АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Суиқасд ба ҷони Маҳатма Ганди

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Дар таърихи Ҳиндустон дар асри ХХ якчанд воқеаҳое рӯй додаанд, ки онҳо хушиовар ҳам буданду фоҷиаовар низ. Яке аз ин воқеаҳои бузург ин дар соли 1847 озод ва худи ҳамон вақт ба ду давлати ҷудогона тақсим шудани Ҳиндустон мебошад. Ҳамин тақсимшавӣ, ки дар он мустамликадорони англис даст доштанд, боиси фоҷиаи бемисли ҳиндувону мусулмонҳои ин мамлакат гардид. Дар ҳамон вақт бо кадом қимат озод шудан ва ба кадом андоза бархӯрдҳои мазҳабӣ сурат гирифтанду чи қадар бадбахтиҳо оварданд, ин мавзӯро як тараф мемонем. Моро ҳоло ҳадаф баёни дигар воқеаи пурдаҳшати таърихӣ, яъне аз дасти қотилон кушта шудани пешвои халқи ҳинду, шахсияти маъруфи тамоми олам Маҳатма Гандӣ (1869-1948) аст. Оид ба ҳамин куштор навиштаҳо бисёранд. Ҳарчанд, ки қотил кӣ буд ва барои чӣ накӯкортарин инсони Ҳиндустон дар асри ХХ Маҳатма Гандӣ кушта шуд, маълум ва ҷазо ҳам гирифтааст, лекин дар ҳар сурат бо андешаи он, ки дар 30 моҳи январ аз вақти сӯиқасд ба ҷони пешвои миллати ҳинд 72 сол пур мешавад як бори дигар ба баъзе ҷузъиёти ин ҳодисаи мудҳиш назар карданро лозим донистем.

Маҳатма Ганди – шахсияте, ки ба дили миллионҳо одамон бо адолатпарастиву инсондӯстии худаш роҳ ёфтааст, шахсе, ки тақдири Ҳиндустонро дигар кардааст, шахсе, ки бо таблиғи ғояҳои ғайризуровариаш машҳури ҷаҳон шудааст, аз дасти нотавонбинон, душманони ягонагии ҳиндувону мусулмонҳо, пас аз 168 рӯзи соҳибистиҷлол шудани кишваре, ки барои озодияш ҷонсупориҳо карда буд, ба ҳалокат расонда шуд. Чаро ин ҳодиса рӯй дод? Кӣ ва барои чӣ ба ҷони ӯ сӯиқасдро раво дид?

Албатта, душвор аст тахмин кардан, ки ба қасди ҷони чунин шахси беозор ягон каси бераҳму беандеша ва золим ёфт шуда бошад, лекин, мутаассифона, ёфт шудааст. Дар маҷмӯъ, 6 дафъа кӯшиши ҷисман нест кардани Маҳатма Гандӣ ҷой дорад. Соли 2015 дар шаҳри Деҳлӣ китоби тартибдодаи журналисти шинохтаи ҳиндӣ хонум Тиста Сеталвад бо номи “Бидуни шубҳа – маълумотҳо оид ба куштори Маҳатма Ганди“ (“Beyond Dobut – A Dosser on Gandhi`s Assossination”) аз чоп баромад. Дар ин китоб дар асоси ҳуҷҷатҳои боэтимоди архивҳои гуногун роҷеъ ба панҷ дафъа ба Маҳатма Ганди ташкил намудни сӯиқасдҳо маълумот дода шудааст. Сӯиқасди нахуст 25 июни соли 1934 рух додааст. Ҳамон рӯз Маҳатма Ганди дар толори Пуна Корпорейшн бояд суханронӣ мекард. Автомобиле, ки Маҳатма Ганди ҳамроҳи ҳамсараш Кастурба савори он буданд, бо чанд мошини дигар ба роҳ баромаданд. Мошини пеш аз Ганди равон монанди мошини Ганди будаст. Чун мошинҳо ба яке аз гузаргоҳи роҳи оҳан надик мешаванд, вай дар вақташ аз роҳи оҳан мегузараду мошини Ганди мемонад. Ҳамин ақибмонӣ ҷони Гандиро раҳо кардааст. Вақте мошини перафта ба ҷойи таъишуда мерасад, ҳамон замон онро метарконанд. Дар натиҷа сарвари Корпоратсияи Пуна, ду корманди политсия ва ҳафт нафари дигар сахт маҷрӯҳ мешаванд. Котиби Маҳатма Ганди дар китоби худ “Маҳатма Ганди: Ҷумлаи охирин” навиштааст, ки бомбаро экстремистҳое, ки муқобили фаъолияту ақидаҳои Ганди буданд, таркондаанд.

