АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Соҳибэътибор

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Сухане чанд аз рӯзгор ва фаъолияти илмии олими шинохтаи кишвар, доктори илми иқтисод, профессор Хоҷамуҳаммад Умаров)
 
             Чунон кун зиндагонӣ дар замона,
             Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона.
 
Ин абёти аз осмони хирад, аз забони поки шоири ширинкаломи классики тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ чун борони раҳмат бар киштзори умри пурбаракати устод рехта, гувоҳи барҳақи рӯзгори саропо пур аз ифтихори ватандориву ватанхоҳиаш мебошад. Ва ин фарзонафарзанди миллатродар қаламрави эътибори мардумӣ ба номи ҲоҷиУмар мешиносанду арҷаш мегузоранд. Ҳарчанд ки номи ин хирадманди пурарҷу эҳтиром Хоҷамуҳаммад Умаров буда, охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта бо мақолаҳои пурмуҳтавои илмиаш перомуни иқтисодиёти миллӣ ва роҳу равиши рушди иқтисоди кишвар миёни донишмандони замони истиқлолхоҳӣ хеле пуровоза буд. Сафаҳоти матбуоти расмии давлатӣва матбуоти озодзамони истиқлолхоҳӣ бо мақолаҳои илмӣ, тадқиқотии пурарзиши ин олими иқтисоддони мардумӣ хушранг гардида, ба мардум муждаи васл ва шукуфоии кишварро меовард. Ҳар як мақолаи таҳлилиаш бо далелҳои пурарзиши илмӣ миёни мардум ҳамовозӣ пайдо намуда, эътибори донишмандиву ватанхоҳиаш ифтихори ҳама рӯшанфикрони кишвар буд. Ин ватанхоҳӣ ва ватандории ӯ барои баъзе аз кӯрдилони нохудогоҳи ѓафлатрафтаи сароби орзуҳои худхоҳ, ки зимоми қудрати охирин нафасҳои Шӯравӣ бо амри тасодуф ба дасташон уфтода буд, андешаҳои озоди созандаи иқтисоди миллиро қабул кардан намехостанд, номи поки ӯро хати батлон кашида, эътиборашро миёни давлатмардони замон коста менамуданд. Вале эътибори мардумӣ ватанхоҳӣ ва ватансозиву истиқлолхоҳии устод Хоҷамуҳаммад Умаров берун аз кишвар миёни ҳалқаҳои илмӣ- тадқиқотии кишварҳои Осиё ба монанди Чини бузург, Ҳиндустон, Корея, Малайзия ва Индонезия, ки дар баробари Тоҷикистони азиз дар қаламрави Осиё ҷойгузин буданд, хеле пуровоза буд. Ва номи тоҷику Тоҷикистон бо табиати афсункор ва ганҷҳои нуҳуфтаву сарватҳои бебаҳояш тавассути мақолаҳои пурмуҳтавои илмии ин хирадманди ватанхоҳ вирди мардуми Осиё гардида буд. Бе муболиѓа метавон гуфт, ки замони шукуфоии Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ Тоҷикистони азизро Осиё бо номи поки устоди зиндаёд, шоири воқеан мардумӣ Қаҳрамони халқи тоҷик, қаҳрамони арсаи кору пайкори Шӯравӣ,Барандаи ҷоизаҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони Шӯравӣ Мирзо Турсунзода мешинохтанду арҷаш мегузоштанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо номи поки абармарди таърихи навини миллат Пешвои муаззами миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохтаанд. Ва устод Хоҷамуҳаммад Умаров дар қатори даҳҳо фарзандони фарзонаи миллат аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззам пуштибонии ҳамаҷониба намуда, бо мақомҳои пурмуҳтавои илмиашон эътибори кишвари азизи Тоҷикистонро дар қитъаи Осиё хеле баланд бардоштаанд. Имрӯз барои Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол тадқиқотҳои илмии устод Хоҷамуҳаммад Умаров шоистаи арҷу эҳтироми хоса буда, саҳми ин олими соҳибарҷу эҳтиром дар тарбияи насли ояндасози кишвар назаррас буда, тадқиқотҳои пурарзиши иқтисодиаш дар рушди иқтисоди кишвар мақоми хосаи хешро доро мебошанд. Истифодаи неруи зеҳнии устод дар барномаҳои рушди иқтисоди кишвар ва дурнамои тарбияи мутахассисони ояндасоз – бар манфиати давлат ва миллат буда, моро зарур аст, ки таҷрибаи беш аз чилсолаи андухтаи устодро дар ҳама барномаҳои рушди иқтисоди кишвар истифода намоем. Муҳаббат ва самимияти ватанхоҳиву ватандории устод Хоҷамуҳаммад Умаров худ як мактаби бузурги кишварсозӣ барои насли ояндаи Ватани азизамон буда, имрӯз пайраҳаи илмиву тадқиқотии ин донишманди соҳибарҷу эҳтиром бо таври бояду шояд мавриди омӯзиши тамоми шогирдон қарор дода шавад. Мақолаҳои илмиву тадқиқотии устод дар риштаи илми иқтисод беш аз сӣ сол боз дар бисёре аз кишварҳои Осиё мавриди омӯзиш қарор гирифта, манфиатҳои хуберо ба бор овардаанд. Тадқиқотҳои устод, дар риштаи иқтисодиёт ва рушди соҳаи аграрии кишвар дар заминаи пурқувват намудани маҷмӯи иқтисодиёти аграрӣ ворид гардидан ба саноатикунонии кишвар ба манфиати давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буда, аз нигоҳи таҳлилҳои асосноки илмии ин донишманди соҳибэътибор захираҳои энергетикии он метавонад, ки эътибори кишварро на танҳо дар қораи Осиё, балки машҳури ҷаҳон намояд. Фаъолияти беш аз чилсолаи илмиву тадқиқотиаш дар риштаи иқтисодиёти аграрӣ тавониста, ки садҳо шогирдонро дар роҳи ободиву созандагии кишвар тарбият намояд. Имрӯз садҳо шогирдони номбардораш дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта, дар роҳи ободии кишвар дар талош мебошанд. Дар тӯли наздики сӣ соли даврони истиқлолият мактаби касбии устод Хоҷамуҳаммад Умаров дар роҳи тарбияи насли ояндасози кишвар назаррас буда, эътибори баланди илмиаш эътибори кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мактаби касбии маҳорат ва донишварии устод даҳҳо шогирдонро то ба мақоми доктори илми иқтисод расонида, дар ин пайраҳаи пурифтихори илмӣ садҳо шогирдони дигар коромӯзи ин мактаби пурифтихори миллии илмӣ мебошанд. Хоҷамуҳаммад Умаров беш аз сӣ сол боз ҳамчун доктори илми иқтисод дар машҳуртарин донишгоҳҳои Маскав, Стокголм, Прага, Қоҳира, Тел-Авив, Деҳлии нав, Бомбай, Упсалӣ ва Бристол конфронс ва машваратҳои ҷаҳониро дар риштаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барпо намуда, эътибори кишвари азизи соҳибистиқлоламонро машҳури ҷаҳониён намудааст. Ин олими шинохта ва соҳибарҷу эҳтиром профессори фахрии даҳҳо донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон буда, чеҳраҳои шинохтаи сиёсатва фарҳанги ҷаҳонӣ ба ӯ иртиботҳои наздики илмиву тадқиқотӣ доранд.Тадқиқотҳои илмӣ дар риштаи иқтисод ва машварату конфронсҳои илмӣ дар перомуни рушди соҳаи аграрӣ дар кишварҳои Осиё мавзӯи доѓи рӯз буда, устод яке аз шинохтатарин муҳаққиқони ин ришта аз ҷониби олимони шинохтаи кишварҳои Осиёву Аврупо эътироф гардида, дар пиёда намудани барномаҳои рушди иқтисодии созмонҳои ҷаҳонии рушди иқтисоди Осиё фаъолона ширкат намуда, саҳми хешро дар рушди иқтисоди бисёре аз онҳо гузоштааст.
Ин чеҳраи шинохта ва донишманди соҳибарҷу эҳтиром тавониста, ки шогирдони зиёдеро дар самти рушди иқтисодии кишвар тарбият намуда, саҳми арзандаи хешро дар раванди саноатикунонии кишвар гузорад. Имрӯз кишвари азизи Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои олам гомҳои устувори хешро дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта, зери сарварии Пешвои муаззами хеш тавониста, ки бо як қатор дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи худро миёни кишварҳои олам хеле устувор намояд. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» манфиатҳои зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодии кишвар ба бор овард. Таъсиси корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, барпо намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ заминаҳои рушду нумӯи иқтисоди кишвар буда, дар ин самт Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами халқ тавониста, ки ба муваффақиятҳои бузурги истеҳсолӣ ноил гардад. Конфронсу симпозиумҳо ва машвараву нишастҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумат ба шумор рафта, ҷалби олимони иқтисоддон ва мутахассисони соҳаи аграрӣ ва саноатӣ мароми аввалиндараҷаи Ҳукумат мебошад. Барномаҳои рушди иқтисодии кишвар дар ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор гирифта, ҷалби олимони шинохта яке аз ҳадафҳои асосии он аст. Хеле хуб ва бамаврид мебуд, ки таҷрибаи бузурги илмии устод Хоҷамуҳаммад Умаров дар ин барномаҳои стратегии кишвар истифода шавад. Донишу маҳорат ва таҷрибаи бузурги илмиву тадқиқотии устод метавонад, ки дар риштаи иқтисодиёти кишвар саҳми назарраси худро гузорад. Барномаҳои таҳиянамудаи устод имрӯз аз ҷониби бузургтарин марказҳои тадқиқоти илмии кишварҳои Осиё пазируфта шуда, бо даъвати он кишварҳо устод сафари хидматӣ намуда, дар пиёда намудани он барномаҳо ширкат менамояд. Албатта, ин ҳама эътибори кишвари мо буда, он кишварҳо дар сурати устодХоҷамуҳаммад УмаровТоҷикистон ва тоҷикистониро мебинанду ба донишу заковати баланди мардуми тоҷик ҳазорон аҳсант мегӯянд. Вале беҳтараш шояд он буда бошад, ки ӯро дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодии кишвар ҳамчун олими воқеӣ ва фарзанди қобили миллат даъват намоему ба донишу фазлу ҳикматҳои азалиаш арҷгузорӣ намоем. Онгуна ки дар урфият гуфтаанд:

