АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

СИПОСНОМАИ МУДИРИЯТИ ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ 75-УМИН СОЛРӮЗИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ, ПРОФЕССОР ТОҶИДДИН МАРДОНӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Устоди арҷманд, профессор Тоҷиддин Мардонӣ,
 
  Шумо солиёни дарозест, ки ба кори фикрӣ иштиғол варзида, дар муҳит ва ҳавзаҳои фикрию мадании миллӣ ба сифати шахсияти матраҳи илмӣ соҳибэҳтиром гардидаед. Муҳимтар аз ҳама, Шумо ҳамчун ховаршиноси номии миллию минтақавӣ дар муаррифии шоистаю боистаи равияи вежаи адабиёти дузабона муваффақият касб карда, миёни доираҳои илмию фаннии ватанию хориҷӣ мақом ва ҷойгоҳи муносиб дарёфтаед. Аҳли илму адаби ватанӣ ва доираи васеи хонандагони дохилию хориҷӣ аз мазмуну муҳтавои мероси таҳқиқии Шумо, минҷумла китобу рисола ва монографияҳои ихтисосии “Дузабонии арабию тоҷикӣ дар шеъри асрҳои 1Х-Х” (Душанбе: Маориф, 1993. -165 с.), “Носири Хусрав ва адабиёти арабзабон” (-Душанбе, 2005), “Шеъри Ибни Сино ба забони арабӣ” (Душанбе: Ирфон, 2006. -126 с.), “Равобити адабии халқҳои арабу тоҷик” (-Душанбе: Ирфон, 2006. -400 с.), “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -233 с.), “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -128 с.), “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои Х1-Х11” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -380 с.), “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов Х1-Х11 вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -382 стр.) ва амсоли инҳо хуб огоҳанд. Аз ин ҷост, ки силсилапажӯҳишҳои илмию ихтисосии Шумо дар омӯзишу таҳқиқи адабиёти дузабона ва равобити адабии арабу Аҷам барои доираи васеи хонандагону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ ва таҳқиқӣ хидмат мекунанд. Махсусан, таҳқиқоти академии Шумо дар робита бо таъсири шеъри арабӣ ба ашъори шоирони маъруфи асрҳои Х1-Х11, ки ба забони русӣ таҳти унвони “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов Х1-Х11 вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020) интишор гардидааст, дар байни ҷомеаи академию мадании миллӣ ҳамовозӣ пайдо кардааст. 
  Ба ин тартиб, Шумо дар баробари доштани вежагиҳои мунҳасир ба фарди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва адабӣ, аз махсусиёти ихтисосӣ – дар сатҳи илмӣ-академӣ донистани забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ бархурдоред. Воқеан, кам касонеро аз ҷумлаи ховаршиносони маъруфи ватанӣ метавон пайдо кард, ки забонҳои арабию русиро дар сатҳи академӣ дониста бошад. Ин аст, ки Шумо на танҳо дар ҳавзаҳои фикрию илмии тоҷик, балки дар муҳитҳои шарқшиносии минтақавӣ ва русӣ низ ба унвони шахсияти матраҳи илмӣ эътибору эҳтиром доред.
 
  Устод Тоҷиддин Мардонӣ,

  Дар баробари омӯзишу таҳқиқи бардавом, Шумо, ҳамчунин солҳо вазифаи пурмасъули Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистонро низ бар дӯш гирифта, аз тариқи кору фаъолияти дипломатӣ дар таҳкими равобити ҳасанаи мутақобила ва тақвияти сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаед. Ин аст, ки ҳайати кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хидматҳои бедареғи Шуморо дар самти ховаршиносии ватанӣ ва дипломатияи миллӣ қадр мекунанд ва аз ҳамкории судманду самаранокатон эҳтироман арзи сипос менамоянд.
  Бо таваҷҷуҳ ба ин, мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода намуда, 75-умин солгарди умри муборакатонро шодбош гуфта, бароятон саодати умр, сиҳатии комил, неруву тавони илмию эҷодӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.
 
  Солрӯз фархунда ва хуҷаста, Устоди гиромӣ Тоҷиддин Мардонӣ!
 
Бо эҳтиром,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон                                                 Ёрмаҳмад Ниёзӣ

1 декабри соли 2022

БОЗГАШТ