АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Симои Умеда Ғаффорова дар оинаи ховаршиносии тоҷик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар миёни бонувон кам иттифоқ меафтад, ки касе ба дараҷаи баланди илмӣ расад, чун занҳо ба ҷуз аз корҳои ҷомеа боз  рисолатҳои бузургеро чун ба дунё овардани фарзанд ва ба воя расонидани ӯ, дар роҳи рост тарбия намудану ба як шахсияти нек табдил додани насли инсониятро бар дӯш доранд. Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд, модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад. Вале, мутаассифона, на ҳар зан ва модар қодир аст ба роҳи илм биравад, зеро роҳи илм бисёр мушкил мебошад ва танҳо оне бо ин роҳ меравад, ки дар дили худ нисбат ба илм шавқ ва муҳаббати беандоза дошта бошад. Махсусан соҳаи арабшиносӣ, ки маҷмӯи фанҳои филологӣ буда, як соҳаи сомишиносӣ маҳсуб меёбад, яке аз соҳаҳои бонуфузтарини илм ба шумор меравад.  Забони арабӣ, ки худ яке аз забонҳои мураккабтарин аст ва омӯзиши грамматика ва лаҳҷаҳои ин забон ҷидду ҷаҳди хосро талаб менамояд, бешакк, ки барои як зан ва модар дар ин масир таҳқиқот бурдан худ як қаҳрамонист. Имрӯз, хушбахтона шумори занҳои муҳаққиқ сол ба сол дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Дар миёни занони тоҷик ягона муҳаққиқи арабшинос, ки имрӯз унвони профессориро дорад,  яке аз мумтозтарин донандагони адабиёти араб, бонуи Қуръонпажӯҳ, доктори улуми филологӣ,  Ғаффорова Умедахон Абдуллоевна  мебошад, ки ҳастии мубораки ӯ барои мардуми тоҷик боиси ифтихор аст.
Чӣ тавре ки дар википедиё дарҷ гардидааст, профессор  У. Ғаффорова  “муаллифи 2 монография, 1 маҷмӯи мақолот, 2 дастури таълимӣ – методӣ ва беш аз 250 мақолаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба масоили шарқшиносӣ, робитаҳои адабиву фарҳангии Арабу Аҷам аст”[15, с.1].
Ин муҳаққиқи донишвар рисолаҳои аз ин зиёдеро дар ҷодаи арабшиносӣ ва робитаҳои адабии арабу аҷам таълиф намудааст: “Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама (1995) [7],  “Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи тафсири Табарӣ”(2004) [3] , “Сказания Корана в персидском переводе “Тафсира Табарӣ”(2004) [8], “Робитаҳои адабии арабу аҷам” (маҷмӯи мақолаҳо), (2015) [5], “Инкишофи нутқи шифоҳии араб”(2004, бо ҳаммуаллиф А. Ҳамдан) [6], “Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо”(2018) [4]   ва ғайра. Инчунин, ӯ дар таҳияи матни “Таърихи Табарӣ” (Душанбе, 2000, ҷ.2), “Девони Махфӣ” (Хуҷанд, 1998), тарҷумаи китоби “Фозилони Хуҷанд” – и Райҳона Хотун (Хуҷанд, 2000, дар ҳаммуаллифӣ бо З.Ғаффорова)  саҳми назаррас дорад. Лозим ба таъкид аст, ки  У. Ғаффорова соли 2015 “Ахлоқи Носирӣ” – и Насриддини Тӯсиро ба забони русӣ, инчунин ҳамин асарро бо ҳаммуаллифии академик Н. Салимӣ ба забони тоҷикӣ (с. 2009) тарҷума намудааст. Ба ҷуз инҳо ӯ мутарҷими (дар ҳаммуаллифӣ бо Дадобоев Қ. ва Ғафуров А.)  “Хатму-л-авлиё» (с. 2016) ва “Наводиру-л-усул” – и Ҳаким Тирмизӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ мебошад.
