АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай-заминасози таҳкими равобити ҳасанаи  Тоҷикистону Покистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

“Сиёсати хориҷии созанда ва ба ҳамкории густурдаву васеъ равонгардидаи мо дар маҷмўъ бояд вазифаи анъанавии худ, мусоидати ҳамаҷониба ба рушди устувори кишвар, таъмини амнияту оромии мамлакат ва сатҳи шоистаи зиндагии мардуми онро ба тариқи беҳтарин иҷро намуда, фардои ободи Тоҷикистонро таъмин намояд”.  Э.Раҳмон   
Тоҷикистони навин сиёсати хориҷии худро муҳим арзёбӣ карда,  бо эҷоди муносибатҳои хуби диломатӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ дар давоми 30 соли Истиқлолият тавонист муваффақиятҳои беназиреро ба даст оварад. Дар ин зимн, кишвар чун ташаббускор ҳамкориҳояшро бо созмонҳову ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумла СММ, САҲА, СААД ва СҲШ хуб ба роҳ мондааст.
Инҷо зарур донистем, муруре кӯтоҳе ба равобити Тоҷикистон бо манотиқи Осиёи Ҷанубӣ махсусан Покистон дар партави СҲШ дошта бошем, ки  20 солагии он дар моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълони ҳамоиши соли 2016 дар шаҳри Тошканди Узбакистон, сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай кишварҳои Ҳиндустон ва Покистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмон дар соли 2017 пазируфтанд.
Мавриди зикр аст, ки қарорҳои асосии тавсеаи СҲШ дар Саммити Душанбе дар соли 2014 шарҳ дода шуданд, дар ҳоле ки тасмими ба узвияти комил пазируфтани ҳарду кишвар дар нишасти соли 2015 дар шаҳри Уфаи Русия кайҳо мавриди баррасӣ гардида буд. Ин қарор талошҳои зиёдеро дар дохили СҲШ барои тезонидани тавсеаи  созмон баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба амал овард. Аммо роҳбарияти СҲШ  ӯҳдадориҳои Ҳиндустон ва Покистонро дар соли 2017 ба таври ниҳоӣ расман пазируфта қабул карданд.
 
