АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таҳаввули сиёсати Ҳиндустон дар мавриди Афғонистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Зиёда аз се даҳсола инҷониб таҳаввулоти дохилии Афғонистон дар меҳвари таваҷҷӯҳи натанҳо давлатҳои ҳамсоя, балки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Вазъ дар атрофи Афғонистон пас аз ҳодисаҳои террористие, ки 11 – уми сентябри соли 2001 дар Амрико ба вуқӯъ омад, муташанниҷ гардид. Зеро амалиёти террористии дар Ню-Йорк содиршуда масъулияти ҷавоб гуфтан барои тарҳрезии онҳо ба дӯши гурӯҳҳое афтод, ки дар қаламрави Афғонистон паноҳ ёфта буданд. ИМА дар ташкил намудани ин ҷиноят Роҳбари ташкилоти терористии “Ал-қоида” Усома бин Лоданро, ки дар қаламрави таҳти назорати “Толибон” ба сар мебурд, муттаҳам намуд.    Новобаста аз он, ки Ҳиндустон бо Афғонистон сарҳади муштарак надорад, лекин дар фазои ягонаи геополитикӣ ва робитаҳои анъанавӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қарор доранд. Таъмини субот дар Афғонистон, хатми муноқишаҳои мусаллаҳона дар ин кишвар, ҳифзи тамомияти арзии он шароити зарурӣ барои муътадил кардани вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барои ҳалли як қатор мушкилоти дохилии Ҳиндустон омилҳои муҳим ҷиҳати ҳамкорӣ бо Покистон мебошанд. Бадшавии вазъияти Афғонистон барои Ҳиндустон ҳамчун давлати сермиллат ва федеративӣ метавонад омили ноустувор шудани вазъият дар дохили кишвар ва сарҳадоти он гардад. Набудани сарҳади умумӣ наметавонад боиси ноустувор шудани вазъияти дохилии Ҳиндустон ва таҳдиди амнияти миллӣ нашавад.
   Ҳиндустонро аз Афғонистон қаламрави Покистон - давлате, ки муддати тӯлонӣ рақиб ва мухолифи Ҳиндустон аст, ҷудо мекунад. Покистон ба нерӯҳои низомии мухолиф, аз ҷумла Ҳаракати экстремистии исломии “Толибон” кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад[3, 24].
   Тавре сафири собиқи Ҳиндустон В. Каҷу дар Афғонистон таъкид кард: “Покистон дар таҳияи сиёсатгузории Афғонистон нақши муҳим надорад ва Ҳиндустон ба Афғонистон тавассути айнакҳои кишвари сеюм нигоҳ намекунад, бо вуҷуди ин, Деҳлӣ нақши Покистонро дар рушди рӯйдодҳои Афғонистон аз охири солҳои 1970 ва 1980-уми асри гузашта фаромӯш карда наметавонад”[9,32].
   Дар муқовимат бо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон, Ҳиндустон чун анъана Эътилофи шимолро аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳарбӣ дастгирӣ мекард, ки неруҳои асосии онро бештар тоҷикони Афғонистон ташкил мекарданд[8]. Ҳукумати Ҳиндустон Покистонро барои аз хати назоратии Иёлоти Ҷамму ва Кашмир гузаштани ифротгароён ба қаламрави Ҳиндустон барои ташкил намудани амалиётҳои террористӣ, ки бештари онҳо муҷохидҳои афғон буданд, айбдор намуд.
   Ҳиндустон амалҳои худро нисбат ба Афғонистон бо дарназардошти омили исломӣ иҷро менамояд, зеро қисми зиёди аҳолии онро мусулмонон ташкил мекунанд. Барои ҳамин ба сари ҳокимияти Афғонистон омадани ифротгароёни ҳаракати исломии “Толибон” Деҳлиро нигарон сохта буд, ки ба ин далел гурӯҳҳои исломии радикалии худи Ҳиндустон шояд фаъол шаванд. Ҳиндустон барои истифода набурдани ҳудуди Афғонистон ҳамчун пойгоҳи омӯзишии инфротгароёни кашмирӣ ва инчунин, барои назорати қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон мароқ зоҳир мекард.
