АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Стратегияи навбатии Амрико дар Афғонистону кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 Қабули стратегияҳои дар самти минтақаҳои муайян аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ, аслан собиткунандаи таҳкими мавқеъ, татбиқ ва амалисозии тарҳҳои геостратегӣ буда, дар доираи он ҳадафҳои гуногунҷабҳа дар асоси усули ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим густаришу инкишоф ва амалӣ мегарданд. Бинобар ин, дилхоҳ стратегия ҳадаф ва вазифаҳои мушаххасро тарҳрезӣ менамояд.

 Дар самти Афғонистону кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико стратегияи навбатӣ қабул кард ва  21-уми августи соли 2017 расман муаррифӣ намуд. Ин иқдом далели он мебошад, ки  абарқудрати  чаҳонӣ манфиатҳои геостратегии худро дар самти Афғонистон ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, ҳадаф дорад нуфуз ва ҷойгоҳи сиёсати худро то андозае тағйир диҳад. Тибқи ҳадафҳои стратегияи нав бояд консепсияи навсозии усули ҷангии Амрико дар бартарафсозии таҳдиду хатарҳои терроризм аз минтақа мартаҳ гардад. Худи маҳфуми стратегия баён менамояд, ки фаъолияти ИМА мақсаднок буда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои геостратегӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои нақшавӣ бо назардошти дурнамои дарозмуддат, пурзӯр гардонии нуфузи низомӣ дар минтака нигаронида шудааст.

Вале бояд зикр намуд, ки стратегияи нав ҳадаф ва вазифаҳои тактикӣ, стратегии худро дорад. Қисмати тактикӣ, ки бештар характери ташкилӣ ва омодагӣ дорад, дар мадди аввал матраҳ мегардад. Масалан, такмил ва интиқоли нерӯи изофа, омӯзиши вазъ, нақшагирии амалиётҳои мушаххаси мақсаднок, муайян намудани самтҳои осебпазир  ва ғ. Баъдан  вазифаҳои стратегӣ, ки дар он ҳадафҳои дарозмуддат бо назардошти тағйиру таҳаввулоти босуръати вазъи геополитикии минтақа матраҳ мегардад. ИМА тариқи стратегияи нав нерӯҳои мусаллаҳи худро дар қаламрави Афғонистон водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои стратегияи нав, ки имрӯз дар назди онҳо қарор дорад, омода бошанд. Тибқи мувофақатномаи байни ҳукумати Амрико дар 9 қаламрави  вилояти Афғонистон пойгоҳҳои низомии сохтааст, ҳайати шахсии онҳо тақрибан беш аз 11 000 нафар сарбозро ташкил медиҳанд. Нерӯҳои ИМА ва Паймони Атлантики шимолӣ — НАТО дар Афғонистон дорои имтиёзҳои дипломатӣ буда, қудрати низомии онҳо ҳамеша махфӣ мебошад.
  19 сентябри соли 2017, Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис  изҳорот дод, ки нерӯҳои иловагӣ бо теъдоди 3 000 сарбоз ба Афғонистон ирсол шуд ва аксари онҳо аллакай ба макони хизмат расидаанд.
Бояд зикр намуд, ки қаблан чунин стратегияҳои самтӣ Амрико бо иштироки шарикони аврупоии Вашингтон дар Афғонистон қабул ва муаррифӣ шуда буданд. Аммо нерӯҳои НАТО бо роҳбарии ИМА, тӯли 16 соли ҳузури худ дар Афғонистон стратегия ва барномаҳои худро пурра дар шакли зарурӣ иҷро накарданд ва терроризм ба таври қатъӣ поксозӣ нашуд. Албатта, дар масъалаҳои амниятӣ ва рушди иқтисодӣ баъзе дастовардҳои ҷиддии назаррас мушоҳида мешавад. Вале имрӯз мебинем, ки Афғонистон ноором боқӣ монда, зуҳуроти ниҳоят хатарнок — терроризм, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ густариш ёфтанд, инчунин бархӯрди манофеи абарқудратҳо дар минтақа аз байн нарафтанд, балки ба маротиб ин падидаҳои номатлуб афзоиш ёфтаанд. Ба ҳар сурат воқеиятҳои минтақа тақозо менамояд, ки дар умум стратегияи ҷанги Амрико дар Афғонистонро метавон то андозае ноком номид.
