АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Симои  шоираи озодманиши тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Имрӯз дар замони пешрафтҳои азими илму фан ва густариши васеи  иттилоот падидаҳои фарҳангӣ беш аз пеш таваҷҷӯҳи муҳаққиқону хонандагонро ҷалб менамоянд. Падидаҳои фарҳангии як кишвар ё халқ зуд дастарси мардумони кишварҳои  гуногуни олам мегарданд ва барои пешрафти маънавиёти  онҳо хидмат мекунанд.  Вале, мутаассифона, дар раванди оламшумулӣ  аз имкониятҳои  илму фановарӣ баъзе муҳаққиқон барои ғаразҳову манфиатҳои худ суистифода мекунанд. Ин падидаи нохуш вақтҳои охир миёни  муҳаққиқони туркзабон бештар  ба назар мерасад. Аз ҷумла муҳаққиқони узбек Г. Ҳидоятов, Ш. Камолиддин ва ҳаммаслакони онҳо адибони маъруфи тоҷикро танҳо барои он ки  дар сарзамини имрӯзаи Узбекистон  зистаанд, турк қаламдод кардаанд. Ё худ муҳаққиқони  туркман маҷмуае интишор дода, тамоми адибони дар Марв зиндагӣ кардаро «туркман» донистаанд. Ин ҳолат дар Озарбойҷон ҳам  мушоҳида мешавад. Пас аз он ки  ба шоири маъруфи тоҷику форс Низомӣ шиносномаи озарбойҷонӣ доданд ва ӯро бузургтарин шоири  озарбойҷонӣ қаламдод карданд, аз хомӯшии мо истифода карда, Хоқониву Маҳастиро низ   ҳамчун намояндагони адабиёти озарбойҷонӣ муаррифӣ намуданд. Муҳаққиқони тоҷик баъзан бо эҳтиёту нарм вокунишҳо нишон медоданд, ки таъсире надошт.
Дар ин замина нашр шудани асари адабиётшиноси варзида Матлубаи Мирзоюнус «Рӯзгор ва осори  Маҳастии Хуҷандӣ» пеш аз ҳама барои шинохти воқеии симои як шоираи барҷастаи тоҷик, ки шиносномаи озарбойҷонӣ гирифта,  бо номи Меҳситии Ганҷавӣ машҳур шудааст, иқдоми шоиста аст. 
Рисолаи мазкур аз он ҷиҳат қобили таваҷҷӯҳ аст, ки муаллиф бо ҷуръату ҷасорат  барқарор кадани  симои ҳақиқии шоираи маъруфро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Зеро дар бораи ному тахаллус,  замону зодгоҳ, шахсияту ахлоқ, осору афкори ӯ андешаҳои мухталиф мавҷуданд. Тавре ки муаллиф дар муқаддима ишора кардааст, «ҳақиқати зиндагии Маҳастӣ бо афсонаву ривоятҳо ончунон омезиш ёфтааст, ки имрӯз гумон аст, кашфи воқеии он имконпазир бошад.»1 Бо вуҷуди ин  муаллиф барои дарёфти ҳақиқат кӯшиш ба харҷ дода, ба ҳалли мушкилоти зиёди рӯзгору осори шоира муваффақ шудааст.
Барои муайян кардани  симои ҳақиқии ин зани суханвари бомаърифат муаллиф  заҳмати зиёд кашида, маводи фаровоне ҷамъ овардааст. ӯ мисли муҳаққиқони дигари маҳастишинос, ки  бе далелу асоси  қотеъ дар бораи шахсияту осори шоираи озодманиш  изҳори назар кардаанд, бо тавсифҳои умумӣ машѓул нашуда, бар мабнои маълумоти дақиқу санҷида арзёбӣ намудааст.
Дар боби аввали  рисола «Маҳастӣ ва  маҳастишиносӣ» пеш аз ҳама  маълумоти  сарчашмаҳои гуногуни таърихиву адабӣ дар бораи  шоира мавриди баррасӣ  қарор  гирифтааст. Муаллиф  маълумоти  зиёда аз 60 сарчашмаро, ки аз Маҳастӣ ёд кардаанд, ба таври  қиёсӣ омӯхта натиҷабардорӣ кардааст. Баъзе сарчашмаҳое, ки  муаллиф истифода кардааст, мисли  «Маҷмаъ-ур-рубоиёт», «Сафинаи кӯҳани рубоиёт», Сафинаи Табрез», «Ҷунги ашъор», «Ҷунги искандарӣ», «Махзан-ул-ѓароиб», «Ҳадиқаи ишрат» нодир буда, мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Пас аз баррасии маълумоти сарчашмаҳо муҳаққиқ ба  натиҷае мерасад ки  дар онҳо оид ба  замони зиндагӣ, зодгоҳи Маҳастӣ, ному тахаллуси шоира андешаҳои мухталиф баён шудаанд.
