноҳияи Байзои Шероз ба дунё омада, соли 309-и ҳиҷрӣ (922-и милодӣ) ба дор кашида шудааст.
Ҳусайни Мансур яке аз чеҳраҳои намоёнтарин ва машҳуртарин дар ҷомеаи исломӣ ба ҳисоб меравад. Ин орифи ҷонбохта бо шӯру шааф ва исёну туѓёнҳои азиме бар дили як фирқае аз мардум зилзилаҳову ғулѓулаҳо овард ва то имрӯз овозаи ҷаҳонгираш ба фаромӯшӣ нарафтааст. Ҳусайни Мансур дар гунбади афкори орифон рояти пирӯзиро афроштааст ва ин рояти парафшон шефтагони роҳи ҳақиқатро чун нури ҳидоят ба идомаи роҳ мехонад. Вай ҷаҳони ислому олами тасаввуфро ба ҳаяҷон ва таҳрик овард ва мухолифону мувофиқони бисёр пайдо кард. Ӯ ваҳдати вуҷуд ва фанофиллоҳро ранги дигар дод, ки аз он ба ҳулулу иттиҳод таъбир кардаанд. «Аналҳақ» - гуфтани ӯро илҳод ва куфр дониста пиндоштаанд, ки Мансур даъвои худоӣ мекунад. Аммо Ҳаллоҷ мегуфт: «Ҷуз Худо ҳеҷ чиз нест ва ману мову ту нестем ва ҳама Ӯст».
Мувофиқони ӯ гуфтаанд, ки вақте дарахти сӯзону шӯълаваре ба Мӯсо гуфт: “Иннӣ Аналлоҳ”, чӣ гуна Ҳаллоҷ фонӣ шуда ва ба Ҳақ пайваста наметавонад, ки “Аналҳақ” бигӯяд?
 Ба чашми он, ки ҷонаш пуртаҷаллост,
 Ҳама олам китоби Ҳақ Таъолост!
Аз ин рӯ:
 Раво бошад Аналҳақ аз дарахте,
 Чаро набвад раво аз некбахте?
 Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ яке аз машҳуртарин чеҳраҳои шинохтаи адабиёти араб аст. Муҳаққиқон китобҳои Ҳусайни Мансурро баршуморидаанд, ки маъмултарини онҳо «Девон» - и ашъораш бо забони арабӣ ва «Аттавосин», «Тосину-л-азал ва-л-ҷавҳару-л-акбар» мебошад.
Ибни Надим Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷро марди шӯъбадабоз гуфтааст, ки афкори худро дар либоси сӯфия ороста, ва илми кимиёро хуб медонистааст ва дар дасоиси сиёсӣ ҳамроҳ будааст… Вале ба ин фикрҳояш нигоҳ накарда, Ибни Надим дар «Ал-Феҳраст» - и худ зиёда аз 46 китоби Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷро баршумурдааст, ки маъмултаринашон инҳоянд:
«Алҳаёкал», «Алкабирату-л-аҳмар», «Нуру-л-асл», «Ҷисму-л-акбар», «Ҷисму-л-асғар», «Бустону-л-маърифаҳ», «Китобу-т-тавҳид», «Китобу-л-яқин», «Китобу-л-фано ва-л-бақо», «Нуру-л-нур», «Қуръону-л-фурқон», «Ҳува ҳува» ва ғайра…» [1, 242-243].
«Китобу-т-тавосин» - и Мансури Ҳаллоҷ бо вуҷуди бузургҳаҷм набуданаш аз ҷиҳати мояву маъно яке аз бузургтарин осор дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.
