АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАҶРИБАИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Муайян намудани роҳҳои муносиби рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шароити рӯзафзуни равандҳои ҳамгироии иқтисоди ҷаҳон зарурати ба инобат гирифтани тамоюлҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳонӣ, имконияти ҷалб намудани механизмҳо, технологияҳо ва воситаҳои хориҷиро барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсати давлатӣ тақозо менамояд.
  Яке аз чунин механизмҳо, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ташаккул ёфта, дар даҳсолаҳои охир дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ васеъ истифода мешавад, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва соҳибкорӣ дар шакли «шарикии давлат ва бахши хусусӣ (Public-Private Partnership)» (ШДБХ) мебошад.
  Дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳон, ки яке аз роҳҳои муҳими рушди иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад, «шарикии давлат ва бахши хусусӣ иттиҳоди институтсионалӣ ва ташкилии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкории хусусӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок дар доираи васеи соҳаҳо - аз рушди соҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими иқтисод то расонидани хизмати давлатӣ дар саросари кишвар ё худуди алоҳида мебошад» [1].
  Тағйироти вазифаҳои давлат вобаста ба ғайридавлатӣ гардонидани соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт дар дохили кишвар, инчунин паҳн шудан ва вусъат додани таъсири сектори хусусӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар шароити ҷаҳонишавӣ дар замони муосир ба тамоюлҳои хос табдил ёфта истодааст. Дар ин замина ҳамкории созандаи байни соҳибкорӣ ва ниҳодҳои давлатӣ шарти муҳими фаъолияти муътадили иқтисоди бозорӣ мебошад.
  Масъалаи баррасишаванда бар хилофи муносибатҳои анъанавӣ моделҳои асосии маблағгузорӣ, муносибатҳои моликият ва усулҳои идоракуниро ба вуҷуд меорад. Намудҳо ва моделҳои гуногуни шарикии давлат ва бахши хусусӣ имкон медиҳанд, ки бартариҳои ҳарду шакли моликият бидуни тағйироту таҳаввулоти амиқи иҷтимоӣ истифода шаванд.
  Ҷумҳурии Кореяро (ҶК) метавон ба яке аз кишварҳое дохил кард, ки дар он на танҳо таҷрибаи назарраси амалӣ оид ба татбиқи самараноки механизмҳои ШДБХ, аз ҷумла заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти онҳо, балки дар муддати кӯтоҳ дар татбиқи лоиҳаҳои мушаххас натиҷаҳои назарраси мусбат ба даст оварда шудааст.
  Дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳи зиёд ба истифодаи фаъоли ШДБХ зоҳир мешавад. Дар сатҳи идораи давлатӣ чунин фаҳмиш ташаккул ёфтааст, ки таъмини суръати баланду устувори рушди кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии он дар марҳалаи ҳозира бидуни шарикии манфиатдор бо намояндагони соҳибкории хусусӣ ғайриимкон аст. Стратегия ва барномаҳое, ки танҳо ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ нигаронида шудаанд, ба мақомот имкон намедиҳад, ки лоиҳаҳои азими стратегиро амалӣ созанд, ки дар заминаи рақобатпазирии баланди кишвар қарор доранд.
  Айни ҳол, дар якҷоягӣ бо ӯҳдадориҳои васеи иҷтимоӣ инкишоф додани ШДБХ фишанги самарабахши тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, диверсификатсияи иқтисодиёт, мустаҳкам намудан ва рушд додани пеш аз ҳама соҳаҳои саноат, афзоиши шумора ва аҳамияти иқтисодию иҷтимоии синфи миёна, афзоиши шуғл, васеъ намудани базаи андоз ва аз ҷиҳати сиёсӣ мустаҳкам намудани устувории ҷамъият шуда метавонад ва бояд гардад.
  Дар Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосии банақшагирии стратегӣ ба ҳисоб меравад, вобаста ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи саноат ба ШДБХ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Ғояи истифодаи механизмҳои шарикӣ дар татбиқи дигар стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ низ ба назар мерасанд.
  Таҳлили таҷрибаи умумиҷаҳонии истифодаи ШДБХ нишон медиҳад, ки шаклҳои шарикӣ, ки дар ҳама гуна ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ мавқеи махсусро ишғол мекунанд, вобаста ба хусусияти вазифаҳои мушаххасе, ки дар доираи ШДБХ ҳал мешаванд, ба вуҷуд меоянд.
  Мувофиқи ҳадафҳои ШДБХ моделҳои ташкилӣ, моделҳои маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ фарқ мекунанд. Дар баробари ин, дар бисёр мавридҳо, шарикӣ шаклҳоро дар асоси афзалиятҳои моделҳои гуногун ва омезиши онҳо истифода мебаранд ва худи шаклҳо вобаста ба дараҷаи ҷалби шарики хусусӣ фарқ мекунанд.