Суиқасди дуюмро пас аз даҳ сол, моҳи июли соли 1944 ташкил карда буданд. Гандии нав аз ҳабси хонагӣ озод шуда, азияти беморӣ мекашид ва барои муолиҷаву истироҳат ба шаҳрчаи кӯҳии Панчганӣ наздикии Пуна меравад. Дар ҳамин вақт аз шаҳри Пуна як гурӯҳи тақрибан 20 нафара ба Панчганӣ омада, як рӯзи дароз дар кӯчаҳои шаҳр ба овози баланд шиорҳои зидди Гандӣ мегуфтанд. Ганди хоҳиш менамояд, ки сарвари ин гурӯҳро барои сӯбат даъват намоянд. Сарвари гурӯҳ, ки Натурам Годсе буд ин даъватро қабул намекунад. Бегоҳӣ, вақти ибодат Натурам Годсеи бо корд мусаллаҳ ба Ганди ҳуҷум мекунад. Хушбахтона, ду нафар – Манишанкар Пуроҳит ва Бҳиларе Гуруҷӣ, ки ба Гандӣ аз ҳама наздиктар истода буданд, зуд Годсиро аз по афтонда бе силоҳ менамоянд. Пас аз тавбаву надомати Годсе дар назди комиссияи махсус, Ганди боз мехоҳад бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, сабаби чунин амалашро фаҳмад, вале Годсе ин дафъа ҳам ин таклифро қабул намекунад. Пас, ба ҳар ҳол тавре Тиста Сеталвад зикр кардааст, Маҳатма Гандии раҳмдилу саховатпеша Годсеро авф мекунад.

Пас аз гузаштани андаке вақт, худи ҳамон сол (сентябри 1944) бори сеюм кӯшиши нест кардани Маҳатма Ганди сурат гирифтааст. Тибқи нақшаи сӯиқасдчиён бояд Маҳатма Гандӣ ҳатман кушта мешуд, то ин ки вохӯрии ӯ бо Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ (1876-1948) - раҳбари Лигаи мусулмонӣ амалӣ нашавад. Маҳатма Ганди ҳангоми саёҳат дар Бомбай дар паноҳгоҳе (ашрам) иқомат дошт. Натурам Годсе ва ҳамандешаҳои ӯ паноҳгоҳро иҳота менамояд, то ин ки Гандӣ аз он баромада натавонаду суиқасдчиён муваффақ шаванд. Лекин ба одамони паноҳгоҳ муяссар мешавад, ки Натурам Годсеро дастгир кунанд ва ӯ то назди Ганди расида наметавонад. Ҳамон вақт ҳам Годсе бо корд мусаллаҳ будаст.

