ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Он на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва қонун низ зарба мезанад. Мубориза бо коррупсия кори осон нест ва он иродаи сиёсӣ, механизмҳои муассир ва ҳамкории фаъоли ҷомеаро талаб мекунад. Дар кишварҳои Аврупо дар давоми даҳсолаҳои ахир системаи густурдаи мубориза бо коррупсия ташаккул ёфтааст. Ҳар кишвар бо назардошти хусусиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии худ роҳҳои гуногунро пеш гирифтааст. Бо вуҷуди тафовутҳо, якчанд таҷрибаҳои умумӣ ва самарабахш дар аксари давлатҳои аврупоӣ мушоҳида мешаванд, ки дар зер ҳар яки ин таҷрибаҳоро ба таври мухтассар таҳлил мекунем:
1. Ташкили ниҳодҳоимустақилизиддикоррупсия
Яке аз таҷрибаҳои муҳими кишварҳои аврупоӣ таъсиси сохторҳои мустақили зидди коррупсия мебошад. Масалан, дар Руминия соли 2002 Раёсати миллии зидди коррупсия (Direcția Națională Anticorupție -DNA) таъсис ёфт. Ин ниҳод мустақилона амал мекунад ва мустақиман ба додситони кулл тобеъ аст. Дар тӯли чанд сол, DNA садҳо парвандаи калони фасодро таҳқиқ кард ва мансабдорони баландпояро ба ҷавобгарӣ кашид. DNA бо истифода аз гуруҳҳои мутахассис, аз ҷумла ҳуқуқшиносон, ҳисобдорони судӣ ва муфаттишони махсус, натиҷаҳои назаррас нишон дод. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2016 беш аз 870 нафар бо иттиҳоми фасод маҳкум гардиданд.
2. Рақамисозиихидматҳоидавлатӣ
Роҳи дигари самараноки коҳиши фасод — рақамисозииидоракунии давлатӣ мебошад. Дар Эстония, ки имрӯз онро яке аз кишварҳои пешсафи рақамӣ дар ҷаҳон мешуморанд, қариб ҳама хидматҳои давлатӣ тавассути интернет, яъне онлайн пешниҳод мешаванд. Шаҳрвандон тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ шуруъ аз супоридани андоз то тиббу маориф ва ҳатто овоздиҳӣ дар интихоботро ҳам тавассути хизматрасониҳои онлайнӣ ба анҷом мерасонанд. Ин гуна система на танҳо вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад, балки муҳити шаффоф ва бидуни тамоси мустақим бо мансабдорро фароҳам месозад. Дар натиҷа, имкониятҳои ришвахурӣ ба таври чашмрас кам мешаванд.
3. Муҳитиҳуқуқииустуворва қонунгузориидақиқ
Бисёре аз кишварҳои Аврупо дорои қонунгузории дақиқ ва навшудаи зидди фасод мебошанд. Дар Фаронса, қонуни “Спайн 2” “Sapin II”, ё Conformité Sapin 2 ки соли 2016 қабул шуд, ҳама ширкатҳои бузургро вазифадор намуд, ки барномаҳои пешгирии фасодро татбиқ кунанд. Ин барномаҳо бояд таҳлили хавф, тарбияи кормандон ва механизмҳои дохилии иттилоотро дар бар гиранд. Қонуни “Sapin 2” бо ҳадафи пурқувват кардани мубориза алайҳи фасод ва баланд бардоштани шаффофият дар бахши иқтисодӣ қабул шудааст. Ин қонун дар ҷавоб ба талаботи байналмилалӣ таҳия шуда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шудааст.
