АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таъмини  амнияти миллӣ ва  минтақавӣ ҳамчун дастоварди муҳимми  даврони истиқлолият

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат – Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, аз  рӯзҳои  аввали  ба даст овардани истиқлолият ба масъалаҳои таъмини  амнияти  миллӣ, минтақавӣ  ва  байналмилалӣ, диққати  махсус  зоҳир  кардаанд. Маҳз ба туфайли  ҷидду - ҷаҳди  Пешвои миллат дар  самти  мазкур,  имрӯз дар   ҷумҳуриамон ва  тамоми  минтақаи  Осиёи  Марказӣ амнияти миллӣ ва минтақавӣ   таъмин гардидааст. Аз ин ҷиҳат ин омил ба  ақидаи  мо, дастоварди  муҳими  даврони  Истиқлолият  ба  ҳисоб  меравад.
Проблемаи  мазкур  қариб  дар  ҳамаи  суханрониҳои Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  сатҳи дуҷонибаю  бисёрҷониба  бо  сарони  давлатҳои хориҷии  дуру  наздик, аз  минбари  Созмони  Милали  Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони  Ҳамкориҳои  Шанхай (СҲШ), Созмони Амният ва  ҳамкории  Аврупо (САҲА), ҳангоми  вохурӣ  бо  қишрҳои  гуногуни ҷомеаи  кишвар, дар конфронсу  форумҳои мухталифи  байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, Паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мусоҳибаҳо ба рӯзноманигорони  дохиливу  хориҷии ВАО, мақолаҳои алоҳида дар рӯзномаҳои хориҷиву  дохилӣ ва ғайра,  дарҷ  ёфтааст.
Ахиран дар китоби бисёрҷилдаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», муҳимтарин  суханрониҳои Пешвои  миллат доир  ба  масъалаҳои  зикргардида,  ки  шуруъ аз нимаи дуюми  солҳои  90 – уми  асри гузашта ва солҳои аввали  асри XXI гуфта шудаанд, ҷамъоварӣ  гардидаанд. Масъалаи  таҳдиду  хатарҳо  ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ  имрӯз,  ҳам актуалӣ  боқӣ  мондаанд. Дар ин  мақола  баъзе  суханрониҳои  Пешвои  миллатамон   вобаста ба мавзӯъ аз китоби дар  боло  зикргардида,  оварда  шудаанд. Чунончи:
Пешвои миллат дар иҷлосияи IX  мулоқоти сарони давлатҳо  ва  ҳукуматҳои  кишварҳои  узви  Созмони  конфронси  исломӣ, ки 13 ноябри соли 2000 дар Қатар  доир  гардида  буд, қайд кардаанд:
«Имрӯз,  пас  аз ба  охир  расидани  давраи «ҷанги  сард», миқёси хавфу хатарҳое, ки  метавонанд  амнияти  байналмилалиро  халалдор  карда, ҷаҳонро  ба  бесарусомонӣ  ва  бесуботӣ  оранд, ҳоло  ҳам  назаррас  мебошад. Дар  ин  росто,  бахусус  барои кишварҳои  мо  ва  умуман барои ҷомеаи  ҷаҳонӣ  терроризми  байналмилалӣ, низоъҳои  минтақавӣ, гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир,  тақвият  гирифтани  тамоюлҳои  ифротгароӣ, ки  ба андозаи   қобили  мулоҳиза  минтақаи  Созмони  конфронси  исломиро  фаро мегиранд,  доираи  васеи  хавфу  хатарро  ташкил  медиҳанд. Ин омилҳои  хатарнок  барои  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ хавфи  фавқулодда  калон  доранд. Онҳо  на  танҳо  ба  амният  ва  суботи  минтақа таҳдид  карда,  ба  манфиатҳои  миллии  кишварҳои  мо зарари  ҷиддӣ  мерасонанд,  балки  ҳамчунин  асосҳои  мавҷудияти  худи  давлатҳоро хароб  мекунанд». [1]
Дар давоми  ин солҳо, масъалаи  ҳалли  буҳрони  беш  аз 40 – сол  идомадоштаи Афғонистон, ки таҳдиду  хатарҳои аз  ин кишвар  бароянда ба    амният ва суботи кишвар ва минтақа  таъсиргузор ҳастанд, дар маркази диққати Пешвои миллатамон қарор доранд. Масалан, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар мусоҳибаи худ бо сармуҳаррирони моҳномаи «Центральноазиатские  новости» Патрик Жюук ва Анвар Эргашев, чунин гуфтаанд: 
 «Масъалаи рафъи  муноқиша  дар  Афғонистон  таваҷҷуҳи  махсусро талаб  менамояд. То даме, ки муноқиша  дар  Афғонистон  бартараф  нагардад, системаи устувори  таъмини  амнияти  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  бунёд нахоҳад  шуд. Таъсири  муноқиша дар  Афғонистонро  ба мамлакатҳои  ҳамсоя дар  шакли  ба  вуҷуд  омадани воқеаҳои  номатлуб  на  танҳо дар  Тоҷикистон,  балки дар  мамлакатҳои дигари  Осиёи  Марказӣ  мушоҳида  кардан  мумкин  аст.
