АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Табибони тоҷик воқеан қаҳрамонанд!

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ин шабу рӯз табибони тоҷик дар бемористонҳои кишвар кору пайкор доранд. Дунболи як бемор медаванду ба дигар мариз дору мегузаронанд ва ба савумӣ бошад ёрии таъҷилии аввалин мерасонанд. Дар умум табибони тоҷик дар баробари духтурони дигар кишварҳо алайҳи вирусе мубориза мебаранд, ки дунёро такон додааст ва мардуми сайёра бо як туфони талотуме гирифтор аст, ки иддае аз ин варта халос шудаву иддае дигар дар умқи он ғутта мезанад. Пас, табибон воқеан қаҳрамонанд, ки бо ин вируси ҳамагир мубориза мебаранд ва сар фурӯд намеоранд, чӣ расад ба дигар қишри ҷомеа, ки ҳамагӣ дар фироранд.
Пас аз Худованди меҳрубон, умеди мо ба тавонбахшони миллат – табибон мебошад. Чаро ки онҳо ба мардум даво мебахшанд, умеду орзуи инсониятро бароварда месозанд.
Воқеан табибон қаҳрамонанд ва дар ин шабу рӯз алайҳи душмани рақами 1 (як) дар ҷаҳон бо номи COVID-19 маҳз ана ҳамин тоифаи ба истилоҳ “фариштаҳои сафед” мубориза мебаранд.
Онҳо ҳам чун дигар табақаҳои ҷомеа зану фарзанд ва хонаву дар доранд, вале бо вуҷуди ҷони худро дар хатар гузоштан, барои дигарон ҷони худро медиҳанд. Ҳамон ҷоне, ки барои ҳамагон ҳам азиз асту ҳам ширин, вале табибон ҷони худро дар хатар мегузоранд, дунболи табобат мешаванд, бо душмани “ҳамагир” мубориза мебаранд.
Ҳарф задан роҳату осон аст, вале сохтану бунёд кардан ё худ табобат кардану рӯбарӯ бо вируси фарогир истод кардан корест мушкил.
Зимнан, “кор ҳаст камбудиҳое ҳам сар мезанад” мегӯянд, дар байни табибон иддае аз духтурони ноҷавонмард ҳам ҳаст, ки таърих онҳоро ҳам фаромӯш намекунад, вале на ба хубӣ, балки бо бадӣ ёд мешаванд. Чун онҳо аз хати сангари набард бо душман фирор намуданд. Онҳо фирор намуданд, то ҷони худро дар хатар нагузоранд. Ҳамчунон, ки дар наворе дар шабакаҳои интернетӣ паҳн шудаву ҷавонмарди табибе бо чашмони пуроби худ ба ҳамкасбони худ хитоб намуда, онҳоро дубора ба кор даъват мекунад. Табиб дар тан либосҳои муҳофизатӣ дорад, бо гиря аз бархе ҳамкасбони ба гуфтаи ӯ, “тарсончак” шикоят мекунад.
Ӯ мегӯяд, дар ин шабу рӯзе, ки коронавирус дар Тоҷикистон хуруҷ кардааст, мардум эҳтиёҷ ба муоинаи духтур аст, вале бархе пизишкон фирор кардаанд. Ӯ аз ҳамкасбонаш, ки ин шабу рӯз заҳмат мекашанд, ташаккур мекунад. "Ин як фелдшери оддӣ аст, вале бубинед, дар 4 шабонарӯзи охир, дар 96 соати корӣ ӯ ҳамагӣ 8 соат хоб кардааст. Дигар ҳама вақт дар паҳлӯи мардум буд ва хидмат мекард. Магар ӯ осебпазир набуд? Магар ба ҷони вай таҳдид вуҷуд надошт? Вале қасамашро нашикаст, паҳлуи мо истод ва хидмат кард!”, афзуд ӯ.
Бале, чунин ҳам ҳаст ва ҷомеа бидуни чунин камбудиҳо баъид аст, ки пеш равад, вале мо дар ҳолате қарор дорем, ки бидуни кумаки табибон маргу мир бештар моро таҳдид мекунад. Ҳамарӯза нолаву доду фиғон аз ҷониби ину он наздикони майитон баланд мешавад. Пас, кӣ бояд ба ҳоли зори пайвандони фавтидагон расидагӣ кунад ва ёрӣ расонад?! Албатта “фариштаҳои сафедпӯш”-и заминие бо номи духтурон ё табибон!
Нуқтаи заъф ин ҷост, ки мо аз беморӣ на, балки аз даҳшати он ҳарос дорем. Ба гуфтаи табибон, вақте ки инсон меҳаросад ва ё тарсе дар худ ҷой медиҳад, пеш аз ҳама эҳтимоли хурӯҷи дигар касалиҳоро тавлид мекунад. Аз ин рӯ ба тарсу ҳарос набояд афтид ва ба қоидаҳое, ки аз ҷониби духтурон тавсия дода шудааст, риоя кард.
Мутахассисон ва коршиносони тамоми дунё бар ин назаранд, ки шарти асосии пешгирӣ аз сироятшавӣ ва табобат ёфтан аз бемории COVID-19 ин роҳ надодан ба тарсу ваҳм аст. Ба ақидаи духтурон, 85% мардум бе ягон мушкилӣ дар шароити хона, ҳатто нафаҳмида, ки ба ин беморӣ дучор шудаанд, онро паси сар мекунанд. Инчунин дар ин ҳол бояд дастҳоро мунтазам собуншӯ намоем, дастҳоро ба чашму бинӣ ва даҳони худ нарасонем, коронавирус бо оби гарм ва маводи тозакунандаи хонагӣ бартараф карда мешавад. Инчунин оби хунук ва хӯроки хунук нахӯрем. Колони асосии ин вирус дар бинӣ ҷойгир аст, бинобар ин биниро мунтазам бо оби гарм шӯем. Ҷои зист ва ҷои кориямонро бояд бо ҳавои тоза таъмин намоем. Масофаи ду қадам фосиларо аз дигарон риоя кунем, набоя фаромӯш кард, ки пойафзоли мо манбаи муҳимми ифлосӣ аст ва онҳоро ба хона умуман ворид накунем. Ҳангоми сулфа ва атса задан, ба қадри имкон аз дигарон дур шавем. Ниқобҳо бояд тез-тез иваз карда шаванд.
Бояд гуфт, ки аз даврони қадим мардум ҳамавақт эҳтиёҷ ба табиб дошт ва имрӯз ҳам эҳтиёҷоти инсоният даҳчанд гардидааст. Пас моро мебояд, ки имрӯз ин қишри бузурги ҷомеаро чун гавҳари чашм қадр кунем. Онҳоро иззату шараф бахшем, кумаки худро дареғ надорем, дастгирӣ намоем, ҳадди ақал дуои худро дар ҳақашон дареғ надорем.
Умед Пудинаев, ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон   
 

БОЗГАШТ