«Ҳаллоҷ ба ҷуз девони ашъораш ба арабӣ асори фаровоне аз ҷумла: “Китоби тавосин” (Китоби саркашӣ) дорад ва “Тос-ул-азал” (Тосайн-ул-азал)-ро, ки дар зиндон навишта, Ибни Ато ба соли 309 бар он даст ёфта ва онро назди худ нигоҳ доштааст. Хулосаи “Тос-ул-азал”-ро Луи Масенюн дар “Қавси зиндагии Ҳаллоҷ” нақл кардааст. “Тавосин”-ро Рӯзбеҳон Буқлӣ ба форсӣ ва арабӣ шарҳ карда ва Луи Масенюн онро ба чоп расонидааст. Гӯянд, ки Ҳаллоҷ ба форсӣ низ ашъоре эҷод кардааст ва ҳатто солҳои охир ашъору девоне ба номи ӯ ба дасти чоп супоридаанд. Аммо соҳибназарон бар он ақидаанд, ки девони ашъори форсӣ, ки дар соли 1343 шамсӣ ба номи “Девони Мансури Ҳаллоҷ” дар Теҳрон мунташир шудааст, аз Ҳаллоҷ нест ва тамоман аз Камолиддин Ҳусайн бинни Ҳасани Кошонии Хоразмии Кубравӣ аз орифони қарни нуҳуми ҳиҷрии қамарӣ аст.
Гарчанде Ҳаллоҷ дар Байзои Форс мутаваллид шудааст, вале дар туфулият ҳамроҳи падараш ба Восит, ки он ҷо аъроб мезистанд, ҳиҷрат карда, дар муҳити арабӣ ба камол расидааст ва дар гумон аст, ки ашъори форсӣ эҷод карда бошад.» [2, 243].
Ин далели он аст, ки Ҳаллоҷро дар адабиёти араб ҳамчун одами «худӣ» қабул намудаанд. Шоирони зиёди араб дар бораи Ҳаллоҷ шеърҳо сурудаанд ва уламову фуқаҳо, имомони бузург ва файласуфону мунаққидони араб дар бораи ин орифи бузург афкори худро иброз доштаанд.
Ат-Танавҳӣ – нависандаи арабзабон дар китоби худ «Нишвора-л-муходара ва ахбора-л-музокара», ки онро олими рус И.М. Филштинский соли 1985 дар Москва бо номи «Занимательные истории и примечательные события из рассказов современников» тарҷумаву чоп намудааст, як бобе оид ба Мансури Ҳаллоҷ бахшидааст бо номи «Рассказы об Аль- Халладже и Халладжитов», ки дар он ҷо гуфтаҳои олимони зиёди арабу аҷамро дар бораи Ҳаллоҷ ҷамъ овардааст. Яке аз он қиссаҳоро ин ҷо меорем:
Аз Абулҳусайн Муҳаммад Ибни Убайдуллоҳ, ки бо номи Ибни Насравайҳ машҳур буд, шунидам, ки мегуфт: «Рӯзе амаки ман ба назди Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ рафт ва маро низ бо худ бибурд. Дар он замон ӯ адои намоз мекард ва Қуръон мехонд.
 Амаки ман бо ӯ суҳбат менамуд ва ман писараки хурдакак дар наздашон нишаста ба суҳбаташон гӯш медодам. Ӯ ба амакам гуфт, ки қарор додааст, то Басраро тарк намояд. Амакам сабаби фирор кардани ӯро пурсон шуд. Ҳаллоҷ ҷавоб дод: «Мардум дар бораи ман ҳар гуна қиссаҳо мегӯянд». «Чӣ гуна қиссаҳо?»- пурсон шуд амакам.
 Ҳаллоҷ ҷавоб дод: «Он чиеро ки дар ман мебинанд, намепурсанд ва намехоҳанд донанд, ки ман он корҳоро чи гуна менамоям, агар мефаҳмиданд, ин гуна дар бораи ман ҳаргиз фикр наменамуданд. Сипас аз сӯям мераванд ва ба ҳама нақл менамоянд, ки аз дасти ман мӯъҷизаҳо дидаанд. Ман кӣ шудаам, ки аз дасти ман чунин ояд??? Масалан, чанд рӯз пеш марде ба ман чанд дирҳам дод, то онро ба бенавоён бидиҳам. Ман онро дар зери ҷойнамозе пинҳон намудам. Сипас хеле интизор шудам, аммо касе пайдо нашуд, ки ман он дирҳамҳоро диҳам. Шаб шуд ва ман ба хона баргаштам. Субҳи дигар ман боз ба масчид рафтам ва машғули ибодат шудам, ки дар гирдам якчанд сӯфиён пайдо шуданд. Ман аз зери ҷойнамоз он дирҳамҳоро гирифтам ва ба эшон тақсим намудам ва боз намози худро давом додам. Онҳо ба ҳама рафта эълон намудаанд, ки гӯё чангу ғубор дар дасти ман ба дирҳам мубаддал мешуда бошад…» [3].