Душманони Маҳатма Ганди ҳеҷ аз ниятҳои шуми худ даст кашиданӣ набуданд ва доим мавқеи мувофиқ меҷустанд то ин ки ба ҳадафи худ бирасанд. Моҳи июни соли 1946 дафъаи чорум ба ҷони Маҳатма Ганди сӯиқасд ташкил карда шуд. Қаторае, ки (дар таърих бо номи “Қатораи махсуси Гандӣ” (“Gandhi Special”) ёдовар мешавад), ба тарафи шаҳри Пунаи Музофоти Маҳараштра ҳаракат мекард, дар байни истгоҳҳои Нерула ва Карҷат ба садама гирифтор шуда аз роҳаш бероҳа мешавад. Сӯиқасдчиён дар рӯи роҳи оҳан сангҳои калон-калонро гузошта буданд. Хушбахтона, ронандаи қатора дар вақташ монеаро дида суратро паст мекунад, вале ӯ илоҷи қатораро пурра маън кардан надошт. Қатора ба сангҳо бархӯрда, осеб дида аз роҳ берун мешавад. Дар ин садама қатора аз кор баромада бошад ҳам байни мусофирон талафоти ҷонӣ нашудаст. Ҳамин тариқ, ин дафъа ҳам Маҳатма Ганди ҷон ба саломат мебарад. Пас аз ин воқеа рӯзи дигар Маҳатма Ганди чунин изҳор кардааст: “Худо раҳми маро хӯрду ман аз коми марг раҳо ёфтам. Ман ба ҳеҷ кас зараре наовардаам. Ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро ба ҷони ман ин қадар қасд мекунанд. Дар кӯшиши дирӯза ҳам мухолифини ман муваффақ нашуданд. Ман ба ин наздикиҳо бо зиндагӣ хайрухуш карданӣ нестам. Кӯшиш мекунам то 125-солагиам зинда монам”. Маҳатма Ганди ҳанӯзам фикр мекард, ки душманонаш ҳеҷ гоҳ муваффақ намешаванд, зеро ӯ ба ягон кирдори бад даст назадааст ва касеро озор надодааст, ки дар ҷавобаш ҷонро аз даст диҳад. Вай на касеро душман меҳисобиду на касеро айбдор карданӣ буд. Маҳатма Ганди ҳамеша дар фикри тақдири ҳамватанонаш буд ва ҳеҷ гоҳе ғами бехатарии худро намехӯрд. Барояш худписандиву худпарастӣ тамоман чизи бегона буд.

Сӯиқасди панҷум 20 январи соли 1948 амалӣ шудааст. Дар китоби Тиста Сеталвад омадааст, ки дар ҳамин рӯз гурӯҳи суиқасдчиён Маданлал Паҳва, Натурам Винаяк Годсе, Нараян Даттарайя Апте, Вишну Каркаре, Дигамбар Беҷ, Гопал Винаяк Годсе ва Шанкар Кистайя ба Бирла Бҳаван, ҳамон хонае, ки Маҳатма Гандӣ он ҷо иқомат дошту ҳамон ҷо ҳар бегоҳ болои чорпояе нишаста дар назди мардуми ҷамъ омада суханрониҳо мекард, қатори дигарон омада буданд. Ҳадаф тибқи нақшае, ки пештар кашида буданд, сӯиқасд ба ҷони Ганди буд. Яке аз сӯиқасдчиён Маданлал Паҳва худро ба кормандони Бирла Бҳаван ҳамчун журналисти сӯратгир муарифӣ карда, номаълум дар девори пушти Ганди бомбаи дастӣ сохтаро монда пилтаашро дар мегиронад. Таркиш ба амал меояд, вале азбаски қувваи бештар надоштаст аз он Ганди зарари ҷисмонӣ намебинад. Рафиқони Маданлал Паҳва зуд гурехта мераванд, вале худи ӯ гурехта наметавонад. Зане бо номи Сулочана Девӣ, ки дар рӯ ба рӯи Бирла Бҳаван зиндагӣ мекардаст, амали ӯро дида зуд ба посбони Бирла Бҳаван хабар медиҳад. Посбони Бирла Бҳаван ҳамроҳи кормандони политсия Маданлал Паҳваро дастгир мекунанд. Маданлал Паҳва иқрор мешавад, ки онҳо ҳафт нафар буданд ва мехостанд Гандиро нест кунанд. Вақте политсия ҳамроҳи Маданлал ба меҳмонхонае, ки сӯиқасдчиён ҷой гирифта буданд меоянд, онҳо аллакай тарки меҳмонхона карда буданд. Аз навиштаҳои Тиста Сеталвад ин ҳам маълум шудааст, ки Натурам Годсе ва Нараян Апте гурехта ба шаҳрҳои худ рафтанду пас 29 январ бо силоҳ мусаллаҳ шуда боз ба Деҳлӣ омаданд. Пас аз ин сӯиқасд ҳукумати Ҳиндустон қарор медиҳад, ки барои ҳимояи Маҳатма Гандӣ муҳофизони шахсӣ ҷудо мекунад, аммо Ганди қатъиян розӣ намешавад ва мегӯяд, ки “Агар насиби ман ҳамин бошад, ки аз тири беақле кушта мешавам, ман чунин маргро бо табассум қабул мекунам”.

