АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ситораи тобноки шеъри имрӯзи дарӣ

Муаллиф: Қодиров Ғиёсиддин

Расм

Шеъри муосири дарӣ тозатарин фасли китоби куҳсоли адабиёти Афғонистон мебошад, ки дар ибтидои асри ХХ оғоз гардидааст. Дар тӯли ин садсола ҳампои таърихи пасту баланди сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ҳаракат карда, марҳилаҳои гуногуни рушду инкишофро паймудааст.

Солҳои 1950-ум дар он марҳилаи наве боз гардид, ки аз ҷиҳати таҳаввулу таҷаддуди мазмуну муҳтаво, сабку қолаб, зебоии тафаккуру андеша, арзишҳои ҳунарӣ ва гӯяндагони барҷастаи суннатӣ ва навсаро аз давраҳои шукуфоии ин шеър ба шумор меравад.

Бино ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва анъаноти дерини адабӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, илова бар осори илмӣ намунаҳои шеъри дарӣ дар маҷмӯаҳое чун «Шоирони Афғонистон» (1958), «Баҳори Кобул» (1977) ва маҷмӯаҳои ашъори Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ ва чанд тани дигар дар Тоҷикистон ба чоп расидааст. Бино бар ин хонандагони тоҷик бо намунаҳои ин девони нави шеъри ҳамсоя ва бисёр гӯяндагони номдори он аз дер боз ошно буда, суруду таронаҳои дилкаши онро мехонад, аз телевизион мебинад ва меписандад.

Аммо бо кӯшоиши боби Истиқлол дар таърихи навини сиёсии Тоҷикистон муносибатҳои байни ин ду кишвар мазмуну маънои сиёсии ба куллӣ нав гирифта, ба робитаҳои бевоситаи ду давлати мустақили арсаи байналмиллалӣ табдил ёфт.

Бино бар ин таҳаввулоти нави сиёсӣ ва густариши муносибатҳои мустақими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ заминаҳо барои таҳкими робитаҳои адабӣ миёни ин ду мамлакати ҳамфарҳанг фарохтар ва дарвозаҳо барои ҳамкорӣ калонтар боз гардид.

Дар натиҷа дар андак муддат зимни таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабӣ намунаи ашъори як зумра суханварони машҳур, чун Маликушшуаро Қорӣ Абдулло, Ҳоҷӣ Исмоили Сиёҳ, Холмуҳаммад Хаста, Халилуллоҳ Халилӣ, Маҳҷубаи Ҳиравӣ, Иброҳим Халил, Ғулом Набӣ Ашқарӣ ва маҷмӯаи «Як сарзамин муҳаббат» чоп ва манзури хонандагон гардид.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки ин таваҷҷуҳу муҳаббат мутақобил буда, тайи ин солҳо, махсусан баъди Истиқлол пажӯҳишгарону донишмандони Афғонистон дар шинохти таърихии миллати тоҷик, забону адабиёт ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии Тоҷикистони муосир таълифоти қобили қадре анҷом додаанд. Масалан, агар танҳо ашъори дар васфи Тоҷикистон сурудаи шоирони Афғонистон ҷамъоварӣ гардад, бе муболиға китобе хоҳад шуд.

Вале ин матлаб қобили ёдоварист, ки аз чопи баъзе маҷмӯаҳое, ки болотар ёд шуданд, имрӯз беш аз 50-60 сол сипарӣ шуда ва осоре, ки баъди Истиқлол нашр шудааст, бо вуҷуди ҳама арзишу аҳамияти илмии мусаллам, асосан ба эҷодиёти шоирони насли пешин-нимаи аввали асри ХХ бахшида шудаанд.

Ҳол он ки баъди солҳои 70-80-уми асри гузашта дар шеъри дарӣ аз нигоҳи сабку услуб ва шаклу қолаб навигариҳо ва таҳаввулоти густурдае рӯй додааст.