Бинобар  ин вазифаи  муҳимтарин  дар  бобати  таъмини  амнияти минтақаи  Осиёи  Марказӣ  бартараф  сохтани  муноқишаи  Афғонистон  аст. Ҳар  давлати Осиёи  Марказӣ, ки  ҳаёти  солими ҷомеаи  хешро таъмин  кардан  хоҳад,  бояд  ҷидду  ҷаҳдашро  бо  мамлакатҳои  дигар, таҳкими  амнияти  минтақа ва  бартараф  сохтани  муноқишаи Афғонистон  ҳамоҳанг созад». [2]
Дар суханронии Пешвои  миллат дар  мусоҳибаҳои умумии  сиёсии иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи  умумии СММ сентябри соли 1999  гуфта мешавад:
«Афғонистон  дар  натиҷаи ҷанги  тӯлонӣ  ба  яке  аз манбаъҳои асосии  истеҳсолкунандаи  маводи  нашъадори  ҷаҳон табдил  ёфт. Иҷозат  диҳед  хотиррасон  кунам, ки  ман  ҳанӯз  дар иҷлосияи  махсуси  20 – уми Маҷмаи  умуми  моҳи июни  соли 1998   пешниҳод карда  будам, ки  бо  мақсади бастани роҳҳои  интиқоли  нашъа   аз  Афғонистон  дар  атрофи  он «минтақаи амният» бунёд  карда  шавад. Ин  пешниҳод  вобаста  ба  он  ба  миён  омад, ки барои  Тоҷикистон дар  шароити  ҳозираи  иҷтимоию  иқтисодӣ  ҳифзи  боэътимоди  сарҳади  дарозиаш 1500 – километраи  он бо  Афғонистон  осон  нест». [3]
Дар баромади худ  дар  конференсияи байналхалқи бахшида  ба  маводи  мухаддир, ки  соли  1998  дар шаҳри Душанбе  доир  гардид.  Пешвои миллат чунин  зикр намуданд: 
«Қаламрави Давлати  Исломии  Афғонистон, чуноне  ки  борҳо  аз  минбарҳои  гуногун  изҳор  дошта  будам, солҳои  охир  ба  як  нуқтаи  ноорому   фалокатбор дар  минтақа  ва   ҷаҳон  табдил  ёфтааст ва  ин  омилро нодида  гирифтан оқибати  хуб  надорад.
Пӯшида  нест, ки нооромии Афғонистон  ба  амнияти  кишварҳои Осиёи  Марказӣ таҳдиди  бевосита дорад. Дур будани  Аврупо ҳам  оромиву  осоиши  аврупоиёнро  таъмин  карда наметавонад.
