АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таъсири коронавирус ба иқтисоди кишварҳои Шарқи Наздик

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Аз пайдоиши коронавирус дар тӯли қариб ним сол миёни тамоми кишварҳои сайёра шикаст. Ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ, ҳам аз ҷиҳати беҳдоштӣ, ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва соири самтҳои барои инсон тааллуқдошта аз дасти ин вабои асри XXI ба ташвиш афтодаанд ва роҳи наҷоти худро меҷӯянд ва дар тӯли ин ним сол нафаре аз пизишкони олам ваксинаи зидди ин бемориро ихтироъ карда наметавонад.
Кишварҳои Шарқи Миёнаву Наздик низ ба қатори кишварҳои дигар минтақаҳои олам мубталои ин беморӣ гаштаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коронавирус нисбат ба иқтисоди дигар кишварҳо, таъсири худро ба иқтисоди давлатҳои арабӣ зиёдтар расонидааст. Сабаб ҳам ин аст, ки давлатҳои арабӣ аз манотиқи сернафттарину сергазтарини олам ба ҳисоб меравад ва аксари давлатҳои абарқудрати дунё, ки корхонаҳои саноативу заводу фабрикаҳои бузурги зиёд доранд ба воситаи роҳҳои обӣ аз нафту гази ин минтақа харидорӣ мекунанд. Баъди шуюъи коронавирус, ки махсус давлатҳои абарқудрат аз ҷумлаи Амрико, Итолиё, Чин, Олмон, Фаронса ва як қатор давлатҳои дигар ба ин беморӣ мубтало гаштаву шумораи зиёди талафоти ҷонӣ дар ин кишварҳо мушоҳида мешавад, карантин эълон намуданд. Махсус дар ду моҳи охир аксари корхонаҳои бузурги ин кишварҳо аз кор боз монданд ва харидории нафту гази кишварҳои арабӣ низ ба таври автоматӣ поён рафт. Аксари давлатҳои арабӣ, ки манбаи асосии даромади онҳо нафт ва газ мебошад, дар ин миён аз нигоҳи иқтисодӣ зарар дидаанд.
Таҳаввулоти мавҷуда дар дунёи мо ва бозтоби онҳо дар тағйири чашмгир дар сабки зиндагии рӯзмарраи мост. Дар камтар аз ду моҳ пас аз ваҳимтар шудани буҳрон, зиндагии як севум аз ҷамъияти ҷаҳон ба беш аз 2,5 миллиард нафар маҳдуд ба маҳалли зиндагӣ, фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ ва ошомиданӣ ва доруворӣ табдил шуд. Ҳазорон корхона ва муассиса ба ҳамроҳи даҳҳо миллион нафар аз онҳо кори худро бо зарарҳои тахминзадашуда тавассути Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳудуди ду трилион доллар (2, 000 000, 000 000 ) то кунун мутаваққиф карданд.
Аз ҷониби дигар, даҳҳо миллион нафар аз ҷомеаи ҷаҳон маҷбуранд ба ҷойи дафтар ё маконе, ки тавассути корфармоён фароҳам шудааст аз хона кор кунанд. Ногаҳон ҷомеа бидуни фурӯшгоҳҳои пӯшок, тарабхонаҳо, кофе-барҳо, ороишгоҳҳо ва гардишгарӣ зиндагӣ мекунанд, дар замоне, ки марокизи шаҳрҳои дунё ба шаҳрҳои арвоҳ табдил мешаванд, яъне ин имконот дигар барои ҷомеа дастнорас гардидааст.
Дар ин шароит тиҷорати электроникӣ равнақ мегирад ва зиндагии маҷозии мо босуръат онлоин ва васоили иртиботи мухталифи он ба равиши бесобиқа тақвият мешавад.
Хушбахтона, ибтикороти фардӣ ва хайрхоҳонае дар нуқоти мухталифи ҷаҳон вуҷуд дорад, ки ба далели боло рафтани қимати бархе аз маводи ғизоӣ ва доруҳои лозима, дастгири мардум ба вижа афроди фақир мебошанд. Дар инҷо лозим аст, то нақши муҳимме, ки эҳдокунандагон ва хайрияҳо дар кишварҳои арабӣ ба гунае ифо мекунанд, ки ба коҳиши паёмадҳои буҳрон кумак мекунад, таъкид шавад.
Бо ин ҳол бадтарин улгуи иқтисоди ҷаҳони феълӣ ин аст, ки кишварҳое, ки дар заминаи тавлид ва содироти маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти пизишкии мавриди ниёзи тахассус ҳастанд, содироти худро маҳдуд мекунанд, ҳамон тавр, ки ахиран Украина, Русия ва Ветнам аз назари маводи ғизоии Амрико, Олмон ва соири кишварҳо дар заминаи маҳсулоти пизишкӣ ҳастанд.
Кишварҳои арабӣ аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки илова бар дороии нафт аз рӯи таҳлилҳо тахмин зада мешавад, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 100 миллион нафар аз мардуми минтақаи араб аз фақр ранҷ мебаранд. Бояд эҳёи маҳсулоти кишоварзӣ, ғизоӣ, пизишкӣ ва сайёҳӣ ба роҳ монда шавад. Ин ғафлат нишондиҳандаи ҳушдори кумитаи Созмони Милали Муттаҳид барои Осиёи Ғарбӣ мабнӣ бар ин аст, ки эҳтимолан хурӯҷи ношӣ аз короновирус боис мешавад беш аз 8 миллион нафари изофӣ дар минтақаи арабҳо дар чанголи фақр ва гуруснагӣ ба далели коҳиши тиҷорат, маводи ғизоӣ ва камбудии саҳҳом эҷод кунанд.
Савол инҷост, ки оё кишварҳои арабӣ метавонанд аз дарси короно таҷриба бигиранд ва таваҷҷуҳ ба колоҳои маҳаллии кишоварзӣ, ғизоӣ ва беҳдоштиро бидуни таваҷҷуҳ ба ҳазинаи он бозгардонанд? Дар воқеъ қабл аз асри нафт Миср, Сурия, Лубнон, Марокаш, Либия, Алҷазоир ва соири кишварҳо дар аксар маҳсулоти ғизоӣ ва индустрӣ ба худкифоӣ расида буданд.
Имрӯзҳо киштиҳои нафткашони Арабистони Саудӣ, Кувейт, Ироқ, Баҳрайн, Қатар, Уммон, Урдун, Яман ва дигар кишварҳои арабӣ ба воситаи баҳрҳову дарёҳои Халиҷи Форс,  Баҳри Сурх, Канали Сувейс ва Баҳри Миёназамин пур аз нафт, баҳрҳоро таваққуфгоҳ намудаанд ва аз ҷониби кишварҳои Аврупо, Амрико, Чин ва Япония харидорони нафти арабӣ коҳиш ёфтааст ва ин як такони сахт ва зарбаи шадид дар иқтисоди мамолики арабӣ дониста мешавад.
Буҳрони коронавирус фурсате барои эҳёи тавлиди он дар сатҳи маҳаллӣ, ҳамроҳ бо соири маҳсулоти пизишкӣ ва зарурӣ ироа мешавад. Дар инҷо, мо ҳамчунин метавонем аз таҷрибиёти муваффақи Миср, Сурия, Тунис, Либия ва Халиҷи Форс дар кишти хурмо, зайтун ва дигар анвои сабзавоту меваҷот ва тавлиди дору истифода кунем. Аз ин таҷрибаҳо метавон барои рушди гиёҳҳои доругӣ, нафтӣ ва индустриалӣ бар асоси баҳрабардорӣ аз маҳсулоти кишоварзие, ки соҳибони онҳо барои ҷустуҷӯи кор дар шаҳрҳои бузург ба монанди Қоҳира, Касабланка, Бейрут, Димишқ ва зиндагӣ дар маҳаллаҳои тасодуфе, ки фоқиди асоситарини аносири як зиндагии солим аст, истифода кард.
Гарчанде шумораи шаҳрвандони сироятёфтаи давлатҳои арабӣ аз коронавирус нисбат ба дигар кишварҳои манотиқи олам камтар аст, вале зиёдшавии сироят аз коронавирус дар кишварҳои абарқудрат аз нигоҳи иқтисодӣ ба кишварҳои арабӣ зарари калон мезанад. Чуноне дар боло зикр намудем, ин давлатҳои абарқудрат барои ба кор даровардани корхонаҳои бузурги саноатӣ аз нафти кишварҳои арабӣ истифода мекунанд, дар ҳоле, ки давоми ин чанд моҳи охир аксари қувваи кории давлатҳои мазкур дар ҳоли карантин қарор доранд ва коргоҳҳо аз кор боз мондаанд, пас чи гуна метавонад иқтисоди давлатҳои арабӣ рушд кунад?
Нақшаи зинда миқёси густариши вирусро дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Worldometers.info. мушоҳида мекунанд.

