ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВИИ АМНИЯТИ КИБЕРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНДОНЕЗИЯ

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

        Дар замони рушди техналогияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ тамоми тамоми ҷаҳонро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, амнияти киберӣ дар самти ҳифзи маълумотҳо як бахши хеле муҳим ва асосии муҳофизат ва бехатарии маълумот дар ҷаҳон ва махсусан, дар муассисаҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Рушди технологияҳои рақамӣ, ки дар он ҳазорҳо гигабайт маълумот ҷамъоварӣ ва коркард мешаванд, аз ҳар давлат  таъмин кардани амнияти киберии махзани маълумот тақозо менамояд. Ҳимояи ин маълумотҳо аз хатарҳои киберӣ, ҳамлаҳои киберӣ ва ҳуҷҷатгузории нодуруст нақши калидӣ дар таъмини бехатарии иттилоот ва муҳофизат аз хатарҳо дорад[7].

        Имрӯз дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия мубориза бо таҳдидҳои киберӣ яке аз мавзуъҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мебошад. Ду кишвар сиёсати рақамиро дар сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандон ҷорӣ намуда истодаанд ва мақсади давлатҳо расидан ба сулҳу субот ва амният дар дохили кишвар ва саросари ҷаҳон буда, самтҳои асосии ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо таъкид ба мувофиқа, ҳамоҳангсозии амалҳо ва таҳияи тадбирҳо дар соҳаи амнияти киберии байналмилалӣ равона шуда истодааст. Махсусан ба паҳншавии кибертерроризм, истифодаи ғайриқонунии технологияҳои коммуникатсионӣ,  ки ба амнияти давлату шаҳрвандон таъсири манфӣ мерасонад, диққати ҷиддӣ медиҳанд. Яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон табдил додани кишвар ба ҳукумати электронӣ мебошад, ки барои ҳифзи он, ҳамкориҳои байналмилалӣ саривақтӣ мебошад. Ҳангоми гузаштан ба ҳукумати электронӣ таъмини амнияти киберӣ муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 аҳамияти таҳкими амнияти киберии кишвар, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва тақвияти чораҳои мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид намуданд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст[4]. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

-такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;

-то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;

-рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;

-рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

-истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;

-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;

-ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”[4].

        Бояд таъкид кард, ки яке аз заминаҳои ҳуқуқӣ, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дарҷ гардидааст. Аз ҷумла, дар банди 3.6. дипломатияи иттилоотӣ, зикр карда шудааст: “Роҳандозии дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи истифодаи густурдаи имкониятҳои фановариҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ сурат мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таҳияи маҷмўи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ дар мавриди таъмини амнияти иттилоотӣ ва риояи ҳамаҷонибаи он меъёрҳо дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад ва  яке аз ҳадафҳои худ муқовимати саривақтӣ ва самаранок ба киберҷиноятҳо ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаддасоти таърихӣ ва арзишҳои ахлоқиву маънавии халқи тоҷик мебошад”[2].

        Ҳукумати Индонезия зидди таҳдидҳои киберӣ қадамҳои устувор бардошта, барои тақвияти ҳифзи рақамии кишвар тавассути ташаббусҳои сиёсӣ ва тағйироти танзимгарона чораҳои зарурӣ андешидааст. Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар моҳи феврали соли 2024 аз ҷониби Президенти Индонезия тасдиқи Нақшаи миллии амнияти киберӣ барои солҳои 2023–2028 мебошад. Дар доираи нақша Ҳукумати Индонезия ҳадаф дорад, ки тамоми маълумот ва бойгонии муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандони Индонезияро аз ҳамлаҳои киберӣ муҳофизат намояд. Нақшаи миллии амнияти киберӣ  барои тақвияти устувории технологияҳои рақамии кишвар, амнияти системаҳои муҳими миллӣ, муҳофизати дороиҳои рақамии арзишманд ва таъмин кардани шаҳрвандон бо имконияти истифодаи бехатарии фазои рақамӣ пешбинӣ гардидааст. Нақшаи мазкур ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад:

-тақвияти мудофиаи рақамӣ;

-ҳифзи дороиҳо;

-такмили ошкорсозӣ ва арзёбии таҳдидҳо;

-тақвияти ҳамкорҳои байналмилалӣ;

-рушд додани кадрҳои соҳаи амнияти киберӣ;

-ҷалб намудани  рахнагрони(хакерҳои) маҳаллӣ ба фазоиҳои қонунии этикии соҳа;

-тақвияти амнияти миллӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ва полис;

-ҳамгиро кардани амнияти киберӣ ба нақшаҳои рушди миллӣ;

-муҳофизати ҳуқуқи шаҳрвандон ва муомилоти рақамӣ;

-муосирсозии хидматҳои давлатӣ бо истифода аз амнияти рақамӣ;

-густариши ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ;

-баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи қаллобӣ дар интернет ва хатарҳои шабака;

-баланд бардоштани мавқеи Индонезия дар соҳаи амнияти киберӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ[16].