Маҳз  бо дарназардошти афзоиши босуръати қочоқи  маводи нашъадор  аз  Афғонистон  ман  дар  маърузаи худ дар  Ассамблеяи Генералии  СММ  пешниҳод  карда будам, ки дар  атрофи Афғонистон хатти  амният  ташкил  карда  шавад». [4]
Зимни  мусоҳибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бо хабарнигори рӯзномаи «Версты» А. Партс  чунин  таъкид  гардидааст:
«Ҳал  нашудани масъалаи  Афғонистон  ба  амнияти  мо хавфи  ҷиддӣ  дорад. Мо  нисбати воқеаҳое, ки  бевосита  дар  наздикии сарҳадотамон  рӯй  медиҳанд, бепарво  буда  наметавонем. Ҳамаи  ин ба  амнияти бисёр  мамлакатҳое  ҳам таҳдид  мекунад, ки  бо  Афғонистон  сарҳади  умумӣ  доранд. Ҳанӯз  моҳи  июни  соли 1998  ман  дар Маҷмаи умумии  СММ  аз  номи  ҶТ ҷомеаи  ҷаҳонро  ба  бунёди садди  шикастнопазир дар  сари  роҳи интиқоли  маводи нашъаоваре,  ки  аз  Афғонистон  ворид  мегардад, яъне  ба  бунёди «Минтақаи  амният» дар атрофи  Афғонистон  даъват  карда  будам. Бо  сабабҳои  маълум, пеш  аз  ҳама  сабабҳои  иқтисодӣ, мо  худамон  сарҳадро боэътимод ҳимоя  карда  наметавонем. Аз  ин  рӯ, мо  ба  кӯмаки  Россия ва ҷомеаи  ҷаҳон ниёзмандем. Зикр  кардан  мехостам, ки мамлакатҳои  мададрасон  ба  таҳкими сарҳади  давлатии  Тоҷикистон  кӯмак  расонда,  бо  ҳамин  ба  таҳкими амнияти  давлатҳои  худ  мусоидат мекунанд».  [5]
Пешвои  миллат ба  нақши ҳалкунанда ва мусбати Созмони  Милали  Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар  таъмини  сулҳу  амният  дар  миқёси  байналмилалӣ  борҳо ишора  кардаанд. Суханрониҳои зерини Пешвои  миллатамон мисоли равшани гуфтаҳо  буда  метавонанд:
1.«Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун  созмони мукаммали  байналхалқӣ  дар  сиёсати дурнамои  берунии Тоҷикистон нақши муассир  дорад. Мо  Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун воситаи беҳамтои  таъмини  сулҳу  амният  ва  роҳи самарабахши ёфтани воситаҳои  қобили қабули ҳалли  проблемаҳои  муҳимтарини  замони  муосир  мешуморем.
Мо  ба  тақвияти ояндаи нақши  Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун  воситаи асосии  таъмини сулҳу  амнияти байналхалқӣ,  бо  роҳҳои  осоишта ҳал  намудани проблемаҳои  имрӯзаи байналмилалию  минтақавӣ  умедворем.
Созмони Милали Муттаҳид  ва  ҷомеаи  ҷаҳон  бояд  хавфи  бузурги  бӯҳрони  Афғонистонро  ба  амнияти  минтақа  ва  саросари  ҷаҳон  дарк  намуда ,  барои  қатъ намудани ҷанги  идома ёфтаистода  дар  ин  мамлакат  тадбирҳои   муассир  андешанд». [6]
 2.«Тоҷикистон ҷонибдори  принсипи тақсимнопазирии  амният  буда, ҳаминро ба инобат  мегирад, ки ба  таъмини сулҳу  амнияти минтақаи Аврупо  ва  Осиё  танҳо  дар мавриде  кафолат  додан  мумкин  аст, ки  таъмини  амнияти  ҳар  давлати  алоҳида  дар  заминаи  таъмини  амнияти умумии  давлатҳои  боқимонда  мавриди  баррасӣ қарор  дода  шавад.
Мо  дар  ин  бобат  зарурати қабули ҳуҷҷати амнияти  Аврупоро  ҳамчун  ҳуҷҷати  мукаммал ва  ҳамаҷониба тарафдорӣ  менамоем, ки  дар он  бояд  манфиати  ҳамаи  аъзои  созмон  ифода  ёфта, нормаҳо, меъёрҳо  ва  вазифаҳои  САҲА  инъикос карда, инчунин  самтҳои фаъолияти  он  дар  асри XXI  муайян  карда  шавад.
Таваҷҷуҳи  шуморо ба  он ҷалб  карданиам, ки бе  муҳайё  сохтани  шароити  зарурии  пешрафти  босуботи иқтисодӣ,  бе  ҳалли  самарабахши  проблемаҳои иҷтимоию экологии мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ, аз  ҷумла Тоҷикистон, дар  давраи  гузариш, ҳамчунин ноил гардидани  ба  тараққиёти  муттасили  онҳо ба  таъмин  ва таҳкими воқеии  амнияти  минтақа умед  бастан душвор  аст.
Мо  маҳз бо  роҳи ҷиддӣ,  якҷоя  ва  муштарак  ба назар  гирифтани манфиатҳои  ҳамаи давлатҳои  узви САҲА дар  таъмини амнияти  баробарҳуқуқ  ва  тақсимнопазири  Аврупо  ва  ҳамаи  давлатҳои  узви  САҲА  дар  асри  XXI  саҳми  воқеӣ  гузошта  метавонем». [7]
Тавре маълум аст, яке  аз  проблемаи  доғи муосир, ки ба  амнияти байналмилалӣ  ва  минтақавӣ таъсири  манфӣ мерасонад ин  қочоқи  ғайриқонунии  маводи  мухаддир  ба  ҳисоб  меравад. Масъалаи мазкур бо  он  сабаб    доғу  ҳассос  ба  ҳисоб  меравад, ки қаблан ва  имрӯз он ба яке  аз  сарчашмаҳои асосии  маблағгузории  терроризми  байналмилалӣ, экстремизми  динӣ ва  ҷинояткориҳои  дигари  фаромиллӣ табдил  ёфтааст. Дар ин бора  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  суханрониҳои  зерини худашон  қайд намудаанд: 
1.«Ба  ҳама  маълум   аст, ки паҳн  гардидани маводи  нашъадор дар давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  ба  таъмини вазъи  босубот  ва  амнияти  тамоми  минтақа хавфи  ҷиддӣ  дорад.