Тибқи санадҳои дарёфтшуда ва сомонаи расмии сафоратхонаҳои ҳар ду кишвар Тоҷикистон ва  Покистон аз оғози даврони Истиқлолият равобити устувор ва қадимаву дўстонаро роҳандозӣ карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ду кишварро робитаҳои хуби сиёсиву фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳам мепайвандад. Ин пайвандҳо таърихи дуру дароз дошта, дар асоси урфу одат, анъанаҳо ва муқаддасоти муштарак миёни ҳар ду кишвар дӯст ва ҳамкор асос ёфтааст. Бо шарафи  Истиқлолият барқарор шудани муносибатҳо бо  Покистон заминаи хубтар касб карданд.
Дар ин зимн мукотибаҳо, навиштаҷот ва робитаҳои адабии адибониТоҷикистон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар бо адибони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва хусусан Покистон ба монанди Аллома Муҳаммад Иқбол (1877-1938), Ҳофиз Ҷоландарӣ (офарандаи суруди милии Покистон), Мирзо Асадулло Ғолиб (1797-1869), Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Надим Қосимӣ (1916-2006) низ сабаби равобити хуби дӯстонаи ҳар ду кишвар мебошад, ки зиёиён то ба имрӯз онҳоро чун сарчашмаи илмию адабӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Ҳамин тавр, миёни  Тоҷикистон ва Покистон аз соли 1994 як қатор созишномаҳо, протоколҳо ва тафовутномаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд. Дар ин зимн санади ҳамкории байни Вазоратҳои корҳои  хориҷӣ, созишнома оиди аз ҷониби Покистон додани қарзи давлатӣ дар ҳаҷми 20 млн. доллари ИМА, санад оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лоҳур ва ғайраҳо аз зумраи онҳо мебошанд.
Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд.
Тоҷикистон аз байни кишварҳои  Осиёи Миёна ягона кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад, ки  дорои тамаддуну фарҳанги муштарак дошта, тӯли солҳои зиёд равобити дипломатии хуб доранд.
Аввалин маротиба моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, майи соли 2004, декабри соли 2005, июли 2009, марти 2011, ноябри 2015, марти 2017 ва ахиран моҳи  июни 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафарҳои расмӣ доштанд, ки заминаҳои ҳамкориро байни ду кишвар истеҳком бахшид.
Бояд зикр кард, ки кишвари Покистон дар мавқеияти муносиби ҷуғрофии миёни  Осиёи Миёна, Чин ва Осиёи Ҷанубӣ қарор дошта, метавонад чун мадори геополитикӣ дар қораи Осиё нақши калидӣ офарад. Ин кишвар  пайваста талош дорад, дер ё зуд дар радифи 25 калонтарин кишварҳои иқтисодии ҷаҳон шомил гардад.
Мавриди зикр аст, ки Покистон яке аз ташаббускори ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун буда, дар қисмати муҳимми корҳои он омодаи ҳамкорӣ дорад. Бо чунин шароитсозиҳо ва имконот Покистон метавонад нерӯи зарурии барқи арзонро аз Тоҷикистон дастрас намуда, масоили камбуди энергетикии худро коҳиш диҳад.
Мутобиқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020 мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Покистон 16,2 млн долари ИМА-ро ташкил медод. Содирот миёни ҳар ду кишвар  6,6 млн дол. ИМА ва воридот 9,6 млн дол. ИМА муйян шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори шарикии босубот бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла олами ислом, пеш аз ҳама Покистон буда, хоҳони ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур мебошад.  
Дар соли равон санаи 2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафари расмӣ  намуданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон дар ҳузур ва бо иштироки  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ дар заминаҳои зерин ба имзо расиданд:
— Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Покистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кувейтаи Балуҷистони Покистон;
— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиялкути Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафгари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
— Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
 
Инҷо бояд зикр кард, ки ахиран дар ҳошияи ҷаласаи СҲШ дар шаҳри Душанбе нимаи охири моҳи сентябри соли равон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар ба таври зайл ба имзо расониданд:
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Покистон
  • Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад аз 13 майи соли 2004
  • Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ
  • Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон
  • Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва  Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм.
  • Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ
  • Нақшаи амал барои соли 2022 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
  • Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan»
  • Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон
  • Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд. Ҳар ду кишвар дар зарфи 30 соли ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда, натиҷаи самарабахш ба бор оварданд. Дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба гардиши молу маҳсулот, содироту воридот миёни ду кишвар афзоиш ёфта, амалишавии онҳо ба зиёдшавии мизони тиҷорату иқтисодиёт ва  рушди илму маориф ва фарҳангӣ  мусоидат хоҳад намуд.
Хулоса, ҳар ду кишвар бояд ҳамкориҳояшон дар  заминаҳои зайл идома дода, ҳамгироии минтақавиро дар рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар чаҳорчубаи созишномаҳои СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавӣ тақвият бахшанд:
Эҷоди табодули таҷрибавии дипломатӣ бо истифода аз Академияи Дипломатии кишвари Покистон
Эҷоди ҳамкориҳои муштарак дар бахши амният ва  ҷилавгирӣ аз хатароти тероризм дар минтақа
Эҷоди муносибатҳои хубу ҳасана миёни кившарҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷ анубӣ бо истифода аз лоиҳаҳои муштараки СҲШ.
Рушд ва густариши тиҷорат ва иқтисод бо истифода аз бандари Гводари Покистон.
Эҷоди мубодилаи таҷрибавӣ дар бахши кишоварзӣ ва саноат аз ҷумла картошкакорӣ, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ  ва тубсозӣ.
Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва барқу об бо истифода аз лоиҳаҳои бузурги барқии «CASA-1000» ва "TAPI”.
Густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон.
 
 
Раҳмонов Мирсаид,
Ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии  
Институти Осиё ва Аврупои  АМИТ
                         

БОЗГАШТ