        ОМОРИ ҶАҲОНӢ

Сироятшуда: 4 258 779. Фавтида: 291 460. Табобатёфта: 1 489 230.
Шумораи сироятёфтагон аз коронавирус дар кишварҳои арабӣ:

 

Номи кишварҳо

Сироятёфта

Фавтида

Табобатёфта

1

Арабистони Саудӣ

41014

255

12737

2

Қатар

23623

14

2840

3

Имороти Муттаҳидаи Араб

18878

201

5381

4

Миср

9746

533

2172

5

Кувайт

9286

65

2907

6

Либия

64

3

28

7

Марокаш

6281

188

2811

8

Алҷазоир

5891

507

2841

9

Баҳрайн

5236

8

2152

10

Умон

3573

17

1250

11

Тунис

1032

45

700

12

Ироқ

2818

110

1790

13

Судон

1365

70

149

14

Лубнон

859

26

234

15

Урдун

562

9

390

16

Фаластин

375

2

301

17

Судони Ҷанубӣ

156

0

2

18

Яман

56

9

1

19

Сурия

47

3

29

20

Мавритания

8

1

6

21

Саҳрои Ғарбӣ

6

0

5

22

Ҷузур-ул-қумур

0

0

0

23

Сумол

0

0

0

 

Ин шумора то санаи 11.05.2020-ро дар бар мегирад.

 

Зиёев С.Н., н.и.ф.,

мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

Одинаев А.С.,

ходими пешбари илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