АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таҳқиқоте дар бораи тоҷикони Афғонистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Оғози таълифи асарҳои таҳқиқӣ-таърихӣ дар бораи миллати мо бо номи «Тоҷикон» шуруъ аз «Тоҷикон»-и А.Д. Гребенкин (1872) оғоз мешуд, ки дорои таърихи тақрибан 150-сола мебошад. Вале то ба имрўз ба аксарият маълум набуд, ки 210 сол муқаддам, яъне соли 1808 дипломати бритониёӣ-Моунтстуарт Элфинстон ба тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислатҳои тоҷикони куҳистони Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мушоҳидаю пажуҳиши хешро бо номи «Тоҷикон» дар китобаш «Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод (Гузориши салтанати Кобул)» ҷой додааст.

   Ин китоби ҳаҷман хурдро, ки аз хати форсӣ ба тоҷикӣ Ҷумъахон Сайдалӣ баргардон намудааст, аслан мақолаест ба қалами дипломати бритониёӣ – М.С. Элфинстон ба тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислатҳои тоҷикони кўҳистони Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, мушоҳидаю пажўҳиши хешро бо номи «Тоҷикон» дар китобаш «Афғонистон: ҷой, фарҳанг нажод (Гузориши салтанати Кобул)» ҷой додааст. Дар он тарзи зисту зиндагӣ, машғулият ва хислати тоҷикони кўҳистони Афғонистон дар ибтидои асри XIX мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

    Ҷумъахон С. мегўяд, ки М.С. Элфинстон, албатта, дар алоҳидагӣ ва махсус оид ба тоҷикон таҳқиқот анҷом надодааст, балки ў дар баробари қавмҳои ҳамонрўзаи сарзамини Афғонистон, ба зарурат тоҷиконро низ мавриди омўзиш қарор додааст. Бо вуҷуди ин маълумоти ӯро бисёре аз донишмандон-муҳаққиқон мавриди истифода қарор дода, аз ҷумла таълифоти арзишманди ин мавзӯъ донистаанд.

   Агарчи доир ба шарҳи истилоҳи «тоҷик» баъзе саҳвҳо рафтааст (аз ҷумла, ин ки тоҷикон омехтаи арабу эронианд), бо вуҷуди ин аввалин таҳқиқоти пазируфтаи илмист.

   Китоби «Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод, (Гузориши салтанати Кобул)»-ро Муҳаммад Осафи Фитрат аз забони англисӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

   Моунтстуарт Элфинстон

   Мансабдори давлатӣ ва муаррих, 6 октябри соли 1779 дар Дамбартоншири Шотландия зода шудааст. Соли 1796 ба хидмати ширкати бритониёии Ҳинди Шарқӣ даромада, сипас муовини намояндагии сиёсии Бритониё дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон таъин мегардад. Моҳи сентябри соли 1808 замоне ки Элфинстон ба сифати намояндагии сиёсӣ дар Нагпур ифои вазифа менамуд, бинобар сабабе, ки гӯё Фаронса мақсади ҳуҷум ба Ҳиндро дорад, ба дарбори амири Афғонистон фиристода мешавад. Иқомати ҳайати сафорат дар қаламрави Афғонистон бо муддати таваққуф дар Пешовар аз 25 феврали 1808 то 21 июли соли 1809 идома ёфтааст. Ӯ аз соли 1819 то соли 1827 мақоми фармондории Бомбай (имрӯза Мумбай)-ро ба уҳда дошта, дар пешбурди омӯзиши мардуми маҳаллӣ нақши муҳимме доштааст, ки сангнавиштаи мармарини “Донишсаройи Элфинстон” гувоҳи он ҳама кӯшишҳои ӯст. Баъди бозгашт ба Бритониё ба Элфинстон ду маротиба мақоми фармондори кулли Ҳинд пешниҳод мегардад, вале ӯ аз пазируфтани ин мақом сар мепечад. Элфинстон 20 ноябри соли 1859 дар Сарреу вафот кардааст. Тадқиқоте, ба мисли “Таърихи адвори Ҳинд ва мусалмонон”, “Тулӯ қудрати Бритониё дар Шарқ” ва “Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод” ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

   Тоҷикон

   Тоҷикон монанди бисёре аз миллатҳо ташаккули воҳиде надоранд ва ба сарзамини воҳиде ҳам маҳдуд намешаванд, балки дар бахши муҳимме аз Осиё парокандаанд. Онон бо ӯзбекон ва ҳам бо афғонон дар бисёре аз тавобеи ин ду кишвар махлутанд. Сокинини муқими эронӣ дар баробари муҳоҷимон (истилогарон)-и  тотор ё дар баробари ақвом (қавмҳо)-и хонабадӯш, ки зоҳиран дар асл эронианд, тоҷик номида мешаванд. Тоҷиконро ҳатто дар Туркистони Чин ҳам метавон дид ва дар сарзаминҳои кӯҳистонии Қаротегин, Дарвоз, Вохон ва Бадахшон ҳукуматҳои мустақил доранд.

