АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таҳлили омории нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва муқоисаи онҳо

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

 

 

  Ҳангоми омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои пешрафта, ҷиҳати истифода аз он дар амалисозии ҳадафҳои рушди худ, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо маълумоти зиёдеро дода метавонанд. Дар воқеъ, ҳама назару гипотезаҳо дар омӯзиши рушди иқтисоди як кишвар ба далелу рақамҳо ниёз доранд. Агар як кишварро пешрафта меномем, ҳатман нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳем, то барои иддаои худ далели рақамӣ дошта бошем.

  Пеш аз омӯзиши моделҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон зарурат дорем. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ин кишварҳо дар давраи мазкур чӣ тағйироте доштанд ва ба кадом самт ҳаракат мекарданд? Суръати рушди иқтисодии ин кишварҳоро аз рӯйи додаҳои таърихӣ дида, муайян карда метавонем, ки модели иқтисодии кадом кишвари ин минтақа бояд омӯхта кадоме аз онҳо сарфи назар шавад.

  “Рушди иқтисодӣ абзори қавитарин барои коҳиши фақр ва беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд мебошад. Ҳам таҳлилҳои байни кишварҳо ва ҳам таҳлили кишварҳои алоҳида дар замони муайян далелҳои зиёдеро ироа мекунанд, ки барои расидан ба Ҳадафаҳои ҳазорсолаи тавсеа, рушди босуръату устувор ҳатмӣ аст”[7]. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии як кишвар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ(ММД), Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ), ММД-и сарона, МММ-и сарона, сатҳи бекорӣ ва ғайра мебошанд. Дар адабиётҳои иқтисодӣ миёни мафҳумҳои “рушд” ва “тавсеа” фарқият вуҷуд дорад. Рушди иқтисодиро ба маънои зиёд шудани тавлидот дар қаламрави як кишвар ироа кардаанд, аммо тавсеаи иқтисодӣ таъсири ин зиёдшавӣ ва ё пешравиро ба зиндагии мардум низ дар бар мегирад[4]. Албатта, зиёдшавии физикии тавлидоти нохолис дар як кишвар дар ҳама ҳолат таъсири мусбати худро ба зиндагии мардуми он мерасонад. Аммо агар дар баробари рушди иқтисодӣ даромади миллӣ дуруст тақсим нашавад, ин ба афзоиши хало миёни дорову нодор оварда мерасонад. Ба ҳар ҳол, ҳадафи мо омӯзиши раванди рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ мебошад, ки танҳо афзоиши физикии нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодӣ дар ин мамлакатҳоро баррасӣ хоҳем кард. Баррасии таъсири рушди иқтисодӣ ба зиндагии мардум мавзӯи алоҳида буда, шояд дар омӯзишҳои баъдӣ баррасӣ шавад.

  Аз миёни нишондиҳандаҳои зиёд мо панҷтои онро интихоб кардем: ММД, ММД-и сарона, МММ, МММ-и сарона ва сатҳи бекорӣ. Барои дарки амиқтари рушди иқтисодии як кишвар дигар нишондиҳандаҳоро низ омӯхтан мумкин аст. Аммо барои ҳадафҳои мо ҳамин панҷ нишондиҳанда басанда аст. Нахуст дар як намоя ҳамин панҷ нишондиҳандаро бо нархҳои ҷорӣ (бо доллари ИМА) дар соли 2019 барои кишварҳои Осиёи Шарқӣ меорем, то як тасаввуре дар бораи ҳолати кунунии ин кишварҳо дошта бошем.

  Расми 1. Намояи иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

  Аз рӯйи нишондиҳандаи ММД, Чин ва Ҷопон ду иқтисоди бузурги ҷаҳон мебошанд, ки мутақобилан дар ҷойи дуюм ва сеюм баъди ИМА қарор доранд. Кореяи Ҷанубӣ низ ба Даҳгонаи бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон ворид мешавад. Яъне қариб сеяки иқтисодҳои бузурги ҷаҳон дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ҷойгир ҳастанд. Дар ҷустори пешин дидем, ки кишварҳои ин минтақа аз рӯйи захоири табиӣ ва шароити ҷуғрофӣ аз кишварҳои дигар фарқияти зиёд надоранд. Ин ки иқтисодҳои се кишвари ин минтақа (аз панҷ кишвар) дар Даҳгонаи бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон қарор гирифтаанд, баёнгари сиёсати дурусти ин давлатҳо буда, аҳамияти омӯзиши моделҳои иқтисодии ин кишварҳоро зиёд мекунад.

