АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАҶРИБАИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТИ КОРЕЯ ВА ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Таҷрибаи рушди инноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Корея ва имконияти истифодаи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «муъҷизаи иқтисодӣ»-и ин кишвар масъалаест, ки ҳанӯз ба таври васеъ омӯхта нашудааст. Кореяи Ҷанубӣ дар давоми татбиқи барномаи даҳсолаи панҷуми рушди иқтисоди худ ба нишондиҳандаҳои баланди суръати афзоиш (ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 30 ҳазор доллар) ноил гардидааст. Ин кишвар ба манбаъҳои маҳдуди захираҳои моддии худ нигоҳ накарда, бо такя ба захираҳои инсонӣ, ба дастовардҳои иқтисодӣ комёб шуда, соҳиби захираҳои бузурги асъор ва намунаи ибрат барои кишварҳои пешрафта гардидааст. Аз ҷумла, мӯъҷизаҳои нодири иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ, бо аҳолии бештар аз 50 млн. нафар, ба Тоҷикистон низ таъсир карда, боиси он гардидааст, ки ташаббусҳои нави стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва блоки иқтисодии Ҳукумат ҳамаҷониба ва ба таври ҷиддӣ ба тағйирдиҳии рейтинги иқтисодии Тоҷикистон дар минтақа барои соли то 2020 ва баъди он нигаронида шавад.

    “Барои он ки Тоҷикистон худро аз ҳолати кишвари воридкунандаи маҳсулоти тайёр ва ашёи хом бароварда, иқтисодиёташро ба роҳи содирот равона намояд, ташкил кардани корхонаву ширкатҳои муштарак бо маблағгузориҳои хориҷӣ ва технологияҳои ҷадид зарур аст. Агар дар роҳи ҳалли ин масъала мушкилот ба миён ояд, он вақт маблағгузориро аз ҳисоби имкониятҳо ва захираҳои дохилӣ, пайдо намудан лозим мешавад”, - таъкид менамояд иқтисодшинос, академик Н. Қаюмов.

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба масъалаҳои инкишофи илм барои соли 2017 чунин иброз намуданд: “Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад ва он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад”.

   Дастурҳои нави Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба андешидани тадбирҳои фаврӣ бобати пешгирии фирори мағзҳо мусоидат намоянд ва баргаштани ақлҳоро ба мамлакат ҳавасманд созанд.

   Бояд тазаккур дод, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш моҳи январи соли 2015 оид ба Стратегияи миллии рушди кишвар таваҷҷуҳашонро ба «инкишофи минбаъдаи бемайлони кишвар дар шакли индустриявӣ ва иноватсионӣ” равона сохта буданд. Мавсуф чунин нуқтаро дар назар доштанд, ки дар соли 2016 инкишофи баъдинаи иқтисодиёти мамлакат на ба тариқи аграрӣ-индустриалӣ, балки ба модели индустриалӣ-аграрӣ роҳандозӣ мешавад.

   Барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин супоришҳо таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ҷумҳурии Корея аз соли 1992 бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Соли 2015 дар Сеул сафоратхонаи Тоҷикистон расман кушода шуд. Моҳи апрели соли 2015 сафари кории Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ барои иштирок дар форуми байналмилалии об сурат гирифт ва дар ҷараёни он вохӯрии Президенти Тоҷикистон бо Президенти Кореяи Ҷанубӣ Пак Ҷон Хи баргузор шуд.

   Нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Корея дар солҳои охир

   Ссоли 2015 ММД-и Корея 1,377 трлн. доллари ИМА буд. Истеъмоли маҳсулоти дохилӣ (ИМД) аз рӯи маҷмӯи қобилияти истеъмолӣ (МҚИ) 1,85 трлн. доллари ИМА-ро такшил медод. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 27 221,5 доллари ИМА буд. ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯйи МҚИ 34387 доллари ИМА-ро ташкил медод. Маҷмӯи даромади миллӣ (МДМ) ба ҳар сари аҳолӣ 27440 доллари ИМА буд. Аз рӯйи баҳогузории ЮНЕСКО дар соли 2014 сатҳи камбизоатӣ 13 %-ро ташкил медод. Дар моҳи июли соли 2016 сатҳи бекорӣ ба 36% баробар буд. Соли 2013 сатҳи саводнокии аҳолии ин кишвар 97,8%-ро ташкил медод. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2015 2,6%-ро ташкил намуд (дар соли 2014 - 3,3%). Тибқи рейтинги Бонки умумиҷаҳонии Doinq Business ин кишвар аз рӯи сода будани дараҷаи роҳандозии бизнес дар ҷаҳон ҷойи 5-ум аст.