Устод Ғаффорова У. А. соли 1990 рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи “Арабское ораторское искусство (хитаба) в ранние века ислама” ҳимоя намудааст, ки бо ин  пажӯҳишоташ дар густариши арабшиносӣ саҳми арзандае гузоштааст. Аз рӯи маълумоти шунидаи мо дар Донишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқои шаҳри Москва аз рӯи китоби мазкур ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Дар боби аввали китоб сухан роҷеъ ба хутбаҳо дар давраи тоисломӣ меравад. Муҳаққиқи камназир У. Ғаффорова дар ин боб оид ба ҳаёти арабҳои бодиянишин, ки ҳар як қабила саййид доштанд, урфу одатҳои онҳо маълумоти  муфассал додааст.  Масалан,  бо душман оштӣ шудан ва ё аз душман узр пурсидан дар давраи ҷоҳилият барои арабҳо кори хуб ба ҳисоб намерафтааст – “Бинобар ин  Абу Узниййа  (арабҳоро) дар хутбаҳояш барои қасосгирӣ ва хунрезиии душман таклиф намудааст:
“...Но если враг нанес удар мечом, то пусть его постигнет такая же кара,
Прощение умаляет достоинство мужчины...
... Если ты простишь врага, все люди, осуждая тебя скажут:
“Он простил не из милосердия, а из-за трусости...”[7, с.14-15].
Аз навиштаҳои устод Ғаффорова У. А. бармеояд, ки яке аз навъҳои  хутба “мухофара” ва ё “мунофара” будааст, ки хитобкунанда қабилаҳоро ба сӯи худ даъват менамояд ва ду нафар байни якдигар муколама (диалог) мекунанд ва ҳар яке худро таъриф менамояду тарафи муқобилро дар байни мардум таъна менамояд, масалан:
“Алқама: Ты гордишься своей красотой и хорошим телосножением. Я же горжусь славою своих предков.
Омар: Твои предки приходятся и мне родственниками. Однако, я горжусь своими сыновьями» [7, с. 16].
Дар боби дуюми рисола бошад, муаллиф давраи пайдоиши дини исломро тадқиқ намудааст. Фасли якуми боби мазкур  роҷеъ ба хутбаҳои пайғамбари дини мубини ислом Муҳаммад (с) мебошад. Дар ин фасл муҳаққиқи фарҳехта  У. Ғаффорова масоили марбут ба  муҳтавои хутбаҳои Расули Акрам (с), ҳамчунин ба дини ислом ва Худои ягона – Аллоҳ даъват намудани мардумро мавриди диққати назар қарор дода, инчунин  хутбаи охирини Паёмбар (с) низ дар рисолаи мазкур аз назар берун намонда ва мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Мусаллам аст, ки хутбаҳои Расул (с) дар асоси китоби осмонии мусалмонон “Қуръон” гуфта шудааст ва тадқиқоти ин олимаи пуркор дар риштаи қуръоншиносиву қуръонпажӯҳӣ ,  ки дар асри ҳозира ба нудрататанд, шоистаи таҳсин аст.   Дар фасли дуввуми ин боб бошад, муаллиф перомуни хутбаҳо дар давраи хулафои рошидин: Абӯбакр (р), Умар(р), Усмон (р) ва Алӣ (р) пажӯҳиш намудааст. Боби севвуми рисола  ба давраи хилофати Умавиён (661-750) бахшида шудааст. Ин боб низ аз 4 фасл иборат мебошад. Дар боби чаҳоруми рисола муҳаққиқ хусусиятҳои бадеии хутбаҳоро дар давраи  баъдиисломӣ дар меҳвари тадқиқот қарор додааст.
Умуман, рисолаи фавқуззикр бисёр барангезандаи таваҷҷуҳ аст ва ба таърихи ташаккул ва инкишофи фанни хитоба дар адабиёти араб бахшида шудааст. Муаллиф дар ин асари пурарзиш нақши хитобаро дар густариши насри фаннӣ муқаррар намудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки корманди шоистаи ҶТ, профессор Усмонҷон Ғаффоров роҷеъ ба ин масоил дар мақолааш “Олимаи закитабъ”  чунин навиштааст: “Вақте ки Умедахон донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расонид, Шӯрои илмии факулта ӯро ҳамчун хатмкардаи беҳтарин ба аспирантура тавсия дод ва ӯ соли 1985 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Солҳои 1986 – 1989 Умедахон аввал таҳти роҳбарии профессор В.П.Демидчик, баъдан пас аз реҳлати ӯ зери раҳнамоии академики АИ Федератсияи Русия, профессор А.Б.Куделин ба таҳқиқоти илмӣ машғул буд. Хеле рамзӣ буд, ки ӯ дар мавзӯи хеле муқаддас, аммо мураккаб “Санъати суханварии араб (хутба) дар асрҳои VI – миёнаҳои асри VIII” рисолаи илмӣ навишт. Мавзӯъ хеле актуалӣ ва саривақтӣ, вобаста ба илми фиқҳ – илоҳиёт буд.”[ 2, с. 22].