Дар солҳо илова бар шоирони навсарои машҳур чун Юсуф Оина, Сулаймон Лоиқ, Бориқ Шафеӣ ва ҷавонтарҳо Восифи Бохтарӣ, Латифи Нозимӣ, Асадулло Ҳабиб ва ҳамсафони онҳо, ки дар ин давра ҳам фаъол буданд, як гурӯҳ ҷавонони боистеъдоди ошно бо таҳаввулоти шеъри муосири Эрон ва огоҳ аз назарияҳо ва ҷараёнҳои шеъри аврупоӣ, чун Латифи Педром, Абдулло Ноибӣ, Партави Нодирӣ, Ҷалил Шабгири Пӯлодиён, Лайло Сароҳат Рӯшанӣ, Шуҷоъуддини Хуросонӣ, Козими Козимӣ, Ҳумайро Нагҳат Дастгирзода, Сурайё Козимӣ ва бисёр дигарон по ба арсаи адабиёт гузоштанд. Ин неруи тозанафаси навпарасту навпардоз, ки аз ҷиҳати ҷаҳонбинӣ ва тааллуқоти сиёсӣ мансуб ба гурӯҳҳои мухталиф буданд, бо вуҷуди буҳроноти шадиди сиёсӣ-ӣчтимоӣ ва фарҳангии солҳои 90-уми асри гузашта, ки шарҳи онҳо аз тавони ин мухтасар берун аст, дар миёни оташу дуд ва ғурбату муҳоҷират ашъори арзишманде дар сабку шеваҳои суннатӣ ва қолабҳои наву навтарин падид оварданд.

Ин дафтари нави рангоранге, ки бозтоби таърихи пурмоҷарои сиёсии солҳои ахири асри ХХ-и Афғонистон мебошад, ҳанӯз аз ҷониби адабиётшиносони мо камтар варақгардон шуда ва пешсафону раҳкушоён ва намунаи ашъори онҳо, манзури аҳли завқ ва дӯстдорони шеъру адаби мо нагардида аст.

Ин гуфтори мухтасар кӯшиши андакест ба мақсади «офтобӣ» кардани ин мавзӯъ ва муаррифии яке аз чеҳраҳои муваффақи шеъри дарии 40 соли ахири Афғонистон Латифи Педром ва чанд намуна аз ашъори давраи ҷавонии ӯ.

Латифи Педром соли 1963 ба қавле дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ва ба гуфтаи дигар дар шаҳри Файзобод, маркази ҳамин вилоят по ба ҷаҳон гузошт ва мактаби ибтидоӣ ва миёнаро дар зодгоҳаш ба поён расонид.

Давраи ҷавонии вай мусодиф буд бо дигаргуниҳо амиқу пай дар пайи солҳои 1970-ум дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар. Ин рӯзгори мураккабу ноором ӯро аз шаҳре ба шаҳре кашонд, то саранҷом ба Кобул омада, муқими он шаҳр шуд ва маълумоти адабӣ ва иҷтимоии худро такмил намуд.

Дар давраи Муҳаммад Довуд ҷавони фаъоли дар талаби озодӣ ва адолати иҷтимоӣ ба зиндон афтод. Пас аз озод шудан аз зиндон, солҳои 1980-ум ба ҳайси корманди рӯзномаи «Ҳақиқати Инқилоби Савр» ва узви Иттиҳодияи нависандагон ба корҳои фарҳангӣ ва матбуотӣ пардохт.

Дар давраи ҳукумати Давлати Исломии Афғонистон низ фаъолияти адабӣ ва фарҳангии худро қатъ накард. Вале пас аз тасаллути Толибон ба Тоҷикистон муҳоҷират намуд ва пас аз чанд муддат ба Фаронса рафт ва «ҷоизаи сулҳро ба даст овард».[1]

Педром дар Фаронса низ ба сарнавишти сиёсӣ ва иҷтимои ватанаш бетафовут намонд ва мусоҳиба ва тафсирҳои сиёсии ӯ дар мавриди созишномаи Бонн (Олмон) (2001) аз радиоҳои машҳур ба нашр расид.

Соли 2005 ба ватан баргашт ва ба намояндагӣ аз Ҳизби Кунгураи Миллӣ худро ба мақоми Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон номзад намуд.

Педром шеъргӯиро зоҳиран хеле ҷавон оғоз кардааст. Зеро, вақте ки нахустин маҷмӯаи шеърҳояш ба номи «Нақше дар обгина ва борон» (144 саҳ.) соли 1983 дар Кобул ба чоп расид, ӯ ҷавони бистсола буд. Ин иқболест, ки шояд насиби ҳеҷ як аз гӯяндагони ҳамсоли ӯ нашуда бошад.

