АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Таъсири терроризм ва экстремизм дар давлатҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва хатари он ба амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

    Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ибтидои асри XXI ифротгароӣ ва терроризм ба яке аз ҷиддитарин зуҳуроти таҳдидовар ва хатарноки  ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Аз ин лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҷомеаи башари дар мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ифротӣ ва пешгирии густариши фаъолияти онҳо равона гардидаанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ),  ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст.

Аслан Шарқи Наздик ҳанӯз аз давраи оғоз гардидани ҷанги сард  минтақаи бархурди манфиатҳои  ИМА ва ИҶШС ба ҳисоб мерафт ва   ҳатто аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани ИҶШС  ин минтаққа ба театри муқобилияти сиёсӣ-идеологии  ИМА ва ИҶШС табдил ёфта буд. Шарқи Наздик яке аз минтақаҳои муҳими геополитикӣ буда, он аз канали Суэтс ва гулӯгоҳи  Босфор то халиҷи Форсро дар бар мегирад. Имрӯзҳо  Шарқи Наздик  ифодакунандаи иқтисодиёти муосири ҷаҳон ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Шарқи Наздик минтақаи бисёр ҳам ноороми ҷаҳонӣ буда, дар он ҷо вақтҳои охир хунрезиҳои бераҳмона рӯй медиҳад, ки барои бехатарии низоми байналмилалӣ хатари ҷиддӣ дорад. Аксарияти бархӯрду зиддиятҳои баамаломадаи ин минтаққа хусусияти дохилӣ дорад. Лекин аксар вақт ин бархӯрду зиддиятҳо ба гирдоби худ давлатҳои ҳамсояро низ мекашад. Дар ин минтақа имрӯзҳо боз дигар қувваҳо, яъне гурӯҳҳои ғайриҳукуматӣ ба монанди Ал-қоида, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ фаъолият мекунанд, ки гоҳ бар зидди ҳукумати қонунӣ ва гоҳ бар зидди мардуми осоишта бераҳмона мубориза мебаранд. Аз рӯи ақидаи баъзе коршиносон ин гурӯҳҳои терористӣ ба манфиати давлатҳои абарқудрат мубориза мебаранд ва ин гурӯҳҳо бевосита аз ҷониби ҳамон давлатҳои абарқудрат маблағгузориву дастгирӣ мегарданд.

         Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Чунин раванд омили бавуҷудоварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1992 то соли 1997 тамоми даҳшати ҷанги дохилиро бо нишонаҳои терроризмаш аз сар гузаронид. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ дар бисѐр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ихтилофоти дохилӣ заминаи мусоидро барои зуҳури террористону созмонҳои террористӣ ба вуҷуд меоварад [1.С.6].

         Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми терроризмро чунин шарҳ додааст. Терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтан (зарар расонидан) ба амвол ё дигар объъктҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ѓайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлати ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, мебошад. [2]

         Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаҳои худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ амали менамояд.

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад» [3].

Соли 1816 олими рус Татишев Н.Н. аввалин маротиба мафҳуми «терроризм»-ро ҳамчун «низоми хавфноки идоравӣ ва амалҳои даҳшатовар» шарҳ додааст. Дар охири асри ХIХ аз ҷониби олимон ду мафҳум - «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, аммо дар кушодани ин ду мафҳум ду мафҳуми гуногуни алоҳидаро маънидод намудаанд, яъне:

  1. «Террор» - ҳамчун низоми сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад;
  2. «Терроризм» - даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст.

         Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар кишвари мо низ ин хатарҳои ифротгароӣ ва тундгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути воситаҳои ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Зеро тибқи он тамоми мушкилотҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ ва мақсади асосии шомил шуданро дар ин гурӯҳҳо надорад, мусоидат хоҳад кард.  Аз ин рӯ коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ингуна равандҳои номатлуб бояд ба таври мунтазам ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳию пешгирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (ВАО) сурат гирад.