   Сохтори иқтисодӣ дар соли 2017 аз рӯйи самтҳои рушди саноат: киштисозӣ, саноати нимноқилҳо, мошинсозӣ, саноати пӯлодгудозӣ, нафтохимия. Бозорҳои тозаинкишоф дар соли 2014: IТ-технология, алоқа, нақлиёт ва логистика, бахши бонкӣ, бозори хизматҳо, энергетикаи атомӣ, теле- ва радиошунавонӣ- ҳамаи ин бахшҳо барои маблағгузориҳои хориҷӣ муайян шудаанд.

   Содироти Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2015 ба 535,5 млрд. доллари ИМА (Соли 2014 691 млрд. доллари ИМА) баробар буд ва воридот дар соли 2015 430,8 млрд. доллари ИМА (Соли 2014 528 млрд доллари ИМА)-ро ташкил намуд. Аз ҷумла, сохтори содирот (молҳои асосӣ): таҷҳизоти барқӣ ва электронӣ, васоити нақлиёт, маҳсулоти мошинсозӣ ва реакторҳои ядроӣ, сӯзишвории минералӣ (ангиштсанг, нафт ва пасмондаҳои нафтӣ (мазут), киштиҳо. Дар ин ҳолат шарикони асосии Кореяи Ҷанубӣ аз рӯйи содирот дар соли 2014 Хитой, ИМА, Ҷопон, Арабистони Саудӣ мебошанд.

   Сохтори воридот дар соли 2015 (молҳои асосӣ): сӯзишвории минералӣ, таҷҳизоти барқӣ ва электронӣ, маҳсулоти мошинсозӣ, реакторҳои ҳастаӣ, маҳсулоти металлургӣ, таҷҳизот.

   Кореяи Ҷанубӣ мекӯшад маблағгузории хориҷиро барои дастгирӣ ва рушди 8 минтақаи озоди иқтисодии худ ҷалб намояд. Бар замми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Кореяи Ҷанубӣ боз минтақаҳои маблағгузории хориҷӣ ва минтақаҳои озоди маблағгузорӣ фаъолият доранд.

   Таваҷҷуҳи бузург ба рушди инноватсионии иқтисодиёт, пешрафти бахши давлатӣ, инкишофи минбаъдаи иқтисодиёти бозорӣ ва таъмини бахши бовариноки иҷтимоӣ равона мешавад. Ворид намудани низоми устувор барои афзоиш додани маблағгузориҳои хориҷӣ ба соҳаҳои ояндадори хизматрасонӣ вазифаи муҳим дониста мешавад. Ҳамчунин, гузаронидани ислоҳот дар бозори меҳнат, маориф, соҳаи молия низ нақшабандӣ шуда, амалӣ гашта истодааст.

  Соли 1951 дар Кореяи Ҷанубӣ ба сари ҳокимият генерал Ҷон Хи омад. Дар соли 1963 ӯ ҳокимиятро бо роҳи конститутсионӣ қонунӣ кард. Бо омадани ӯ тағйирот ва дигаргуниҳои босуръат барои беҳтарсозии иқтисодиёти мамлакат шурӯъ гардид. Вазифаи асосии ислоҳоти ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ ташкил кардани иқтисодиёти рӯ ба содирот буд. Президент Пан Ҷон Хи ҳангоми роҳандозии мақсадҳои стратегии давлат ба иҷрои ду вазифа такя мекард:

   1. Идеализатсиякунонии мансабдор.

   2. Соҳибмансаб - ин симои мусбӣ (позитив) аст.

