АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таҳкими муносибатҳои муштараки давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Давлатдорӣ ва истиқлолият дар таҳкими равобитаҳои байни кишварҳо шарти асосӣ ба шумор меравад. Ин ду калиди умдае мебошанд, ки дари ҳар ганҷу хазинаро метавон тавассути шинохту дарки онҳо боз намуд ва муносибатҳову ҳамгироии минтақавӣ ва фаромантақавиро рушду тавсиа бахшид. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои Осиёи Миёна баъд аз фурўпошии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро ба даст овард ва чун давлати озод вориди ҷаҳони муосир шуда, робитаи худро бо тамоми манотиқи дунё, хусусан Осиёи Ҷанубӣ оғоз бахшид.

   Фаромӯш набояд кард, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ҷойгир аст, ки дар дунё маркази тамаддун ва адаб ба шумор рафта, намунаи осори адабии онҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ низ дида мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин осор қаробат ва  равобити муштараки адабӣ ва фарҳангии ин манотиқро исбот мекунад. Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки минтақаи мазкур аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайванди стратегӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дошта, дар ҳудуди ҷуғрофии худ ҳашт кишварро дар бар мегирад, ки инҳо Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдив, Непал, Покистон ва Шриланка мебошанд. Аҳолии он зиёда аз 1,7 миллион нафар буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Ин минтақа дорои имконоти хуби саноатӣ, сайёҳӣ ва сохтмониву кишоварзӣ буда, ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавии он бо Осиёи Миёна, алалхуссус бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мешавад.

    Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна дар ҷаҳон аз кампайвасттарин минтақаҳо шуморида мешаванд, ки то ҳол равобити коммуникатсионии худро ба таври бояду шояд ҳаллу фасл накарданд. Бо вуҷуди ҳамаи он, ин манотиқ дорои потенсиалҳоеанд, ки тавассути он метавон монеаҳоро убур карда, ба ҳамгироии минтақавӣ ва фароминтақавӣ ноил гардид. Ин дороиҳо аз манобеи энергетикии бехатар, имконоти мукаммали тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, интиқоли маводу коло, фарҳангу таърихҳои муштарак, чолишҳои сиёсиву иқтисодии ҳамонанд, иборат аст.

   Бояд зикр кард, ки пул ё сарвати асосии асри 21 ин доштани равобити иқтисодӣ, муомилоти инсонгароёна ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Дар замони ҷаҳоншавӣ ё глобализатсия масъали ҳамгироии минтақавии кишварҳои рў ба рушд мавриди баррасӣ қарор доранд, ки бидуни он ин кишварҳо наметавонанд вазъу ҳолоти худро беҳтар гардонанд.

   Аз ҷониби бисёре аз таҳлилгарон рушди равобити иқтисодӣ, амниятӣ ва кашмакашу ихтилофот, коммуникатсия ва радду бадал ва аз худгузариву таҳаммулпазирӣ аз масоиоли умдаи ин минтақа арзёбӣ мешавад. Яке аз дигар масоили ин манотиқ афзоиши баҳсу равандҳои геополикии дунё ба мисли ҷангҳои сард, ҷангҳои таҳмилии Афғонистон, нофаҳмиҳои мазҳабиву динӣ, ифротгароӣ ва мубориза бо терроризм мебошад, ки инҳо низ ба ин минтақа асар гузошта, монеаи рушди иҷтимоӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии он шудааст. Коҳиши суботи минтақавӣ ва хатару тероризм минтақаро ба таҳдид гузошта, он ба манотиқи дигар низ асар расонда истодааст.

   Рушд ва суботи минтақа ягона роҳи тараққӣ ва афзоиши  тиҷорат ва савдо ба ҳисоб меравад. Ин субот метавонад, кафолат барои пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии он гардад ва суботи минтақавии он метавонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш диҳад.

   Бояд зикр кард, ки ин манотиқ аъзои фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании ин созмони ҷаҳонӣ саҳм дорад. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин муассисаи пайвандгарест, ки бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ ташкил шудааст. Интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лулаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё “TАPI” (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Ҳинудстон) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодиеанд, ки ба рушд ва тиҷорати минтақа кумак мерасонанд.

   Бо мавҷудияти чунин тавоноӣ ва имкониятҳо, ҳануз ҳам нофаҳмиҳое ҳастанд, ки рушди тиҷоратӣ ва иҷтимоиро зери суол гузошта, аз роҳбарон ва шарикони рушди онҳо тақозо мекунад, то аз ақли солим ва созанда истифода карда, ин масоилро ҳал намоянд. Бояд қайд кард, ки хатар ва набудани амният ва суботи имрӯза тамоми роҳбарони дунёро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дода, барои истиқрор ва оромии он талош менамоянд. Онҳо ба ин назаранд, ки адолат, субот ва рушди ҳар минтақаи дунёро метавон бо барқарор кардани амният ва сулҳ ба даст овард.

   Чунин тавсияҳо аз тарафи якчанд роҳбарони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки мардуми он гоҳу ногоҳ дар кашмакашҳо ва мухолифатҳо қарор доранд, муҳим арзёбӣ шудааст. Доимо даҳшати тиру террори хиёбонҳои Кобул, нофаҳмӣ ва мухолифатҳои ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону дорои расму русуми муштарак ва дигар мушкилоти минтақаро мавриди омӯзиш қарор дода, метавон арзиш ва қимати сулҳу суботро ташхис кард, ки устувории рушди ҷомеа ва равобити тиҷоратии он вобастагии комил ба суботи минтақавии он мебошад.

   Бояд эътироф кард, ки Афғонистон чун марказ ва пули иртиботиест, ки Осиёи Миёна, Ҷанубӣ ва Ғарбиро бо ҳам пайваст карда, равобити тиҷоратии минтақавиро таҳким мебахшад.

   Таҳлилгарон барои рушд ва суботи минтақа шиори наверо таҳти унвони “Афзоиш дар тиҷорат”, “Коҳиш дар ҷангу ҷаҳолат”, “Ҳамзабонӣ ё тиҷорати осмонранг” тавассути соҳилҳои дарёӣ ва заминӣ чун сутуни рушди устувор ва амният қабул карда, тавсия медиҳанд, ки таҳти ин шиор метавон муҷаддан ҳамкориро бо кишварҳои минтақа таҳким бахшид, минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, сайёҳатӣ ва саноатии Осиё табдил дод.

   Дар хулоса метавон қайд кард, ки минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна аҳамияти стратегии иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии муштарак дошта, субот ва амнияти ин минтақа суботи равонӣ ва руҳии минтақавӣ ва фаромантақавиро меоварад, зеро ин манотиқ дорои адаб, фарҳангу таммаддуне аст, ки ба манфиати халқҳои худ ва тамоми ҷаҳон аст.

 Мирсаид РАҲМОНОВ,

ходими илмии

Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупо

БОЗГАШТ