Қонуни Олмон дар мубориза бо фасод асосан ба Кодекси ҷиноӣ (StGB) такя мекунад, ки ришвадиҳиро дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ҷиноят мешуморад. Дар баробари он, қонуни нави “Hinweisgeberschutzgesetz”, қабул шудааст, ки (2023) муҳофизати ҳуқуқи ошкоркунандагони фасодро таъмин мекунад. Қонуни зидди шустушӯи пул (GwG) низ дар мубориза бо фасод нақши калидӣ дорад. Идораҳои махсус, ба мисли Раёсати кулли гумруки Олмон – Воҳиди иктишофи молиявӣ (FIU) ва Идораи федералӣ оид ба зиддиинҳисорӣ ва назорати рақобат дар Олмон (Bundeskartellamt), назорат ва татбиқи қонунҳоро иҷро мекунанд. Низоми ҳуқуқии Олмон бо назорати қатъӣ, шаффофият ва ҷавобгарии ҷиддӣ яке аз намунаҳои муваффақи мубориза бо фасод дар Аврупо ба ҳисоб меравад. Дар Олмон, қонун дар бораи муҷозоти кормандони давлатӣ барои истифодаи маблағҳои давлат ба манфиатҳои шахсӣ хеле шадид аст. Ҷазоҳо метавонанд то чандин соли зиндонро дар бар гиранд.
4. Шаффофият ва дастрасӣбаиттилоотидавлатӣ
Шаффофият як рукни калидии мубориза бо коррупсия аст. Дар кишварҳои Скандинавия, аз ҷумла Шветсия ва Норвегия, қонунгузорӣ талаб мекунад, ки ҳама санадҳои марбут ба фаъолияти давлатӣ барои ҷомеа кушода бошанд. Дар Шветсия, ҳаққи дастрасӣ ба иттилооти давлатӣ ҳанӯз дар асри 18 дар қонун сабт шуда буд — яке аз аввалин қонунҳои ҷаҳон дар ин самт мебошад. Ин иқдом боис мегардад, ки шаҳрвандон ва журналистон тавонанд фаъолияти мансабдорони давлатиро назорат кунанд ва ба содир шудани амалҳои фасодкорона роҳ надиҳанд.
5. Ҳифзихабардиҳандагон (whistleblowers)
Дар бисёр кишварҳои Аврупо хабардиҳандагон — яъне шахсоне, ки дар бораи амалҳои ғайриқонунӣ дар ҷои кор ё ниҳодҳои давлатӣ хабар медиҳанд аз тарафи қонун сахт ҳимоя карда мешаванд. Масалан, дар Нидерландия, соли 2016 “Маркази миллии хабардиҳандагон” таъсис дода шуд. Ин марказ ба онҳое, ки аз вуҷуд доштани фасод дар ин ё он амалро ба мақомоти марбута мерасонанд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад. Бисёре аз қонунҳои нав дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо низ хабардиҳандагонро ҳамчун сарчашмаи муҳими ошкорсозии фасод эътироф мекунанд.
6. Тарбияи ахлоқиишаҳрвандонваомӯзишизиддифасод
Кишварҳои монанди Дания, Норвегия ва Финляндия ба рушди фарҳанги зидди фасод таваҷҷуҳи зиёд медиҳанд. Дар мактабҳо мавзӯъҳои ахлоқ, шаҳрвандӣ ва масъулияти ҷамъиятӣ таълим дода мешаванд. Дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ курсҳои махсус оид ба ахлоқи хизматчиёни давлатӣ ва стандартҳои рафтор баргузор мегарданд. Дар натиҷа, дар ҷомеа меъёрҳои рафтори қонунманд ва муқовимат ба фасод ба як қоидаи умумӣ табдил ёфтааст.
Таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ дар мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки ин раванд бояд системавӣ, пайваста ва ба ҷомеа нигаронидашуда бошад. Қадами аввал — ташкили ниҳодҳои мустақил ва касбӣ мебошад. Қадами дуввум — таъмини шаффофият ва рақамисозии идоракунии давлатӣ. Қадами сеюм — тарбияи фарҳанги зидди фасод ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон. Гарчанде ки ҳеҷ як кишвар аз фасод комилан эмин нест, таҷрибаҳои Аврупо исбот мекунанд, ки бо иродаи сиёсӣ, дастгирии ҷомеа ва механизмҳои дуруст метавон фасодро ба таври ҷиддӣ коҳиш дод.
Аз ин таҷрибаҳо метавон барои такмил додани сиёсати зидди фасод дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, низ истифода бурд. Барои ин, ҳам андешаи миллӣ ва ҳам омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ муҳим аст.