Бояд дарк кард, ки Афғонистон дар ояндаи наздик зери таъсири сиёсати Амрико хоҳад монд ва ҳар гуна дахолати дигар қудратҳо ба сиёсати матраҳшудаи имрӯзаи ин кишвар ҳатман таҳти фишорҳои сиёсии ИМА ва Ғарб қарор мегирад. Ҳукумати феълии Афғонистон бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ таъсис шуда, як шакли хоси худро интихоб намудааст. Бо сарфи миллиардҳо доллари амрикоӣ дастгоҳи ҳукумати Афғонистон, ниҳодҳои дигари давлатӣ, нерӯҳои мусаллаҳи он,  ҳукуматҳои иҷроя дар маҳаллҳо ва ғайра пурра таъмин ва то ҳол нигоҳдорӣ карда мешавад. Масалан, аз соли 2001 то инҷониб, ИМА тақрибан 715 миллиард долларро дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон сарф кардааст.
  Дар айни ҳол, тамоми самтҳои фаъолияти ҳукумати марказӣ аз маблағгузории Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пуррагӣ вобаста шудааст. Дар сурати қатъ гаштани дастгириҳои молиявӣ, дастовардҳо ба зудӣ хароб мегарданд. Чунин ҳолати вобастагии ҷиддиро роҳбарон ва шахсони бонуфӯзи Афғонистон хуб дарк мекунанд ва медонанд, ки таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳон ба мушкилоти Афғонистон танҳо дар ҳоле зоҳир мегардад, ки мубориза ба муқобили Толибон ва «ифротгароии динӣ» сурат гирад. Дар ин раванд, низ Вашингтон омодааст барои ҳифзу тақвияти ин ҳукумат тамоми талоши сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомиро ба харҷ диҳад.
Самти дигари вобастаги аз Амрико ин мабдағгузории пайвастаи молиявӣ ба буҷаи Афғонистон мебошад. Масалан, буҷаи низомии кишвар  ҳудуди 11,6 млрд долларро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби Амрико ва дигар шарикони аврупоии сармоягузор маблағгузорӣ мешавад. Кишварҳои узви НАТО солона 4,5 миллиард долларро барои тақвияти сарбозон ва қувваҳои амниятии Афғонистон то соли 2020 маблагузори мекунанд.  Бояд зикр намуд, ки аз оғози ҷанг дар Афғонистон то имрӯз зиёда аз 2.3 ҳазор сарбоз амрикоӣ кушта шуданд ва тақрибан 18 ҳазор нафар маҷрӯҳ гаштанд.
Теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон беш аз 352 000 нафар буда, 195 000 нафарашонро нерӯҳои вазорати дифоъ (урдуи миллӣ), 157 000 нафари онҳоро кормандони полис (нерӯҳои дохила) ва  беш аз 30 000 нафаро командони амнияти миллӣ ташкил медиҳанд. Дар байни нерӯҳои мусаллаҳ бригадаи махсуси «Командос» бо теъдоди беш аз 17 000 нафар ташкил шудааст. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифтааст, теъдоди ин гурӯҳи махсусро то 30 000 расонад. Гарчи имрӯз ин нерӯҳо аз назари теъдод зиёд буда, яке аз қавитарин нерӯҳои мусаллаҳи минтақа ба ҳисоб мераванд, аммо масъалаи таъмини маошу хӯрок, сӯзишворӣ, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва харҷҳои рӯзмара, ки ба буҷаи низомӣ вобаста мебошанд, мушкилот доранд.