   Дар иҷрои ин ду ҳадафи стратегӣ Пан Ҷон Хи роҳ ба «диктатураи рушд»-ро интихоб кард ва барои татбиқи сиёсати рушд барномаҳои иқтисодии панҷсолаҳои давлатиро роҳандозӣ намуд. Дар ин самт, ки афзалияти рушди иқтисоди давлат ба барномаҳои аз ҷониби ҳукумат маблағгузоришаванда дода шуда буд, раванди дастгирии содиротро пеш гирифтанд, ки иборат аз додани қарзҳои имтиёзнок, озод намудан аз андоз, таъмини нархҳои имтиёзнок барои барқ, об ва нақлиёт, маблағгузории давлатӣ ба сохторҳои саноат ва ғайра нигаронида шуда буд. Дар натиҷаи татбиқи ин гуна сиёсати дохилӣ тайи се даҳсола, Корея аз кишвари инкишофёбанда ба рушдёфта табдил ёфт. Президент Пак Ҷон Хи ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба, вале ба ном золими классикӣ нақши давлатро пурзӯр гардонид ва роҳи банақшагирии мутамарказро ҷорӣ кард. Дар ҷараёни иҷрои чунин фаъолиятҳо ӯ батадриҷ бо фасод (коррупсия) муборизаи беамон мебурд.

   Солҳои 60-ум, дар ибтидои президентии генерал Пак Ҷон Хи дар як вақт татбиқи «мӯъҷизаи иқтисодии Кореяи Ҷанубӣ» низ сар шуд. Мамлакат ҷаҳиши беназиреро дар пешравӣ ноил гардида, аз давлати қафомондаи аграрии минтақаи Осиёи Ҷанубӣ то зинаҳои баландтарини иқтисодиёти ҷаҳонӣ расид. Мамлакат ба яке аз пешсафони ҷаҳон дар соҳаҳои автомобилсозӣ, киштисозӣ, саноати пӯлодгудозӣ, химиявӣ ва истеҳсолкунандаи технологияҳои олӣ ва электрикӣ мубаддал гашт. Пешбарандаи рушди иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ он замон бизнеси миёна ва хурди миллӣ ба шумор мерафт.

   Махфӣ нест, ки Сеул ҳеҷ гоҳ дар масъалаи ворид намудани сармоя ва пайдо намудани қарз (кредит) мушкилӣ намекашид. Барои он ки ҳангоми ҷанги солҳои 1950-1953 дар байни ду Корея, тарафдорони Кореяи Ҷанубӣ бар зидди СССР ва ҶХХ кишварҳои Ғарб буданд, аз ин лиҳоз ӯро ИМА, Ҷопон ва Аврупои Ғарбӣ ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Дар солҳои 2000-ум, Кореяи Ҷанубӣ ба раванди рушди инноватсионии иқтисодиёт гузариш намуда, тавонист дар амал аз ҳеҷ чиз корпоратсияи оламшумули «Чеболӣ», ширкатҳои Samsung electronics, LG electronics, Hundai Motors, PJSCO, Hundai Hevy Industries, Daewoо, Lucky Gold Star-ро бунёд намояд.

   «Самсунг электроникс» - ширкати трансмиллии байналмилалӣ оид ба истеҳсоли электроника, нимноқилҳо, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, хотираҳои чиноӣ, дисплейҳои мойеи-кристаллӣ, телефонҳои мобилӣ, мониторҳо мебошад. Ширкати мазкур дар беш аз 60 кишвар зиёда аз 90 офис дорад, ки дар онҳо беш аз 160 ҳазор коргар ва мутахассис кор мекунанд. Соли 2013-ум ширкат бо 425 ҳазор корманд ва 295,8 млрд. доллар, дар ҳудуди 31926 млрд. доллар гардиши мол ва даромади соф дошт. «Самсунг электроникс» дар соли 2011 тавонист 300 млн. доллар телефони мобилиро дар 1 сол фурӯшад. Дар ҳоле ки ба чунин дастовард қаблан ширкати ҷопонии «Nokiа» муяссар гардида буд.

   Ҷумҳурии Корея ба қатори даҳгонаи бузургтарин кишварҳои иштирокчии савдои ҷаҳон ворид шуда, аз рӯйи ҳаҷми савдои беруна дар ҷаҳон мақоми ҳаштумро касб кардааст. Ҳаҷми умумии гардиши берунаи моли Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2014 тахминан 1,098 трлн. долларро ташкил кард. Дар ҳамин сол молҳои содиротиро ба маблағи умумии 572,6 млрд. доллар фурӯхта, (Дар ҷаҳон ҷойи ҳафтум), воридотро ба маблағи 525,5 млрд. доллар иҷро кардааст (Дар ҷаҳон ҷойи нуҳум).