   Онон ҷуз дар ин навоҳии мустаҳкам ва чанд ноҳияи маъдуди дурафтода, ки пасонтар ёд хоҳад шуд, ҳаргиз дар ҷавомеи муҷаззо ёфт намешаванд, балки бо ақвоми ҳокими сарзаминҳое, ки дар он зиндагӣ мекунанд омехтаанд ва дар пӯшок ва расму ривоҷ ҳаммонанди ононанд. Чунин менамояд, ки онон дар Эрон, дар ҷилгаҳо (водиҳо, заминҳои ҳамвор)-и Афғонистон ва дар манотиқи ӯзбек пеш аз вуруд ва ғалабаи дигар ақвом сокин будаанд.

   Номи тоҷик корбурди нисбатан густурдае дорад. Ин ном гоҳ ба ҳама касоне итлоқ (мансуб) мешавад, ки бо туркон ё бо афғонон махлутанд ва аз таборашон нестанд ё нажоде ношинохта доранд; аммо ба гунае дурусттар бар форсизабонони манотиқе итлоқ мешавад, ки дар он манотиқ ба забони туркӣ ва ё забони пашту сухан мегӯянд. Номҳои «тоҷик» ва «порсивон» ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Туркистон мутародиф ва ба як маъно ба кор мераванд.1

   Барои лафзи тоҷик маъонии мутаъдаде овардаанд; аммо муносибтар аз ҳама он аст, ки аз вожаи тозик Tauzik ё тоҷик, ки дар мутуни (матнҳои) паҳлавӣ бар араб итлоқ мешавад, муштақ шудааст; чунон ки дар чандин фарҳанги форсӣ ҳам тоҷикро ба маънои дудмони араб, мутаваллид дар Форс ё ҳар кишвари дигари хориҷӣ медонанд2. Ин ривоят бо таваҷҷуҳ ба вазъи мавҷуди тоҷикон ва ҳадсу гумонҳое, ки дар боби торихашон дар робита бо торихи кишварҳое, ки дар онҳо зиндагӣ мекунанд, зада мешавад, баъид наменамояд.

   Пас аз баъсати ҳазрати Муҳаммад (с) тамоми Эрон ва сарзамини ӯзбакон дар садаи аввали ҳиҷрӣ тавассути арабҳо фатҳ шуд. Онон аҳолиро ногузир аз пазириши дин, забон ва бахше аз одоби хеш сохтанд. Афғонистон ҳам дар ҳамин вақт мавриди ҳамла қарор гирифт, вале пирӯзии муҳоҷимон комил нашуд. Онон бар ҷилгаҳо фотеҳ шуданд, вале навоҳии кӯҳистонӣ то се садаи дигар аз тасарруфашон барканор монд. Ин сарзаминҳо дар ин се қарн бахше аз имперотурии Эрон боқӣ монд ва забони аҳолӣ ба эҳтимоли ҳама аз форсии бостон баргирифта шудааст ва чун ба итоати аъроб даромаданд ва дини исломро пазируфтанд, бо омехтани забони бостонии худ бо бахше аз забони фотеҳон забони форсии навинро ба миён оварданд. Муҳтамалан (эҳтимол) ҳамин ҳангом ду миллат ба ҳам омехтанд, ки онон ниёкони тоҷиконанд. Ҳақоиқи сабтшуда дар мавриди Афғонистон бо ин пешниҳод мутобиқат дорад, зеро дар гузориши баъдӣ дар мавриди ин кишвар пас аз ҳамлаи аъроб мебинем, ки тоҷикон заминҳои ҳамворро дар ихтиёр доштанд ва афѓонон (ки далоили муътамаде дар бумӣ буданашон дорем) дар кӯҳистонҳо буданд. Афғонон сипас аз кӯҳҳо фуруд омаданд, заминҳои ҳамворро тасарруф карданд ва тоҷиконро ҷуз онон, ки сарзаминҳои мустаҳкаме доштанд ва тавонистанд то ҳадде истиқлолашонро ҳифз кунанд, ба итоати худ дароварданд. Ҳамин гуна омезиши араб ва форс омили ба вуҷуд омадани тоҷикони Туркистон шуд, ки он сарзаминро то ҳуҷуми тотор дар ихтиёр доштанд. Бахше аз онон, ки дар ҷилгаҳо буданд, шикаст хӯрданд ва ба фармонбарии кунунӣ таназзул карданд, вале тоҷикон иртифооти истиқлолашонро ҳифз карда, давлатҳои ҷудогонаи Дарвоз, Бадахшон ва ҷуз онҳоро ташкил доданд.