  Дар миёни ММД ва МММ фарқияти камтар дида мешавад. Ин ба он маъност, ки агар ширкатҳои хориҷӣ дар кишварҳои ин минтақа зиёд ҳастанд ва як қисми даромади нохолиси иқтисодиёти онҳоро ба кишвари худ мебаранд, дар баробари ин, худи ин кишварҳо дар берун аз минтақа фаъолияти иқтисодии зиёд бурда, арзиши иловагӣ ба МММ-и худ ворид мекунанд. Аз расми боло маълум аст, ки фарқи нисбии ММД ва МММ дар ин кишварҳо хеле ночиз аст. Танҳо дар Муғулистон он зиёдтар ба назар мерасад. Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аз хориҷ бештар аз он даромад мегиранд, ки ширкатҳои хориҷӣ аз ин кишварҳо берун мебаранд.

  ММД ва МММ нишондиҳандаҳои муҳим дар омӯзиши иқтисоди як кишвар мебошанд. Аммо ин нишондиҳандаҳо вазни кишвар ва ё бузургу хурд будани онро дар назар намегиранд. Бинобар ин, барои дақиқтар муайян кардани сатҳи рушди иқтисодии як кишвар дар бештар маврид МММ-и сарона истифода мешавад. Бо вуҷуди дуюмин иқтисоди ҷаҳон будани Чин, ин кишвар аз рӯйи ниҳондиҳандаи МММ-и сарона дар радаи поёнтар қарор дошта, аз рӯйи тақсимбандии Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади миёнаи боло дохил мешавад. Ин тақсимот дар асоси МММ-и сарона иҷро шуда, ҳар сол 1 июл баъди нашри додаҳои рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон барои соли гузашта каме тағйир дода мешавад. Дар расми 2 ин гурӯҳбандӣ оварда шудааст.

  Расми 2. Гурӯҳбандии кишварҳо аз рӯйи даромад

  Тибқи гурӯҳбандии боло Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромаи баланд дохил мешаванд. Муғулистон бошад ба гурӯҳи давлатҳои дорои даромади миёнаи поён медарояд. Барои муқоиса, Тоҷикистон дар ҳамин соли 2019 бо МММ-и саронаи баробар бо 1033 доллари ИМА ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади паст шомил мешавад. Аз расми 1 бармеояд, ки Ҷопон аз рӯйи МММ-и сарона (41 713 доллари ИМА) дар ҷойи аввал қарор дошта, ҷойи дуюмро Кореяи Ҷанубӣ (32 123 доллари ИМА) ишғол намудааст. Сатҳи бекорӣ низ дар ҳамин ду кишвар аз ҳама пойин буда, ин нишондиҳанда дар Чин дар мавқеи қаноатбахш аст, вале дар Муғулистон аз меъёр зиёд ба назар мерасад. Аммо ин нишондиҳандаи маъмулӣ нест. Бо сабабҳои номаълуме дар соли 2019 Муғулистон сатҳи бекории аз ҳад зиёд дорад. Дар асл, додаҳои дастрасшуда нишон медиҳанд, ки аз соли 2000 то 2018 ин нишондиҳанда барои Муғулистон дар доманаи 3 то 7 дарсад қарор мегирад.

  Тамоили нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар давраи баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши мо қарор мегирад. Дар шакли намудорҳо овардани ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳад, ки ба осонӣ пасту баландиҳо дар ҳаракати ин нишондиҳандаҳо дида шавад. Танҳо модели кишварҳоеро метавон амиқтар омӯхт, ки нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии онҳо дар умум суръати баланди болоравиро дошта бошанд. Албатта, як иқтисод давраҳои рушд ва рукутро дорад. Аммо тамоили умумии он метавонад рӯ ба боло бошад ва ин болоравӣ суръати нисбатан баланд дошта бошад. Ин аст, ки бо омӯзиши нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии як кишвар мо ба натиҷа меоем, ки моделҳои иқтисодии онро баҳри истифода дар амалисозии ҳадафҳои рушди иқтисодии кишвари худ мариди омӯзиш қарор диҳем ё не.