   Такя ба илму технология

   Бо мақсади фаъолгардонии рушди илму технологияи пешқадам дар соли 1966 Донишкадаи илм ва технология Корея таъсис дода шуд. Соли 1967 бошад, Вазорати илм ва технология ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳукумат бо эътимоди комил, бо дарназардошти он, ки дурнамои кишвар аз рушди илм ва технология вобаста аст, 29 феврали соли 2008 Вазорати маориф, илм ва технологияро таъсис дод. Моҳи апрели соли 2011 Комиссияи давлатӣ оид ба илм ва технология ташкил карда шуд ва он барои эҷоди Нақшаи миллии илм ва технология, ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии сиёсати трансҳукуматӣ дар соҳаи илм ва технология дар асоси нақша муваззаф карда шуд. Аз аввал сиёсати кишвар дар соҳаи илм ва технология асосан ба ворид кардан, аз худ намудан ва истифода кардани технологияҳои хориҷӣ нигаронида шуда буд. Аммо барои боло бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои технологӣ дар солҳои 80-ум самти сиёсат ҷиҳати банақшагирӣ ва татбиқсозии лоиҳаҳои миллӣ дар ин соҳаҳо тағйир дода шуд. Ба ин намуд лоиҳаҳо барномаҳое ворид гардиданд, ки мебоист ҳам маблағгузории давлатӣ ва ҳам хусусиро барои рушди илм ва технология, омодасозии кадрҳои баландихтисос ба ин соҳаҳо дар бар мегирифт.

   Аз ибтидои солҳои 90-ум Ҳукумат кӯшишҳояшро самтҳои рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои бунёдӣ, таъмин намудани самаранокии тақсимот ва истифодабарии захираҳои илмӣ ва технологӣ, васеъ кардани ҳамкории байналмилалӣ равона кард. Ин кӯшишҳо баҳри баландбардории қобилияти рақобатнокии Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи технологияҳои муосир нигаронда шуда буданд. Маълумоти бадастомада дар соли 2009 гувоҳӣ медиҳад, ки маблағгузориҳои умумӣ барои рушди илм ва технология ба 29,7 млрд. доллари ИМА расид, ки 3,6%-и ММД-ро ташкил додааст, ММД бошад, баробари 834 млрд. доллар буд. Дар соли 2016 бошад, баҳри рушди илму технология 5% ММД-и кишвар ҷудо карда шуд, дар ҳоле ки он баробари 1 триллион доллар буд. Дар маҷмӯъ, барои рушди илм беш аз 40 млрд доллар ҷудо кардаанд. Дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон одатан, аз буҷаи давлат захираҳо дар ҳаҷми аз 4 то 5% ҷудо карда мешаванд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи имрӯза барои рушди ин соҳаҳо то 3% аз маблағҳои ММД ҷудо карда мешавад. Маблағе, ки аз буҷаи давлатии Тоҷикистон баҳри инкишофи илми кишвар дар ҳаҷми 0,1% ҷудо карда мешавад, ҳамагӣ 81 миллион сомонӣ (ММД аз 10 млн. доллар бештар)-ро ташкил медиҳад, ки ба нишондиҳандаҳои пасттарини меъёрҳои байналмилалӣ, гуфтан мумкин аст. Тибқи пешбиниҳоди олимони кишвар агар ин ҳиссаро ақаллан то 2% аз ММД афзун намоянд, илми Тоҷикистон ба сафҳои пеш мегузарад. 

   Такя ба зеҳну хирад

   Ҷумҳурии Корея дар соли 2009 ба сифати маблағгузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди худ 11,5 млрд. долларро ҷалб намуд. Таваҷҷуҳи маблағгузорон ба соҳаи илму технология меафзуд. Зеро мамлакат ба ин соҳа маблағгузориҳои бузург равона мекунад. Ин ба кишвар шароит фароҳам меорад, ки мақомашро дар ҷумлаи 10 мамлакати пешсафи ҷаҳон нигоҳ дорад. Соли 2007 мамлакат ба чоргонаи давлатҳои пешсаф оид ба истеъдоду дархостҳо тибқи патентҳои байналмилалӣ ба Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ шомил гардид. Соли 2008 шумораи дархостҳо барои гирифтани патентҳо 227666 ададро ташкил дод. Дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2014 Ҷумҳурии Корея барои гирифтани патентҳо 210292 дархост кардааст.