   Баъд аз пошхӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстона бо Афғонистон барои Ҳиндустон муҳим гашт, зеро ин омили хуби ривоҷ ёфтани робитаҳои ӯ бо давлатҳои нави соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ буд. Аз вазъияти Афғонистон имкониятҳои тараққиёти робитаҳои иқтисодии Ҳиндустон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ вобаста буд, чунки аз қаламрави он тамоми муносибатҳои байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегузаштанд, ки онҳо метавонистанд ба даст овардани манбаҳои энергетикии минтақаро барои Деҳлӣ осон гардонанд.
   Дар давраи ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон, Ҳиндустон дар баробари муқобил будан ба дахолати як давлат ба корҳои дохилии як давлати дигар, ворид шудани Иттифоқи Шуравӣ ба Афғонистонро рӯирост маҳкум намекард. Баъд аз баровардани қушунҳои Шӯравӣ ва пошхӯрдани Иттифоқ, мавқеи Россия ва Ҳиндустон дар масъалаи Афғонистон рост омаданд ва айни ҳол робитаҳои онҳо хело хубанд ва мавқеъҳои онҳо қариб мувофиқат мекунанд.
   Аллакай моҳи марти соли 1996 дар арафаи сафари вазири корҳои хориҷии собиқи Русия Е.М. Примаков ба Ҳиндустон, маҷаллаи ҳиндии  «Indian time» ба монандии мавқеи Россия ва Ҳиндустон, ки ба забти минтақаҳои асосии Афғонистон аз ҷониби “Толибон” ва дахолат кардани Покистон, ИМА ва баъзе давлатҳои халиҷи Форсро ба корҳои дохилии Афғонистон таъкид намуд [3, 26].
   Устувор гаштани ҳокимияти “Толибон” чӣ дар Маскав ва чӣ дар Деҳлӣ ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои стратегии онҳо дар минтақа ба ҳисоб мерафт. Ҳукумати Ҳиндустон ба мисли дигар кишварҳо ҳукумронии “Толибон”-ро дар ин минтақа, хатар ва ҳадафҳои ғаразнок медонист. Ҳиндустон ва Русия барои сулҳу субот дар ин кишвар ва батанзимдарории гурӯҳҳои хусуматдошта, ки ба корҳои дохолӣ халал ворид месохтанд, забон як карда, зидди ин гурӯҳҳо амал мекарданд. Ғайр аз Ҳиндустон, Русия ва Эрон низ барои ба танзимдарории роҳҳои савдо, ки ба Осиёи Миёна мебаровард, бар зидди гурӯҳҳи “Толибон” амал мекарданд. Дар ин нақшаи роҳҳои тиҷоратӣ, ки ба Осиёи Миёна мебаромад, Ҳиндустон низ ҷалб карда шуд ва метавонист бо истфиода аз вазъ борҳои худро ба бозор барорад. Вазири корҳои хориҷии онвақтинаи Эрон низ дар як суханрониаш қайд карда буд, ки ин кишвар бо Ҳиндустон дар як мавқеъ қарор доранд ва метавонанд якҷоя ин мушкилиро бартараф созанд.
   Соли 1996 ҳукумати Эрон муовини президенти Ҳиндустон К. Р. Нороянанро даъват намуд. Дар ин вохӯрияш К. Р. Нороянан изҳор дошт, ки мо бояд якҷоя барои сулҳи Афғонистон кумак кунем ва мавқеи стратегияи фароминтақавии ҳукумронро аз кишвар ва тамоми минтақаҳо дур созем.
   Бо ташаббуси Эрон охирҳои моҳи октябри соли 1996 дар Теҳрон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Кишварҳои дӯст ва ҳамсояи Афғонистон” баргузор гардид, ки дар ин конфронси байналмилалӣ Руссия, Эрон, Ҳиндустон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, намоянда аз Созмони Милалӣ Муттаҳид ва намоянда аз Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК) иштирок намуданд. Ҷумҳурии Исломии Покистон низ дар ин конфронс даъват шуда буд, аммо иштирок дар ин конфронсро беҳуда хонд, зеро ба назари мақомоти Покистон “то мардуми афғон миёни худ созиш накунанд, ин ҳама нишастҳо беҳуда ва бе натиҷа анҷом меёбад”.
   Вазири пешини корҳои хориҷии Ҳиндустон И. К. Гуҷрал, 4-уми ноябри соли 1996 дар суханронияш ин масъаларо ёдоварӣ шуда, қайд намуд, ки “дар Эрон барои сулҳу субот ва оромии Афғонистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, аммо баъзе кишварҳо (Ҷумҳурии Исломии Покистон, - аз муаллиф) бар зидди ин конфронс буданд ва намехостанд ҳаракатҳои террористӣ дар Афғонистон аз байн бурда шаванд"[7, 27].