Бахши дигари тадқиқоти профессор У. Ғаффорова ба таҳқиқи қиссаҳои қуръонӣ марбут аст. Мусаллам аст, ки  У. Ғаффорова  рисолаи доктории хешро таҳти унвони “ Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” дифоъ кард ва ин монография соли 2004 дар шакли китоб  чоп шуд. Дар китоби мазкур ҷанбаҳои бадеиву адабии яке аз ёдгориҳои арзишманди насри давраи “Сомониён” “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”    мавриди таҳқиқи муқоисавӣ – таърихӣ” қарор гирифтааст.   Монографияи мазкур низ аз 4 боб иборат аст:
  1. “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ҳамчун ёдгори адабию илмӣ дар таърихи тамаддуни форсӣ”.
  2. Қиссаҳои Қуръонӣ ва вазъи навъи “қисса” дар адабиёти форсу тоҷик.
  3. Арзиши адабию бадеии қиссаҳои қуръонии “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”.
  4. Таъсир ва мақоми қиссаҳои “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” дар адабиёти форсӣ.
Профессор  У.Ғаффорова дар китоби мазкур роҷеъ ба масъалаҳои наҳзати илмиву фарҳангӣ дар давлати аввалини форсизабонон, исломшиносиву таърихнигорӣ, қисса ва фаҳмиши жанрии он, тарҷумаи форсии “Тафсир”- и Табарӣ, заминаҳои густариши қисса дар Эрони Бостон, инъикоси қиссаҳои қуръонӣ дар адабиёти форсу тоҷик, қиссаи Юсуф (а) дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ва ғайра маълумоти муфассал дода, тадқиқоти назаррас бурдааст.
Хусусан, қиссаи Мӯсо (а)  низ хеле ҷолиби диққат аст. Устод У. Ғаффорова қиссаи Мӯсо (а) – ро аз овони таваллуд то давраи ба паёмбарӣ  расидан, ҳамчунин муъҷизаҳои ҳазрати Мӯсо (а) – ро хеле  вусъатманд дар оинаи пажӯҳиш инъикос намудааст.  Ӯ ба сифати далелу иқтибос пораҳои маснавиҳоро аз Хоқонӣ, Аттор, Ҳаким Саноӣ, Масъуди Саъди Салмон, Саъдӣ, Ҷаллолуддини Румӣ, Ҳофиз Ҷомӣ, Парвини Эътисомӣ ва дигарон овардааст.
Дар ин замина номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Саидумрон Саидов мақолае  ба оид ба фаъолияти илмии профессор У. Ғаффорова навишта, дар мақолааш доир ба  бобу фаслҳои “Қиссаҳои Қуръон дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” маълумоти комил додааст, ки порчаҳое аз он инҷо оварда хоҳад шуд: “Боби аввали китоб “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ҳамчун ёдгори адабию илмӣ дар таърихи тамаддуни форсӣ” унвон дорад, аз чаҳор фасл иборат буда, муаллиф аз наҳзати илмию фарҳангӣ дар давлати аввалини тоҷикону эрониён сухан оғоз менамояд. Дар фасли аввали китоб муаллиф манзараи давраи нави таърихиро, ки баъди фурӯпошии давлати Сосониён ва тасарруфи сарзамини Эрон ба дасти арабҳо рӯи кор омад, ба тафсил нишон медиҳад” [10,с. 65].
Бояд гуфт, ки дар боби дуввуми “Қиссаҳои қуръонии “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”  муаллиф лозим донистааст роҷеъ ба қиссаҳои қуръонӣ ва вазъи нави қисса дар адабиёти форсу тоҷик тадқиқот барад.
Дар боби сеюми китоб сухан перомуни меъёрҳои шинохти қиссаҳои қуръонии “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”, усули баргардон ва тавзеҳи асар, равишҳои хоси форсии қиссапардозӣ дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” меравад.