        Дар солҳои охир, Индонезия имкониятҳои амнияти киберии хешро ба таври назаррас таҳким бахшида, як равиши бисёрсатҳиро қабул кардааст, ки ба ҳифзи инфрасохтори муҳими рақамӣ ва системаҳои иттилоотӣ аз таҳдидҳои афзояндаи киберӣ нигаронида шудааст. Бо дарназардошти рақамисозии босуръати бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои молия, телекоммуникатсия ва идоракунии давлатӣ, ҳукумати Индонезия ба сохтани системаҳои устувории мудофиаи киберӣ диққати махсус медиҳад.

        Бояд қайд кард, ки яке аз муҳимтарин ҷузъҳои стратегияи амнияти киберии Индонезия сохтори мутамаркази идоракунӣ дар доираи Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография мебошад, ки амалҳои амнияти кебириро дар саросари кишвар танзим менамояд. Самаранокии ин равиши мутамарказ ҳангоми ҳодисаҳои бузурги хатарҳои киберӣ нишон дода шудааст. Масалан, дар моҳи июни соли 2024, Маркази муваққатии миллии маълумотҳои Индонезия ба ҳамлаи барномаи таҳдиди бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ (ransomware  programs) дучор шуда, ба якчанд хадамоти муҳими давлатӣ, аз ҷумла, ба системаи муҳоҷират низ зарар расонид. Ҷинояткорон барои барқароршавии системияи давлатӣ 8 миллион доллари ШМА талаб карданд, ки ҳукумат аз пардохти он худдорӣ намуд. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо кӯшишҳои вокуниш ва барқароркуниро ҳамоҳанг карда, аҳамияти амалии саривақтӣ ва идоракунии мутамарказро дар ҳалли таҳдидҳои киберӣ дар сатҳи миллӣ амалӣ намуд[10].

        Дар моҳи январи соли 2024, Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография ду регламенти навро нашр намуд. Ин регламентҳо чаҳорчӯбаи муҳимеро барои коркарди ҳодисаҳо ва буҳронҳои киберӣ муқаррар намуда, барои беҳтарсозии иқтидори умумии вокуниши кишвар равона шудаанд.:

-Регламенти №1/2024 оид ба идоракунии ҳодисаҳои киберӣ. Регламенти №1/2024 гурӯҳҳои вокуниш ба ҳодисаҳои киберӣ дар сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва ташкилотӣ барои провайдерҳои хидматҳои асосӣ ва муваққатӣ аз провайдерҳои хидматҳои асосӣ муайян мекунад ва уҳдадор месозад, ки ҳодисаҳои кибериро ба мақомот гузориш диҳанд.

-Регламенти №2/2024 оид ба идоракунии буҳронҳои киберӣ. Регламенти № 2/2024 ба омодагӣ ва татбиқи идоракунии буҳронҳои киберӣ тамаркуз мекунад ва таҳияи нақшаҳои ҳолатҳои фавқулодда барои кибербӯҳронҳоро то моҳи январи соли 2025 талаб мекунад[16].

Ин равишҳои сохторёфта барои ташкили экосистемаи устувортари амнияти киберӣ равона шудаанд, ки нақшҳо, масъулиятҳо ва тартиботи вокуниш ва барқарорсозиро пас аз ҳамлаҳои киберӣ муайян месозанд.

        Тоҷикистон мисли Индонезия ниҳоди ягонаи танзимкунанда надорад. Аммо дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ (аз соли 2010), шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар сохтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013), шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ дар назди Прокуратураи генералии ҶТ (аз соли 2015) ва Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ (аз соли 2023) дар муқовимат бо киберҷиноятҳо нақши муассир доранд[4].

  1. Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба амнияти киберӣ.