   Маҳз Ҳиндустон ва Эрон муқобили ин амалҳо истодагарӣ карданд ва нагузоштанд, ки ҳамаи хостаҳояшон амалӣ шавад. Дар ҳолати тезу тунд ва шиддат ёфтани ҳаракатҳои “Толибон” дар Афғонистон собиқ президенти ин кишвар Муҳаммад Наҷибуллоҳ ва бародараш кушта шуданд. Ин куштори сентябри соли 1996 яке аз аввалин қатлҳои ҷамъиятии “Толибон” буд, ки дар пойтахти Афғонистон рух дод. Ҳукумати Ҳиндустон 12 – уми октябри ҳамон сол барои барқарор кардан ва мустаҳкам гардонидани қувваҳои мусаллаҳ ва аз ҳама муҳим озодии мардуми афғон, кушиши зиёди худро ба харҷ дод, ки дар натиҷа СММ ҷонибдори Ҳиндустон шуд.
   16 – октябри соли 1996 намояндаи доимии Ҳиндустон дар СММ Пракош Шоҳ дар нишасти Шуроӣ амният бо изҳороти махсус оид ба вазъияти Афғонистон баромад кард. Ӯ ёдовар шуд, ки “Ҳукумати Ҳиндустон Бурҳониддин Раббониро чун президенти расмии пешини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қабул дорад”. Ба ақидаи Ҳукумати Ҳиндустон, агар кишварҳои абарқудрат ва ҳамсоякишварҳо хоҳанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба анҷом расад, бояд онҳо ба як хулоса омада, манфиатҳои худро бо роҳҳои зӯроварӣ дар Афғонистон истифода набаранд. Ҳиндустон ягона кишвари ташаббускоре буд, ки дар ҳама конфронсҳои байналмилалӣ барои сулҳу оромии Афғонистон сухан меронд. Моҳи ноябри соли 1996 дар шаҳри Ню – Ёрки ИМА конфонс оид ба Афғонистон баргузор гардид, ки дар он 19 кишвар аз ҷумла ИМА, Покистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Хитой ва кишварҳои абарқудрати аврупоӣ иштирок доштанд. Дар ин конфронс намояндаи Ҳиндустон К. Рангунат иброз намуд, ки “Афғонистон метавонад бе дахолати кишварҳои дигар тинҷиву оромиро дар кишвари худ пойдор созад”. Инчуни зарур аст, ки дар Кобул зулм ва қувваи низомиро қатъ намоянд, то ин ки раванди сиёсии кишвар ба танзим дароварда шавад[4].
   Дар охирҳои соли 1999 ҳукумати Ҳиндустон барои боз ҳам хуб кардани муносибатҳои худ бо Афғонистон сиёсати фаъолтарро пеш гирифт. Ҳамин тавр, 31 – уми августи соли 1999 вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷасват Сингҳ дар мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “қарори ҳукумат оид ба сиёсати расмии кишвар дар муносибати Афғонистон аз нав дида баромада шавад ва аз “бепарвоӣ” ба “ҷиддият” гузарад”[5,35]. 2 сентиябри соли 1999 ду дипломати баландмартабаи ҳукумати Ҳиндустон дар ҳамин мавзӯъ ба ИМА сафар карданд ва дар ин сафар бо ёрдамчии президенти ИМА оид ба Осиёӣ Миёна С. Карлом суҳбат намуданд. Ҳамин тариқ, бар зидди ҳаракатҳои фаъоли террористие, ки 90 % шаҳру минтақаҳои Афғонистонро забт карда буданд, чораҷӯӣ намуданд[4,35].
   Сабаби фаъолшавии Ҳиндустон дар муносибат бо Афғонистон дар он буд, ки дар минтақаҳое, ки Толибон назорат мекарданд, ҳуқуқи шахс аз ҷумла занҳо поймол мешуд ва ин тарзи муносибат онҳоро ба асримиёнагӣ бурда мерасонд. “Толибон” рӯӣрост террористи асосии байналмилалӣ Усома бин Лоданро, ки дар ҳаракатҳои ифротӣ бар зидди ҳукумати Кобул ширкат меварзид ва инчунин ҷомеаи ҷаҳониро инкор мекард, дастгирӣ мекарданд.