   Кишвар дорои захираҳои азими инсонӣ мебошад. Мактабҳои олии мамлакат ҳар сол зиёда аз 100000 мутахассисро барои соҳаи илм ва тахассусҳои муҳандисӣ тайёр менамояд. Консепсияи асосии сиёсати давлати Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ки ибтидои соли 2011 эълон шуд, нигоҳ доштани пешсафӣ дар ҳамаи соҳаҳо буда, бунёди системаи иқтисодии ҷавобгӯй ба асри ХХI мебошад.

   Генерали ислоҳотгаро Пак Ҷон Хи Президенти хирадманду ҷасур ва дурандеш буд. Аз рӯйи ислоҳоти аграрӣ бо мусоидати корпоратсияи инкишофи деҳот (Коrеа Rural Corporation) 500 лоиҳаи дохилӣ ва хориҷии байналмилалӣ, беш аз 3000 дарғоту обанбор барои таъмини об ба соҳаи кишоварзӣ, эҳтиёҷоти саноатӣ ва маҳаллӣ татбиқ шудааст. Бо гузашти 20 сол пас аз марги Президент Пак Ҷон Хи, бо мақсади давом додани сиёсати ислоҳотгароёнаи ӯ дар Кореяи Ҷанубӣ боз як иншооти бузурге сохта шуд. Барои ҳифзи мамлакат аз офатҳои баҳрӣ, ки даҳсолаҳо ба аҳолӣ бадбахтиҳо меовард, 21 апрели с. 2012 дарғоти дарозиаш 33,9 км, паҳниаш 30 метр ва чуқуриаш 15 метр сохта шуд. Чунин дарғот танҳо дар Нидерландия бо дарозии 32,5 км вуҷуд дорад.

   Ҳанӯз дар соли 2000 пайдо намудани технологияи нав ва ташкили сармоягузорӣ дар байни ҳадафҳои давлатӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кишвар ба ҳисоб мерафт. Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияи навтарин дар саноат, Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати муҳайё кардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва васеъ намудани ҳамкорӣ байни ширкатҳо, корхонаҳои хурду миёна, додани имтиёзҳо барои андозсупорон сиёсати ҷалби сармояи хориҷиро пеш гирифтааст.

   Такя ба паркҳои техникӣ

   Шаклҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ -ин паркҳои техникӣ, технологияҳо, инкубаторҳо ва ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳои стратегӣ мебошанд, ки дар он марказҳо шароити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ муҳайё сохта шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар наздикиҳои чунин марказҳои мазкур муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои маъмурӣ ва дигарҳо ҷойгиранд, ки ба кӯтоҳ кардани занҷираи «илм-истеҳсолот» мусоидат менамояд. Технологияҳо - ин маънои шаҳри технологияҳои пешқадам, пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқот ва таҳқиқотҳои лоиҳавӣ-конструкторӣ дар соҳаҳои баргузидаи истеҳсолот ба шумор меравад. Ин як чизи шабеҳ ба парки техникист, вале он маҷмӯи комили илмӣ-истеҳсолӣ дар заминаи шаҳри алоҳида мебошад. Шакли дигар, инкубатор мебошад, ки он маҷмӯи мураккаби бисёрҳадафа мебошад, ки шароити мусоидро барои фаъолияти пурсамари корхонаҳои хурди инноватсионӣ фароҳам меорад ва идеяҳои ҷолиби илмиро татбиқ месозад. Мӯҳлати давомнокии фаъолияти фермаи навташкил дар инкубатор то соҳиби фаъолияти мустақил гардидани он мебошад, ки ба муддати 3 сол маҳдуд карда мешавад.