  ММД. Дар расми 3 ММД-и кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар солҳои 1960-2019 дода шудааст(танҳо барои Муғулистон додаҳо аз соли 1980 дастрас ҳатанд). Ин ММД-и воқеӣ буда, бо нархҳои устувори соли 2010 бо долллари ИМА оварда шудаанд. Ин ба хотири он аст, ки ҳангоми муқоисаи ММД дар тӯли солҳои гуногун таваррум ба назар гирифта шуда, муқоиса дақиқтар сурат бигирад.

  Расми 3. ММД-и воқеии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

 

  Аз намудори боло дида мешавад, ки ҳама кишварҳои минтақа дар ин давра рушд кардаанд. Аммо аз сабаби нисбатан хурд будани иқтисоди Муғулистон дар чунин намудор бо рақамҳои аслӣ самти ҳаракати иқтисоди ин кишвар маълум нест. Бинобар ин, намудори худро дар миқёси логаритмӣ (логарифмӣ) месозем, то ки самти ҳаракати ҳама кишварҳо ба осонӣ дида шавад.

  Расми 4. ММД-и кишварҳои Осиёи Шарқӣ (миқёси логаритмӣ)

  Акнун самти ҳаракати иқтисодёти ҳар чор кишвари мавриди назари худро ба осонӣ дида метавонем. Маълум аст, ки рушди иқтисодии Ҷопон дар нимаи дуюми асри 19 оғоз шудааст. Аммо маълумоти омории он давра дастраси мо нест ва гузашта аз ин, он давраи Ҷопонро наметавон бо дигар кишварҳои ин минтақа муқоиса кард. Ба ҳар ҳол, баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон низ Ҷопон босуръат рушд кардааст ва ин давраро омӯхтан ба манфиати мост. Дар давраи мавриди назари мо Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аз солҳои 1960 то 1990 рушди устувор доштаанд. Дар солҳои 1990-ум Ҷопон ба рукуди иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки то имрӯз натавонистааст суръати рушди иқтисодии худро зиёд кунад. Вале Кореяи Ҷанубӣ бо вуҷуди пасттар шудани суръати рушд ҳамоно ба самти боло ҳаракат дорад. Чин дар солҳои 1960-ум то миёнаҳои солҳои 1970-ум ҳеҷ рушди назаррасе надоштааст. Аввал рукут мекунад ва баъдан танҳо аздастдодаҳои худро барқарор мекунад. Вале баъди даст задани ҳукумати ин кишвар ба ислоҳоти куллӣ дар нимаи дуюми солҳои 1970-ум иқтисоди ин кишвар суръати рушди бесобиқаро ба даст меорад. Дар натиҷа, дар соли 2009 Ҷопонро гузашта, ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон табдил меёбад. Ҳоло ҳам ин кишвар суръати рушди нисбатан баландро дорад. Кишвари Муғулистон таҷрибаи дигар дорад. Ин кишвар танҳо баъди соли 2000-ум суръати рушди нисбатан баландро ба даст овардааст. Чунононе ки дар ҷустори пешин дидем, ин пешравӣ дар натиҷаи истихроҷӣ бештари захираҳои табиии ин кишвар муяссар гаштааст.

  МММ. МММ-и воқеӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз ММД-и воқеии онҳо кам фарқ мекунад. Инро мо дар намояи ин кишварҳо дида гузаштем. Бо вуҷуди маълумоти камтар тамоили ин нишондиҳанда монанд ба тамоил дар нишондиҳандаи ММД-и воқеӣ аст. Дар расми 5 МММ-и воқеии кишварҳои Осиёи Шарқӣ оварда шудааст.

  Расми 5. МММ-и воқеии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

  Самти ҳаракати ММД-и саронаи воқеӣ ва МММ-и саронаи воқеӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба ҳам монанд ҳастанд. Аз расмҳои 6 ва 7 дида метавонем, ки дар ин нишондиҳандаҳо Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ мавқеи баландтарро касб кардаанд. Ҷопон аз аввали давраи мавриди назари мо мавқеи аввалро касб карда буд. Вале Кореяи Ҷанубӣ дар аввал мавқеи наздик ба Чину Муғулистонро доштааст. Аммо баъдан суръати рушди бештар касб карда, аз ин ду кишвар болотар меравад ва баъди солҳои 80-ум ҷаҳиши иқтисодӣ дорад, ки ин кишварро аз рӯйи нишондиҳандаҳои мазкур ба Ҷопон хеле наздик мекунад. Муғулистон дар ин нишондиҳанда низ рушди нисбатан кам дорад. Чин аз ҳисоби зиёд шудани аҳолӣ дар ин нишондиҳандаҳо натавонистааст, ду кишвари пешсафи минтақаро гузарад, ҳамчуноне ки дар нишондиҳандаҳои ММД ва МММ гузаштааст.

