ТАҲКИМИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ: ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ РАСМИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки 28-29 майи соли 2025 сурат гирифт, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсии соли ҷорӣ ба шумор меравад. Ин сафар дар заминаи муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистону Россия, ки бар асоси анъанаҳои дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва эътимоди тарафайн устувор гардидаанд, баргузор шуд. Ҳадафи асосии сафар таҳкими шарикии стратегӣ, тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ буд. 

Сафари расмии муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзи 28 майи соли 2025 бо ворид шудан ба шаҳри Москва оғоз ёфт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2 меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ бо гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ин маросими истиқбол нишонаи эҳтироми баланди ҷониби Россия ба намояндаи воломақоми Тоҷикистон буд. 

Яке аз нахустин чорабиниҳои сафар гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва буд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд. Ин амал рамзи арҷгузорӣ ба таърихи муштарак ва анъанаҳои ду кишвар буда, аз аҳамияти дипломатии сафар шаҳодат медиҳад. 

Мулоқоти муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко яке аз рӯйдодҳои марказии сафар ба ҳисоб меравад. Музокирот дар ду шакл – хоса ва васеъ бо иштироки ҳайатҳо – баргузор гардиданд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.  Ҷонибҳо ба сатҳи кунунии муколамаи байнипарламентӣ, ки дар доираи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия ва Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкори байниминтақавӣ» фаъолона рушд мекунад, баҳои баланд доданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Россия барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.  Дар самти иқтисодӣ, ҷалби сармояи Россия барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, ташаккули паркҳои саноатӣ ва рушди инфрасохтори муосири логистикӣ муҳим дониста шуд. Инчунин, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, амният ва вазъи имрӯзаи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба аҳамияти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. 

Рӯзи 28 май муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот анҷом доданд. Дар оғози мулоқот паёми гарм ва таманниёти самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Россия расонида шуд.  Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки равобити байнипарламентӣ ба сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои сафари ахири Президенти Тоҷикистон ба Россия, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоии муҳим дар шаҳри Душанбе – бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» –ро ёдовар шуда, изҳори сипос намуданд.  Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва вазъи сиёсии минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон, аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буданд. Ҷонибҳо ба зарурати тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таъкид намуданд. 

Рӯзи 29 май муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ, баррасӣ шуданд.  Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки робитаҳои байнипарламентӣ барои тақвияти шарикии бисёрҷонибаи ду давлат мусоидат хоҳанд кард. Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буданд. 

Сафари расмии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия натиҷаҳои муҳим ба бор овард. Ин сафар аҳамияти муколамаи байнипарламентиро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба тасдиқ намуд. Мулоқотҳо бо шахсиятҳои воломақоми Россия заминаи мустаҳкам барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ фароҳам оварданд.  Дар самти иқтисодӣ, таъкид бар ҷалби сармояи Россия ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори логистикӣ дурнамои мусбати ҳамкориҳоро равшан месозад. Дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанг идома хоҳанд ёфт.  Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ҳалли мушкилоти ин соҳа метавонад ба беҳбуди шароити зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоии ду кишвар мусоидат намояд. 

Дар арсаи байналмилалӣ, Тоҷикистон ва Россия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҳамкории фаъол доранд. Таваҷҷуҳ ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Конференсияи сатҳи баланди Душанбе оид ба пиряхҳо нишонаи саҳми Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии экологӣ мебошад. 

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия як марҳилаи муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Россия гардид. Ин сафар аҳамияти шарикии стратегии ду кишварро тасдиқ намуд ва заминаи мустаҳкам барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф фароҳам овард.  Натиҷаҳои сафар, аз ҷумла мувофиқаҳо дар самти таҳкими муколамаи байнипарламентӣ, ҷалби сармоягузориҳо, рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва баррасии масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз дурнамои мусбати муносибатҳои дуҷониба шаҳодат медиҳанд. Ин сафар саҳифаи тоза дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия боз намуд ва барои таҳкими робитаҳои ду халқ мусоидат хоҳад кард.

 

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, 

муовини директор оид ба илм ва

таълими Институти омӯзиши масъалаҳои

кишварҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

БОЗГАШТ