Албатта, Маҳатма Гандӣ хуб мефаҳмид, ки касони ба ҷони ӯ қасд карда, аз ниятҳои разилонаи худ даст намекашанд, лекин инро низ тахмин мекард, ки аз қисмат роҳи гурезу наҷот нест. Ҳамин буд, ки рӯзи канда шудани риштаи умр бо суръат наздик мешуд,

30 январи соли 1948 Маҳатма Гандӣ пагоҳӣ барвақт аз хоб хеста болои лоиҳаи конститутсияи нави Ҳиндустони озод, ки бояд ба конгресс пешниҳод мешуд, корро шурӯъ мекунад. Тамоми рӯз лоиҳа бо ҳамкорон муҳокима мешавад. Чун рӯз ба охир мерасаду вақти ибодати бегоҳӣ мешавад Маҳатма Гандӣ ҳамроҳи ҷиянаш ба берун болои сабзаҳои ҳавлӣ мебароянд. Мардум, мисли ҳаррӯа аллакай ҷамъ шуда буданд ва ва ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекарданд ба падари миллат наздиктар шаванду чун дараҷаи изҳори эҳтирому эътиқоди олӣ, ва риояи одати қадима, хам шуда даст ба пойҳои ӯ расонанд. Аз ҳамин тӯпалангӣ боз ҳамон Натурам Годсе истифода бурда ба Ганди наздик шуда, гӯё даст ба пойи ӯ мебурда бошад, аввал сар хам мекунад, пас рост шуда бо тапончаи Беретта М1934 се тир ба синаи Ганди мезанад. Ду тир баданро сӯрох карда берун мешаванд, тири сеюм дар шуш мемонад. Ганди фақат “О, Рама! О, Рама!” гуфта, пас бо ишора мефаҳмонад, ки гуноҳи қотилро мебахшад. Ҳамин тариқ, 30 январи соли 1948, соати 17,17 пешвои мардуми Ҳинд Маҳаӣма Гандӣ аз дасти қотили ҳиндумазҳаб ба ҳалокат расонда мешавад.

Одамони шоҳиди ин ҳодиса Годсеро, ки мехост ба як қавле худкушӣ кунад, худашон ӯро омода буданд пора-пора кунанд, вале муҳофизи Бирла Бҳаван ӯро аз дасти мардуми ба ғазаб омада халос намуда, ба политсия месупорад.

Мурофиаи судӣ оиди куштори Маҳатма Ганди моҳи майи соли 1948 дар Қалъаи Сурхи шаҳри Деҳлӣ оғоз ёфт. Маълум карда шуд, ки муқобили ҳукумат суиқасди калон ташкил карда шуда будаст. 8 нафар аъзоёни ҳаракати миллатчигии Ҳинду Маҳасабҳа ба курсии судӣ кашида шуданд. Ба қотил - ҷинояткори асосӣ Натҳурам Винаяк Годсе (1910-1949) ва шарикаш Нараян Даттарайя Апте (1911-1949), ки ҳар ду фаъолини ҳаракати “Ҳинду Маҳасабҳа” (“Иттиҳоди бузурги ҳиндувон”, соли ташкилёбӣ 1915) 8 ноябри соли 1949 ҳукми қатл бароварда шуд ва онҳо дар зиндони Амбала 15 ноябри ҳамон сол аз тариқи ба дор овехтан ба қатл расонда шуданд. Ҷавоҳирлол Неҳру ва ду писарои Маҳатма Гандӣ бо назардошти он, ки Ганди зидди зӯроварӣ буд, пешниҳод карданд, ки ҳукми қатл ба якумра зиндонӣ шудан иваз карда шавад, вале ҳукми баровардаи суд дигар карда намешавд. Дигар аъзоёни ин суиқасд. Аз ҷумла Гопал Винаяк Годсе (1919-2005), бародари Натҳурам Годсе, ки 5 феврали соли 1948 ба маҳбас кашида шуда буд, ба муддати 18 сол зиндонӣ шуд. Ӯ соли 1964 аз зиндон озод ва боз як соли дигар зиндонӣ мешавад. Вай соли 2005 дар шаҳри Пуна вафот кардааст. Гопал Винаяк Годсе то охири умраш аз фаъолияти зидди Гандиаш пушаймон набудаст. Боз чор нафар аз суиқасдчиён ҳукми якумра зиндонӣ шуданро гирифтанд. Ҳаштумин айбдоршуда сиёсатмадор, инқилобчӣ, муборизи роҳи озодӣ, файласуф, шоир, нависанда ва драманавис Винаяк Дамодар Саваркар (1883-1966), ки муаллифи идеологияи миллатчигии ҳиндуии Ҳиндутва меҳисобанд, ягона шахсе буд, ки суд ӯро бегуноҳ баровард.