  ИМА тибқи мувофиқатномаи ҳамкориҳои стратегӣ  дар қаламрави Афғонистон 9 — пойгоҳи низомӣ бунёд намудааст. Пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаҳои  Кобул, Мазори Шариф, Қандаҳор, Ҳилманд, Ҳирот, Багром, Гардез, Ҷалолобод ва Шиндон чой гирифтаанд. Ҳайати шахсии онҳо тақрибан то 11 000 нафар сарбоз ва беш аз 4 000 кормандони фаннию мулкиро дар бар мегиранд. Мувофики стратегияи нав ба пойгоҳи Багром (наздикии Кобул) ва  пойгоҳи Шиндон (вилояти Ҳирот, ҳаммарзи Эрон) аҳамияти махсус дода шуда, асосан дар онҳо ҷойгиршавии базаҳои бузурги  ҳарбию ҳавоӣ  пешбинӣ мешавад. Теъдоди умумии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бошад беш 12 000 сарбозро ташкил медиҳанд ва дар назар аст то 15 000 нафар афзоиш ёбад.
Воқеият ин аст, ки  Амрико дар қаламрави Афғонистон пойгоҳҳои низомӣ ва теъдоди муайяни неруро дорад. Дар доираи барномаҳо равандҳои таҳаввулот дар минтақа ва дар ҷабҳаҳои набард ҳамеша аз ҷониби онҳо назорат ва мудирият мешаванд. Ҳамзамон тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатдорӣ ва бахшҳои амниятӣ таҳти назорати амрикоиҳо мебошад. Бинобар ин савол ба миён меояд, ки зарурияти татбиқи чунин як стратегияи навбатӣ — ин мавзӯъ барои ташкили фазои иттилоотӣ бошад?
  Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки имрӯзҳо вазъият дар кишвар ноором ва мураккаб боқӣ мемонад, стратегияҳои қаблӣ дар таъмини амният нақши худро пурра иҷро накарданд. Дар ин раванд мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳз идомаи вазъи ноором ва ташаккул наёфтани ҳукумати қавии марказӣ дар ин кишварро ба манфиати худ медонанд. Нооромии Афғонистон то андозае ҷавобгӯйӣ манфиатҳои онҳо шудааст. Таҳаввулоти ҷиддии равандҳои геополитикӣ дар минтақа ва таҳдид ва хатарҳои нав сабаби чунин иқдоми Амрико гаштааст.
Дар таҳаввулоти геополитии минтақа набояд афзоиши мухолифони давлатро нодида гирифт, зеро  неруи Толибон, ки айни ҳол теъдодашон беш аз 35 ҳазор ҷангҷӯй расидааст, дар тадбиқи стартегияҳои Амрико ва шарикони аврупоӣ таъсири манфии қобили мулоҳиза доранд.
Бояд хуб бидонем, ки дар айни замон Толибон чӣ андоза бо амрикоиҳо мувофиқ ҳастанд ё нестанд, робита доранд ва ё надоранд. Вале вобаста ба тағйирёбии вазъ метавон хулоса кард, ки дар стратегияиҳои қаблии амрикоиҳо ва англисҳо ба таври қатъӣ поксозӣ кардани Толибон дар қаламрави Афғонистон вазифагузорӣ нашудааст. Бо он сабаб, ки  амрикоиҳо тариқи дафтари расмиии Толибон дар Қатар мустақиман музокирот мекарданд ва то андозае фаъолияти онҳоро таҳти назорат гирифта буданд.
  Баъд аз таҳаввулоти ҷиддӣ дар равандҳои сиёсӣ ва ҳарбии Афғонистон, шакли ягонаи низоми Толибон низ тағйир ёфт ва дар қаламраваи Афғонистон толибони ба ном русӣ, чинӣ, эронӣ, покистонӣ дар раванди шаклгири қарор доранд ва ин падида пеш аз ҳама ба манфиатҳо ва ҳадафҳои Амрико дар минтақа хатарзо шудааст. Ҳамзамон, ИМА аз нерӯҳои қудратманди таъсиргузор ба вазъи Афғонистон ба мисли  Руссия, Чин ва Эрон,  ки шарикони беэътмод Амрико ҳисоб мераванд, изҳори ташвиш дорад. Покистон бошад дар қазияи Афғонистон бо  услуби хосӣ худ ҳамеша кишвари пуртаъсир боқӣ хоҳад монд. Вашингтон чунин таҳаввулотро дарк мекунад ва мебинад, ки муносибати абарқудратҳо дар атрофи Афғонистон бештар  рушд доранд. Бинобар ин, дар чунин раванд стратегияи навбатии Амрико дархости замон ва зарурати воқеиро тақозо мекунад.