    Асоси рушди инноватсионии иқтисодиёти Кореяи Ҷанубиро 6 парки техникӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар шаҳрҳои Улсан (Ulsan), Ганвoн (Ganwon-do), Чунгбуг (Chungbuk), Кванҷу (Gwangju), Ансон (Ansan-si), Гуенги (Gueonggi) ҷойгиранд, ташкил медиҳанд. Инчунин, дигар сохторҳои рушди инноватсионӣ ҳастанд. Маркази инноватсионии индустриявии КIСОХ (Korea Internatsional Compleks Gr ) дар шаҳри Чедҷу, маркази бузурги бизнеси хурд дар шаҳри Суван (Suwon-si)-и музофоти Кёнчидо. Бар замми ин, дар шаҳри Суван 6 кластери инноватсионӣ-индустриалӣ кор мекунад.

  Илова бар ин, дар мамлакат дар самти рушди инноватсонии иқтисодиёт марказҳои зерин фаъолият доранд: Маркази индустриалӣ-инноватсионии КIСОХ, 6 кластер оид ба самтҳои аэронавтика; астронавтика; электроника ва микроэлектроника; системаҳои технологӣ (автоматизатсия, робототехника, барномасозӣ, маводҳо, маводҳои нав, механика), хизматрасонии саноатӣ, дизайни дастгирии индустриалии воқеъ дар панҷумин шаҳри калонтарини Таджон, ки шаҳри инноватсионии Даедеок (Daejok) ном дорад; Донишкадаи таҳқиқоти неруи атомӣ; Донишкадаи таҳқиқотии радиатсионӣ ва Донишкадаи таҳқиқоти радиатсия дар соҳаи аграрӣ фаъолият доранд, ки баъдтар бо Донишкадаи таҳқиқоти неруи ядроӣ муттаҳид карда шуданд. Соли 1990 дар ин шаҳр Осорхонаи миллии илм ва техникаи Ҷумҳурии Корея, маркази байналмилалии рушд дар шаҳри Чедҷу, маркази бузурги бизнеси хурд –Суван (Suwan-s) ифтитоҳ ёфтанд.

  Агар олимони НИР (лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ) ва мутахассисони блоки иқтисодии доираҳои ҳукуматии Тоҷикистон боҷуръат ба азхудкунӣ ва истифодабарии таҷрибаи мусбии пешқадами илмӣ-технологӣ ва инноватисонии кореягиҳо шурӯъ намоянд (тавре дар Қазоқистон карданд), кишвар имконияти бузурги барқароркунии модели рушди иқтисодии пешинаи индустриалӣ-аграриро пайдо мекунад, аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва маоши муносиб таъмин мегардад ва пеши роҳи муҳоҷирати маҷбурии даҳсолаҳои охири ҳамватанони маро ба Русия мегиранд.

   Як нуқтаи муҳим бояд барои мулоҳиза ва муқоиса зикр карда шавад, ки агар дар соли 1940 иқтисодиёти Кореяи Ҷанубӣ бештар ба хоҷагии қишлоқ ва саноати сабук такя карда бошад, дар солҳои 70-80-ум инкишоф дар саноати вазнин мушоҳида мешуд. Марҳилаи гузариш қариб 30-40 солро фаро гирифт.

   Дар муддати 40 сол, пас аз он, ки президенти мамлакат Пак Ҷон Хи соли 1962 қабули панҷсолаи аввалинро эълон кард, иқтисодиёти кишвар бо суръати баланд афзуд. Афзоиш дар иқтисодиёт дар як сол ба 6,5% расид, маоши аҳолӣ баланд шуд, лекин ҳамзамон таваррум низ боло рафт. Як ҳолати мусбии дигарро низ мисол меорем. Дар давраи аз солҳои 2008-2010, замоне, ки қисмати бузурги аҳолии ҷаҳон буҳрони харобкунандаи молиявиро эҳсос менамуд, ин кишвар бо суръати ҳайратовар афзоиши босуръати иқтисодиёташро то 6,3% таъмин кард. Васоити ахбори оммаи олам ин дастоварди мамлакатро «китоби таълимии тансиҳатӣ» номида буданд.