   Пуштибонони ҷунбиши “Толибон” худи Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон буданд, ки дар охир фаъолияти худро бар муқобили ин ҷунбиш ба роҳ монданд[3,29]. Аз аввал ба он ақида буданд, ки ғалабаи “Толибон” низоми баъд аз Шӯравӣ дар Афғонистонро решакан менамояд ва вазъи ин кишварро ба як тартиби муайян медарорад, аммо ин пурра амалӣ нагашт. Инчунин ба ақидаи намояндагони департаменти давлатии Амрико “агарчӣ ақидаи онҳо фундаментали ҳам бошад, лекин ҳадафҳои зидди Амрикоро ба монанди Эрон пайравӣ намекунанд”[7,28]. Аммо баъдан ҳукумати Амрико ҳаракати “Толибон”-ро дастгирӣ накард, зеро онҳо Усома бин Лоданро қабул ва паноҳ карда буданд. Дар натиҷа, ҳукумати ИМА Усома бен Лоданро душмани “рақами яки” худ эълон кард ва 5 миллион доллар барои муайян намудани ҷойи ў пешниҳод кард.
   Террористи байналмилалӣ Усома бен Лодан дар навбати худ ба ду кишвар - Амрико ва Ҳиндустон ҷиҳод эълон кард. Аввалҳои моҳи октябри соли 1999 дар Ҷалолобод, “ҷанги муқаддас” бар зидди Ҳиндустон эълон намуд, ки дар эъломия он омада буд: “Душманони асосии мо Ҳиндустон ва ИМА мебошад, ки мо бояд ба онҳо дарси ибрат диҳем. Ҳаракаҳои Ҳиндустон дар Кашмир маргбор аст. Бен Лодан тайёр аст ба муҷоҳиддини Кашмир дасти ёрӣ дароз кунад. Дар баробари ин гурӯҳҳои муҷоҳиддонро дар Покистон мебояд муттаҳид шуда, бар муқобили ИМА ва Ҳиндустон мубориза баранд”.
   Ташвиши асосии Ҳиндустон ин муҷоҳидони афғон буданд, ки аз сарҳади ҳамсоякишвари худ Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ба осонӣ ворид гардида, амалҳои номатлуби худро содир мекарданд. Содир кардани амалҳои номатлуб ва эҷод кардани ҳар гуна хатарҳои ифротгароидошта дар минтақаҳои сарҳадие, ки бо Покистон мегузашт, дар он буд, ки Ҳиндустон мавқеи онҳоро дар Афғонистон танг мекард ва намегузошт бар зидди мардуми осоишта ва ҳукумати кишвар биҷанганд. Яке аз омилҳои ҷудогонаи ин ҳодисаҳо аз солҳои 80-ум маълум аст, ки силоҳу аслиҳа дар тамоми шаҳру минтақаҳои ин кишвар паҳн шуда буданд. Муҷоҳидоне, ки дар Афғонистон буданд, дар гурӯҳҳои “Ал – Ансор” ва “Ал – Фаран” амал мекарданд, ки баъдтар соли 1995 дар Кашмир 5 – сайёҳи ғарбиро ба гарав гирифта буданд[4,29]. Онҳо гурӯҳҳои ҷанговароне буданд, ки танҳо аз сарҳади Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ворид мегардиданд. Шумораи ҷанговарони ин гуна қабилаҳои афғонӣ дар Кашмир зуд – зуд тағйир меёфт.
   Ҳиндустон дар шабакаи интернетӣ саҳифаи махсусе бо номи “Ҳақиққат дар Кашмир” дошт, ки соли 1999 мақолае бо номи “Толибон дар Кашмир” ба нашр расонд. Дар ин мақола нуқтаи назари таҳлилгарони ҳиндӣ ва кашмириро оварда қайд мекунад: “Аз вақте, ки Толибон дар Афғонистон ғолибиятро ба даст оварда буданд, зиёдшавии ҷанговарони исломӣ ва амалҳои ношоистаи онҳо дар Кашмир ба назар мерасид”. Вале ин маънои онро надорад, ки муҷоҳидони афғон дар қаламрави Ҷамму ва Кашмир дар задухурдҳо иштирок накардаанд. Онҳо дар атрофи Ҳиндустон ҷойгир буданд, аммо бо шумораи камтар.