Чуноне, ки дотсент С. Саидов иброз менамояд, :“Дар боби чоруми асар “Таъсир ва мақоми қиссаҳои “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” дар адабиёти форсӣ” нахуст дар бораи инъикоси қиссаҳои қуръонӣ дар адабиёти форсу тоҷик сухан рафтааст. Муаллиф як сайри иҷмолии таърихӣ ба адабиёти форсӣ – тоҷикӣ намуда, инъикоси қиссаҳои қуръониро дар осори адибони классик таҳлилу баррасӣ менамояд”[10, с. 67].
Ҳамин тариқ, муаллифи мақола ҳамаи фаслҳои бобҳои китоби фавқуззикрро дар мақолааш таҳлилу баррасӣ намудааст, ки мақола бисёр аз ҷиҳати мазмун ҷолиб ва дар сатҳи баланди илмӣ навишта шудааст.
Салоҳ донистем, дар ин масир фикрҳои муҳаррири масъули китоби “ Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”  доктори илмҳои филологӣ, шодравон профессор Абдуманнон Насриддиновро орем: “Табақабандии бобҳо ва фаслҳои китоб бо донишу огаҳӣ сурат пазируфтааст ва дар айни замон барои таҳлили муфассал ва натиҷабардорӣ имконоти мусоидро фароҳам сохтааст.
Муаллиф бо таҳлили қиссаҳо дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”  маҳдуд намонда, бо овардани мисолҳои дақиқ интишори онро дар адабиёти асрҳои X-XV нишон додааст.”[9, с. 393].
Ҳамчунин, академики АУҶТ Салимов Н.Ю бо ҳаммуаллифии доктори илмҳои филологӣ Н.Нурзод мақолае бо номи “Замину замон некхоҳи ту бод” таълиф намудаанд, ки ба фаъолияти илмии профессор У.Ғаффорова бахшида шудааст. Муаллифон дар мавриди китоби фавқуззикри муаллима чунин гуфтаанд: “Ҳарчанд роҷеъ ба мафҳуми истилоҳӣ ва луғавии қисса ва анвои он дар адабиётшиносии тоҷик ва кишварҳои ҳамзабон пажӯҳишоти фаровоне ба анҷом расида буд, аммо бо ҳидояти донишманди равоншод Расул Ҳодизода  У. Ғаффорова  ба таҳқиқи моҳият, вижагиҳои сабкӣ ва мақоми адабии қиссаҳои қуръонӣ пардохта, дар ин замина ба таълифи як рисолаи арзишманди илмӣ бар мабнои қиссаҳои қуръонии маншур дар нахустин тафсири форсии Қуръони Маҷид китоби муътабар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” таҳти унвони “Қиссаҳои Қуръон дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ (таҳқиқи муқоисавӣ – таърихӣ)” муваффақ гардиданд. Бар асоси ин таълифоти гаронмояи илмӣ  устодро ин шараф ҳам даст дод, ки дар соли 2004 рисолаи доктории хешро низ муваффақона ба дифоъ расонида, шумори бонувони соҳибунвонро, ки он солҳо на танҳо дар ДДХ ба номи Б.Ғ ва ҳавзаи илмии вилояти Суғд, балки  дар чумҳурӣ шуморашон кам буд, афзун гардонанд.” [12, с. 30].      
Қобили зикр аст, ки китоби дигари ин устод Ғаффорова У.А. “Робитаҳои адабии арабу аҷам” (маҷмӯаи мақолаҳо,с. 2015) низ яке аз китобҳое маҳсуб меёбад, ки баррасии масоили арабшиносӣ, ирфон, нақди адабӣ ва равобити адабии арабу аҷамро дар бар гирифтааст.
