АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ-АВВАЛИН ҲАЛҚАҲОИ ИБТИДОИИ ТЕРРОРИСТӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар шароити имрӯза экстремизми динӣ яке аз усулҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Он аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто баъзе давлатҳо ташкил шуда, дастгирӣ меёбад.
  Экстремизми динӣ бештар ба сиёсат сару кор мегирад. Мақсади асосии масъулони экстремизм ба ҳар роҳу восита созмон додани давлати ягонаи динист. Аз ибтидои кор ин ҷараён мақсад дорад, ки сараввал мавқеашро дар давлатҳои аҳолияшон мазҳабӣ мустаҳкам намуда, баъдтар тамоми ҷаҳонро зери нуфузи худ қарор диҳанд. Шаклҳои муборизааш маълум буда, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, халалдор сохтани сулҳу субот ва истиқлолият, ҷорӣ намудани ҳокимияти динӣ ва онро дар муборизаи худ барои ҳадафҳои ниҳонӣ, бидуни созиш бо ҷомеа ва шаҳрвандон истифода менамоянд. Қазияи Афғонистон мисоли равшани ин гуфтаҳо шуда метавонад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ба назар мерасад, ки ин ҳанӯз аввали кор аст.
  Равияҳои экстремистии динӣ дар таблиғи ақидаҳои ифротиашон хеле фаъол мебошад, ки аз дараҷаи мазҳабӣ сар карда, то сатҳи либоспӯшии фарҳанги бегона, аз ҷумла арабӣ, идома меёбад. Нигаронкунанда аст, ки инкишофи вазъияти динӣ дар Тоҷикистон ботинӣ ва моҳиятан набуда, балки сатҳӣ мебошад. Ҷавонони бо дониши кам ва ҷаҳонбинии паст мавъизаҳои як қатор аъзои гуруҳҳои экстремистро шунида, хоҳарон ва ҳатто модарони худро маҷбур менамоянд, ки аз либоси миллӣ ва дар мазҳабӣ ҳанафия қабулшуда, яъне рӯймол даст кашида, ба ҳиҷоб ва сатр, ки дар фарҳанги динии кишвари мо нест, рӯй биёранд.
  Бо боварии комил метавон гуфт, ки сарчашмаи асосии шиддати вазъи динӣ, ин  шомилшавии шаҳрвандон ба созмону ташкилотҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ, болоравии хурофоту динпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мебошад.
  6-уми октябри соли 2021 дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ баррасӣ шуд.
  Тибқи лоиҳа, ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон моддаи 334 прим. 1 илова карда шуд. Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.
  Ин иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бомаврид ва қобили дистгирӣ буда, яке аз роҳҳои пешгирии паҳн шудани ҳар гуна таълимоти динӣ-ифротӣ дар кишвар аст. Зеро раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурӯҳу созмонҳои террористию экстремистӣ боқӣ мондааст.
  Агар хатари асосии таҳдид ба амнияти давлатӣ ва давлатдории дунявӣ зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бошад, пас сарчашмаи асосии паҳншавии ин зуҳуроти хатарзо аз таълими ғайриқонунии динӣ сарчашма мегирад. Ба хулосаи коршиносон, 90-95 фоизи аъзои ташкилотҳои террористию экстремистӣ таълимгирандагони мактабҳои ғайриқонунии динӣ мебошанд. Табиист, ки гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ ба насли наврас ҷаҳонбинии хурофотӣ ва ғайриилмӣ дода, сабаби қафо мондани ҷомеа аз дастовардҳои илму техника, омӯзиши фанҳои дақиқ ва умуман, рушду тараққиёт мешавад. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъол гардидани таълими ғайриқонунии динӣ низ боиси ташвиш гардидааст, зеро таълими мазҳабу равияҳои гуногуни барои муҳити динии Тоҷикистон ғайрианъанавӣ таблиғ мешавад.
  Дар Тоҷикистон низ дар солҳои навадуми асри гузашта дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳо, муассисаҳои динӣ дар ҷомеа мардум якбора рӯ ба афзоиш оварданд, ки ин ба болоравии сатҳи диндориву хурофотзадагӣ дар ҷомеа боис шуд. Аз вазъияти баамаломада, пеш аз ҳама, диндорони кишвар бо ёрии хоҷагони берунаи худ вазъиятро ба манфиати худ истифода бурда, аз камсаводӣ ва дарки нокифояи идеологияи миллӣ мардумро ба шӯру кашмакашиҳои бемаънӣ расониданд. Таҳлили адабиёти илмӣ ва маводҳои бойгонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки аввали солҳои 70-90-уми асри ХХ низ роҳбарони ТТЭ ҲНИ барои амалӣ намудани мақсаду нақшаҳои ғаразнокашон оид ба интихоб, ҷалб ва аз ҷиҳати ғоявӣ омода намудани тарафдорони худ, пеш аз ҳама, ба таври пинҳонкорона макотиби сершумори ғайрирасмии диниро, асосан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистонии Тоҷикистон таъсис доданд. Барномаи таълимӣ дар ин мактабҳо чунин ба роҳ монда шуда буд, ки шогирдон бояд на танҳо ҳамчун «муллобача»-и оддӣ, балки толибилмони фаъоли наҳзатӣ, дорои  нафрат нисбат ба сохти конститутсионӣ тарбия меёфтанд. Таҳлили ҳодисаҳои 11-14-уми феврали соли 1990 (воқеаҳои февралӣ) аз он шаҳодат медиҳад, ки аксарияти иштирокчиёни ин кӯшиши аввалини тазоҳуроти сиёсиро маҳз ҷавонони синну соли 21 ва аз он боло ташкил медод, ки аксарияти онҳо таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта буданд. Ҳодисаҳои гузашта моро бояд водор созад, ки сари ҳар гуфтору рафтори “исломиёни бунёдгаро” ва “хоҷагони” онҳо дуруст хулоса барорем.
  Имрӯз пурра исбот карда шудааст, ки макотиби ғайрирасмии динӣ, дар асл, аввалин ҳалқаҳои ибтидоии террористӣ ба шумор мераванд, зеро тавре гуфта шуд, аксари аъзои ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ-террористиро шахсоне ташкил медиҳанд, ки дар чунин мактабҳои динии ғайрирасмӣ “сабақ” гирифтаанд.
  Мо бояд аз таърихи пурифтихор, аммо пурфоҷиаи худ дарси ибрат гирем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки чанд маротибае, ки мо давлатдориамонро аз даст додаву тобеи аҷнабиён гардида будем, нақши рӯҳониёну динпарастон асосӣ буд. Онҳо низ таълимоти диниро дар мамолики хориҷа ва назди шахсони дар хориҷа таълими динигирифта омӯхта буданд.
Файзиддин Раҷабалиев
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