   Мағзи ғояи  президент Пак Ҷон Хи, ки кишварро ба муваффақиятҳо роҳнамоӣ кард он буд, ки ӯ аз амрикоиҳо қарз гирифта, бо ин маблағҳо фабрикаю заводҳо месозад, ашёи хом ва технология мехарад. Баъди гирифтани фоида ӯ қарор дод, ки маблағҳои молиявиро ба рушди инфрасохторҳо ва маориф равона созад. Ин тадбир барои афзоиши баъдинаи индустриякунонӣ зарур буд. Дар натиҷа иқтисодиёт гӯё бо сабаби таъсири хамиртуруш бошад, афзудан гирифт. Дар ин маврид бояд ёддовар шуд, ки ташрифи Президенти Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2015 хеле бамаврид амалӣ шуд. Пас аз ин мамлакати мо бо дилпурӣ қарзу маблағгузориҳоро аз Хитой ва қисман аз Ғарб мегирифтагӣ шуд. Дар натиҷа аллакай 3 завод дар Ёвон оид ба истеҳсоли креолит, флюорит ва кислотаи сулфур, комбинатҳои металлургӣ дар ноҳияҳои Ҳисору Спитамен ба истифода дода шуда, ибтидои моҳи ноябри соли 2016 ба азнавбарқароркунии заводи истеҳсоли нуриҳои минералӣ (аммиак ва карбамид) дар Сарбанд шурӯъ намуданд. Ҳамаи ин корхонаҳои саноатӣ бо қарзҳои имтиёзноки ҶХХ ва як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сохта шудаанд. Агар қарзҳоро ба Кореяи Ҷанубӣ бо хоҳиши том амрикоиҳо диҳанд, ин ҳолатро барои Тоҷикистон хитоиҳо фароҳам оварданд. Заводи навбатӣ, сементбарорӣ дар Данғара, ки мавриди истифода қарор гирифт, кишварро аз воридкунандаи ин маҳсулот ба содироткунанда табдил кард. Заводи коркарди нафт дар ноҳияи Данғара бо иқтидори ним миллион тонна нафт, ки дар арафаи истифодабарист, бояд дар соли 2018 ба кор шурӯъ намояд, роҳҳои мошингард, роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, нақбҳо, лоиҳаи барқии САSA-1000, бастани маҷрои дарёи Вахш барои оғози расмии бунёди сарбанди НБО-и «Роғун» ва дигарҳо аз вазъи эътимодноки қарздиҳӣ ва пешниҳоди сармоя ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад ва ин ба воридшавии маблағгузориҳои бевоситаи хориҷӣ мусоидат менамояд.

   Дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ чунин далел гувоҳӣ медиҳад, ки гардиши молҳои байни ин ду кишвар дар моҳҳои январ-августи соли 2016 рақами хоксоронаи 104,6 млн. долларро ташкил дод. Ҳаҷми маблағгузориҳои бевосита бошад, ба зиёда аз 3 млн. доллар расид. Албатта, ин ибтидои ҳамкорӣ ҳаст. То имрӯз дар Тоҷикистон 221 ширкати муштараки тоҷикону кореягиҳо таъсис дода шудааст, ки онҳо ба наздикӣ бояд бо маблағгузориҳои бизнесменҳои Корея ба кор дароянд. Аллакай 7 корхонаи муштараки тоҷикистонию корреягиҳо, аз ҷумла, лоиҳаи Койка ба кор даромадааст.

 Татбиқи бизнес–лоиҳаҳои муштараки хурду миёна бо соҳибкорони Кореяи Ҷанубӣ ва воридшавии бевоситаи маблағгузориҳо роҳро ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ дар апрели соли 2015 кушод. Дар ҷараёни ин сафар 5 санад ба имзо расида, ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ расман ифтитоҳ гардид.

   Ин ҷо ҳама чиз оддӣ аст - рушд дар он кишваре оғоз меёбад, ки ҳукумати он вазифаҳои рушдро пеши худ мегузорад. Вазифагузориҳои давлатӣ набошанд, ҳеҷ чиз худ ба худ тағйир намеёбад. Вобаста ба ин, рақамҳои зеринро барои муқоиса меорем. Барои мисол, ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон, ки дар се соли охир афзоиши он мушоҳида намешуд ва дар ҳадди 1000 доллари ИМА қарор дошт. Рақами мисоловарда далолат медиҳад, ки Тоҷикистон бояд ҳарчӣ зудтар иқтисодиёти худро ба гузариши марҳилаҳои модели индустриалӣ-инноватсионии Кореяи Ҷанубӣ мутобиқ намояд.