Нигорандаи китоб бо услуби хуби нигориш мақолаҳои зиёде марбут ба вижагиҳои ирфонии маснавии “Юсуф ва Зулайхо”, достони Ҷамшед дар сарчашмаҳои адабӣ-таърихӣ, осор ва рӯзгори Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, муламмаот дар эҷодиёти Шайх Камол, пайдоиш ва татаввури илми балоғат, таносуби устураи офариниш дар ақоиди исломӣ ва эронӣ,  тафсири Табарӣ, “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” ва ғайра навиштааст. Як қатор мақолаҳои ӯ таҳти унвони «Имам Абуханифа и арабо-мусульманская культура», «Хаджа Насируддин Туси и его «Насирова этика», «Вопросы морали в религиозно-мифологических концепциях Востока», «Истоки формирования и развитития арабской среднековой прозы» ва ғайра бо забони русӣ таълиф шудаанд.  Ҳамчунин устод У. Ғаффорова дар ин китоб дар бораи бонувони суханвар ба амсоли шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус, устоди донишгоҳи Ҳинд Райҳона Хотун ва дигарон мақолаҳои пурмӯҳтаво  навиштааст ва дар яке аз мақолааш, ки “Дар ҳалқаи бонувони қуръонпажӯҳ” ном дорад,  исми якчанд бонувони қуръонпажӯҳ:  саркорхонум Ҳасино Аҳмад ибни Абдураҳмон аз Фаронса, Рамзия Чиллик аз Туркия, Рогсогул Сунар Ҳаёт аз Тайланд, Риёза аз Шри Ланка ва дигаронро зикр намудааст.
Қисмати дигари китоб “Дар сӯҳбати соҳибназарон” ва “Аз Машриқ то Мағриб” ном гирифтааст, ки муаллиф мақолаҳоро марбут ба рӯзгору осори устодони арҷманд  Расул Ҳодизода, Абдулқодир Маниёзов,  Абдулманнони Насриддин, Ваҳҳоб  Набиев, профессор шодравон Саъдулло Асадуллоев  ва падари бузургвори устод У. Ғаффорова шодравон профессор Абдуллоҷон Ғаффоров бахшидааст, ки мақолаҳо бисёр самимонаву таъсирбахш ҳастанд.
Соли 2018  китоби нави устод У. Ғаффорова “Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо” чоп шуд, ки муаллиф  дар ин китоб  аҳамияти адабии ду шоҳасари Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ  «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили –л – Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» - ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.  Чуноне ки худи  профессор У.Ғаффорова зикр кардааст: “Дар ин китоб давраи тиллоии фарҳанг ва адабиёти форсу тоҷик, наҳзати илмиву фарҳангӣ дар давраи Сомониён, рўзгор ва осори муаррих ва муфассири номовари асри Х Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, аҳамияти адабии ду шоҳасари ў «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили –л- Қуръон» ва «Таъриху-р-русул ва-л-мулук», тарҷумаи форсии ин ду сарчашмаи адабӣ-таърихӣ, хосатан таъсири «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» ба адабиёти форсу тоҷик, робитаҳои фарҳангии арабу аҷам мавриди тадқиқи муқоисавӣ-таърихӣ қарор гирифтааст”[ 4, с. 2].
Зикр кардан ҷоиз аст, ки китоби мазкур дорои 8 боб мебошад: Боби якум ба рӯзгор ва осори илмии Табарӣ бахшида шудааст, ки дар он устод У. Ғаффорова маълумоти мухтасар роҷеъ ба зиндагинома ва мероси илмии Табарӣ додааст. Дар боби дуввум сухан роҷеъ ба мақоми Табарӣ дар таърихнигории арабу аҷам, Табарӣ ва “Таърих-ур-русул ва-л-мулук” – и ӯ ва китоби “Таърихи Табарӣ” – и Балъамӣ меравад. Боби сеюм “Ташаккул ва таҳаввули тафсирнигории арабу аҷам” ном гирифта, муҳаққиқи қуръонпажӯҳ дар боби мазкур масъалаҳои марбут ба Қуръон ва инкишофи улуми нақлӣ, тафсир, таъвил, танзил ва анвоъи тафсирро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.  Боби чаҳорум  фарогири матолиби мухтасар роҷеъ ба мақоми Табарӣ дар тафсирнигории арабу аҷам, “Ҷомеъу-л-баён ан таъвили –л– Қуръон” –и Табарӣ ва масъалаҳои балоғат ва забоншиносӣ мебошад. Боби панҷум “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ва хусусиятҳои услубии он” ном дорад. Дар ин боб муаллиф перомуни масоили сабк, услуб, забон ва ҳунари нигорандагӣ дар қиссаҳои қуръонии “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ва гайрахо навиштааст. Дар боби шашум аҳамияти адабии тафсири “Ҷомеъу-л-баён ан таъвили –л- Қуръон” – и Табарӣ ва ҷанбаҳои илмии он инъикос ёфтааст. Боби ҳафтум заминаҳои густариши қиссаро дар адабиёти форсу тоҷик дар бар мегирад. Дар боби охирин, яъне ҳаштум нигорандаи китоб доир ба “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ва таъсири он ба адабиёти форсу тоҷик тадқиқот бурдааст. Бисёре аз бобҳо се ва чор ва ҳатто панҷтоӣ  фасл дошта, мавзӯъ бисёр серҷанба ва густурда аст.