Ҳаминаш  хурсандиовар  аст, ки дар  ин   бобат тадбирҳои  умедбахш  қабул  шудаанд,  меморандуми  ҳусни  тафоҳуми  ҳамкорӣ  дар  соҳаи назорати маводи  нашъадор  миёни муассисаҳои назорати  маводи нашъадори  СММ ва  давлатҳои Осиёи  Марказӣ  ба  имзо  расид». [8]
2.«Мафияи  байналхалқии  нашъа  бо  истифода  аз  душвориҳо  ва  масъалаҳои давраи  гузариш ва  имкониятҳои  маҳдуди  ташкили муҳофизати  ҳамаҷонибаи сарҳади   давлатии  мо  бо    Афғонистон қаламрави  мамлакати  моро  барои  қоҷоқи  нашъа  ба  мамлакатҳои  ИДМ  ва  баъдан  ба  Аврупо  истифода  мебарад. Ин   на  танҳо  ба  амният  ва  вазъияти босуботи  мамлакати  мо  таҳдид  менамояд,  балки  ба  андозаи  муайян   дар  роҳи  бунёди  давлати  мустақили  Тоҷикистон  монеаи  ҷиддӣ  мебошад».  [9]
Қобили зикр аст, ки Пешвои  миллат дар баробари ба  миён гузоштани  проблема, барои ҳалли  он ба  сохторҳои қудративу ҳифзи  ҳуқуқи  ҷумҳурӣ  дастуру  ҳидоятҳои  дахлдор медиҳанд. Дар асоси онҳо аз тарафи сохторҳои  дахлдор  чораҳои  зарурӣ  андешида  шудаанд.
Дар  давраи 30  соли  истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон     заминаи  меъёрии  ҳуқуқии  масъалаи  таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва  байналмилалӣ, ки асоси онро  мубориза  бо зуҳуроти  номатлуби  муосир ба монанди: терроризми  байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи  ғайриқонунии  маводи мухаддир, силоҳу  муҳиммот, одамрабоӣ  ва ғайра  ташкил  медиҳанд,  бо  қабули як қатор  санадҳои  меёрӣ – ҳуқуқӣ  такмил дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки  Стратегияи  миллии   муқовимат  бо  терроризм  ва  экстремизм  барои  солҳои  2016 – 2020  қабул ва  татбиқ кард. Соли 2021 Стратегияи  нави  ҳамонанд  барои солҳои  2021- 2025 тасдиқ ва  мавриди татбиқ  қарор  дода  шуд. Дар  ҷустуҷӯ  ва  дастгир  намудани  террористони  тоҷики  фирорӣ  ҷумҳурӣ  бо  полиси  байналмилалӣ Интерпол, ҳамкории   зич  дорад. Илова  ба  ин  дар байни  аксарияти  кишварҳои  дар  фазои  АвруОсиё   қарордошта  созишномаҳои  дар  бораи  истирдоди   ҷинояткорон  ба  имзо  расонида   шудааст.              
Дар  назди сохторҳои  қудративу  махсус ва ҳифзи ҳуқуқ ба монанди: Вазорати  мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои  махсуси  зиддитеррористӣ  таъсис  дода  шуданд  ва ғайра.
Ахиран,  ба  сари  қудрат  омадани ҳаракати толибон  дар  Афғонистон  ба  амнияти  миллӣ  ва  минтақавӣ  таҳдиду  хатари  наве  эҷод кардааст. Мавқеи  Ҳукумати  Тоҷикистонро доир  ба  вазъи  кунунии Афғонистон Пешвои  миллат  дар  вохӯрӣ  бо Вазири корҳои  хориҷии Покистон  ҷаноби  Қурайши чунин  ифода кардаанд: «Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулму таъқиб ва бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан ҳама ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад. Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсӣ ва масъалаҳои амниятӣ кишвари ҳамсояро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тамоми тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи аҳолии ин давлатро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир таъсис диҳад» [10]
Пешвои  миллатамон дар чунин  як  шароити  ҳассос  бори  дигар  собит намуданд, ки  мардуми  тоҷиктабори  афғон ба  мо  бегона  нестанд. Бе  ширкати  тоҷикони  афғон   дар  ҳукумати  фарогир, амнияту  субот  дар  Афғонистон  ҳеҷ  гоҳ таъмин карда намешавад. Аз ин лиҳоз, таҳдиду  хатар  аз  ин  кишвар ба  амнияти миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва минтақаи  Осиёи Марказӣ аз байн намеравад.
