АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Сухане чанд роҷеъ ба таҷлили НАВРӮЗ ДАР ЭРОН

Муаллиф: Холиқова Шоира

Расм

Сухане чанд роҷеъ ба таҷлили НАВРӮЗ ДАР ЭРОН

Иди Наврӯз - инъикосгари таъриху фарҳанг, расму ойин ва анъанаву тамаддуни на танҳо миллати тоҷик, балки яке аз суннатҳои кӯҳани мардуми шарқзамин буда, дар байни қавмҳои ориётабор он муқаддастарин ва волотарин ҷашн ба шумор меравад. Чашни Наврӯзро дар Эрон чун дар Тоҷикистон муқаддас мешуморанду омад-омади онро бесаброна интизорӣ кашида онро бо як шаҳомату шукуҳ ва зебу зиннати хос таҷлил менамоянд. Ҳамин ки фасли баҳор аз омадани худ ба ин кишвари куҳан ва ба мо ҳамзабону ҳамфарҳанг дарак мерасонад, қосидони баҳору рӯзи нав ба кӯчаву хиёбон, гузару бозор, шаҳру деҳот баромада бо сурудхонӣ, масхарабозӣ, шӯхиву тақлидкорӣ ва баргузор намудани намоишҳои гуногуну рангин аз рафтани зимистону омадани баҳору Наврӯз мужда медиҳанд ва мардум аз шунидани ин хабари нек шодиву шодмонӣ намуда ба истиқболи Наврӯз омодагӣ мебинанд.

Чуноне ки пайғому хабари наврӯзӣ аз замонҳои қадим дар байни мардуми Эрону Тоҷикистон маъмулу машҳур аст, эрониҳо низ мисли мо тоҷикон пеш аз омадани Наврӯз донаҳои гандуму адас сабз менамоянд, тамоми хонаву дару девор, танӯру беруни ҳавлиҳои худро тоза ва озода месозанд. Вайрониҳои гирду атрофи хонаҳоро рангубор намуда, косаву табақ, зарфу дегҳоро шустушӯву поку тоза мекунанд, чизҳои куҳнаро ба нав иваз ва барои аҳли хонавода либоси нав харидорӣ менамоянд. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар гузаштаву имрӯз Наврӯзро хурду калон бо либоси нави идона, бо садои сурнай, нақоразанӣ, пойкӯбию шодмонӣ пешвоз мегиранду ба хонаҳои якдигар ба меҳмонӣ мераванду ҳамдигарро табрик карда шеърхониву наврӯзхонӣ мекунанд. Дар ин айём мардуми Эрон ба сайргоҳҳо мебароянду мусобиқахо меороянд. Дар рӯзҳои Наврӯз ҳунарҳои масхарабозӣ, намоиши пардадорӣ, дафзанӣ, кабкҷанг, гӯштӣ, хурӯсҷанг, қӯчқорҷанг, сагҷанг, тухмбозӣ ва амсоли инҳо дида мешаванд, ки мардум аз тамошои онҳо лаззат мебаранд. Инчунин дар рӯзҳои Наврӯз ба хонаи шахсони то соли нав фавтида мераванду дуову фотиҳа хонданро бар ҳаққи эшон фаромуш намесозанд.

Эрон кишвари бузург ва дорои фарҳанги бою рангин мебошад, ки ба ин шубҳа нест. Расму ойин ва фарҳанги азалии худро аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз ҳифз намуда барои ояндагон ҳамчун мерос пос медорад. Дар минтақаҳои гуногуни Эрон, махсусан Хуросону Мозандарон, Устони Форс, Гелон ва Дайлам расму русум ва ойинҳои куҳани наврӯзӣ то ба имрӯз идома медиҳанд. Дар таҷлил ва пешвози иди Наврӯз эрониҳо чунин амалҳоро ба анҷом мерасонанд, ки унсурҳои зиёди он ба расму ойинҳои наврӯзии тоҷикон шабоҳат дорад ва он бори дигар собит месозад, ки мо бо кишвари Эрон ҳамдилу ҳампайванд ҳастем. Яке аз ин омодагиҳо барои ороиши дасторхони идона хариди гӯшту биринҷу равған ва дигар масолеҳи зарурӣ барои пӯхтани оши палови наврӯзӣ; пӯхтани шириниҳо ва нонҳои гуногун, ки зебу зинати дасторхони наврӯзӣ мебошад. Дасторхонҳои зебо меороянд. Чун таомул ба рӯи дасторхон таомҳои гуногун ва ҳамчун рамзи Наврӯз «Ҳафт син», «Ҳафт шин», «Ҳафт мим» мегузоранд. Дар дасторхони мардуми Эрон, ки эшон онро суфраи наврӯзӣ мехонанд, дар баробари нонҳои гирдаву шириниҳо, меваву сабза ҳатман гузоштани тухми мурғи рангаи мунаққаш, гули лола, оина ва Қуръон, ки пас аз вуруди ислом ба ҳукми анъана даромадааст, то инчониб идома меёбад. То ворид шудани соли нав ҳатман суману суманак мепазанд ва дар дасторхон ҳатман дар як зарф суман, инчунин як косаи об, ки дар рӯи он чанд баргаки сабз аст, мегузоранд. Дар суфраи наврузӣ асал низ мегузоранду мехӯранд, то тамоми сол рӯзгорашон ширину гуворо бошад. Албатта дар ҳар хона шамъ ё чароғ низ афрӯхта мешавад.

Ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки дар суфраи наврӯзии эрониҳо оина - рамзи ҷаҳону кайҳон, рӯшноӣ, зебоӣ, сафо ва ростӣ; шамъ ва чароғ- рамзи рӯшноӣ ва нуру даридани торикӣ; анор - рамзи шодӣ ва шодмонӣ; нон - нишонаи баракати дастархон; сабза - нишонаи сарсабзӣ ва муждаи дур шудани сармои тӯлонии зимистон; тухми мурғи рангкардашуда - нишонаест аз ҳама мавҷудот; мост- ғизои пок; шарбат - ширинтарин нӯшиданӣ ва нишонаи шириниву шодӣ буда, китоби Қуръон дар сари суфра рамзи имону эътиқод ба Худованду фиристодаи ӯ мебошад.

Пешвоз ва ҷашн гирифтани Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни Эрони муосир вобаста ба шароити иқлими кишвар сурат мегирад. Ҳоло дар тамоми гушаву канори кишвари Эрон қавму миллиятҳо, намояндагони дину мазҳабҳои гуногун Наврӯзро ботантана ҷашн мегиранд ва ба он арҷ мегузоранд. Мардуми Эрон дилбохтаи ойинҳои наврӯзӣ ҳастанд. Пеш аз Наврӯз ва ҳам пас аз ворид шудани он то «Сездаҳ ба дар» ба дару девор пӯсти паланг, табарзин, кашкӯли дарвешонро меовезанд. Донаҳои исфарза, тартезак, хокширро ба порча паҳн намуда, баъд ба рӯи кӯзаҳо мечаспонанд, ки то шаби ид сабз шаванд. Баробари наздик шудани Наврӯз гулфурӯшҳо даҳҳо гули зебову ороиширо барои Наврӯз дар сабадчаҳо, гулдонҳо омода менамоянд. Дар ин айём оҷилфурӯшон, атторон, мевафурӯшон, сабзаҷотфурӯшон, каффошон, салмониҳо, ҳаммомиҳо бозори гарме доранд.

Пеш аз оғоз ва ҷашни Наврӯз ба пешвози он русуми «Наврӯзхонӣ» хеле маъмул ва машҳур мебошад. Тибқи ойини гузаштагон пеш аз ҳама наврӯзхонон ба пешвози Наврӯз мераванд ва ба мардум навиди аз байн рафтани сармо, торикӣ, хастагӣ, бекории зимистон ва умед ба кору созандагӣ, талошу покизагӣ ва омадани Наврӯзро медиҳанд. Воқеан ҳам дар ин ҳангом Наврӯз файзу баракати худро барои одамон арзонӣ медонад.

Дар Эрон наврӯзхонон вуҷуд доштанд. Онҳо хунёгарони гумному даврагарде буданд, ки ҳамин ки бӯйи Наврӯз ба машомашон мерасид, бар дари ҳар хона ва кошонае пайки баҳорро мерасониданд. Яъне наврӯзхонон бо фаро расидани баҳору оғози соли нав пайғом мефиристонанд:

Туро тоҷи гули фирӯза бар сар,

Мурассахилъату Наврӯз дар бар,

Аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар

Шуморо соли нав бошад муборак!

Дар арафаи ҷашни Наврӯз хондани шеъру таронаҳои наврӯзӣ миёни мардум хеле ии маъмуланд. Масалан таронаи зерин, ки гоҳе аз ҷониби як нафар ва гоҳе гурӯҳӣ сароида мешавад, албатта соҳиби туҳфаи идона мешаванд:

Наврӯзи нав боз омада,

Булбул ба овоз омада,

Қумрӣ ба парвоз омада,

Пирсук бо соз омада,

Бобо, бидеҳ наврӯзиям,

То бар хӯрӣ аз рӯзиям.

