АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таъсири адабиёти араб ба эҷодиёти Саъдии Шерозӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Шинохт ва огоҳӣ доштан аз осори шахсиятҳои таърихии миллат аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар пажӯҳанда ба шумор меравад, зеро маҳз бо донистани онҳо метавон аз гузаштаи таъриху тамаддуни он миллат тасаввуроте пайдо намуд ва ахлоқи худро ба гуфтаву фармудаҳои эшон музайян сохт. Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи чунин фарзонагонест, ки эҷодиёти ӯ мавриди омӯзиши муҳаққиқони зиёде гардидааст. Саъдӣ аз худ мероси зиёде дар ҷанбаҳои гуногуни илм боқӣ гузоштааст, ки то ҳол мавриди баҳсу баррасӣ қарор доранд. Ӯ чандин забонҳоро аз худ намуда, осору ашъори хешро бо забони ноби тоҷикӣ нигоштааст. Дар миёни осори гаронбаҳои Саъдӣ “Бӯстон” ва “Гулистон” мақоми волоеро ишғол намуда, шуҳрати шоирро дубора меафзоянд.
Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи абармардони баргузидаи ҷомеаи башарист, ки бо эҷодиёт, таълифот ва таълимоти худ на танҳо барои форсизабонон хидмати бузурги таърихӣ кардааст, балки дар пешбурди тамаддун, фарҳанг ва рушду камоли афкори бадеии Шарқ низ, саҳми беҳамто ва арзандае гузоштааст [9,5].
Афкору ақидаҳо ва андешаҳои гуманистии Саъдӣ Шерозӣ имрӯз ҳам барои тарбияи маънавии инсоният, пойдор гардондани сулҳ, таъмин намудани иттиҳоду иттифоқи халқу миллатҳои сайёраи мо хизмат мекунад. Шоҳиди барҷастаи ин маънӣ дар пештоқи даромадгоҳи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо забонҳои машҳури олам сабт шудани байтҳои зерини ҷовидонаи Саъдӣ мебошад:

         “Банӣ одам аъзои якдигаранд,
          Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
          Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
          Дигар узвҳоро намонад қарор”.