Китоби зикршуда ифодагари ҷустуҷӯи  чандинсолаи арабшиноси камназир Ғаффорова У. А. мебошад. Дар ин бобат худи муаллиф чунин нигоштааст: “Ногуфта намонад, ки рисолаи мазкур бо назардошти такмил ва таљдиди назар рољеъ ба китоби «Қиссаҳои Қуръон» дар “Тарҷумаи “Тафсири Табарӣ”, ки зери назари адабиётшиноси мумтози тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, устоди равоншод Расул Ҳодизода соли 2004 ба табъ расида буд, нашр мегардад”[4, с. 12].
Зимнан, ба муносибати панҷоҳсолагии зодрӯзи профессор У. Ғаффорова  доктори илмҳои филологӣ, профессор Замирахон Ғаффорова китоберо таҳия ва нашр намудааст, ки  фарогирандаи мақолаҳои дӯстону иродатмандону мухслисони устод Умедахон Ғаффорова мебошад. Ҳамчунин, дар ин китоб мақолаҳои олимони номвари ватанӣ ва бурунмарзӣ  роҷеъ ба масъалаҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, забон ва фарҳанги машриқзамин ва равобити адабиву фарҳангӣ ҷамъоварӣ шудааст. Китоби зикршуда “Робитаҳои адабӣ ва фарҳанги Шарқ” ном дошта, бо мақолаи собиқ ректори ДДХ ба номи академи Б.Ғафуров – устод Ғафур Усмонов  “Пажӯҳишгари соҳибназар ва бонуи олигавҳар” оғоз шудааст, ӯ ки чунин ҳарфҳоро гуфтааст: “Ин бонуи соҳибфазилат ҳамчун олим ва муҳаққиқи пуркор дар таҳқиқу баррасии муҳимтарин масъалаҳои равобити адабиёти араб ва форсу тоҷик, инчунин сарчашмашиносии адабиёти беназири мо дар мисоли фарҳанги исломӣ ва амсоли ин саҳми муносибе гузошта, бо таълифи чандин рисолаи пурбори илмӣ мақоми шоёнеро дар адабиётшиносии муосири тоҷик касб намудаанд”[13, с. 6].
Ҳамчунин, дӯст ва хоҳари маънавии устод У. Ғаффорова,  Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона барои муаллима  шеъри пурмуҳаббат  эҷод намудааст:
Адабпарвардаи боғи камолӣ,
Дарахти барқади фархундафолӣ.
Арабдонӣ, адабдонӣ, ҷамилӣ,
Ки боровар зи лутфи зулҷалолӣ.
Бимон бо муждаи урдубиҳиштӣ,
Ки аз гулбоғи ризвон интиқолӣ! [14, с. 8].
Ҳамчунин адабиётшиноси номвар, шодравон  профессор А. Сайфуллоев низ дар мақолааш “Номбардори шоистаи падар” чунин овардааст: “Мутолиаи асарҳои тадқиқотии У. Ғаффорова маро ба ҳамин натиҷа овард, ки донишҳои илмии ӯ амиқ, доираи назар ва андешаҳои ӯ васеъ ва таҷрибаи тахассусиаш фаровон аст. Ӯ ба таҳқиқи ҳар масъалае, ки мароқ зоҳир намояд, бо сифати баланд ва муваффақияти комил анҷом мерасонад.” [11, с. 19].
Боиси сарфарозист, ки заҳматҳои Ғаффорова У. бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” (2018) сарфароз гардонида шудааст. Ӯ узви Иттифоқи нависандагони ҶТ, барандаи ҷоизаи байналмилалии қуръонпажӯҳон (2010), ҷоизаи вилоятии ба номи Маҳастӣ, аълочии маорифи ҶТ (2015) аст.