 

Ҳамин тавр дар минтақаҳои кӯҳистони Форс тахминан ду ҳафта пеш аз вуруди Наврӯз омодагиҳо ва расму ойинҳои зиёде риоя карда мешаванд, ки завқи зебопарстӣ ва меҳру муҳаббати мардумро ба табиату зиндагӣ дучанд менамояд. Вобаста ба иди Наврӯз дар байни эрониён гузаронидани чандин маросимҳо роиҷ буд, ки имруз ҳам ба чашм мерасанд. Ҷолибтарин онҳоро ин ҷо номбар менамоем.

Масалан яке аз онҳо маросими «Кӯсабарнишин» аст, ки онро дар баъзе ҷойҳо «Кӯсахарнишин» низ меноманд. Маъмулан ин намоиш баробари дамидани сабза ва шукуфтани нахустин гулҳои баҳорӣ шуруъ гашта, дар яке аз рӯзҳои барфӣ баргузор карда мешавад. Дар ин намоиш як марди бадбашараи шӯхро пайдо карда, як чашми вайро мебанданд, то кӯр вонамуд шавад. Ин мард бояд камриш бошад, яъне кӯса бошад. Кӯсабарнишинро ба харе нишонда, ба як дасташ як зоғи сиёҳ, ба дасти дигараш як адад бодбезак дода ӯро дар ҷойҳои серодам, махсусан дар кӯчаву бозор мегардонданд. Ин марди кӯса, ки табиатан шӯх аст, зимни ҳаракати хар худро бод зада «гарм аст, гарм аст!» мегуяд. Дар ин ҳангом кудакону ҷавонон бо лундаҳои барф ӯро бояд бизананд.

Ойини дигаре, ки мардумро аз расидани Наврӯз огоҳ менамояд, «Ҳоҷӣ Фирӯз» мебошад. «Ҳочӣ Фирӯз» қариб дар тамоми минтакаҳои Эрон ба чашм мерасад. Ҳар шаҳру рустои Эрон Ҳоҷӣ Фирӯзи худро дорад. Ҳоҷӣ Фирӯз дойраи худро менавозад ва бо сурудҳои шӯху шодиовари наврӯзӣ ба мардум хабари расидани Наврӯзро мерасонад. Ҳоҷӣ Фирӯз ба тамоми баданаш зангӯлаҳо ва чизҳои рангоранги гуногунро овезон карда, қиёфаи масхараомези хандадор дорад. Вайро дар баъзе ҷойҳо «ҷигӣ-ҷигӣ, нана хонам» низ мегӯянд. Ҳоҷӣ Фирӯз бо ҳамин мазмун суруд месарояд, ки хеле маъруф шудааст. Ин шахс бо пироҳану шалвори сурхранг, кафши нӯгтез, бо кулоҳи марғуладор, ки ба сару руи худ сиёҳӣ молида, дар даст як дойра байни мардум гашта, аз омадани Наврӯз хабар медиҳад.

«Мири наврӯзӣ» яке аз ойинҳои намоишии хеле ҷолиб мебошад ва таърихи тӯлонӣ дорад. Ин ойини куҳан чунин мебошад, ки аз байни мардум касеро ба муддати панҷ рӯз ба тахт мешинондаанд. Ин шахс дар ин панҷ рӯз фармонҳои шӯхиомез бароварда табъи мардумро болидаву вақташонро хуш мекардааст. Мири наврӯзӣ бо вазирон, сарбозон, масхарабозон, созу дуҳул, сарояндагон ва дигар одамонаш дар кӯчаҳо гашта, ба ин васила аз омадани баҳор ва ибтидои рузи наву соли нав мужда медодааст. Аз байти зерини Ҳофиз маълум мешавад, ки ойини намоишии «Мири наврӯзӣ» дар он замон дар Шероз бештар ҷой дошта, маъмул будааст:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Мири наврӯзӣ.

Маросими дигаре, ки пеш аз Наврӯз дар Эрон баргузор мешавад, «Чаҳоршанбесурӣ» мебошад. Ҳоло дар Эрон минтақае нест, ки дар чаҳоршанбеи охири соли пеш аз Наврӯзро ҷашн нагиранд. Барои эрониён чаҳоршанбесурӣ фурсати муносиб барои ҳамаи чизи зиндагиашонро нав кардан мебошад.. Дар ин ҳангом эрониён кӯзаҳои куҳнаро мешикананд, то ки ба соли нав бо кузаҳои нав оби хунукро аз зарфи нав бинӯшанд. Маъмулан, дар Эрон обро дар кӯза нигоҳ медоранд, ки чанд муддат хунук мемонад. Ҳамзамон барои он ки ба соли нав бо тандурустӣ ворид шаванд испанд дуд карда, неруҳои бад ва чашмҳои бадро аз худ дур месозанд.