Ҳадафи дигари ин стратегия тақвиятбахшии қудрати низомӣ ва паст намудани нуфӯзи қудратҳои таъсиррасон дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили вазъи имрӯзаи Афғонистон нишон медиҳад, ки эҳтимол аст вазъияти сиёсӣ ва амнияти дар ин кишвар то соли 2018 хатарнок ва таҳдидовар шавад. Новобаста аз он, ки стратегияи нави Амрико кабул шуд ва нерӯҳои НАТО ва ИМА афзоиш ёфтаанд, ҳаракати “Талибон» дар самтҳои набард муваффақ шуда истодаанд. Муборизаи нерӯҳои амниятии  Афғонистон дар натиҷаи амалетҳои  густурдаӣ Толибон, талафоти зиёди ҷонӣ, афзоиши теъдоди низомиёни худсарона тарк намудаи ҷои хизмат  ва роҳбарии нодурусти афсарон, ки қобилят ва тавоноии ҷангии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар сурате, ки падидаи хатарноке дар Афғонистон бо номи ДОИШ рӯ ба рӯ ҳастем, феълан, бидуни шак ҷо ба ҷошавии нерӯҳои ДОИШ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон хатарҳои нав барои амнияти минтақа эҷод намудааст. Ин омил низ водор сохтааст ИМА-ро стратегия ҷангро тағйир диҳад.
  Заъфи стратегияи навбатии ИМА дар он аст, ки бо вуҷуди харҷу талошу заҳмати зиёд, нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, доираҳои васеи  мардумии Афғонистон ҳузури нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррористиро дар кишвар қабул надоранд. Вусъат ёфтани чунин падидаҳо дар ҷомеа ба амалишавии стратегияи нав таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Аз ин лиҳоз нисбати стратегияи навбатии ИМА мавқеъгирӣ бо маврид мебошад. Таҳлили моҳияти стратегияи нав нишон медиҳад, ки он барои расидан ба се ҳадафи геостратегӣ дар минтақа равона шудааст:

  • Тақвияти ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон вобаста ба талоши қудратҳои таъсиррасон ба мисли Русия, Чин ва Эрон дар самти комилан хориҷ шудани ҳузури нерӯҳои ИМА ва кишварҳои ғарбӣ аз Афғонистон мебошад. Ихтилофҳое, ки ин кишварҳо дар самтҳои гуногун доранд, ба манфиатҳои ҳамдигар дар Афғонистон таъсири ҷиддӣ мегузорад.
  • Боло бурдани сатҳи таъсири ИМА дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон – Осиёи Марказӣ, қисми Шарқии Ҷумҳурии Халқии Хитой. Эҳтимоли зиёд меравад, ки барои расидан ба ин мақсад ИМА теъдоди низомиёни худро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон боло мебаранд.
  • Ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои тақвими ҳузури иқтисодии ИМА дар Афғонистон ва минтақа. Яке аз рақибони асосии ИМА дар минтақа Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад, ки бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон маҳсуб меёбад.
  • Ташкили пойгоҳи қавии низомии ИМА дар Афғонистон барои идора кардани равандҳои сиёсӣ дар Покистону Эрон шароити мусоид фароҳам месозад. Дар шароити шиддат гирифтани вазъияти низомӣ сиёсӣ дар музофотҳои ғарбии Покистон ва шиддат гирифтани рақобат бо Эрон, ҳузури низомӣ дар Афғонистон барои расидан ба ҳадафҳои ИМА мусоидат менамояд.

Саймуддин Мирзоев
корманди Институти омӯзиши 
масъалаҳои давлатҳои 
Осиё ва Аврупои
 АИ ҶТ

БОЗГАШТ