Чунин ақидаҳои баландғоя сар то сари осори ҷовидонаи Саъдиро фаро гирифтааст. Аз ин иқтибос бар меояд, ки ӯ дар назари тамоми халқ, тамоми табақаҳои аҳолӣ мақбулу маҳбуб будааст. Ба ақидаи ӯ маҳбубият ва шуҳрати ҳақиқӣ фақат ҳамон вақт ба адиб муяссар мешавад, ки халқҳои гуногун, мардуми оддӣ ва оммаи аҳолӣ ӯро эътироф намоянд ва навиштаҳояшро дӯст доранд [9, 5].
Саъдӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс яке аз шоирони сермаҳсул маҳсуб мешавад. Ӯ ҳам ба назм ва ҳам ба наср асарҳои сершумору пурмаънӣ иншо кардааст. Ӯ асарҳояшро бо забони ноби тоҷикӣ навиштааст ва дар ҷой-ҷойи осораш бо забони арабӣ низ навиштаҷот дорад [5, 20].
Дар бораи зиндагӣ ва ҳаёти илмию адабии Саъдӣ дар китобҳои таърихи адабиёт муфассал маълумотҳо оварда шудааст, инчунин пажуҳишҳое, ки арабзабонон анҷом додаанд дар ин маврид кам нестанд.
Саъдии Шерозӣ бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ шеърҳо эҷод кардааст, илова бар ин дар ашъори тоҷикӣ-форсиаш ҷумлаҳои арабӣ ба сурати тазмим ва иқтибос фаровон аст. Таркибот ва калимоти арабӣ дар ҳамаи ашъори форсӣ ба фаровонӣ дида мешавад, ки муҷиби нохушоянда нест, балки лутфи каломи Саъдиро бартарӣ додааст. Илова бар баҳс ва баррасиҳое, ки дар мавриди ашъори арабӣ Саъдӣ тавассути арабзабонон ва форсизабонон анҷом додааст, баъзе аз арабзабонон осори форсии Саъдиро ба забони арабӣ тарҷума кардаанд, ки зикри онҳо дар ин мақола ба маврид мебошад: “ал-Ҷулистон-ул-форсӣ” ба маънои (“Гулистони форсӣ”), тарҷумаи Ҷабраил ибни Юсуф [10, 232], тарҷумаи “Гулистон” бо унвони “Равзат-ул-вард”-и Муҳаммад Фуротӣ [7, 312], “Шарҳи “Гулистон”, таълифи Яъқуб ибни Саидализода [12, 363], “Шарҳи “Гулистон”, таълифи Мавло Мустафо ибни Шаъбон маъруф ба Сурурӣ [3, 639], “Саъдии Шерозӣ “Шоир-ул-инсоният” (“Саъдии Шерозӣ шоири мардумӣ”), таълифи Муҳаммад Мӯсои Ҳиндувонӣ [6, 540]. Ин осори тарҷумаву шарҳшуда шахсияти шоир ва осори форсии ӯро дар миёни қавми араб муаррифтар мегардонад. Шояд чандин шарҳу тарҷумаҳо ва таҳқиқоти илмие аз ҷониби адабиётшиносони араб бошад, ки то ин лаҳза дастрас нагардиданд ва дар идомаи таҳқиқот пешкаши хонандагон гардонида мешаванд.
Дар бораи ин мавзуъ, ки Саъдӣ аз адабиёти арабӣ баҳраи фаровон дошта ва ашъори бешуморе ба забони арабӣ сурудааст, ки касе инро инкор карда наметавонад. Саъдӣ ҳамчунон, ки дар адабиёти форсу тоҷик устоди сухан аст дар сурудани шеъри арабӣ низ дорои чунин маҳорат мебошад. Шумораи умумии шеърҳои арабӣ ва муламмаъоти Саъдӣ ба 682 байт мерасад, ки аз ин теъдод 594 байт арабӣ ва 88 байт муламмаъотро ташкил медиҳад [8, 15]. Қасидаҳои арабии Саъдӣ то ҳол ба таври комил тадқиқ нашудаанд.
Яке аз пажӯҳишгарони осори Саъдӣ, доктор Иҳсон Аббос муътақид аст, шеъри арабии Саъдӣ, ки ба мо расида ҷуз андаке аз сурудаҳои ӯ нест. Дар ин бора мегӯяд: “Мехоҳам ба таври қатъӣ ва яқин бигӯям, ки он чи аз шеъри арабии Саъдӣ ба мо расидааст ҷуз андаке аз сурудаҳои ӯро нишон намедиҳад, зеро ақида дорам касе солҳои дароз дар “Низомия” ва “Мустансирия” дарс хонда ва амалан бо шеваҳои арабӣ сару кор дошта мумкин нест, ба сурудани ин миқдор шеъри арабӣ басанда карда бошад”.
Бо баррасии дақиқ метавон гуфт, ки мавзуъоти ашъори арабии Саъдӣ иборат аст аз: мадҳ, ғазал, расо, ваъз, шукуҳ ва муноҷот. Бояд гуфт, ки дар шеъри Саъдӣ абёт ва мадҳ дар ҷои аввал, ғазал бошад дар ҷои дуюм меистад.
Дар замони Мутанаббӣ аввалҳои қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, рақобатҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои адабиёти араб боис шуд, ки эҳсоси тафохур (фахр), ғурур ва худситонӣ дар шоирони араб ва инчунин дар Мутанаббӣ дида мешуд. Аммо қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, асри Саъдии Шерозӣ комилан аз рузгори Мутанаббӣ фарқ менамуд. Замони Саъдӣ замони шикаст буд, ки Мовароуннаҳру Хуросон, сипас Бағдод ба сабаби ҳамлаи муғул вазъи ошуфтае дошт.
Девони Мутанаббӣ 5575 байтро ташкил медиҳад, ки танҳо 350 байти он дар васфи ҳикмат ва панд аст. Аҳмад ибни Ҳусайни Мутанаббӣ (915/965) маъруфтарин шоири ҳикматдони араб аст. Агар суханони бо ҳикмат ва пандомези Мутанаббиро бо Саъдӣ бисанҷем, хоҳем гуфт, ки Мутанаббӣ ва Саъдӣ дар ин росто баробаранд. Адабиёти араб дар пояи мадҳ ва муздситонӣ будааст, чун зиндагии онҳо қабилагӣ буд, аммо зиндагии Саъдӣ ин гуна нест, зеро ки ӯ аз миёни миллат бархеста буд на аз миёни қабила. Нигоҳи Мутанаббӣ бар касбу молу сарват аст, қаноат барои ӯ маънӣ надорад, вале мафҳумҳои фаровоне дар осори Саъдӣ дар ситоиши қаноату хоксорӣ аст. Мутанаббӣ танҳо шарорае дар адабиёти форс зад, дигарон аз ҷаззобияти ӯ истифода карданд. Дар воқеъ Мутанаббӣ ҳеҷ гоҳ сармашқи шеъри форс набуд, зеро коре Мутанаббӣ мекард қобили муқоиса бо адабиёти форс набуд. Шуҳрате, ки ӯ дар адабиёти форс ёфт, ба хотири пандҳои ӯ буд.

Мутанаббӣ ишқ ва ақлро дар баробари ҳам қарор медиҳад, чунон, ки ӯ мегӯяд [2, 583]:

إِلامَ طَماعِيَةُ العاذِلِ   ::   وَلا رَأى في الحُبِّ لِلعاقِلِ
     (Тамъи маломатгар то кай?
     Ҳол онки оқилро дар кори ишқ андешае нест).

Мутанаббӣ шоири маъруф ва забардасти адабиёти араб аст,  аммо Саъдӣ дар адабиёти тоҷику форс аст. Баъзе шеърҳои Саъдӣ аз мазмуни шеърҳои Мутанаббӣ истифода бурда шудааст [11, 146] ба монандӣ.