Макони асосии «Чаҳоршанбесурӣ» дар Шероз мақбараи Шоҳчароғ мебошад. Дар ҳамон шаби «Чаҳоршанбесурӣ» баъзе аз занон ва духтарони бахтбастаи шерозӣ ба мазори Саъдии Шерозӣ, ки онро саъдия мегӯянд, инчунин ба зиёрати Шоҳчароғ рафта бо нияти тандурустӣ, рафъи бало, баровардани ҳоҷат, сафедбахтӣ дар оби ҳавзи моҳӣ обтанӣ мекунанд ва бо ҷоме, ки «чилкалид» ном дорад, ба сари худ об мерезанд. Дар баъзе минтақаҳо ҳамчун фоли нек тамоми чизҳои лозими марбути «Чаҳоршанбесурӣ»-ро аз чоршанбебозор мехаранд. Ин ойин бештар дар устони Озарбойҷони Эрон ва устонҳои наздики он маъмул аст.

Ойини «Оташафрӯзӣ» унсури асосии маросими «Чаҳоршанбесурӣ» мебошад. Мардуми Шероз дар ғуруби «Чаҳоршанбесурӣ» таомуле доранд, ки ҳафт дарза хорро омода намуда оташ мезананд ва болои оташ мепаранду мегӯянд: «Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман». Дар гузаронидани маросими мазкур махсус оташафрӯзҳо буданд, ки онҳо дар кучаву хиёбонҳои шаҳр гашта сару гардани худро сиёҳ менамуданд ва камтар хамирро дар шакли лӯнда сохта ба болои он пахта ё латтаи олудаи нафтро мегузоранду онро оташ мезананд ва дар дасти дигар бошад машъал дошта мисраъҳои зерро месароянд:

Оташафрӯз омада,

Соле як рӯз омада.

Оташафрӯзи сағирам,

Соле як бор фақирам,

Рудаву пуда омада,

Ҳар чи набуда омада.

Яке аз ойинҳои наврӯзие, ки дар Эрон машҳуру маъмул буд ва он дар баъзе деҳоти устони Хуросон то ба ҳол боқӣ мондааст, ин маросими «Мардгирон» мебошад. Ин ҷашн дар панҷ рӯзи охири исфандмоҳ, пеш аз Наврӯз барпо шуда бо номи «Муждагирон» низ ёд мешавад. Ҷолибии ин маросим дар он зухур меёбад, ки занҳо пеш аз ибтидои Наврӯз аз мардон иҷрои орзуҳои анҷомнашуди худро талаб менамоянд. Аз нуҳум то сездаҳуми фарвардин дар баъзе деҳкадаҳо ҳукумат ва ихтиёрот ба дасти занон дода мешавад. Занон бештари вақти худро берун аз хона дар дашту даман мегузаронанд, аспсаворӣ мекунанду метозанд ва рузи сездаҳум ба хона баргашта, боз паси кору бори рузгор мешаванд.

Хулоса, иди Наврӯз ҳамчун иди бузурги байналмилалӣ дар Эрони муосир бо тамоми шукуҳу ҷалолаш қайд карда мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шуҳрату бузургии ин ҷашни аҷдодӣ мавқеъ ва манзалати худро то ба имруз аз даст надода, балки рӯз ба рӯз боз ҳам устувору қавӣ гашта истодааст. Пайғому хабари наврӯзӣ аз замонҳои қадим дар байни мардуми Эрон то ба имруз идома ёфта истодааст. Чӣ тавре дар боло ба таври мухтасар ишора карда гузаштем пешвоз гирифтан, омодагӣ, пайкҳои наврӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни Эрон ба тарзҳои гуногун сурат мегиранд. Ҷашни Наврӯз ҷашни ваҳдати бани одам ва гуфтугӯйи тамаддунҳост. Ҳадафҳои созандагии Наврӯз бо нерӯи зебоиофарї, асолати фарҳангдӯстї, ѓояҳои инсонпарварї ва кору пайкори ободкориҳои худ ба аҳли башар илҳому мадори тоза мебахшад. Ин чашни куҳанбунёд ва тозаэҷоди сарзамини аҷдодиамон то хол пахлӯҳои кашфношуда, розҳои нуҳуфтаро ниҳон дошта, хусусиятҳои меҳанпарастиву инсонгароӣ, зебопарастиву худшиносии деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор сохтааст, ки имрӯз месазад, ки боз ҳам мавриди пажуҳиши таҳқиқи амиқ қарор дода шавад.

Холиқова Шоира,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