   Тоҷикон бо истифода аз масокини муин, дилбастагӣ ба кишоварзӣ ва дигар мазоҳири зиндагии ақвоми муқим дар ҳама ҷо мумтозанд. Бархе аз онон ҳанӯз амлоке дар ғарби Афғонистон доранд, ки рӯзе молики он буданд, аммо бештарашон амлоки хешро аз даст дода, кишоварзон ё иҷорадорони арбобони афғонанд. Ҳанӯз имкони таҷовуз бар амлокашон аз ҷониби сокинони диёрашон мавҷуд аст, ҳарчанд ки аз баракати ҳифозати ҳукумат акнун ин хатар рафъ гардида ва дигар таҳқир ва фишоре бар онон раво дошта намешавад. Вазъи тоҷиконе, ки дар заминҳои афғонон ё ба сифати «ҳамсоя» дар он қабоил зиндагӣ мекунанд, пештар шарҳ дода шудааст. Ҳамчунон тоҷиконе, ки рустое аз худ доранд. Дар ғайри он умури русто тавассути кадхудои мунтахаб ва то ҳадде маврусӣ, ки мавриди  таъйиди шоҳ аст, идора мешавад. Кадхудо ҳамон қудратеро дорад, ки шоҳ ба ӯ супурдааст. Ин ихтиёроти бештар дар робита бо ҷамъоварии молиёт ва фарохонии сипоҳиён аст. Ӯ салоҳияти ҳалли даргириҳои ҷузъиро дорад, вале умури муҳим ба ҳукмрони маҳал ё қозии наздик ирҷоъ мешавад.

   Тоҷикон мардумоне сулҳҷӯ ва мутеи ҳукуматанд. Афзун бар кишоварзӣ, ба санъатҳо ва пешаҳое, ки афғонон тарк гуфтаанд, низ мепардозанд. Мардумони мулоимтабъ, бовиқор ва заҳматкашанд. Аз бисёре ҷиҳот дар афғонон ҳал шудаанд, аммо бештар хасоили (хислатҳои) ҳамидаашон, на камбудҳояшонро пазируфтаанд. Табиаташон чандон сипоҳигарона нест, ҳарчанд ки ба тозагӣ хӯи сипоҳигарӣ дар онон бедор шуда ва неру мегирад. Онон ҳама санноёнии сахтгиранд. Аз он ҷо ки вазъашон маҷоле на барои пойдорӣ ва на барои гурез медиҳад, нахустин омоҷфишорҳоянд. Ва ба ҳамин сабаб аз вазъи кунунии салтанат розӣ нестанд ва аз каҷравиҳои ҳукумат шиква доранд, аммо замоне ки мамлакат қарини оромиш аст, аз онон ба хубӣ ҳифозат мешавад ва ба сурати куллӣ ҳаводори салтанати Дурронианд.

   Онон бо афғонон равобити ҳасана доранд, ки ҳарчанд ононро фурӯдасти хеш мешуморанд, рафторашон мутакаббирона ва тавҳиномез нест, балки бо онон хешовандӣ мекунанд ва муоширате баробар доранд. Тоҷикон беш аз афғонон ба ҳукумат молия медиҳанд ва саҳми муҳимме дар тадоруки сипоҳӣ ва малиша (масъули ҳифзи тартиботи дохилӣ) доранд.

   Шумори тоҷикон дар шаҳрҳо бисёр аст ва бахши умдаи ҷамъияти атрофи шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ҳирот ва Балхро ташкил медиҳанд. Дар ҳоле ки дар манотиқи нофармони кишвар, монанди манотиқи ҳазора, ғалҷӣ, ҷанубӣ ва кокар ба нудрат (гоҳ-гоҳ) тоҷикеро метавон ёфт.

   То ин ҷо аз тоҷиконе сухан гуфта шуд, ки бо афғонон омехтаанд. Онон, ки ҷавомеи мустақиле доранд, дар навоҳии дурафтода ва душворгузар зиндагӣ мекунанд ва бо дигарон аз чандид ҷиҳат фарқ доранд.