وَإِنْ سَجَعَ اْلقُمْرَى صُبْحًا آهَمَّنِي   ::    لفَقْدِ أَحِبّائي كصرخةِ ناعبِ        
  (Агар саҳаргоҳон қумрие нағмасароӣ кунад,
Ба хотири аз даст додани борон, чун фарёди зоғ андуҳгинам месозад).

Профессор Иҳсон Аббос дар шуҳратёбии шеърҳои арабии Саъдии Шерозӣ миёни ақвоми арабро ба шеър даровардани рӯзҳои арабҳо дар Ироқ нисбат медиҳад, аммо шеърҳои Саъдӣ маънои амиқу фарогири зиндагонии мардуми Шарқро ба худ  касб намуда ҳар хонандаро эҳсоси ҳамон рӯзҳо мегардонад, мегӯяд:

 " فَلَوْلَمْ يَكُنْ لِسَعْدِيْ إِلاَّ رَأَئيْتُهُ فَرِثَاءَ بَغْدَادَ بَعْدَ اِجْتِيَاحِ اْلْمُغُوْلِ لَهَا, لَكَانَتْ وَحْدَهَا كَفِيْلَةٌ بِالْاِفْصَاحِ عَنْ قِيْمَتِهَا لِهَذِهِ اْلْمَجْمُوْعَةِ مِنْ اْلْشِعْرِ "
 (Агар Саъдиро асаре ҷуз қасидаи роияааш дар вайронии Бағдод ба дасти муғулон намебуд, танҳо як қасида метавонист баёнгари арзиши ин маҷмуъот бошад).

Ҳусайн Алӣ Маҳфуз муҳаққиқи саъдипажӯҳи араб (1926/2009) 88 ҳикояҳо аз гуфтаҳои Саъдиро ҷамъоварӣ кардааст. Ӯ дар мавзӯи “Ал-Мутанаббӣ ва Саъдӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст ва дар соли 1957 ба унвони китоб онро ба чоп расонидааст. Алӣ Маҳфуз дар ин китобаш ба исботи ин назария аст, ки Саъдӣ девони ашъори Мутанаббиро хонда аз он мутаассир шудааст. Аммо Саъдӣ на фақат ба як дивонӣ Мунаббӣ такя намудааст, зеро ӯ аз дигар шоирони фарсӣ низ баҳрабардор шудааст.
Шоири бузурги тоҷику-форс Саъдии Шерозӣ дар асарҳояш сабку услубҳои мухталиф ва калимоти арабиро истифода бурдааст. Аз ин лиҳоз асарҳои ӯ арзишу аҳамияти адабии баландро соҳиб гардидаанд. Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини асарҳои Саъдӣ, ки арзишу аҳамияти адабии онро баландтар бардоштааст, ин маълумотҳое, ки дар бораи ашхоси муътабар аз ҷумлаи шоирони тоҷику форс ва араб мебошад, ки омӯхтани онҳо барои насли имрӯза хеле муҳим буда, истифодаи санъатҳои бадеӣ ва сабку услуби хосаш диққати хонандаро ба худ ҷалб менамояд.

                                   Адабиёт
  1. Амал Иброҳим. Ал-асар ал-ъараби фи адаби Саъди аш-Ширози. Қоҳира: Дор ал-фаҷр ли-н-нашр ва-т-тавзиъ, 2000. -359 с.
  2. Аҳмад ибни Ҳусайн. Девони Мутанаббӣ. Бейрут: Дор-ул-содир, 1983. -583 с.
  3. Мавло Мустафо ибни Шаъбон. Шарҳи Гулистон. 1 - 639 с.
  4. Маҳфуз Алӣ Ҳусейн. Ал-Мутанаббӣ ва Саъдӣ” С. 334
  5. Мирзоди Маонӣ, Суннатуллоҳи Давлатзода. Адабиёти тоҷик. Душанбе: Маориф, - 368 с.
  6. Муҳаммад Мӯсои Ҳиндувонӣ. Саъди Шерозӣ шоир-ул-инсоният. (“Саъдии Шерозӣ шоири мардумӣ аст”). Қоҳира, 1951. – 540 с.
  7. Муҳаммад Фуротӣ. Равзат-ул-вард (“Гулистон”). Димишқ: Дору-т-табъ ал-ҳайдария, -312 с.
  8. Муъиди Шерозӣ. Шинохти тоза аз Саъдӣ. Шероз: Навид, 1362.-213с.
  9. Саъдӣ Шерозӣ. Куллиёт. Ҷузъи - Душанбе: Адиб, 1990 .-365с.
  10. Ҷабраил ибни Юсуф. Ал-Ҷулистон-ал-форси (“Гулистони форсӣ”). Булой, 1846. - 232 с.
  11. Ҷаввод Кабутарӣ. Таҳлили балоғии сувари хаёл дар ашъори арабии Саъдӣ // Маҷаллаи Зебошиносии адабӣ. №146/113, Теҳрон: Нашрияи Дарбор, 1989. -С.146.
  12. Яъқуб ибни Саидализода. (“Шарҳи Гулистон”(. 931. -141с.
 
Қаландарзода Субҳониддин Ҷамол,
доктранти соли дуюми
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