Сипас дар асар дастовардҳои  маҳастишиносон дар асри  ХХ ва ибтидои асри ХХ1 баррасӣ мешаванд. Муаллиф беш аз 30 маҷмуаву мақоларо, ки дар бораи  Маҳастӣ дар Эрон  ба табъ расидаанд, арзёбӣ намуда, ҳусну қубҳи онҳоро нишон додааст.
Дар фасли ҷудогона  «саҳми олимони тоҷик дар тадқиқи ҷараёни зиндагӣ ва осори Маҳастӣ» мавриди баҳс  дода шудааст. Дар ин фасл асарҳои Баҳриддин Азизӣ, Мираббос Боѓиров, Тоҷӣ Усмон, С. Асадуллоев, А. Мухторов, З. Зарифов, Валӣ Самад, Э. Шодиев баррасӣ шудаанд.
Дар фасли «Маҳастишиносӣ дар Озарбойҷон» корҳои зиёде, ки дар бораи шоира муҳаққиқону зиёиёни озарбойҷонӣ анҷом додаанд, арзёбӣ шудаанд. Чунон ки муаллиф таъкид мекунад, «воқеан дар Озарбойҷон бо камоли  муҳаббату арҷгузорӣ аҳли адаб ва санъат симои Маҳастиро дар анвои гуногун офаридаанд. Опереттаи «Маҳастӣ»(муаллифи  либретто Ҳусайни Ҷовид, оҳанги бастакор Туѓрали Ҷовид), романи  «Шамшер ва қалам»-и  Мамад Саид Урдубодӣ, достони  «Маҳастӣ»-и Марвориди Дилбозӣ, шеъри  Нигор Рафибейлӣ, асарҳои драмавии Камола Оѓоева ва Муҳаммадҳусейн Таҳмасиб маҳсули тахайюли  бадеии онҳост.»2 Ҳамчунин донишмандони маъруфи Озарбойҷон Ҳ. Араслӣ, М. Рафилӣ, М. Султонов, Н. Рафибейлӣ, Р. Ҳусейнов, Ҳ. Юсуфов, Ш. Тақизода ва дигарон  дар бораи рӯзгор ва осори Маҳастӣ рисолаву мақолаҳо таълиф намуда, паҳлуҳои гуногуни  зиндагӣ ва ашъори ӯро баррасӣ кардаанд. Вале чунон ки зикр шуд, аксаран онҳо Маҳастиро шоираи озарбойҷонӣ  қаламдод карда, Хуҷанд будани зодгоҳашро рад намуда, ӯро зодаи Ганҷа шуморидаанд. Ҳамчунин дар аксари маҷмуаҳои  ашъори Маҳастӣ, ки дар Озарбойҷон ба табъ расидаанд, ҳатто  тарҷума аз форсӣ будани онҳоро зикр накардаанд. Онҳо андешаҳои дурусти адабиётшиноси озарбойҷонӣ Мираббос Боѓиров, ки дар мақолаи «Шоира Маҳастӣ аз Ганҷа буд ё Хуҷанд», ки дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» соли 1929 нашр шуда, Хуҷандӣ будани шоираро ба  субут расонда буд, нодида гирифтаанд.
Дар бораи  Маҳастӣ дар кишварҳои Аврупо низ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Шарқшиносон Паул Ҳорн, Э.Браун, А. Кримский, Е.Э. Бертелс, Ян Рипка, Фритс Майер ва дигарон дар таҳқиқи аҳволу осори  шоира саҳми қалон гузоштаанд. Махсусан, асари дуҷилдаи  ховаршиноси  суисӣ  Фритс Майер «Маҳситии зебо» таҳқиқи амиқи рӯзгор ва осори  шоираро дар бар гирифта, дар асоси сарчашмаҳои фаровон анҷом ёфтааст.
Ҳамчунин дар бораи  Маҳастӣ ва рубоиёти ӯ дар Афѓонистон, Ҳиндустон, ӯзбекистон низ асарҳо  ба табъ расидаанд.