Педром бархоста аз сарзаминест, ки мардуми он, ба қавли Носири Хусрав «мероси сухан дар хун доранд».[2] Восифи Бохтарӣ дар муқаддимаи хеш бар ин маҷмӯа аз мушоҳидаи «ҷарақаҳои истеъдод ва биниши жарфе», ки аз сурудаҳои ин ҷавон меҷаҳад ва бо меҳре, ки «ба зистбуми фарҳангии хеш» меварзад, дар бораи ояндаи адабии ин ҷавони бистсола маслиҳатомез чунин менависад:

«Он рӯз дур нест, ки шеъри ӯ (Педром – Ғ.Қ.), ин лоҷуварди маънавии Бадахшон сайқали бештар бихӯрад ва ин сайқал ҷуз ҷустуҷӯ ва озмун ва сайр дар офоқи шеъри ростини дирӯзу имрӯз чизи дигаре нест».[3]

Ӯ низ мисли суханварони насли пеш аз худ аввалин шеърҳои худро дар қолабҳои шеъри қадимӣ гуфта, аз ҷумла ошиқонаҳои латифу зебо бисёр сурудааст. Вале ҳатто дар душвортарин қолаби шеъри гузашта – ғазал, ки гӯё дар он ҷое барои такмилу навоварӣ намондааст, шоири ҷавон кӯшиш кардааст, ки дар сохту пайкари аслии ин қолаби мушаххас ва ё дар бофти он аз ҷиҳати меъёрҳои баёнӣ, чун ташбеҳоту истиорот ва маҷозҳо дигаргуниҳо ва тозагиҳое ворид намояд.

Вале бо вуҷуди тавоноӣ дар шеъри қадим ва тозакориҳо дар ин арса, Педром дар баъзе аз шеваҳо ва шаклҳои нави шеъри дарӣ чун шеъри нав, шеъри озод, шеъри сапед ва амсоли он, аз ҷумлаи пешсафон ба шумор меравад. Масалан Абдурозиқи Рӯин маҷмӯаи шеърҳои ӯро ба номи «Лаҳзаҳои маслуб» нахустин дафтари шеъри озод»,[4] номида аст.

Шоир ва пажӯҳишгари ҷавон Холида Фурӯғ ӯро «шоири сапедасарои машҳур» шуморида, чунин менависад:

«Шоире, ки бештар дар сапедасароӣ машҳур будааст ва аз даҳаи шаст (1980) то имрӯз таҷрибаҳояш дар сурудани шеъри сапед идома дорад, Латифи Педром аст.»[5]

Вале назари худи шоир дар бораи шеър чунин аст:

«Дар баҳсҳои адабии муосир илова бар истилоҳоти «шеъри нав», шеъри бо қофия, қофияҳои пасту баланд, истилоҳи дигаре ба номи «шеъри сапед» мешиносем… Вале агар манзур аз «шеъри сапед» шеъри озод аз вазн бошад, қофия, ки маълум баҳсе надорем, чандон пухта ба назар намеояд. Агар ҳар ҷузъ аз ҷузъиёти шеър такомул мекунад, як мафҳуми куллӣ дар он собит аст, мафҳуме, ки барҳақ ваҷҳи тамоизи шеър аз наср аст ва он вазн аст, вазни арӯзӣ, вазни фалон ва ғайра мегузорем сариҳам.

Аммо шеър ҳар қадар озод бошад, боз ҳам дорои навъе вазни бахусуси худ аст. Бинобар ин шеъри бевазн агар дорои се зилъ (устухони паҳлу, қабурға) ҳам бошад наср аст. Ин дар шеъри клоссик ва шеъри имрӯз набояд нафй шавад…»[6]

Тавре ки мебинем, Педромро хоҳ сапедасаро ва хоҳ шеъри озодсаро гӯянд, як чиз мусаллам аст, ки ӯ шеъри бевазнро намеписандад ва намегӯяд. Ӯ дар шеър мавқеъ ва назари хоси худро дошта ва аз тарафдорони назарияест, ки шеъри ростин кӯҳнагӣ намепазирад ва агар мазмуни олӣ дошта бошад, дар ҳар қабо нав аст. Ҳамчунон ки дар адабиёти қадим ашъоре ҳаст, ки дар ҳамон замони сароиш кӯҳна буданд ва дар адабиёти муосир низ шеърҳое ҳастанд, ки ҳаргиз муосир нестанд.

Ҳамин таносуби солими анъана ва навоварӣ ва, албатта истеъдоди офариниши ҳунарӣ аст, ки таъсири ашъори дар навтарин қолабҳо сурудаи ӯ, аз ҷиҳати қудрати баёни тасвирӣ ва вазну оҳанг дар хонанда камтар аз қасидаву ғазалҳои ноб нест.