   Бо таваҷҷӯҳ ба факту рақамҳо ва мисолҳои зикршуда, метавон натиҷагири намуд, ки Ҳиндустон яке аз бозигарони муҳим дар таҳаввулоти чор даҳаи ахири Афғонистон мебошад. Чанд омил сабаб ва далели асосии дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҳиндустон қарор гирифтани Афғонистон мебошад. Яке аз омилҳои асосӣ рақобати таърихии Ҳидустон бо Покистон мебошад, ки аз замони истиқлолияти Покистон (1947) ва ҷудо шуданаш ин ду кишвар аз ҳамдигар идома дорад. Рақобати ин ду кишвар бар сари даъвоҳои ҳудудӣ дар Кашмир боиси тақсими ин минтақа ба ду бахш шуда, низоъ дар ин минтақа бештар аз 70 сол идома дорад. Ва як ҳадафи Ҳиндустон аз таваҷҷуҳаш ба масъалаи Афғонистон ҷилавгирӣ аз афзоиши нуфузи Покистон дар ин кишвар мебошад. Ҳиндустон ҳамчунин, аз истифода шудани Афғонистон ба ҳайси пойгоҳи неруҳои тундрави мазҳабии Кашмир нигарон аст. Зеро дар гузашта ширкати тундравони омӯзишдида дар пойгоҳҳои Афғонистон дар низоъҳои Кашмир мушоҳида шудааст.
   Дар навбати худ Покистон Ҳиндустонро муттаҳам мекунад, ки ба гурӯҳҳои ифротии мухолифи давлати Покистон, ки асосан ба таҳрики толибони Покистон иборат мебошад, кӯмаки молӣ ва низомӣ мекунад. Мақомоти Покистон муътақиданд, ки пойгоҳҳои ин мухолифон дар хоки Афғонистон қарор дорад ва Ҳиндустон кӯмакҳои худро ба ин гурӯҳҳои исломгарои тундрав аз тариқи Афғонистон мерасонад.
   Ҳиндустон ба Афғонистон ба ҳайси роҳи тиҷоратии роҳ ёфтан ба бозорҳои Осиёи Миёна нигоҳ мекунад, аммо дар ин миён Покистон монеъи рушди ҳамкориҳои ду кишвар шудааст. Зеро роҳҳои тиҷоратӣ ва заминии Афғонистон ва Ҳиндустон аз тариқи Покистон убур мекунад. Ҳиндустон ахиран 400 миллион доллар дар сохтани бандари Чорбаҳори Эрон сарф намуд, ки ҳадаф аз он боз намудани роҳи алтернативии транзитӣ барои Афғонистон мебошад. Ин иқдом вобастагии Афғонистон аз роҳҳои транзитии Покистонро кам мекунад.
   Ин омилҳо боиси таваҷҷуҳи Ҳиндустон ба масъалаи Афғонистон шуда, дар навбати худ афзоиши рақобати Ҳинду Покистон дар Афғонистон сабаб шудааст, ки буҳрони дохилии Афғонистон идома пайдо намояд.
 
   Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
  1. Искандаров Қ. Афғонистони имрӯз: омилҳои дохилӣ ва хориҷии ҷангу сулҳ. Душанбе: 2018, Доинш, 219 саҳ.
  2. Ф.Ҷалол. Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон. Душанбе: 2019, Эр-граф. 349 саҳ.
  3. Т.Л. Шаумиян. Индия и Афганистан в региональном контексте//Современный Афганистан и сопредельные страны (Сборник статей): Москва, 2011. 315 сах.
  4. Indian Express, 20.11.1996. https://indianexpress.com/article/india/politics/once-upon-a-poll-11th-lok-sabha-election-1996/
  5. Mainstream, New Delhi, 04.09.1999, vol. XXXVII, ;№ 37, 280 саҳ.
  6. Mainstream, New Delhi, 11.09.1999, vol. XXXVII, ; №38, 285 саҳ.
  7. Современный Афганистан и сопредельные страны (Сборник статей): Москва, 2011. 315 сах.
  8. Security Situation in Afghanistan: India’s Options // SAPRA India Monthly Bulletin. September 2003. https://www.google.com/search?q=2.+Security+Situation+in+Afghanistan%3A+India%E2%80%99s+Options+%2F%2F+SAPRA+India+Monthly+Bulletin.+September+2003
  9. Aunohita Mojumdar. Indo-Pak. Rivalry in Afghanistan // Hindu, Madras, 2003. 220 саҳ.
  10. Афганистан в начале XXI века. Москва, 2004. 228 саҳ.
 Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,
магистранти соли дувуми Институт
 

БОЗГАШТ