Матлубаи Мирзоюнус вазъи маҳастишиносиро  дар кишварҳои гуногуни олам баррасӣ намуда, муҳимтарин дастовардҳои онҳоро дар фасли ҷудогона бозгӯ кардааст ва андешаҳои худро дар бораи онҳо иброз доштааст. Аз ҷумла ӯ Хуҷанд будани зодгоҳи Маҳастӣ, дар аҳди Султон Санҷари салҷуқӣ зистани шоира, Маҳастӣ на Меҳситӣ будани тахаллуси ӯ ва ѓайраро  ба субут расондааст.
Боби дувуми рисолаи Матлубаи Мирзоюнус шарҳи  «Мероси адабӣ ва ҳунари шоирии Маҳастӣ»-ро дар бар мегирад. Тавре таъкид мешавад, девони  Маҳастӣ, ки бо унвони «Чоргоҳи Маҳастӣ» машҳур буда, беш аз 300 байтро фаро мегирифтааст, ҳангоми ҳамлаи Убайдуллохони Шайбонӣ нобуд шудааст. Аз ин рӯ муҳаққиқон  осори шоираро аз сачашмаҳои гуногун зарра-зарра ҷамъ овардаанд.  То имрӯз  14 маҷмуаи ашъори  Маҳастӣ дар Теҳрон, Боку, Табрез, Хуҷанд, Вестбаден, Душанбе ба табъ расидаанд. Мутаассифона, дар ин маҷмуаҳо мисли маҷмуаи рубоиёти Умари Хайём рубоиҳои машкук ё саргардон зиёданд. Аз ин рӯ Матлубаи Мирзоюнус саъй намудааст, ки бо равишҳои   тозаи  қиёсӣ чанде аз он рубоиҳоро, ки дар осори шоирони дигар низ ба назар мерасанд, муайян намояд. ӯ дуруст таъкид менамояд, ки «пеш аз он ки  ба таҳқиқи мавзуву мазомин ва хусусиятҳои услубиву ҳунари шоирии Маҳастӣ даст занем, зарур аст, ки нахуст осори шоира  аз қадимтарин  сарчашмаҳои муътамад ҷудо карда шавад, рубоиёте, ки қабл аз Маҳастӣ, дар замони ӯ ва ҳатто баъд аз ӯ  навиштаанд, бодиққат мутолиа гардад, ҳар рубоиеро, ки ба номи каси дигаре омадааст, машкук донистан лозим меояд.»3
Муаллифи рисола  ҷиҳати шинохти  рубоиҳои асили  Маҳастӣ чанд омилро муҳим мешуморад. Аз ҷумла муайян кардани  шахсияти  гӯяндаи ашъор барои шинохти ӯ  мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки  дар адабиётшиносии тоҷик то имрӯз ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир намегардид. Матлубаи Мирзоюнус аз рубоиҳои  Маҳастӣ чанд рубоиро пайдо кардааст, ки зан будани гӯяндаи онҳо аён аст ва ба шоира тааллуқ доштани онҳо мусаллам аст.
Хусусияти дигари рубоиёти  Маҳастӣ боз он аст, ки  мавзуи асосии  онҳо ишқ аст.Тавре муаллиф дуруст  мушоҳида кардааст, «дар  ашъори Маҳастӣ рубоиёти фалсафӣ кам  буда, мавзӯи ишқ  мақоми бештаре дорад.»4 Дар ҳақиқат агар ба  рубоиёти Умари Хайём баёни андешаҳои фалсафиву иҷтимоӣ хос бошад, барои  рубоиҳои Маҳастӣ мавзӯи ишқ муҳим аст. Аз ин рӯ мо ҳам ҳангоми  ҷудо кардани  рубоиҳои асили Хайём рубоии зерро, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, интихоб нанамудем:
         Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
         Мурѓи чамани  хуҷастафолӣ ишқ аст.
         Ишқ он  набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
         Ҳар гаҳ ки бимирию нанолӣ ишқ аст.5
Мутаассифона,  дар рисола рубоии мазкур ба Умари Хайём мансуб дониста шуда, бо як рубоии ишқии Маҳастӣ мавриди  қиёс қарор гирифтааст.
Дар бораи муносибатҳои ошиқонаи  Маҳастӣ ва писари Хатиб Тоҷиддин Аҳмад дар сарчашмаҳо қисаҳои зиёд бофта шудааанд. Шоири асри Х11 Ҷавҳарии Заргари Бухороӣ ин қиссаро ба назм дароварда, ашъори  Маҳастӣ ва Тоҷиддин Аҳмадро дар он  ҷой додааст, ки нусхаи он дар ганҷинаи дастнависҳои  Боку маҳфуз аст.