Индонезия бо дарки хусусияти доимо тағйирёбандаи таҳдидҳо, заминаи қонунгузории киберамниятро ба таври назаррас тақвият дод, аз ҷумла:

-Қонуни Ҷумҳурии Индонезия "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ" №27 аз соли 2022[19].

-Қонуни Ҷумҳурии Индонезия "Дар бораи иттилоот ва муомилоти электронӣ" аз 21.04.2008 №11[9].

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия таҳти №82 аз соли 2012 "Дар бораи системаҳои электронии иттилоотӣ ва анҷом додани муомилот"[18].

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия №71 аз соли 2019 "Муқаррар намудани тартиби кори системаҳои электронии иттилоотӣ ва анҷом додани муомилот"[17].

-Низомномаи №20 аз соли 2016 "Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар системаҳои электронии иттилоотӣ"[14].

-Низомномаи Идораи танзими молиявии Ҷумҳурии Индонезия№16  аз 26 августи соли 2021[16].

        Қабули фармони президентии Индонезия №47/2023 дар бораи стратегияи Миллии амнияти киберӣ ва идоракунии буҳронҳои киберӣ марҳилаи муҳим дар институтсионализатсияи системаи идоракунӣ дар ин соҳа гардид. Ин фармон дастурҳои стратегиро барои муассисаҳои давлатӣ ва ҷонибҳои манфиатдор оид ба таҳкими киберамнияти миллӣ ва идоракунии буҳронҳои киберӣ бо таваҷҷуҳ ба таълим, тайёр кардани кадрҳо ва таҳияи нақшаҳои вокуниш дар ҳолати таҳдидҳои киберӣ муайян мекунад[17].

        Илова бар ин, Индонезия ба як қатор лоиҳаҳои қонуни ҳамаҷониба оид ба амнияти киберӣ ва устуворӣ (Rancangan Undang-Undang Keamanan dan Ketahanan Siber)-ро қабул намуда истодааст, ки ҳадафаш муайянсозии заминаи ҳуқуқӣ барои таъқиби ҷиноятҳои киберӣ, таъмини мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байнисоҳавӣ мебошад. Дар моҳи ноябри соли 2024, ҳукумат ва парлумони Индонезия лоиҳаҳои қонуни ҳамаҷониба оид ба амнияти киберӣ ва устувориро ба рӯйхати 41 лоиҳаи қонуни афзалиятнок барои соли 2025 пас аз ҳамлаи васеи тамаъҷӯӣ (ransomware) ба Маркази миллии коркарди маълумоти Индонезия ворид карданд[11]. Ҳукумат ҳамчунин тақвияти ҳамоҳангиро миёни мақомоти калидии марбута ба амнияти киберӣ муҳим арзёбӣ намудааст. Вазорати иртибот ва технологияи рақамӣ ва Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография дар мубориза бо таҳдидҳои нав ва мушкилоти танзимӣ ҳамкорӣ мекунанд, то равиши муттаҳид ва муассир барои таъмини амнияти киберии миллӣ ба роҳ монда шавад. Ин ҳамоҳангсозӣ барои бартараф кардани такрори талаботи танзимӣ ва таъмин намудани якпорчагии стратегияи миллӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ғайр аз ин, ташаббусҳои зерин амалӣ шуда истодаанд:

-таҳияи Сипари миллии рақамӣ (Digital National Firewall),

-созмони гурӯҳҳои вокуниш ба ҳодисаҳои амнияти компютерӣ дар ҳар як муассисаи давлатӣ.

Ин кӯшишҳо равиши фаъолона ба ҳифзи дороиҳои рақамӣ ва таъмини иқтидори вокуниш ба ҳодисаҳо дар вақти воқеиро нишон медиҳанд.

        Тағйироти муҳим дар сиёсати давлатӣ бо татбиқи пурраи Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дар моҳи октябри соли 2024 сурат гирифт. Ин қонун барои тақвияти махфият ва амнияти маълумоти шахсии шаҳрвандони Индонезия нигаронида шудааст ва талаботи қатъӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории ин маълумотҳо муқаррар мекунад.

Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ дорои таъсири экстратерриториалӣ мебошад, яъне ба ташкилотҳое низ дахл дорад, ки маълумоти шахсии шаҳрвандони Индонезияро коркард мекунанд, новобаста аз ҷойгиршавиашон.