«Муҳиддин Ибн ал-Арабӣ мегӯяд: «Шабона дар қиём будам, худро дар Масчиди Қуртуба дидам, ки тамоми паёмбарон (салом бар кулли эшон!) аз Одам(ъалайҳиссалом) то охиринашон ҷамъ омада буданд. Ман яке аз эшонро пурсидам, ки мақсади ин ҷо ҷамъ шуданашон чист ва дар ҷавоб шунидам: «Як марди рӯҳоние бо номи Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ буд, мо ҷамъ шудаем, ки аз Паёмбар Муҳаммад (салаллоҳи алайҳи ва саллам) илтимос намоем, то ӯро бубахшад». «Барои чӣ Паёмбар (с) бояд ӯро бубахшад?» - пурсидам ман. «Маълум шуд, ки боре Ҳаллоҷ нисбати шафоати Паёмбари акрам(с) беэҳтиёт фикри худро иброз намудааст.
Ӯ гуфтааст, ки Худованд ваъда дода буд, ки ҳар дуое, ки ҳабибаш (с) талабад, онро мустаҷоб хоҳад кард. Паёмбар (с) бояд аз Худованд металабид, ки тамоми мардумро бубахшад, аммо ӯ (с) танҳо уммати худро талабид. Баъди ин суханон Паёмбар (с) боре ҳам ба сӯи Ҳаллоҷ нангарист, ҳатто 300 сол аз марги Ҳаллоҷ сипарӣ шуд. Паёмбар (с) гуфт:
- «Эй Мансур, ин ту гуфтаӣ, ки ман дар бобати шафоат сустӣ намудаам? Оё ту хабар надорӣ, ки агар Худованд бандаи Худро дӯст дорад, Ӯ ба бандааш ваҳй менамояд, ки чӣ гӯяд».
- «Медонам, Расулуллоҳ» – ҷавоб дод Ҳаллоҷ.
- «Агар Худованд маро ҳабиби Худ ҳисоб намуда бошад, чӣ гуна ман метавонам сухане бигӯям ба ҷуз он, ки Худованд ба ман вайҳ намудааст, аз ҷумла дар бобати шафоат. Ман он чизеро аз Ҳазрати Парвардигор пурсидам, ки аз ман дархост шуда буд, то ҳаминро бипурсамаш. Пас гуноҳи ман чист?»
 Боязиди Бастомӣ (қаддасаллоҳу сирраҳу) мегӯяд, ки он шаб ҳама ҷамъ шуда буданд, то Паёмбар (салаллоҳи алайҳи ва саллам) аз гуноҳи Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ гузарад» [4, 50 – 51].
Абулҳусайн Алӣ Ибни Аҳмади Мардавӣ гуфт: «Аз Ҳусайн Ибни Мансури Ҳаллоҷ шунидам чун саломи намоз дод, гуфт: Бор, Худоё, ба ҳаққи қуддусият ва яктоият аз Ту масъалат дорам, ки маро дар майдони ҳайрат аз сари худ раҳо масозӣ ва аз тангноҳои фикрат наҷот бахшӣ ва маро аз ҷаҳониён бениёз гардонӣ ва ба муноҷот бо Худ маънус намоӣ. Эй он, ки ошиқон дар Ӯ мустаҳлик ва ситамкорон аз неъмати Ӯ фирефтаанд, авоҳими бандагон ба ғояти маърифтати Ту намерасанд, миёни ман ва Ту ҷуз ваҳят ва рубубият фарқе нест…» - ва дар ҳолати ин гуфтор қатраҳои хун аз чашмонаш равон буд… Чун маро дид, хандид ва гуфт: «Эй Абулҳасан, аз ин суханони ман то он ҷо, ки донишат мерасад, ба ёд дор ва он чӣ берун аз дониши туст, ба худи ман баргардон ва беҳуда ба он маёвез, то гумроҳ нашавӣ [5].