  Дар амалияи ҷаҳонӣ дар асоси афзоиши нақши шарики хусусӣ шаклҳои зерини ШДБХ бештар дучор меоянд: шартнома ё созишномаи маъмурӣ (барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, таҳвили молҳо, хизматрасонии маишӣ, идоракунӣ ва ғайра); шартномаи иҷора (лизинг); консессия (шартномае, ки давлат бо соҳибкори хусусӣ, фирмаи хориҷӣ барои истифодабарии корхонаҳои саноатӣ, замин бастааст), татбиқи лоиҳаҳои намуди «сохтмон-истифода/идоракунӣ-интиқол» ё «тарҳрезӣ-сохтмон-истифода»; таъсиси корхонаҳои муштарак.
  Рушди ШДБХ дар Ҷумҳурии Корея, ки дар охири солҳои 60-уми асри XX дар шакли татбиқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар асоси қонунҳои алоҳида (Санад дар бораи роҳҳо, Санад дар бораи бандарҳо ва ғайра) оғоз ёфта буд, аз нимаи аввали солҳои 1990 асосан бо таъсири тадбирҳое, ки роҳбарияти мамлакатҳои дигари тараққикардаи ҷаҳон барои пахн намудани ШДБХ андешида буданд, ҳадафнок гардид.
  Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Корея васеъ паҳн гардид, ки миқдор ва арзиши умумии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар асоси ШДБХ шаҳодат медиҳанд. Дар давраи аз соли 1995 то соли 2019 753 лоиҳаи ШДБХ ба маблағи умумии тақрибан 121,7 триллион вон, ё худ тақрибан 104,5 миллиард доллар ба қайд гирифта шудааст.
  Афзалиятҳои ШДБХ дар Кореяи Ҷанубӣ заминаи хуби таҳияшудаи меъёрӣ, инчунин низоми ҳамоҳанги ташкили қабули қарорҳоро дар бар мегиранд.
  Иерархияи механизмҳои ҳуқуқӣ аз “Санад дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтор” (қонуни асосии ШДБХ), фармони Президент “Дар бораи татбиқи санад дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтор”, Нақшаи асосии ШДБХ ва тавсияҳои методӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ШДБХ иборат аст. Илова бар ин, бахши махсуси нақшаи сиёсати молиявии чорсола, ки ҳар сол нав карда мешавад, ба масъалаҳои ШДБХ бахшида шудааст.
  Ҳамчун ҷузъҳои асосии заминаи меъёрӣ, онҳо намудҳои инфрасохтор ва лоиҳаҳо барои ШДБХ, нақши шарикони давлатӣ ва хусусӣ, дастгирии ШДБХ-ро муайян мекунанд. Санад дар бораи ШДБХ аз соли 1994 мавриди амал қарор дорад. Аз замони эътибор пайдо карданаш ин санад борҳо ба тағйироти ҷиддие дучор шудааст, ки бо дарназардошти вижагиҳои вазъи иқтисодӣ ва ҳадафҳои ҳукумат ворид карда шудаанд.
  Сохтори асосии ташкилие, ки барои рушди ШДБХ дар Ҷумҳурии Корея масъул аст, Вазорати стратегия ва молия мебошад. Он ҳамчун як навъ «диспетчер»-и барномаи миллии ШДБХ амал карда, Нақшаи асосии ШДБХ, роҳнамо оид ба татбиқи шарикиро таҳия мекунад, Кумитаи баррасии лоиҳаҳои ШДБХ аз намояндагони вазоратҳо-кураторони лоиҳаҳо ва коршиносони хусусиро ташкил медиҳад. Кумита таҳти раёсати Вазири стратегия ва молия, дар ҳолати зарурӣ барои қабули қарорҳои муҳим оид ба сиёсати ШДБХ ва лоиҳаҳои бузург ҷаласаҳо мегузаронад.
  Вазоратҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар самтҳои фаъолият нақшаҳои ШДБХ таҳия ва дар доираи салоҳияти худ лоиҳаҳоро амалӣ намоянд. Мақомоти минтақавӣ дар ҳудуди худ ба лоиҳаҳои ШДБХ машғуланд. Барои таъмини шаффофият ва ҳамоҳангӣ дар амалҳо ба лоиҳаҳои бузург мақоми «миллӣ» дода мешавад. Онҳоро Вазорати стратегия ва молияи Ҷумҳурии Корея ва Кумитаи баррасии лоиҳаҳои ШДБХ роҳбарӣ мекунанд.
  Ҷузъи дигари муҳими низоми институтсионалии ШДБХ Маркази идоракунии сармоягузории инфрасохтори давлатӣ ва хусусӣ мебошад, ки дар назди Институти рушди Корея таъсис ёфтааст. Он дар раванди интихоби лоиҳа ва таҳияи сиёсат нақши муҳим ва мустақил мебозад. Марказ ба Вазорати стратегия ва молияи Ҷумҳурии Корея барои кор кардан дар Нақшаи асосии ШДБХ кӯмак мерасонад, тавсияҳои методиро омода мекунад, ба мақомоти салоҳиятдор ва вазоратҳо дар арзёбии лоиҳаҳои эҳтимолӣ, ташкили харид ва интихоби консессионер, омӯзиши пешниҳодҳои лоиҳавӣ, гуфтушунид бо консессионери эҳтимолӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ғайра мусоидат мекунад. Ба шарофати дастгирии техникии марказ пайвастагӣ ва сифати лоиҳаҳои гуногуни ШДБХ таъмин карда мешавад.
  Таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ дар рушди ШДБХ дар ҷаҳон фаъолона паҳн мешавад. Ин на фақат ба он мароқи воқеӣ доштани мамлакатҳои тараққиёбанда, балки саъю кӯшиши собитқадамонаи роҳбарияти Ҷумҳурии Корея ҳам мебошад. Интиқоли таҷриба барои Ҷумҳурии Корея ҳадафи худ нест, балки ба таҳкими обрӯи байналмилалии он, муносибатҳои дуҷониба бо дигар давлатҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи мавқеъи тиҷорати миллӣ дар хориҷа нигаронида шудааст. Ҳалли ин ҳадафҳо дар доираи барномаи «Мубодилаи дониш», ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, инчунин фаъолияти як қатор хазинаҳо, аз ҷумла Хазинаи ҳамкорӣ баҳри рушди иқтисодӣ, Хазинаи глобалии инфрасохтор, Хазинаи инфрасохтори хориҷии Корея ва ғайра амалӣ мегарданд.
  Дар партави вазифаҳое, ки дар назди ҳукумати кишварамон дар самти рушди минбаъдаи ШДБХ, инчунин бо дарназардошти рушди дарозмуддати ШДБХ дар Ҷумҳурии Корея истодаанд, таҷрибаи кореягӣ метавонад барои рушди иқтисодиёт муфид бошад. Ба ин як қатор омилҳо, аз ҷумла, истифодаи созишномаҳои консессионӣ ҳамчун як намуди шарикӣ, соҳаҳои ба ҳам алоқаманд барои истифодаи ШДБХ, инчунин хоҳиши изҳори раҳбарияти кишвар ҷиҳати ҳамкорӣ дар рушди иншооти инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла, бо истифода аз механизми ШДБХ мусоидат мекунанд.
  Таҷрибаи кореягӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрӣ дар самти ШДБХ, нақшаи асосии ШДБХ, инчунин нақшаи сармоягузорӣ барои рушди инфрасохтори давлатӣ қобили таваҷҷуҳ аст.
  Истифодаи амалияи татбиқи механизмҳои кӯмаки молиявӣ ба ШДБХ дар Ҷумҳурии Корея (субсидияҳо барои сохтмон, имтиёзҳои андоз барои шарики хусусӣ), тақсими хавфҳо (кафолатҳои ҳадди ақали даромад, ҷуброни арзиши асосӣ ва ғ.) ва фаъолияти Хазинаи кафолати қарзи инфрасохтори Корея метавонад ҷолиб бошад.
  Барои шиносоӣ бо таҷрибаи кореягии ШДБХ истифодаи механизми асосии рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт – Барномаи “Мубодилаи дониш”, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, дар ҶТ имконпазир мебошад.
 
Адабиёт:
  1. Дерябина, М. Государственно-частное партнерство: теория и практика / М. Дерябина // Вопросы экономики. 2008. № 8. С. 61-77.
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 23 декабри соли Душанбе: “Шарқи озод”, 2022. – 48 с.
  3. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли- Душанбе, 2016. 103 с.
  4. PPP in Infrastructure Resource Center for Contracts, Laws and Regulation. The World Bank. / [Electronic resource]. Mode of access: http://ppp.worldbank.org/public-private-partnership/agreements
  5. Ҳисоботи Маркази идоракунии сармоягузории инфрасохтори давлатӣ ва хусусӣ дар назди Институти рушди Корея/ [Electronic resource]. Mode of access: https://www.kdi.re.kr/research/subjects_view.jsp?pub_no=16759
  6. Нақшаи асосии ШДБХ. Republic of Korea: Ministry of Strategy and Finance / [Electronic resource]. Mode of access: https://www.moef.go.kr/com/synap/synapView.do;jsessionid=dpsvH+-Z1ar701lW6Xn0TYnU.node20?atchFileId=ATCH_000000000014327&fileSn=1
  7. Knowledge-Sharing Programme. / [Electronic resource]. Mode of access: http://www.ksp.go.kr/main/main.jsp
  8. Jung, Min-hee. Focusing On Quality. Korean Gov’t to Focus More on Quality of Overseas Construction Projects. / Business Korea. 25.07.2017. [Electronic resource]. Mode of access: http://www.businesskorea.co.kr/english/news/national/18763-focusing-quality-korean-gov%E2%80%99t-focus-more-quality-overseas-construction-projects
 
Ҳабибов А.Ҳ.,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 

БОЗГАШТ