Барои адои матлаби хеш Педром, ба қавли доктор Қавим «аз ташбеҳоти олӣ кор мегирад, истиора меофаринад, тасвир халқ мекунад ва забонро дар чунон сохторе ба кор мебарад, ки таҳсинбарангез мешавад.»[7]

Ба ин порча аз шеъри «Бомдод», ки Педром дар 14-солагӣ (1977) сурудааст, таваҷҷуҳ кунед:

Мехоҳам

Дар омад-омади сапедадам,

Ба сони замзамаи хаёлгунаи ором,

Аз баландии қалъае, ки одамизода нест,

Даричаи синаамро

Ба истиқомати тозатарин ҳавои кӯҳистон,

Ки ноб мегузарад,

Бикшоям.

Ва овози боли фариштагонро,

Дар наздики осмон,

Бишнавам…[8]

Вале бо вуҷуди ошиқонаҳои латиф ва ғазалҳои шӯрангези мавлоновор дарунмояи шеъри ӯро ба сурати кулл мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Педром натанҳо дар арсаи шеър, балки дар арсаи пажӯҳишҳои адабӣ, фалсафӣ ва иҷтимоӣ низ соҳибқалам аст.

Аз осори ӯ маҷмӯаҳои зерин, ки солҳои 1980-ум чоп шудаанд, дар даст дорем:

«Нақше дар обгина ва борон» (Кобул, 1982), «Лаҳзаҳои маслуб» (Кобул, 1984) ва «Чанд нукта ба шеваи тарҳ» (маҷмӯаи мақолаҳо), (Кобул, 1986).

Чанд намуна аз ашъори шоир:

Арғунун

Аз сари мо намеравад, ёди рухи нигори мо,

Хоб ба бар намебарад, дидаи ашкбори мо.

Лолаву сабза бар дамад, ёри рамида даррасад,

Сози ғамин агар занад, дахмаи обшори мо.

Гул ба сабӯ фурӯ шуда, толиби рангу бӯ шуда,

З-он ки ба ҷустуҷӯ шуда, мурғаки интизори мо.

Ёр агар дурӯ шуда, болу парам руфӯ шуда,

Мешавадам париду рафт, то бирасад қарори мо.

Гаҳ зи балову офате, гаҳ ҳама тан зи рафъате,

Шӯълавари садоқате, дар дили рӯзгори мо.

Ҷоми шароб, эй фатӣ[9], нағмаи ноби мобақӣ

Ҳай чӣ шигифт амонате дар кафи шармсори мо.

Манзараи висоли ту, оинаи ҷамоли ту,

Турраи мушксои ту, буму бари диёри мо.

Нест ниёзу ҳоҷате, не зи манат ҳикояте,

Не гузаре ба ояте, аз бағали мазори мо.[10]

Аташ

Табл ба дил мезанад, роҳи Бадахшон куҷост?

Рашъа ба дил мезанад, манзили ҷонон куҷост?

Хори мағелони раҳ, он ҳама дар пои ман,

Атри гули ёсуман дар суманистон куҷост?

Пайки хазон омада, хору хаз оред, хаз,

Рофати хурдодмаҳ, гармии найсон куҷост?

Хашм фурӯ хӯрдаам, мурғаки пар бастаам,

Оташи сарбастаам, чашмаки борон куҷост?

ШоҳиБадахшон

Бошад он дам, ки бути силсилаҷунбон бирасад,

Лӯъбати силсиламӯ, зулфпарешон бирасад.

Ба сарохаймаи маҳ муждаи ҷонбахши баҳор,

Ба саропардаи шаб моҳи дурахшон бирасад.

Зи ҷаҳони ҳашаму ҳашмати ин тоифа, кош

Бахт боз ояду он кавкаби рахшон бирасад.

Меҳрмоҳ асту хазон, боди хазонӣ вазон,

Тарсам он боғчаи меҳр гулафшон бирасад.[11]

 

Ханда мекунад хуршед

Омадам, ки мегӯянд лолаҳо парафшон аст,

Атри ғунча ҷӯшон аст, боғи маҳ гулафшон аст.

Кӯҳу бар абиромез, масту шоду тӯфонхез,

Сабзаҳо нишотангез, мурғи шаб ғазалхон аст.

Ҳавдаҷи шафақ резон, сина хонаи илҳом,

Ҳон, ситораҳо бар бом!

Фасли навбаҳорон аст.

Бӯи субҳдам фоме, дасти ёсуман ҷоме,

Во кӣ мекунад коме ҳой, ҳойи борон аст.