Ҷанбаҳои муҳими қонун инҳоянд:

-талаботи чандсатҳӣ барои интиқоли маълумот ба кишварҳои дигар;

-уҳдадории хабар додан дар бораи ихроҷи маълумот дар зарфи 72 соат аз лаҳзаи ошкор;

-имкони ҷорӣ кардани ҷаримаҳои маъмурӣ ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои риоя накардани он.

        Ин қонун қадами муҳиме ба самти ташкили заминаи қонунгузории ҳамаҷониба барои ҳифзи маълумот дар Индонезия мебошад, ки мутобиқат ба стандартҳои байналмилалиро таъмин мекунад ва масъулияти ташкилотҳоро дар баробари маълумоти шахсии шаҳрвандон зиёд менамояд.

        Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти кебирӣ, бо вуҷуди пешрафтҳо, ҳанӯз ба сатҳи зарурии ҷавобгӯии муосир нарасида, ниёз ба ислоҳ ва такмил дорад. Бо дарназардошти ин таҳдидҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва ташаккули сиёсати муассири давлатӣ, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои рақамӣ нигаронида шудааст, муҳимияти фавқулода пайдо мекунад. Қабули чораҳои фаъол ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳони рақамӣ муваффақ гардад. дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ  Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 6–уми августи соли 2001, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиллоот» аз 10–уми май соли 2002 , Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2–юми декабри соли 2002, Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30–юми июли 2007, Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25–уми марти соли 2011, Қонуни ҶТ «Дар бораи криптография» аз 3–юми декабри соли 2012, Қонуни ҶТ «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19–уми марти соли 2013, КҶ ҶТ аз 21 майи соли 1998, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7–уми ноябри соли 2003, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми марти соли 2008 қабул гардиданд[4].

  1. Маориф ва рушди иқтидори кадрӣ

        Маориф ва рушди иқтидори кадрӣ  яке аз сутуни муҳими дигари стратегияи Индонезия дар соҳаи амнияти киберӣ ба шумор меравад. Бо дарназардошти камбуди мутахассисони соҳаи амнияти киберӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, Индонезия муассисаҳои махсусгардонидашудаи таълимиро таъсис дод, аз ҷумла Коллеҷи давлатии политехникии амнияти киберӣ ва криптография (Politeknik Siber dan Sandi Negara, Poltek SSN), ки вазифаи асосии он тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос бо малакаҳои амалӣ мебошад. Poltek SSN, ки қаблан ҳамчун Мактаби олии криптография (Sekolah Tinggi Sandi Negara, STSN) маъруф буд, расман соли 2019 ба коллеҷи политехникӣ табдил дода шуд, бо ҳадафи баланд бардоштани сифат ва салоҳияти мутахассисон дар соҳаҳои амнияти киберӣ ва криптография.

        Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таёр намудани кадрҳо кӯшуш намуда, дар ин самт Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои нав “Киберамният” ва “Технологияҳои интеллектуалӣ” шурӯъ кардааст[6].

  1. Таваҷҷуҳ ба иқтидори дохилӣ

        Илова ба рушди иқтидор дар дохили кишвар, Индонезия ҳамкории давлат ва ташкилотҳои хусусиро фаъолона истифода мебарад то устувориро дар соҳаи амнияти киберӣ таҳким мебахшад. Масалан, Агентии миллии амнияти киберӣ ва криптография бо мақсади беҳтар кардани системаҳои ошкорсозии таҳдидҳо ва вокуниши фаврӣ бо намояндагони бахшҳои гуногун, аз ҷумла молия ва энергетика ҳамкорӣ мекунад. Ин ташаббусҳо ба таври назаррас дар таҳкими ҳимояи инфрасохтор ва хидматрасониҳои ҳаётан муҳим аз таҳдидҳои киберӣ мусоидат карданд.

Байни ниҳодҳои дохилии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии ҶТ ва Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ дар муқовимат бо киберҷиноятҳо нақши муассир доранд.

  1. Робитаҳои байналмилалӣ

        Индонезия ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ таъкид мекунад ва фаъолона дар шарикиҳои глобалӣ дар соҳаи амнияти киберӣ иштирок мекунад. Ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳое чун Австралия, ШМА, Ҳиндустон, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ, АСЕАН, ба Индонезия имконият медиҳанд, ки маълумоти иктишофиро мубодила намояд, дар чорабиниҳо муштарак иштирок кунад ва стратегияҳои ягонаи муқовимат ба таҳдидҳои кибериро таҳия намояд. Иштироки Индонезия дар доираи  чорабиниҳо (ASEAN Cyber Shield) ба кишвар имкон медиҳад, ки омодагии худро ба рӯйдодҳои киберии фаромарзӣ санҷад ва нақши калидии ҳамкории байналмилалиро дар таҳкими устувории киберии миллӣ нишон диҳад[16].