Ин чанд сафҳаи мухтасар кофӣ нест, ки вижагиҳои сабку хутути ин донишвари  арабшиносро тасвир созад, зеро устод Умедахон Ғаффорова ба ҷуз  муҳаққиқ ва шахсияти маъруфи кишвар будан  инсони  начибу некӯсулб,  фурӯтану парҳезгор ва роҳнамою дастгири шогирдон мебошад. Бо роҳбарии ӯ чандин нафар рисолаи номзадии хешро ҳимоя намудаанд.  Бешак, роҷеъ ба фаъолияти илмию эҷодии ин донишмандон  амсоли Абдушукури  Абдусаттор, Тоҷиддин Мардонӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Умедахон Ғаффорова   навиштани таҳқиқу  тадқиқномаҳо ҳатмист, зеро ин олимон барои густариши равобити адабии арабу аҷам заҳматҳои зиёде кашидаанд ва пажӯҳишоташон  дар ин ҷода шоистаи таҳсин аст.   Нигорандаи ин сатрҳо салоҳ донист ин мақоларо бо суханони   шарқшиноси варзида,  шодравон  А. Абдусаттор, ки дар мақолааш “Бонуи Қуръонпажӯҳ” нисбат ба  устод У. Ғаффорова  чунин суханҳои муносибу мувофиқ гуфтааст, анҷом диҳад:    
“Ҳоло, профессор У.Ғаффорова бо азми қавии мардона дар арсаи қуръонпажӯҳӣ фаъолияти худро идома медиҳад ва дастовардҳои тозаи илмӣ дар ин самт ӯро интизоранд. Мехоҳем бо ин сухан гуфтори худро хотима бахшем:
Ҳар он кас, ки таҳқиқи Қуръон кунад,
Агар зан бувад, кори мардон кунад” [1, с. 39].
 
                                                         Пайнавишт:
 
  1. А. Абдусаттор. Бонуи Қуръонпажӯҳ/ Ғаффорова З. А. Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ (маҷмӯаи мақолаҳо ба муносибати панҷоҳсолагии зодрӯзи доктори илмҳои илмҳои филологӣ, профессор У. Ғаффорова). – Хуҷанд: Ношир, 2014. – 616с, саҳ: 39
  2. Ғаффоров У. Олимаи закитабъ/ Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 22.
  3. Ғаффорова У. А. Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” (таҳқиқи муқоисавӣ – таърихӣ) – Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 400 с.
  4. Ғаффорова У.А. Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ ва муколамаи фарҳангҳо. –Хуҷанд: -Хуросон, 2018. – 460 с, саҳ. 2,12.
  5. Ғаффорова У. А. Робитаҳои адабии арабу аҷам. Маҷмӯаи мақолаҳо.- Хуҷанд, 2015. – 368с.
  6. Ғаффорова У. А, А. Ҳамдан. Инкишофи нутқи шифоҳии араб.- Хуҷанд: Нури маърифат, 2004.
  7. Ғаффорова У. А.  Арабское красноречие (хутба) в ранние века ислама. – Худжанд: Гос. Издательство им. Р. Джалила, 1995; - 150с, саҳ. 14,15,16.
  8. Ғаффорова У. А. Сказание Корана в персидском переводе “Тафсира Табарӣ” (историко – сравнительное исследование) – Душанбе, 2004;
  9. Насриддинов А. Аз муҳаррири масъул. Қиссаҳои “Қуръон” дар “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” (таҳқиқи муқоисавӣ – таърихӣ)  – Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 400 с, саҳ. 393
  10. Саидов С. Олими нуктасанҷ/ Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 65-67.
  11. Сайфуллоев С. Номбардори шоистаи падар/ Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 19.
  12. Салимов Н, Нурзод Н. Замину замон некхоҳи ту бод/ Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 30.
  13. Усмонов Ғ . Пажӯҳишгари соҳибназар ва бонуи олигавҳар/ Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 6.
  14. Хоҷаева И. (Фарзона). Ба ҷои соядаст. / Равобити адабӣ ва фарҳанги Шарқ. – Хуҷанд:Ношир,2014. – 616с, саҳ: 8.
  15. wikipedia.org
 
 
Каримова Шоҳона, ходими илмии шуъбаи 
                               шарқи Миёна ва Наздики институти омӯзиши
                               масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИҶТ

БОЗГАШТ