Кӯҳу дарраву дарё, рӯ ниҳода бар боло,

Субҳ то расам он ҷо, хоби ман парешон аст.

Лаҳзае наосояд, он ки сина месояд,

Мавҷгуна меояд рақси навбаҳорон аст.

 

Шод бояд буд

Муғаннӣ бар сари маргам биёред,

Ба ҷуз аз қатраҳои равшани май,

Дигар чизе ба тобутам наборед,

Ки ринди хона барпешам гузинад.

Сабу оред, чанг оред, мутриб,

Ба гӯри ман шароби кӯҳна резед.

Ба гӯшам ҳалқа овезед аз ишқ,

Ба ёдам з-он шароби кӯҳна нӯшед.

Ки то бошад бисоти ғам бичинад,

Ба дӯшам маъбару ҷӯе бисозед,

Ки то сар баркашад нилуфар аз хок.

Саҳаргаҳ булбули шӯрида ояд,

Кунад сунбул ба роҳаш пираҳан чок,

Ки то бошад тилисми ғам набинад.

Муғаннӣ, бо нафири барбату най,

Зи лавҳи қабрҳо оина созед.

Ба гӯри модари гум карда фарзанд,

Суруду шӯри Ҳофиз соз созед,

Шавад масти нигори ҳастӣ бинад.

Дар он ҷо ғам биёроед бар бод,

Диле з-андуҳу ғам созед озод.

 

Не найза ва не хифтон

Хуршеду моҳ гирифта, шояд шабе расида,

Бар пои орзуҳо хори ғаме халида.

Чобуксавори фарёд аз ҷои бенишонӣ,

Аз кӯчаҳо рамида бар даштҳо ламида.

Не аз баҳори имкон атри бунафша бар дар,

Не бар сукути саҳро бонги ҷарас дамида.

Абдол[12] бе муҳобо аз боми ҳафт иқлим,

Дур аз сипоси айвон бар каҳфҳо[13] хазида.

Ҷони ҷаҳон-ҷонон чун лолаҳои хандон,

Хатте зи хуни исён сӯи шафақ кашиданд.

Бар дӯши абру борон, сар баркашу шитобон,

Бар хештан ғазалхон «гӯӣ маро надида».

На ҷаъбаву на пайкон, на найзаву на хифтон,

Сарви баланди мардон чун моҳи нав хамида.

 

Фардо

Дар дастҳои сапедат,

Кабӯтаре лона карданист.

Ва кулоғҳои пир

Лаҳазоти кӯчро тасвир мекунанд.

***

Дар гесӯвони сиёҳат,

Ангуштҳоям лона мекунанд,

Ба сони парандагони хаста

ва тозагӣ аз уфуқ расида.

***

Саводи сиёҳӣ

Бар синаи барф мегузарад

Мисли гесӯвонат, ки бар чеҳра

Дар бароту иду одина.

 

 

Кӯч

Пойизро ба чанбара андозед

Ва даймоҳро.

Ба дасти қаровулони тобистон,

Тӯфонро

Ба занҷири меғҳо бандед,

То бидонед,

Нилуфарҳо

Чаро кӯч карданд.

 

Қодиров Ғиёсиддин,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

 

 


[1]Доктор Қавим. Муруре бар адабиёти муосири дарӣ, Кобул, 1393, -с. 160.

[2] В.Бохтарӣ. Нақис дар обгина ва борон, Кобул, 1361, – муқаддима.

[3] Ҳамон ҷо.

[4] А.Рўин. Ниг: Л.Педром. Лаҳзаҳои маслуб, Кобул, 1363, – муқаддима.

[5] Х.Фурўғ. Гоми бе таваққуфи шеъри муосири порсии дарӣ, Кобул, 1390, – с. 152.

[6] Л.Педром. Чанд нукта ба шеваи тарҳ, Кобул, 1365, с. 77.

[7]Доктор Қавим. Муруре бар адабиёти муосири дарӣ, – с. 164.

[8] Л.Педром. Лаҳзаҳои маслуб (маҷмўаи шеър), Кобул, 1363, – с. 40.

[9] Фатӣ – ҷавонмард, сахӣ.

[10] Дар мелоди хуршед (маҷмуаи шеър), Кобул, – с. 82.

[11] Садо (маҷмўаи шеър), Кобул, 1364, -с.31 ва 34.

[12] Абдол – мардони солеҳ, некукор.

[13] Каҳф – ғор, паногоҳ.

БОЗГАШТ