        Тоҷикистон низ дар ҳамкориҳои дуҷониба бо Федеретсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии  Чин ва кишварҳои ИДМ дар соҳаҳои амният, аз ҷумла амнияти кебирӣ ба роҳ мондааст. Инчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ,  СААД ва СҲШ ҳамкорӣ менамояд. Созишномаҳои байналмилалӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфузи ИДМ, СААД, СҲШ, ки ҶТ аъзои фаъоли ин ташкилотҳо мебошад, як қадами муҳим дар роҳи танзими ҳамкориҳо ҷиҳати мубориза бо киберҷиноятҳо арзёбӣ гардида, системаи тадбирҳои ба ҳам алоқаманди байналмилалӣ ва миллиро оид ба мубориза бар зидди киберҷиноятҳо пешбинӣ мекунанд. Бо дарназардошти таҷрибаи Индонезия, ки дар боло зикр гардидааст дар рушди ҳамкориҳои минбаъдаи байни ду кишвар мусоидат менамояд.

        Аз ин рӯ, таҷрибаи Индонезия нишон медиҳад, ки равиши ҳамаҷониба, ҳамоҳангшуда ва муштарак бо заминаи қавии ҳуқуқӣ, барномаҳои таълимии мақсаднок, шарикӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҳамкории байналмилалӣ дастгирӣ меёбад, ки калиди сохтмони низоми самараноки миллии амнияти киберӣ мебошад. Бо татбиқи ин стратегияҳо, Тоҷикистон метавонад устувории худро нисбат ба таҳдидҳои киберӣ ба таври назаррас тақвият бахшад ва рушди амн ва устувори иқтисоди рақамии худро таъмин намояд. Машваратҳои сиёсӣ оид ба самти мазкур байни кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Индонезия ва Тоҷикистон дар заминаи амнияти киберӣ, бахусус дар заминаи рушди нерӯи инсонӣ ва табодули иттилоъ ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Соҳиби Баҳруло

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

РУЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМАҲО

  1. Князева, Н. А. Правовые особенности использования искусственного интеллекта для обеспечения кибербезопасности в Малайзии и Индонезии / Н. А. Князева, Е. А. Князева // Азиатско-тихоокеанский регион: экономика, политика, право. – 2023. – Т. 25, № 4. – С. 167-177. – DOI 10.24866/1813-3274/2023-4/167-177. – EDN ORLFQS.

  2. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]URL: https://mfa.tj/tg/main/view/4255/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston (Санаи дархост: 30.07.2018)

  3. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Индонезия[Манбаи электронӣ]URL: https://khovar.tj/2016/08/marosimi-imzoi-sanad-oi-navi-amkor-bajni-to-ikiston-va-indoneziya/ (Санаи дархост: 30.07.2018)

  4. Паём – роҳнамои миллат. Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2023. Таҳти назари доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор У.С. Асрорзода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Н.А. Қудратов. Душанбе, 2024. – 195 с.

  5. Российско-индонезийское сотрудничество в сфере обеспечения кибербезопасности / Г. Ю. Никипорец-Такигава, Е. В. Бучнев, О. А. Харина, Ю. Н. Алексеева // Юго-Восточная Азия: актуальные проблемы развития. – 2023. – Т. 3, № 2(59). – С. 84-95. – DOI 10.31696/2072-8271-2023-3-2-59-084-095. – EDN NQWNRM.