   Сиёсати илмӣ-техникии Кореяи Ҷанубӣ дар марҳилаи модернизатсияи суръатнок ва таҳкими мустақилияти миллӣ бо истифода аз ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки рушди инноватсионӣ ва сиёсати содиротии воридотивазкунандаи кишварро дар назар дорад, дар давоми 30 соли охир суръати баланд ва афзоиши мӯътадили иқтисодиётро солона дар сатҳи 8,6 % намоиш дод. Дар ин вақт ММД-и кишвар, ки имконияти хеле маҳдуди захиравӣ дошт, 290 баробар афзуд. Даромади миёнаи солона бошад, ба ҳар сари аҳолӣ 146 баробар зиёд шуд. Ба ин бештар сиёсати илмӣ-технологии давлат, ки рушди илму технологияро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард, мусоидат намуд. Ин дастгирӣ имкон дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин маблағгузориҳои дохилӣ ва беруниро муттаҳид намуда, онҳоро ба ғалабаи сиёсати индустриякунонии ҳадафҳои стратегии давлат равона созад.

   Ба татбиқсозии сиёсати инноватсионӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидиро чунин санадҳои стратегии давлати мо, ба мисли “Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2030” хоҳад бозид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқро бовар кунониданд, ки Ҳукумат дар ҳолати таъмини сиёсати гузариш ба индустрикунонии Тоҷикистон, ММД-и кишвар то соли 2020 бояд қариб ба ҳаҷми ду баробар, яъне то 80 млрд сомонӣ афзояд. Суръати рушди солонаи иқтисодиёт бошад, то ба 7-8 % хоҳад расид.

   Моҳи апрели соли 2014, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвардар бораи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-саноатӣ ба модели индустриявӣ-аграрӣ изҳор намуда буданд, ки ин аз ҷидду ҷаҳди зиёд дар татбиқи барномаҳои байнимарҳилавии давлатӣ ва аз стратегияи рушди миллии мамлакат вобаста мебошад. Ин аст, ки аз соли 2017 сар карда, Президенти кишвар дар назди аҳолӣ вазифаҳои нав гузошта, дурнамои рушди устувори минбаъдаи мамлакатро дар шакли индустриалӣ-инноватсионӣ муайян кардаанд.

   Татбиқи тадбирҳо ва вазифаҳои оянда дар ин самт воқеан ба иҷрои изҳороти қатъии Сарвари давлат, ки дар назди аҳолии кишвар зимни табрикоти солинавии соли 2017 садо дод, ба оғози марҳилаи нави инкишофи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

   Санадҳои номбурдаи заминагузори директивии боло ва дастурҳои Сарвари давлат даъват мекунанд, ки барои баровардани иқтисодиёти мамлакат аз ҳолати қафомондагӣ ва расонидани он ба ҳолати устувор дар байни давлатҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодиашон миёна ҷидду ҷаҳд намоем. Табиист, ки барои ба ин ҳадаф расидан ва баҳри мутобиқ шуда тавонистан ба таҷрибаи бисёрҷанбаи рушди инноватсионии Кореяи Ҷанубӣ ва истифодаи он дар шароити хоси мамлакати мо, Тоҷикистонро зарур аст, ки корҳои зиёдеро ба иҷро расонад.

 

   Адабиёт:

   1. НҚаюмов, журнал «Экономика Таджикистана», статья «Проблемы формирования индустриально-инновационной экономики». №2-3, -Душанбе, 2014 г. Стр. 7-72.

   2. Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба вакилони Парламон ва халқи кишвар. Душанбе, 22.12.2016.

   3. Сборник. Республика Корея. Цифры и факты. Экономика.-Сеул, 2011.Стр. 214.

   4.Сборник. Республика Корея. Цифры и факты. Экономика.-Сеул,2011.Стр. 220.

   5. Коллективный сборннк. А. Тараков. «Корея: чудо продолжается». Астана, 2012. Стр. 63-90.

 6. Л. Саидмуродов. Конфронси бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди сохибкорӣ». Брошюра на тадж. яз.-Душанбе, 05. 08. 2016.

   7. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. –Душанбе, 22. 12. 2016; 22. 12. 2017

 

Усмоналӣ Сайидалӣ,

ходими илмии Институт,

номзади илми сиёсатшиносӣ,

Нигора Файзуллоева,

ходими илмӣ

БОЗГАШТ