Бинобар ин, имрӯз  ҳар фарди  тоҷик  бояд аз  ин  мавқеи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳимоят  намояд.
Бо дарназардошти  гуфтаҳои  боло, баҳри  таъмини  минбаъдаи  амнияти  миллии  кишвар ва Осиёи  Марказӣ, чунин  пешниҳодҳо дорем:
1.Раванди  нигоҳ доштани мувозинати сиёсӣ ва геополитикӣ  бо абарқудратҳои  ҷаҳонию  минтақавӣ дар ояндаи дуру наздик, бо риоя кардани эҳтироми манфиатҳои  давлатӣ  ва  миллии  ҳамдигар, идома дода шавад. 
2.Иштироки фаъол  ва самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори созмонҳои байналмилаливу  минтақавӣ аз қабили: Созмони Милали  Муттаҳид (СММ), Созмони  Аҳдномаи Амнияти  Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони  Ҳамкориҳои  Шанхай (СҲШ), ИДМ  ва  ғайра,  ки ҷумҳуриамон  узви  онҳо  мебошаду  дар  онҳо масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои  муосир  ба  амнияти  миллии кишвар ва минтақа  ҳаллу  фасл  мегарданд, минбаъд  таъмин карда шавад.
 
АДАБИЁТИ  ИСТИФОДАШУДА
1.Эмомалӣ  Раҳмон. Ба ҳазораи нав – бо орзую  омоли нав. Суханронӣ дар  иҷлосияи IX  мулоқоти  сарони давлатҳо ва  ҳукуматҳои кишварҳои  узви созмони  конфронси  исломӣ, Давҳа (Қатар), 13  ноябри  соли  2000, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди  3 саҳ. 462 – 467.
  1. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавоб ба саволҳои сармуҳаррирони моҳномаи «Центроазиатские  новости» Патрик Жюук ва Анвар Эргашев. Китоби  «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди  3, саҳ. 409 -420.
  2. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи умумии СММ, сентябри  соли  1999, , «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди 3, саҳ.194 – 203
  3. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар конференсияи байналхалқии илмӣ бахшида ба мубориза бар зидди маводи  нашъадор, Душанбе, 15  январи  соли 1999, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди 3, саҳ. 10.
  4. Эмомалӣ Раҳмон. Посух ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Версты» Алекс андр Партс, феврали  соли  2001, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди 4, саҳ. 47 – 53,
  5. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии иҷлосияи 54 – уми Маҷмааи умумии СММ, сентябри  соли  1999,  «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди 3, саҳ.204 – 212.
  6. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқоти сарони  узви  САҲА. Истанбул, 19 ноябри соли 1999, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди 3, саҳ.242 – 245.
  7. Эмомалӣ Раҳмон. Пеши роҳи вабои  асрро гирем. Суханронӣ дар иҷлосияи  махсуси 20 – уми Ассамблеяи генералии  СММ, июли  соли 1998, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат, ҷилди 2, саҳ. 406 – 410. 
  8. Эмомалӣ Раҳмон. Таҳдидҳои нав дар  асри XXI. Суханронӣ дар  конгресси X – уми СММ   дар  масъалаи пешгирӣ  намудани ҷиноят  ва  ҷазо  додани  ҷинояткорон, ҳамкории   байналхалқӣ  дар  мубориза  алайҳи  ҷинояткории  трансмиллӣ, Вена, 14  апрели  соли  2000, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи  миллат», ҷилди  3, саҳ. 341 -347.
  9. Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Душанбе танҳо ҳамон ҳукуматро эътироф менамояд, ки фарогири ҳамаи мардуми Афғонистон бошад.
https://khovar.tj/2021/08/tass-emomal-ra-mon-iz-or-namudand-ki-dushanbe-tan-o-hamon-ukumatero-etirof-menamoyad-ki-farogiri-amai-mardumi-af-oniston-boshad/
 
Сангинов Н.Н. мудири шуъбаи
Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ
  
 

БОЗГАШТ