             Мангар ки кӣ мегӯяд,
             Бингар ки чӣ мегӯяд.

Магар беш аз 540 мақолаи илмиву тадқиқотии устод, ки саропо таҳлилу тадқиқоти раванди иқтисодии кишварҳои Осиёро фарогир мебошанд, бо забонҳои русӣ англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ ва форсӣ рӯи чоп омадаанд, моро водор сохта наметавонад, ки аз таҷрибаи бузурги ӯ дар рушди иқтисоди кишвар истифода намоем. Чаро бештари вақт дидаву дониста садди роҳи пешрафт мегардем? Устод Хоҷамуҳаммад як узви пурифтихориҷамъияти Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол буда, ҳанӯз соли 1989 перомуни иқтисоди миллӣ ва милликунонидани захираҳои бузурги Тоҷикистони азиз барои рушду нумӯи он мақолаҳои пурмуҳтавои илмӣ рӯи чоп оварда, бо муқовиматҳои шадиди ифротгароёнаи бархе аз сардамдорони Шӯравии собиқ рӯ ба рӯ гардида буд. Аз чи бошад, ки мақолаҳои пурмуҳтавои илмӣ-тадқиқотии

«Тоҷикистон дар асри ХХ1» бо забони англисӣ «Нью-Дели 2015 «Кризис в Таджикистане» -Душанбе. «Ирфон»-2010

«Мониторинг использования детского труда на хлопковых полях». МОМ Душанбе-2011

«Торгово-экономические отношения между Республикой Таджикистан и исламскими странами». Институт высшей школы развития- 2012

«Аграрный сектор экономики- пути перехода к устойчивому развитию»- Германия. 2019

аз ҷониби садҳо олимони шинохтаи шуҳрати ҷаҳонидошта эътироф гардида, дар марказҳои бузурги илмиву тадқиқотии он кишварҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаву мо дар канорем? Ҳарчанд, ки ин мақолаҳои илмӣ аз ҳамаи кишварҳои Осиё дида манфиати бештареро ба иқтисодиёти Тоҷикистони азиз ба бор хоҳад овард.
Пешвои муаззами миллат дар ҳар як вохӯрӣ бо донишмандон ва аҳли зиёи кишвар бо таъкид ва ѓамхории зиёд аз онҳо хоҳиш менамояд, ки «Барои ободиву сарсабзӣ ва рушду нумӯи кишвар ҳама якдилу якҷон дар иттиҳоду якпорчагӣ саҳми хешро гузорем. Садди роҳи истеъдодҳо нагардида, онҳоро ба користони номусу шарафи ватандорӣ биёред. Нагузоред, ки як фарзанди асили миллат, як олим, донишманд, ки ифтихори ҳамаи мо мебошад дур аз назарҳо монад».
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳама дониш ва маҳорати илмиву тадқиқотии устоди соҳибарҷу эҳтиром доктори илми иқтисод, профессор Хоҷамуҳаммад Умаров қадрдонӣ гардида, таҷрибаи бузургаш дар барномаҳои рушди иқтисоди кишвар истифода хоҳад гардид.
 
Ҷумъахони Темурзода
Манбаъ: http://hamsafon.tj/7966-so1202ibetibor.html
 
 

БОЗГАШТ