   Тоҷикони кӯҳистон

   Нахустин гурӯҳе, ки аз онон ёд хоҳад шуд, «кӯҳистонӣ» номида мешаванд, ки дар кӯҳистони Кобул зиндагӣ мекунанд. Ин минтақа аз шимолу шарқ ба кӯҳҳои пӯшида аз барфи Ҳиндукуш ва баромадагии ҷанубии он маҳдуд аст. Дар Ғарб минтақаи ҳазора ва силсилакӯҳи Порупомиз воқеъ аст ва дар ҷануб ба Кӯҳдоман, ки пештар ёд шуд, мепайвандад.

   Кӯҳистон аз се дараи тӯлонӣ – Наҷров, Панҷшер ва Ғурбанд ташкил шуда ва ҳар як аз ин дараҳо ба чандин дараи танг ва сахрае муттасил аст ва дар онҳо чандин наҳр ва ҷӯйбор ҷорӣ аст, ки дар рӯдҳои бузурге  ташкил медиҳанд ва ба номи ҳамон дараҳо ёд мешаванд. Барои гузаштан аз ин наҳрҳо пулҳои чӯбӣ сохтаанд. Бастар (рӯдхона, дарёхона)-и ин наҳрҳо табиатан беҳтарин заминҳои зироии минтақа аст, аммо ин заминҳо бахши бисёр кӯчаке аз кӯҳҳои буланд, шебдор ва пӯшида аз дарахтони санавбарро ташкил медиҳанд. Дар ин заминҳо гандум ва дигар ҳубуб ба даст меояд ва аҷиб аст, ки дар чунин минтақаи баланд ва сард танбоку (тамоку) ва ҳатто пунба ҳам мекоранд. Аммо, беҳтарин василаи маоши мардуми минтақа боғҳо ва тутистонҳои бешумор аст. Тутро дар офтоб хушк ва орд карда, аз он нон месозандсимои кӯҳистониён нишон медиҳад, ки тут ғизои муфиде аст. Ва бар табақи муҳосиботи ин маҳсул дар як фазои муайян дар муқоиса бо дигар маҳсулоти кишоварзӣ ғизои шумори бештаре аз мардумро таъмин мекунад.

   Ҷамъияти кӯҳистон бо он ки иддае бисёре парокандаанд, қобили таваҷҷуҳ аст ва гуфта мешавад, ки ба чиҳил њазор хонавор мерасад. Бахше аз кӯҳистонро бояд аз ин ноҳия ҷудо шумурд ва он бахши кӯчак ва биёбонӣ аст, ки Реги Равон ном дорад ва ба ривояти Абулфазл саҳнаи достонҳои румонтик  аст. Домдори кӯҳистон чандон қобили зикр нест, вале ҷонварони ваҳшии он бояд бисёр бошад, ки гӯянд шер аз он ҷумла аст ва гург ва юзпаланг бисёр аст. Қуш ва булбул низ фаровон аст.

   Нерӯи ин сарзамин ба мардумони он вижагиҳое бахшида  ки ононро аз дигар тоҷикон, ки пештар ёд кардем, мумтоз сохтааст. Онон аз салтанати Кобул мустақил ва умуман тобеи раисони хешанд. Аз нигоҳи хасоили шахсӣ мардумоне далер тунду саркашанд. Шефтаи набарданд ва дар бистар мурданро нанг мешуморанд.

   Сарбозон махсусан дар кӯҳнавардӣ пиёданизоми хубеанд, вале ҷуръат ва шуҷоаташон дар беиттифоқиҳои дохилӣ аз миён меравад. Гоҳу бегоҳ ҷангҳои миёни ақвом ва рустоиҳои ин минтақа дар муқоиса бо манотиқи дигар натоиҷи бисёр ҷиддӣ медиҳад. Зеро, қатъи як дарахт, ҳамчун дарави як маҳсул осон вале пардохти тавонаш бисёр душвор аст. Аслиҳаи кӯҳистониён туфанги сабук ва кӯтоҳи коробин, туфанги фатилаӣ, туфангча ва ханҷаре кӯтоҳ ва тиру камон ва сипар доранд.

   Пӯшоки кӯҳистониён иборат аст аз ҷилақаи танг, шалвори сиёҳи пашмӣ, пӯстин ва кӯлоҳи кӯчаки абрешимӣ.

   Кӯҳистониён суннианд ва бо порсиён ва ҳамаи шиъиён дигар хусумати беандоза доранд. Онон чандин хон доранд, ки раиси ҳамаро хонҷӣ гӯянд. Ҳарчанд ки ин хонон наметавонанд хусуматҳои дохилиро кунтрул (назорат) кунанд, аммо амалиёти хориҷиро идора мекунанд, бавижа чун таассуби мазҳабӣ барангехта шавад. Ҳар раис барои худ таъсисоти мухтасари низомӣ дорад, аммо ҳар фарди ин сарзамин як сарбоз аст. Онон маблағи молия ба ҳукумат мепардозанд ва шумори сипоҳе фароҳам меоваранд. Аммо, бо вуҷуде ки акнун мутеъ шудаанд ба даст овардани ин чизҳо ташвиқ ва идораи дуруст мехоҳад.