Иброҳим ибни Абуфотик гуфт: «Рӯзе пинҳонӣ ва бехабар ба хонаи Ҳаллоҷ даромадам ва ӯро дидам, ки нагунсор бар торикӣ истода ва мегӯяд: «Дар ман таҷаллӣ шудӣ, чунон, ки Туро ҳама чиз пиндоштам ва аз ман пӯшида мондӣ чунон, ки ба нафйи Ту гувоҳӣ додам, на дурии Ту мондагор аст, на наздикии Ту. Савдо (суде) дорад, на ситеза бо Ту ба ниёзе оварад, ва на сулҳ бо Ту амният».
Чун ҳузури маро эҳсос кард, устувор нишаст ва гуфт: «Эй фарзанд, бархе аз мардум ба куфри ман гувоҳӣ медиҳанд ва бархе ба вилояти ман. Онон, ки ба куфри ман гувоҳӣ медиҳанд, назди ман ва Худо гиромитаранд аз ононе, ки ба вилояти ман боварӣ доранд». Гуфтам: «Эй шайх, барои чӣ?» Гуфт: «Барои ин ки гувоҳии касоне, ки бар вилояти ман гувоҳӣ медиҳанд, аз рӯи ҳусни занн (пиндор) мебошад ва гувоҳии касоне, ки ба куфри ман гувоҳӣ медиҳанд, аз рӯи таъсиби эшон нисбат ба динашон аст» [6].
 
ولهذا فقد كان القدماء من الصوفية يذكرون أقواله في كتبهم دون ذكر اسمه، بأن يقولوا مثلاً: قال أحد الكبراء , (وهذا صنيع أبي بكر محمد الكلاباذي الذي ألف الموسوعة الصوفية الثانية بعد اللمع، وهو كتابه (التعرف على مذهب أهل التصوف)
 
 Аз ин сабаб бархе аз бузургони сӯфия дар китобашон вақте қиссае аз ӯ меоранд, номашро намегиранд ва танҳо менависанд: «Яке аз бузургон гуфтааст…» ( ва яке аз онон Абубакр Муҳаммади Каллобозист, ки рисолаҳои зиёде дар бораи зиндагиномаи сӯфиён навиштааст. Яке аз таълифоти ӯ «Маърифат дар мазҳаби аҳли тасаввуф» мебошад.
وكذلك صنيع السراج الطوسي صاحب الموسوعة الصوفية الأولى (اللمع) وقد استشهد بكلام الحلاج في أكثر من خمسين موضعاً من كتابه مصدراً القول بقوله: قال بعضهم، أو قال القائل)
 Аҳмад Ибни Фотики Баѓдодӣ гуфт: Парвардигори Бузургро баъди се рузи марги Ҳаллоҷ дар хоб дидам чунонки гуфтӣ, дар пеши Ӯ истодаам, гуфтам: «Парвардигоро! Ҳусайн чи карда буд, ки мустаҳаққи чунон балои бузурге буд?» Гуфт: «Мо маъное бар ӯ ошкор кардем, вале ӯ мардумро ба сӯяш даъват кард ва ба таблиғ бархост ва Мо бар сари ӯ ин овардем, ки дидӣ». Сипас гиристам, гиристание…[7].
 
وقال السلمي سمعت أبا بكر المحاملي يقول سمعت أبا الفاتك البغدادي وكان صاحب الحلاج قال رأيت في
النوم بعد ثلاث من قتل الحلاج كأني واقف بين يدي ربي عز و جل وأنا أقول يا رب ما فعل الحسين بن
منصور فقال كاشفته بمعنى فدعا الخلق إلى نفسه فأنزلت به ما رأيت ومنهم من قال بل جزع عند القتل
جزعا شديدا وبكى بكاء كثيرا
Дар бораи ин шахсияти бузург, яъне Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ дар адабиёти араб матолиб хеле зиёданд. Зиндагиномаи Ҳаллоҷ дар бисёр кутуби олимони машриқу мағриб оварда шудааст, ки маъмултарини онро писари Ҳаллоҷ Ҳамд навиштааст.