  6. Таджикский технический университет начнёт принимать студентов по новым специальностям — «Кибербезопасность» и «Смарт-технологии» [Манбаи электронӣ]URL: https://khovar.tj/rus/2025/07/tadzhikskij-tehnicheskij-universitet-nachnyot-prinimat-studentov-po-novym-spetsialnostyam-kiberbezopasnost-i-smart-tehnologii/ (Санаи дархост: 30.07.2025)

  7. Юнусзода Х.Қ. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 оид ба солҳои 2025–2030 эълон шудани «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия».[Манбаи электронӣ]URL:  http://ied.tj/tg/bardosht-az-payomi-prezidenti-chumkhurii-tochikiston-ba-machlisi-olii-chumkhurii-tochikiston-az-28 (Санаи дархост: 10.02.2025)

  8. Fortifying Indonesia’s Cyber Defenses: New Regulations for National Security and Crisis Management[Electronic resource]URL: https://ssek.com/blog/fortifying-indonesias-cyber-defenses-new-regulations-for-national-security-and-crisis-management/ (Application date: 25.03.2025)

  9. Hukum Yang Mengatur Tentang Hak Privasi di Indonesia: Pengaturan dan Perlindungan [Electronic resource]URL:https://fahum.umsu.ac.id/blog/hukum-yang-mengatur-tentang-hak-privasi-di-indonesia-pengaturan-dan-perlindungan/#:~:text=Pasal%2028%20ayat%20(2)%20UU,baik%20atau%20privasi%20tanpa%20izin (Application date: 12.03.2025)

  10. Indonesia won’t pay an $8 million ransom after a cyberattack compromised its national data center [Electronic resource]URL:https://apnews.com/article/indonesia-ransomware-attack-national-data-center-213c14c6cc69d7b66815e58478f64cee(Application date: 15.06.2025)

  11. Indonesia’s Cyber Security and Resilience Bill: Strengthening Governance or Expanding Institutional Rivalries? [Electronic resource]URL:https://www.lab45.id/detail/298/indonesia-rsquo-s-cyber-security-and-resilience-bill-strengthening-governance-or-expanding-institutional-rivalries (Application date: 26.05.2025)

  12. National Cyber and Crypto Agency [Electronic resource]URL:https://en.wikipedia.org/wiki/National_Cyber_and_Crypto_Agency (Application date:18.05.2025)

  13. Peraturan Menteri Komunikasi dan Informatika Nomor 20 Tahun 2016 tentang Perlindungan Data Pribadi Dalam Sistem Elektronik [Electronic resource]URL:https://jdih.komdigi.go.id/produk_hukum/view/id/553/t/peraturan+menteri+komunikasi+dan+informatika+nomor+20+tahun+2016+tanggal+1+desember+2016#:~:text=PERATURAN%20MENTERI%20KOMUNIKASI%20DAN%20INFORMATIKA%20TENTANG%20PERLINDUNGAN%20DATA%20PRIBADI%20DALAM%20SISTEM%20ELEKTRONIK.,-BAB%20I&text=Pasal%201-,Dalam%20Peraturan%20Menteri%20ini%20yang%20dimaksud%20dengan:,dijaga%20kebenaran%20serta%20dilindungi%20kerahasiaannya (Application date: 03.03.2025)

  14. Pertemuan Kepala BSSN RI dengan Menteri Industri dan Teknologi Baru Republik Tajikistan di New York AS [Electronic resource]URL:https://csirt.makassarkota.go.id/posts/pertemuan-kepala-bssn-ri-dengan-menteri-industri-dan-teknologi-baru-republik-tajikistan-di-new-york-as(Application date: 15.02.2025)

  15.  Regulation On National Cyber Security Strategy And Cyber Crisis Management [Electronic resource]URL: https://www.usasean.org/article/regulation-national-cyber-security-strategy-and-cyber-crisis-management (Application date: 15.02.2025)

  16. Sejarah Poltek SSN [Electronic resource]URL: https://poltekssn.ac.id/en/sejarah-poltek-ssn/ (Application date: 30.07.2025)

  17. The Escalating Cyber Threat in Indonesia: A Wake-Up Call for Digital Security [Electronic resource]URL:https://www.indosecsummit.com/the-escalating-cyber-threat-in-indonesia-a-wake-up-call-for-digital-security/?utm_source=chatgpt.com (Application date: 30.07.2025)

  18. Top 10 Cybersecurity Breaches in Indonesia [Electronic resource]URL:https://www.cyberlands.io/topsecuritybreachesindonesia (Application date: 25.05.2025)

  19. Undang-Undang Nomor 27 Tahun 2022 tentang Pelindungan Data Pribadi (PDP): Menjaga Keamanan dan Privasi Data Warga Negara [Electronic resource]URL:https://jdih.semarangkota.go.id/artikel/view/undang-undang-nomor-27-tahun-2022-tentang-pelindungan-data-pribadi-pdp-menjaga-keamanan-dan-privasi-data-warga-negara (Application date: 20.06.2025)

БОЗГАШТ