         Дар асри ХХ, терроризм ба сатҳи давлатӣ гузаронида шуд, ки ин қаблан набуд. Давлати террористӣ шаҳрвандони худро бо қонуншиканӣ дар дохили кишвар маҷбур карда, онҳоро водор сохт, ки нотавонӣ ва сустии худро доимо эҳсос кунанд. Онҳо рафтори худро берун аз ҳудуди сарҳад тағйир надоданд. намунаи таърихии он Олмони фашистӣ мебошад  [4.С.18].

         Дар солҳои 1970-1990 асри ХХ терроризми байналмилалӣ вусъат ёфтааст, ки моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат афкандан ва тарсонидан дар тули асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии неруҳои гуногуни иртиҷоӣ вуҷуд доштанд. Терроризм бештар дар ҳолатҳои гузариши ҷамъиятию сиёсии ҷомеа ва давлат рух медиҳад. Доираи кирдорҳои террористӣ васеъ гардида, роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав шудааст. Даҳшати терроризм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Терроризм – ин воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои доимамалкунандаи ин гурӯҳҳои ифротгаро буда, бештари хисоротро ба иншоотҳо, корхонаҳои маъмурӣ, иншоотҳои истиқоматӣ, беморхонаҳо марказҳои савдо ва ғайраҳо мерасонад. Мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ ин тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум мебошад, ки ҳаёти одамонро зери хатар гузоштан аст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон наздикии 500 созмони пинҳонкори террористӣ амал мекунад. Аз соли 1968 то 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст, ки дар натиҷа 3668 нафар кушта ва 7474 захмӣ шудаанд. Дар солҳои охир дар Шарқи Наздик созмонҳои «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», созмони террористии «Сикхи» дар Ҳиндустон, гурӯҳҳои мафиози маводи мухаддир дар Колумбия, ки аз шеваҳои террористӣ истифода мекунанд, бештар дар маркази таваҷҷуҳ ҳастанд [5].  Имрӯз аз рӯи таҳлили муҳаққиқон ба ҷаҳони террроризм ҳамасола зиёда аз 5 то 20 млд доллар дохил мегардад. Баъзе гурӯҳу созмонҳои дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандони алоҳида ноогоҳии мардумро аз арзишҳои умумиинсонии ислом истифода карда, таблиғоти ифротиро ба роҳ монда, экстремизму радикализми диниро талқин мекунанд. Бояд қайд намуд, ки масъалаи терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) имрӯз ба мушкилоти умумибашарӣ табдил ёфта, инкишофи муътадили давлатҳо ва амнияти мардумро халалдор месозад. Ба таври доимӣ масъалаи мазкур дар СММ мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор мегирад.  Кумитаи махсуси мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ аз соли 1972 фаъолият мекунад, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти кишварҳои гуногунро бар уҳда дорад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҷаҳон имрӯз 100 ташкилоти террористии бузурге фаъолият доранд, ки бо якдигар дар ҳамкорӣ ва робитаи доимӣ қарор доранд. Дар маҷмуъ агар созмону гурӯҳҳои хурдро ҳам ба назар бигирем, теъдоди онҳо ҳудуди 5000–ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, созмонҳои террористии «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии ӯзбекистон», «Ихвон -л- муслимин» (Бародарони мусулмон), «Лашкари Тайиба» (Лашкари пок), «Ҷунбиши толибон», «Созмони озодибахши Туркистони шарқӣ», «Ҷамоати таблиғ», «Гурӯҳи исломӣ» (Ҷамоати исломии Покистон), «Ҳизбу – т - таҳрир», «Салафия», «ХАМОС» (Фаластин), «Бригадаҳои сурх» (Италия), «Гурӯҳи лимин» (Покистон), «Бокуҳарам» ва ғайраҳо. Неруҳои ҳарбӣ ва захираҳои молиявии созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» босуръат афзоиш ёфта, онҳо имрӯзҳо имкони муқовимат намудан бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто паймонҳои ҳарбӣ - сиёсии онҳоро пайдо карда истодаанд. Яке аз омилҳои пурқудратшавии ташкилотҳои террористӣ муттаҳидшавӣ ва аз навтақсимшавии созмонҳои террористӣ, ҳадаф интихоб кардани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табии бой, истифодаи моҳиронаи идеологияҳои динӣ ва албатта бозиҳои калони геополитикӣ маҳсуб меёбад.  Яке аз далелҳои асосии экстремизми исломӣ ин вазъи иқтисодию иҷтимоии давлатҳои араб мебошад. Экстремизми исломӣ – роҳи радикалии таҳкурсии ислом ба ҳисоб рафта, роҳи зӯроварии муборизаи сиёсӣ мебошад. Экстремизми исломӣ баъд аз солҳои 1980-ум авҷ гирифта, якчанд ташкилотҳои исломӣ дар давлатҳои Алҷазоир, Эфиопия, Сомали, Сурия, Миср, Арабистони Сауди, Фаластин, Уганда, Покистон, Босния ва Филлипин ба вуҷуд омаданд. Соли 1989 аз тарафи Усома бен Ладен ташкилоти исломии «Ал-Қоида» ташкил ёфт. Дар баробари ин соли 1998 аз тарафи ӯ «Фронти байналмилалии исломӣ» ташкил кард, ки якчанд гурӯҳҳои радикалҳои исломиро, ба монанди «Ал-исломия», «Муҳоҷирон», «Ал-ҷиҳод», «Ҳаракат-ул- ансор» муттаҳид кард, ки онҳо дар Покистон, Афғонистон ҳамчун гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекарданд. Инчунин аз тарафи ин ташкилотҳои экстремистӣ тайёр намудани мутахасисони ҳарбӣ, яъне «ҳарбиёни ҷиҳод» махсус лагерҳои ҳарбӣ дар ҳудудҳои Афғонистон, Покистон ва Судон ба вуҷуд омаданд.  Дар Ҳиндустон Фронти озодихоҳии Ҷамма ва Кашмир, дар Покистон 15 гурӯҳи муттаҳид бо сардори Амонуллохон дар Филипин ташкилоти экстремистӣ бо номи «Абу Сайф», ки характери исломӣ доранд, амал мекунад. Ин ташкилотҳо ба руйхати гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ дохил карда шудаанд. Дар охири асри ХХ мафҳуми нави ислом – мутахассис -террорист ба вуҷуд омад, ки ин ба шахсияти яке аз миллиардерҳои Арабистони Сауди Усама бен Ладен рост меояд. Якчанд ташкилотҳои исломӣ бо номи «Ҷиҳоди байналхалқӣ», «Бародарони мусулмон», Экстремистони исломӣ дар Яман, Алҷазоир, Кашмир, Босния, Иордания, Косово, Чеченистон, Ӯзбекистон, ва ҳаракати Толибон дар Афғонистон аз ӯ ёрии моддӣ мегирифтанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститусионӣ таъмини ягонагии кишвар ташкилотҳои байналмилалии хусусияти экстремистидошта, ба монанди «Ал-қоида», «Туркистони шарқи», «Туркистон», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломи Покистон», «Таблиғ», «Созмони Таблиғӣ» хатар таҳдид мекунад. Ҳоло мо шоҳид он ҳастем, ки аз дасти ин гуна роҳгумкардаҳо бисёре аз мамлакатҳои дунё, ба монанди Сурия, Ироқ, Фаластин, Судон, Яман, Афғонистон, макони гурӯҳи террористон гардида, ҷомеаро ба хароба табдил додаанд. Масалан, Ҷумҳурии Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурӯҳҳои террористӣ гардидааст, аммо аз яроқи қатли оми он дараке нест. Дар айни замон кишвари Ироқ се пора гаштааст. Дар шимолу шарқ гурӯҳи террористии ДИИШ хилофати худро бунёд карданд.  Минтақаҳои курднишин талоши истиқлолиятро доранд. Пораи дигари минтақа зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ қарор дорад.