Мутааррихону олимони бузурги араб чун аз-Заҳабӣ дар китоби худ «Тазкирату-л-ҳуффоз», Хатиба ал-Бағдодӣ дар «Таърийху-л-Бағдод» , Ибни Асир дар «Алкомил фи-т-таърихи», Ибни Халикон дар «Вафоята-л-аён ва анба-абноа-з-заман», Ибн ал-Ҷавзӣ «Алмунтазим фи таърихи-л-мулук ва-л-умами», «Талбиси-л-иблис», Ибни Касир дар «Албидоя ва-н-ниҳоя», Мискавайҳ дар «Таҷриба-л-умам», Закариё ал-Қазвинӣ дар «Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу-л-мавҷудот», Ибни Надим дар «Ал-Феҳраст», Ибни Халдун дар «Алмуқаддима фи фадли-л-илми-т-таърих», ас-Суюти дар «Таъриху-л-хулафо», Абдурраҳмони Суламӣ дар «Табақоту-с-суфия» ва дигарон дар таълифоташон борҳо номи Ҳусайни Мансурро зикр намудаанд ва тазкиранависон дар бораи зиндагиномааш навиштаанд.
Дар натиҷаи омӯзиш, таҳлил, ва баррасии зиндагиномаи Мансури Ҳаллоҷ ва мақоми ӯ дар адабиёти араб мо ба чунин хулосаҳо бардоштем:
  1. Мо дар ин мақола намунаҳое аз тасвири симои орифи бузург Мансури Ҳаллоҷ дар адабиёти араб овардем, ба монанди қатрае аз баҳр, ё ганҷе аз хирвор. Албатта, қиссаҳое, ки мо ин ҷо овардам, хеле каманд, ин фақат фишурдаи қиссаҳост, зеро ки мақолаи мо ҳаҷми хеле хурд дорад ва мухтасари ин маводро дар рисолаи илмии мо, ки ба Мансури Ҳаллоҷ ва мақоми ӯ дар адабиёти араб бахшида шудааст, метавонед пайдо намоед. Инчунин дар васфи Мансури Ҳаллоҷ қасидаҳои зиёди шуарои арабро ҷамъоварӣ намудем, ки ояндаи наздик ба забони тоҷикӣ тарҷума хоҳад шуд ва дастраси хонандагон хоҳад гашт.
  2. Мутаассифона, мардуми зоҳирпараст ҷавҳари суханони ин орифи дилхунро дарк намекарданд ва хоину кофараш мехонданд. Ҳамчунин, дар адабиёти тасаввуфӣ нисбати ӯ туҳматҳо бастаанд, ки гӯё ба ҷараёни карматия ҳамроҳ будаасту бар зидди ислом шӯридааст. Аммо, чи тавре ки дар боло қайд намудем, номаҳои зиёде аз орифони адабиёту форсу тоҷику араб ба мо мерос мондааст, ки покмазҳабии Ҳусайни Мансурро оинадорӣ мекунанд. Умедворем, хонандагони ҷӯё ва гавҳаршиносони ростин ба умқи ин уқёнуси беканор сайр мекунанд ва дурру гавҳари бештаре ба даст хоҳанд овард.
 
 Феҳристи адабиёт:
  1. Ибни Надим. Ал-феҳраст. Тасҳеҳ Ризо Таҷаддуд. – Теҳрон: Интишороти Мусаҳҳеҳ, 1350. - 611с, саҳ. 242-243.
  2. Нафисӣ, Саъид. Таърихи назм ва наср дар Эрон. Теҳрон: Интишороти «Фурӯғӣ» - 1344. - 657 с, саҳ. 243.
  3. Абу Али аль-Мухассин ат-Танухи. Занимательные истории и примечательные события из рассказов современников. М. Наука. 1985, 304 стр; Варианти электронии китоб аз сайти www. Drewlit. Ru.
  4. Тарҷума аз китоби Саид-Афанди аль-Чиркави. Сборник выступлений. Махачкала: «Нуруль иршад» - 2008г. – 255с, стр. 50 – 51. Варианти электронӣ аз сайти http://islamdag.ru/sites/book/sbornik_vistupleny_1izd_2008rus.
  5. fa.wikipedia.org ; www. mandegar.tarikhema.ir (قوس زندگي منصور حلاج )
  6. fa.wikipedia.org ; www. mandegar.tarikhema.ir (قوس زندگي منصور حلاج )
  7. fa.wikipedia.org ; www. mandegar.tarikhema.ir (قوس زندگي منصور حلاج )
 
Каримова Шоҳона,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