Аз ин воқеаи мудҳиш даҳсолаҳо гузашта бошад ҳам ҳоло низ шахсоне ёфт мешаванд, ки ба пурра будани тафтишоти соли 1948-49 шубҳа доранд. Масалан, драманавис ва таърихшинос Прадип Чандракант Далвро ақида ин аст, ки парвандаи ҷиноятӣ ва тафтишот оид ба куштори Маҳатма Гандӣ мукаммал нест. Сабабҳои асосии куштори Ганди норавшан буда, ашхоси ба ин кор нақши ҳалкунанда дошта, он вақт паси парда монда буданд. Ин норозигии худро номбурда барои тафтиш кардан, соли 2019 расман ба суди олии музофоти Маҳараштра расондааст.

Чаро гурӯҳи одамоне пайдо шуд, ки аз паси аз байн бурдани Маҳатма Ганди шуданд ва оид ба кадом масъала ӯро айбдор мекарданд? Суиқасдчиён чунин меҳисобиданд, ки Маҳатма Ганди ҳиндумазҳаб бошад ҳам бештар дар ҳимояи мусулмонҳо кӯшиш дорад. Чаро ӯ монеаи тақсим шудани Ҳиндустон нашуд, ки ин задухӯрдҳои шадиди ҳиндувону мусулмонҳоро ба миён овард. Ганди чаро тарафдори он буд, ки Ҳукумати Ҳиндустон бояд 550 миллион рупияро мутобиқи қарордоди ҷудошавӣ ба Покистон диҳад?

Аввало Маҳатма Ганди ҳеҷ вақт тарафдори тақсим шудани Ҳиндустон набуд ва ҳамеша зид буданашро изҳор мекард. Лекин бисёр шахсони дар тақдири Ҳиндустон дар ҳамон солҳо нақши ҳалкунанда дошта диданд, ки вазъият на идора карда мешаваду на ҷилавгирӣ. Ягона роҳи вазъияти фоҷиаборро дигар кардан ду тақсим шудан монда буд.

Ин нуқтаро низ гуфтан ҷолиб аст, ки ҳамон хонае, ки бо номи Бирла Мандир дар Деҳлӣ маълум буду Маҳатма Ганди охирин 144 рӯзи зиндагиашро дар он гузарондааст ва ҳамон ҷо кушта шуд, ҳоло осорхонаи Маҳатма Ганди мебошад ва ҳамчун “Ганди смритӣ” (Ёдбуди Ганди) унвон гирифтааст. Хона хонаи Бирла буд, онро соли 1971 ҳукумат аз Кришна Кумар Бирла бо нархи 5 миллиону 400 ҳазор рупия ва додани 2, 8 гектар замин дар дохили шаҳр харида, ҳамчун осорхонаи Маҳатма Ганди эълон намуд. Дири ин осорхона аз 15 августи соли 1973 инҷониб барои дидан кушода аст. Кӯчае, ки ин осорхона он ҷо ҷойгир аст кӯчаи 30 - уми январ ном гирифтааст ва аз маркази Деҳлии Нав тақрибан ду километр дуртар воқеъ аст.
 

 Ҳабибулло Раҷабов

БОЗГАШТ