Дар айнӣ замон, миёни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Чи тавре, ки дар боло зикр намудем, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва, дар айни замон, тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Яке аз омилҳои ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернет ба рӯҳияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад. Аз рӯйи амалҳои гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон маълум мегардад, ки маҳз экстремизм ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ дар ҳолатҳои гуногун ба вуҷуд омада метавонад. Пеш аз ҳама бо таъсири қувваҳои гуногун бо мақсади иғвоангезӣ ва нооромии ҷомеа, рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар доираи минтақа ва ҷаҳон ва бо ҳадафи сармоя ба даст овардан рӯйи кор оварда мешаванд. Сармоягузороне пайдо шудаанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои супоришгарони худ маблағҳои зиёдеро дареѓ намедонанд ва албатта бурди онҳо дар шакли ба даст овардани манфиатҳо ва ноором сохтани ин ё он минтақа мебошад.  Яъне аз вазъи геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ истифода бурда, кишварҳое, ки тараққӣ карда истодаанд, монеъи рушди онҳо мешаванд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ба сифати объекти таъсиррасонӣ ва ҷалб кардани ҷомеа ба гурӯҳҳои террористӣ на фақат роҳи дину мазҳаб ва ё идеология, балки бештар фетишизм, яъне  пулпарастӣ ва пулро дӯст доштан ба ҳисоб меравад.