Маҳастӣ бо суханварони маъруфи ҳамзамонаш  Низомии Ганҷавӣ , Адиб Собири Тирмизӣ ва дигарорн  робитаи дӯстӣ доштааст. Дар рисола ба робити дӯстонаи  Маҳастӣ бо Адиб Собир ишора гардида, номаи манзуми шоира далел оварда шудааст.
Мавзӯи дигаре, ки дар ашъори  Маҳастӣ мавқеи хос дорад, тасвири табиат мебошад. Шоира пайванди инсон ва табиатро бо тасвирҳои  барҷаставу мушаххас  таҷассум намудааст. Дар як силсила рубоиҳои шоира  унсурҳои чоргона - обу хоку оташу  бод ва  замону фазо мавриди тасвири  шоирона  қарор гирифтаанд.
Хидмати  Маҳастӣ дар офаридани  рубоиҳои шаҳрошӯб хеле калон аст. Ҳарчанд қаблан дар қолаби  қитъа, қасида, ѓазал, маснавӣ шаҳрошӯб навиштаанд,  Маҳастӣ аввалин шоирест, ки дар  қолаби рубоӣ як силсила шаҳрошӯб сурудааст, ки то имрӯз чанде аз онҳо боқӣ мондаанд, ки  васфи  қассоб, кӯлаҳдӯз, фассод, ва дигар ҳунармандонро дар бар мегиранд.
Дар рисола  вазни ашъори Маҳастӣ, истифодаи санъатҳои бадеии ташбеҳу истиора, такрор, таҷнис, тазод, суолу ҷавоб ва ѓайра, ки барои баёни эҳсосу андешаҳои шоира мусоидат кардаанд,   баррасӣ шудаанд.
Дар боби сеюми рисола «Симои Маҳастӣ дар адабиёти бадеӣ» мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дар ин боб ҳикояти Маҳастӣ ва Султон Санҷар аз  маснавии «Илоҳинома»-и Аттор, ашъори Фақири Деҳлавӣ, Нақибхон Туѓрал, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Марвориди Дилбозӣ, Озод Аминзода, Норинисо, Ҷамолиддин Каримзода, Фарзона, Ҳоҷимуроди Муродӣ таҳлил шудаанд. Дар фасли  «Симои Маҳастӣ дар наср» дар бораи романи «Шамшер ва қалам»-и Муҳаммад Саид Урдубодӣ, романи «Сахраи моҳ»-и  Ҳулан Афшор, драмаи «Маҳастӣ»-и  Саидамин Ҷило, қиссаи таърихии Кимиёхон Атоӣ сухан рафтааст.
Қисмати дувуми асар 397 рубоӣ ва 18 шеъри дигари Маҳастиро, ки аз 26 сарчашмаи муътамад  гирд оварда шудааст, дар бар мегирад. Ба асар ҳикояте аз «Ҳадиқат-ул-ҳақиқат»-и Саноӣ, мақолаи  Мираббос Боѓиров, ҳикоят аз «Илоҳинома»-и Аттор замима шудаанд, ки барои равшан кардани баъзе лаҳзаҳои рӯзгору осори  шоира мусоидат менамоянд.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки матни асар ба ду ҳуруф нашр шудааст, ки онро дастраси хонандагони зиёди форсизабон низ мегардонад. Шоиста аст, ки ин асари пурбаҳо дар оянда ба забонҳои русиву англисӣ  ҳам  интишор дода шавад.
Китоби  «Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ» беҳтарин таҳқиқ дар шинохти воқеии шоираи маъруф буда, бо салиқаи баланд таълифу тадвин ва нашр   шудааст. Нашриёту чопхонаҳои  пойтахтро  зарур аст, ки  дар нашри осори илмӣ равиши нашриётҳои  «Хуросон»-у «Ношир»-и Хуҷандро намунаи ибрат донанд.
 
                                    Пайнавишт
 
1 Матлубаи Мирзоюнус. Рӯзгор ва осори  Маҳастии Хуҷандӣ. –Хуҷанд, «Хуросон», 2020, саҳ. 6.
2 Ҳамон асар, саҳ. 51.
3 Ҳамон асар, саҳ. 79.
4 Ҳамон асар, саҳ. 90.
5 Ҳамон асар, саҳ. 95.
 
 
                                                         Мирзо Муллоаҳмад
 

БОЗГАШТ