АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Соллал (Соли Нав)-ҷашни миллии Кореяи Ҷанубӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

  Фарҳанг яке аз омилҳои асосии муаррифгари халқу миллатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳар як кишвар фарҳанги миллӣ, урфу одатҳо ва анъанаҳои миллии худро дорад, ки аз замони қадим сарчашма гирифта, то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Ҳамзамон зикр кардан зарур аст, ки ҳар як халқу миллат бештар тавассути фарҳанги миллӣ ва арзишҳои миллӣ кишвари худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Фарҳанги Кореяи Ҷанубӣ низ аз ин раванд дур набуда, бо анъанаҳои хоси худ дар ҷаҳон машҳур аст. Кореяи Ҷанубӣ дорои ҷашнҳои милливу суннатие мебошад, ки аз замони қадим манша мегиранд ва яке аз ин ҷашнҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ Соллал мебошад, ки ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори ин кишвар бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Барои аз байн нарафтани урфу одатҳо ва ҷашнҳои миллии қадима, Кореяи Ҷанубӣ ин ҷашну маросимҳоро ба таври муосир, ба завқи ҷавонон мутобиқ намуда, бештар таваҷҷуҳи худро ба анъанаҳои суннатӣ ҷашн гирифтани онҳо равона намудааст.

  Таърихи пайдоиши ин ҷашн ба асри VII рост меояд, ки аввалин нишонаҳои он дар фарҳанги Корея дар айёми салтанатии Силла зикр гардидааст. Дар тӯли садсолаҳо мақоми ин ҷашн баланд гардида, мавқеи миллӣ пайдо менамояд ва метавон гуфт, ки ки то асри XIII ҳеҷ як кореягӣ ҳаёти худро бе ин ҷашн тасаввур карда наметавонист. Соллал то замони салтанатии Корё ва Чосон солҳои (935-1392 ва 1392-1897) мавҷудият ва мавқеи худро идома дод ва бо сабаби аз ҷониби Япония ишғол гардидани Корея ба бисёре аз урфу одатҳо ва анъанаҳои Корея таъсири манфӣ гузошт ва Соллалро аз рӯи тақвими григорианӣ дар рӯзҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврал қарор дод.

  Пас аз тақсим гардидани Корея дар соли 1989 Кореяи Ҷанубӣ ин ҷашни дӯстдоштаи халқи худро дубора эҳё намуда, дар баробари кишварҳои ғарбӣ Соли Нави мелодиро ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу хоса ҷашн гирифт. Аз он вақт инҷониб, ҳар як сокини Кореяи Ҷанубӣ дар воқеияти ду ҷашни соли нав зиндагӣ мекунанд. Соли Нави мелодӣ дар оғози сол ҷашн гирифта мешавад, “Соллал” бошад замони муайян надорад, яъне моҳи январ-феврал дар мобайнҳои моҳ бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад.

  Имрӯзҳо Соллал ба ҷашни олилавӣ мубаддал гаштааст, ки сокинони кишвар ҳамасола ин ҷашнро дар байни хешовандони наздик ва аъзоёни оила ҷашн мегиранд, ки яке аз хусусиятҳои хоси ин ҷашн мебошад. Кореягиҳо дар ин рӯз ба соҳили баҳр рафта, аввалин нури офтоби соли навро пешвоз мегиранд. Бисёриҳо дар ҷашни Соллал ба назди волидонашон мераванд. Як нуктаи асосиро зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бисёре аз ҷавонон баъд аз ба балоғат расидан алоҳида зиндагӣ мекунанд, яъне бо волидонашон зиндагӣ намекунанд ва ин фурсати хуб аст барои ҷавонон, ки дар ин рӯзҳои ид ба аёдати волидонашон рафта, чунин рӯзҳоро дар якҷоягӣ бо онҳо ҷашн гиранд ва якчанд рӯзи истироҳатии худро бо волидон гузаронанд.

  Хусусияти дигари ин ҷашн дар он аст, ки дар ин ҷашн калонсолон, ҷавонҳо ва ҳатто кӯдакон низ либосҳои миллӣ ба бар мекунанд. Бозиҳои мизи оилавӣ “юннорӣ”, дар ҳаво сар додани мори ҳавоӣ, яке аз анъанаҳои ҷашни Соллал мебошад. Ин ҷашн дар умум 15 рӯз ва расман 3 рӯз ҷашн гирифта мешавад. Инчунин дар ин рӯз дастархони идонаи худро бо таомҳои миллӣ оро медиҳанд, то ба гузаштагону аҷдодони худ арҷ гузоранд ва дар ин рӯз кореягиҳо фикр мекунанд, ки рӯҳи гузаштагон бо онҳо ҳамроҳ мешаванд.

  Дар рӯзи аввали Соллал маросиме бо номи “Чаре” баргузор мегардад. Дар рафти ин ҷашн онҳо дар назди суратҳо ва ё номҳои гузаштагону хешовандони фавтида ғизо, шароби биринҷӣ мегузоранд. Хурдсолон таъзими анъанавии миллӣ намуда, ба калонсолон табрикоти Ҷашни Соллалро ба ҷо меоранд. Ин таъзими амиқи анъанавӣ маънои эҳтиром гузоштанро ифода мекунад. Муҳимтарин таоме ки дар ҷашни Соллал омода мегардад ин “ттоккук” ё нони биринҷӣ мебошад, ба андешаи кореягиҳо хушшонсӣ меорад ва як чинӣ шӯрбо бошад умри инсонро як соли дигар дароз мекунад.

  Хулоса метавон гуфт, ки ҳар як халқу миллат ҷашну маросим ва идҳои миллии худро дорад, ки ба таври махсус ҷашн гирифта мешавад. Дар Кореяи Ҷанубӣ низ ҷашнҳои миллии суннатии қадима хело зиёд мебошад. Яке аз онҳо Соллал мебошад, ки мардуми ин кишвар ҳамасола ин ҷашнро бо риоя аз суннатҳои қадима бо шуқӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад. Бо гуфтаҳои боло чунин гуфтан мумкин аст, ки ҷашни Соллал ба монанди ҷашни “Наврӯз” –и мо тоҷикон барои ҳар як сокини Корея ҷашни муҳим ва дӯстдоштанӣ ба ҳисоб меравад.

 

Файзуллаева Нигора,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

 

 

 

 

 

БОЗГАШТ