Ҳамин аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ул-таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

Ал-Қоида; Ҳаракати Туркистони шарқӣ; Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ  Ҳаракати исломии Ӯзбекистон); Ҳаракати Толибон; Бародарони мусулмон (Ихвон-ул-муслимин); Лашкари Тойиба; Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ); Ҷамъияти Исломии Покистон; Ҷамъияти таблиғ; Ташкилоти динӣ - миссионерии Созмони таблиғот.

Ғайр аз ин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияти «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шудааст [6].

         Аз ин рӯ,  ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгирӣ ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бисёр муҳим -  «Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020” қабул карда шуд. Яъне, ин ҳадаф як мушкилоти маҷмуӣ буда, сабабҳои он ҳам омилҳои иктисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба паст будани саводи диниву дунявӣ мебошанд. Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати ҷаҳонӣ   рӯзмарра  гаштааст. Терроризмро ҳамчун таҳдиди руирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеч давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд. Барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии стратегияи байналмилалӣ ва олоти амалӣ гардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.

         Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нафарони дар роҳ гумроҳшуда дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Ироқ ва Сурия иштирок доранд, муҳоҷирони меҳнатие мебошанд, ки ҳудуди дигар давлатҳо бо роҳи фиреб ба кишварҳои ҷангзада афтодаанд. Ин ҷавононе ҳастанд ки саводи динӣ надоранд, дур аз ватану волидон бо шунидани вазъҳои имом хатибони ифротӣ ба доми фиреб афтодаанд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлум бояд дастаҷамона фаъолият намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ,  ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 

Адабиёт:

  1. Худобердӣ Холиқназар. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии динӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ. Душанбе 2018. – С.214.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, №845.
  3. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2017. http://mmk.tj/legislation/ (санаи муроҷиат: 20.12.2020)
  4. Маджидзода Джурахон Зоир. Противодейтсвие терроризму и экстремизму. Душанбе 2016. – С.251.
  5. Ҳамдамова М. Фаъолияти ташкилотҳои ифротии террористию экстеримистӣ вабои аср. http://www.shahriston.tj/.
  6. Амирулло Асаджулло, Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият. http://www.khatlon-ruznoma.tj/1162-terrorizmu-ifrotgor-va-hatari-on-ba-amiyat.html.

 

Нуров Х.П.

Влияние терроризма и экстремизма на Ближнем и Среднем  Востоке и его опасность для государственной безопасности Республики Таджикистан

          Статья посвящена терроризму и экстремизму на Ближнем Востоке. В данной статье автор анализирует угрозу терроризма и экстремизма государственной безопасности Республики Таджикистан. Отсутствие безопасности и нестабильность на Ближнем Востоке вызывает серьезную озабоченность в странах региона, включая Центральную Азию.

         Ключевые слова: терроризм, экстремизм, безопасность, государственная безопасность, трудовая миграция, нестабильность, государственная политика.

Nurov H.

Terrorism and extremism in the middle east and its danger to the state security of the republic of tajikistan

         This article focuses on terrorism and extremism in the Middle East. In this article, the author analyzes the threat of terrorism and extremism to the state security of the Republic of Tajikistan. Insecurity and instability in the Middle East is a major concern in the countries of the region, including Central Asia.

         Keywords: Terrorism, extremism, security, state security, labor migration, instability, state policy.

БОЗГАШТ