   Душмании деринаи кўҳистониён бо шоҳ Маҳмуд боис шуд, ки бо расидани дуборааш бо қудрат сахт мухолифат варзанд.

   Онон нахуст аз бародараш шоҳзода Аббос тарафдорӣ мекарданд ва сипас хусуматашонро таҳти фармони як паёмбари дурӯғин идома доданд. Ҷанги тӯлонӣ бештар барои сарбозони шоҳ Маҳмуд ногувор буд, аммо саранҷом неруи вазир Фатҳхон пирӯз шуд ва акнун ҳама мутеъанд.

   Тоҷикони баракӣ

   Табақаи дигари тоҷикон мардумони баракианд, ки дар Лугар ва Бутахок зиндагӣ мекунанд. Онон ҳарчанд бо аъроб омехтаанд, бо дигар тоҷикон ин фарқро доранд, ки аз худ дорои раисоне ҷудогона ва дар сипоҳигарӣ номваранд. Қалъа ва замин доранд ва шумори қобили таваҷҷуҳе сарбоз барои ҳукумат фароҳам меоваранд. Дар рафтор ва кирдор ба афғонон дар муқоиса бо дигар тоҷикон бо инон ба назари хуштар менигаранд ва шуморашон акнун ба ҳашт ҳазор хонавор мерасад.

   Ҳамаи ривоятҳо бар ин мавзӯъ тавофуқ доранд, ки Султон Маҳмуд дар садаи ёздаҳум (садаи панҷуми ҳиҷрӣ) ононро ба маскани кунуниашон кӯч додааст. Дар он вақт сарзамине паҳновар доштаанд, вале асл ва маншаашон маълум нест. Онон худро араб медонанд, аммо дигарон ононро аз дудмон (хонадон)-и курдон мешуморанд.

   Тоҷикони фурмулӣ

   Фурмулиён шохае аз тоҷикон ва дар шумор ҳамчанди баракиёнанд. Бисёре аз онон дар Аргун, дар миёни қабоили харутӣ зиндагӣ мекунанд ва бо он қавм сахт душмананд. Бахши дигар дар ғарби Кобуланд ва шуғли умдаашон тиҷорат ва зироат аст, ба ҳукумат молия ва сипоҳ медиҳанд.

   Сардиҳиён ва сиистониён

   Сардиҳиён мардумони чодарнишинанд, ки дар Сардиҳ, дар ҷануб-шарқи Ғазнӣ зиндагӣ мекунанд. Сиистониёнро, ки дар   шимоли минтақаи Балуч зиндагӣ мекунанд, ҳам метавон тоҷик хонд. Аммо дар ин ҷо ниёзе ба зикри тақсимоташон нест. Онон дар тахминоти ҷамъияти тоҷикон дар салтанати Кобул, ки 1 500 000 нафар буданд, ёд шудаанд.

 

   1 Афғонон тоҷиконро деҳгон низ гӯянд. Ӯзбакон ононро сирд ва сирт хонанд, ки зоҳиран кинояи хаффатомез аст. Сайёҳони мо дар Туркистон ононро овхавор Owkhaur меноманд.

   2 Бингаред ба фарҳанги форсии «Бурҳони қотеъ» зайли луғат «тоҷик», «Фарҳанги Иброҳимшоҳӣ» ба нақл аз дуктур Ледан (дар «Мутолиоти Осиёӣ»). Албатта, китобҳои дигар таъбироти мутаноқизе аз он доранд, вале гузиниши мо аз ҳама муътабартар аст. Ин калима, чунон ки дар боло ёд шуд, дар паҳлавӣ ба маънои араб аст. Дар форсӣ низ ба ҳамин маънӣ аст. Дар мавриди маънои паҳлавӣ истиноди ман ба Мулло Фирӯз- рӯҳонии зардуштӣ аст, ки иттилоот ва дониши ӯ дар ғарби Ҳинд ба хубӣ шинохта шудааст.

   3 Зоҳиран мақсади муаллиф «тархон» аст, ки аз якҷо кардани тут ва чаҳормағз (гардуӣ) кӯбида, навъе ғизои бисёр пурнерӯ ва хушмазза сохта ва ба ҷои нон масраф мешавад.

Умед Пудинаев

БОЗГАШТ