  Воқеияти дигаре, ки дар ин ду расм мебинем, ин аст, ки Ҷопон аз рӯйи ин ду нишондиҳанда пайваста рушд кардааст. Суръати рушди ночизе, ки баъди соли 1991 дошт, аз ҳисоби зиёд нашудани аҳолии он ба ММД-и саронаи воқеӣ ва МММ-и саронаи воқеӣ таъсири назаррас расонидааст. Дар воқеъ, агар шумораи аҳолии Чин дар муддати аз соли 1991 то соли 2019 ба андозаи 246.93 миллион нафар зиёд шуда бошад, дар ин давра шумораи аҳолии Ҷопон танҳо ба андозаи 2.34 миллион нафар зиёд шудааст. Бинобар ин, бо вуҷуди суръати пасттарини рушди иқтисодӣ дар минтақаро доштан, дар ММД-и саронаи воқеӣ ва МММ-и саронаи воқеӣ барои Ҷопон зиёдшавиро ба мушоҳида мегирем.

  Расми 6. ММД-и саронаи воқеии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

  Расми 7. МММ-и саронаи воқеии кишварҳои Осиёи Шарқӣ

 

  Барои амиқтар дарк кардани аҳамияти иқтисодии минтақаи Осиёи Шарқӣ саҳми кишварҳои ин минтақаро дар ММД-и ҷаҳонӣ дидан лозим аст. Аз сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ ММД-и ҷаҳониро дастрас кардан имкон дорад. Аммо ММД-и кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар якҷоягӣ нестанд. ММД-и чор кишвари минтақаро (додаҳо барои Кореяи Шимолӣ дастрас нестанд) бо ҳам ҷамъ карда, ММД-и минтақаи Осиёи Шарқиро ба даст меорем. Бо истифода аз забони барномарезии “R” ин додаҳоро коркард карда, саҳми кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар ММД-и ҷаҳониро (бо фоиз) ҳамчун нишондишандаи алоҳида ҳосил менамоем. Дар расми 8 ин нишондиҳанда дар шакли намудори хаттӣ оварда шудааст.

  Расми 8. Саҳми кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар ММД-и ҷаҳонӣ

  Аз намудори боло ба осонӣ дида метавонем, ки саҳми кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар ММД-и ҷаҳон аз соли 1963 инҷониб пайваста зиёд шудааст. Агар дар соли 1960 саҳми ин минтақа дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба 7.89 дарсад баробар буд, онҳо тавонистанд онро дар соли 1980 ба 12.07 дарсад, дар соли 2000-ум ба 19.84 дарсад ва саранҷом дар соли 2019 ба 24 дарсад расонанд. Танҳо дар даврони буҳронҳои иқтисодии муайян ин сатҳ каме пойин меравад, вале дар даврони оромӣ пайваста зиёд мешавад. Дар солҳои 1970 ва 1980-ум дар пайи ҷаҳиши нархи нафт поён меравад ва дар аввали солҳои навадум каме пастшавии он ба рукути иқтисодии Ҷопон рабт дорад. Дар замони Буҳрони молиявии Осиё (1997) ин нишондишанда коҳиши назаррасро дорад. Баъдан дар солҳои 2003 то 2008 тамоюли коҳишёбии муҳлатнок ба назар мерасад. Ба эҳтимоли зиёд, ин аз ҳисоби зиёд шудани ММД-и кишварҳои содиркунандаи нафту газ аст. Чунки дар ин давра саҳми онҳо дар иқтисоди ҷаҳонӣ зиёд мешавад ва ин ба таври табиӣ саҳми кишварҳои мавриди назари моро кам мекунад. Аммо Буҳрони молиявии ҷаҳонии соли 2008 ин бартариро аз кишварҳои содиркунандаи нафт мегирад ва саҳми кишварҳои мавриди назари мо тамоили мусбат ба худ мегирад.

  Дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Шарқӣ аз оғози парвози озодонаи худ дар фазои сиёсии ҷаҳон тавонистанд саҳми худро дар иқтисоди ҷаҳонӣ се баробар зиёд кунанд, чунин ба назар мерасад, ки Тоҷикистони мо дар ин самт таҷриба надоштааст. Саҳми кишвари мо дар ММД-и ҷаҳонӣ дар соли 1990, охирин соли пурраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ба 0.012 дарсад баробар буд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ сатҳи ин нишондиҳанда дар соли 2000 то ба 0.003 дарсад пойин шуд. Соли 2019 саҳми мо 0.009 дарсад буд, ки ин аз соли 1990 камтар аст. Танҳо дар солҳои 2013-2015 ҳамагӣ се сол ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба 0.011 дарсад шуда буд, ки мутаассифона дар солҳои баъдӣ пойин рафт. Аз рӯйи ин нишондиҳанда, мо се даҳсола боз саҳми худро зиёд карда наметавонем. Агар таъсири муҳоҷирати меҳнатиро аз ин нишондиҳанда бардорем, боз ҳам камтар мешавад. Шояд истифода аз таҷрибаи муваффақи кишварҳои Осиёи Шарқӣ мавқеи моро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мустаҳкамтар карда тавонад.

  Ҳама нишондиҳандаҳои баррасишуда дар ин ҷустор баёнгари он ҳастанд, ки кишварҳои Осиёи Шарқӣ, махсусан Ҷопон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ сиёсати иқтисодии дурустро ба роҳ мондаанд. Ин кишварҳо бо дарки дурусти илми иқтисод ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ тавонистанд дар як давраи кӯтоҳ дар баробари кишварҳои Ғарб қудрати иқтисодиву технологӣ бошанд. Ба таври ҷиддӣ омӯхтани низоми сиёсиву иқтисодии ин кишварҳо ва дар заминаи он ислоҳоти бунёдӣ ворид кардан дар кишвари худ вазифаи ҳар як давлатмард ва блоки иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф мебошад. Тоҷикистони азизи мо низ аз ин қоида истисно нест. Набояд бо муқоисаи нишондиҳандаҳои иқтисодии худ бо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҳдуд шуда, аз суръати рушди иқтисодии кишвари худ қаноатманд бошем. Вақт аст, ки дар масири ислоҳоти иқтисодии бунёдӣ ҷиддӣ иқдом намуда, дар заминаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта, барои Тоҷикистони азиз модели беҳтари иқтисодиро таҳия ва амалӣ созем. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ тавонистанд ин иқдомро пиёда сохта, ҷойгоҳи худро дар низоми иқтисодии муосири ҷаҳонӣ касб кунанд. Мо низ бар асоси омӯзиши таҷрибаи ислоҳоти иқтисодии осиёӣ метавонем нишондиҳандаҳои болои иқтисодӣ дошта бошем.

  Сарчашмаҳо

  1. Poonkulali Thangavelu Top Ten US Economic Indicators - https://www.investopedia.com/articles/personal-finance/020215/top-ten-us-economic-indicators.asp
  2. Harry Mitchell. Macroeconomic Statistics - https://slideplayer.com/slide/6395272/
  3. Umar Serajuddin, Nada Hamadeh. New World Bank country classifications by income level: 2020-2021 - https://blogs.worldbank.org/opendata/new-world-bank-country-classifications-income-level-2020-2021
  4. M. L. Jhingan The Economics of Development and Planning.  41st Edition, Delhi-2016. P. 5.
  5. Habib Ahmed Elsayir. An Econometric Time Series GDP ModelAnalysis: Statistical Evidences and Investigations. Journal of Applied Mathematics and Physics. 2018. Р. 2635.
  6. Elena-Adriana ANDREI. Econometric Modeling of GDP Time Series. Theoretical and Applied Economics, Volume XVIII (2011). No. 10(563). Pp. 91-98.
  7. Organization for Economic Co-operation and Development, Department for Economic Development. Growth: Building Jobs And Prosperity In Developing Countries - https://www.oecd.org/derec/unitedkingdom/40700982.pdf0 

Баротов Лутфулло

ходими калони илмии 


шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