АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тадбирҳои сиёсию иҷтимоии Низомулмулк

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Бузургтарин арбоби давлатии аҳди Салҷуқиён Абӯалӣ Ҳасан ибни Али бинни Исҳоқи  Тӯсӣ (1018-1092), ки бо тахаллуси Низомулмулк машҳур аст, дар Хуросон таваллуд ёфта, тақрибан си сол (1063-1092) дар замони ҳукмронии Алп-Арслон ва Маликшоҳ хидмати вазириро иҷро кардааст,  яке аз мутафаккирони машҳури тоҷику форс мебошад. Ӯ ҳамчун вазири кордону бомаҳорати дарбори Салҷуқиён пайваста ба сиёсати амалӣ машғул гардида, бо эҷоди асари худ «Сиёсатнома» дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва адабию мадании мардуми тоҷику форс таъсири амиқ расонидааст.

Низомулмулк як марди хеле оқил ва фозиле  буд. У дар корҳои мамлакатдорӣ комилан ба таҷрибаи давраи Сомониён такья мекард ва барои эҳьё  намудани анъанаҳои мадании он давра кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод [1, с. 535].

Бо кӯшиш ва фаъолияти зиёди Низомулмулк усули идоракунии давлатдории Салҷуқиён ба тартиб дароварда шуд.Чи тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, даврони ҳукмронии Салҷуқиён  то як андоза давраи тараққиёти осоишта ва рушди тиҷорату иқтисодиёти феодалӣ буд. Дар ин давра  шаҳрҳо ободу тараққӣ  намуда, дар онҳо миқдори пешоварону ҳунармандон, ки дастҷамъона ва муташаккилона кор мекардан хеле афзоиш ёфта буд. Дар ин каламрав баъди ба тартиб даровардани идоракунии давлатӣ аз тарафи Н изомулмулк  имконот барои пешрафти минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва рушди иқтисодиёт фароҳам оварда мешаванд. Истеҳсолоти кишоварзӣ аз нав ҷон гирифта,ҳунармандӣ ба равнақ мерасад. Тадриҷан бозорҳо ҳам қувват гирифта ба пешрафти тиҷорату истеҳсолот мусоидат кардан мегиранд. Дар тулии даҳсолаҳои зиёди бенизомӣ, иқтисодиёт  аз нав барқарор мегардад. Ин ҳама натиҷаҳо бо кумаки бевоситаи роҳбарии вазири  хирадманд  Низомулмук  амалӣ мегарданд. Аз гузаронидани ҳар гуна ислоҳот дар корҳои давлатдорӣ  натанҳо иқтисодиёт пурқувват гашта, балки пешрафти илму фарҳанг низ дар ин давра таъмин мегардад,

Низомулмулк ба мақсади пешгирӣ кардани тороҷгариҳое, ки феодалон нисбати деҳқонон ва ҳунармандону барзгарон раво медиданд, чораҳо меандешид, ки  ин амали феодалон боиси кам гардидани воридоти андоз ба хазинаи давлат мегардид, ҳамаи ин ҳолатҳоро ба назар гирифта , як қатор чораҳо ва татбиротро ба давлатдорони салҷуқӣ пешниҳод мекунад.

Низомулмулк , инчунин дар бобати  тавсеаи тиҷорати хориҷӣ чораҳои лозима дид, аз ҷумла ба бекор кардани боҷҳои зиёде , ки ба тараққии бозаргонӣ мамониат мекардан, мувафақ шуд [1, с. 536].

Аслан, андешаҳои сиёсии Низомулмулк дар асари машҳури ӯ «Сиёсатнома» дарҷ ёфтаанд. Ҳанӯз дар давронии зиндагии мутафаккир яке аз подшоҳони сулолаи Салҷуқиён Маликшоҳ (1072-1092) дар солҳои охири ҳукмрониаш ба донишмандони дарбор мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдорӣ рисолае тартиб диҳанд, то ки дар он таърихи ҳукмронии подшоҳони гузашта ва ҳодисаҳои гуногуни рӯзгор нақл гарданд. Ғайр аз ин, рисолаи мазкур ҳамчун дастурамали идораи давлат истифода гардад. Бо ин мақсад Низомулмулк низ дар солҳои 1091-1092 рисолаеро бо номи «Сиёсатнома» таълиф менамояд. Мутафаккир бо эҷоди рисолаи мазкур чунин дастурамалеро пешниҳод менамояд, ки дар он барқарор намудани адлу адолат, ҷорӣ намудани тарзи оқилонаи давлатдорӣ, поквиҷдонии арбобони давлатӣ, аз пайи ободонии кишвару осоиштагии раият шудани шахсони масъул барин андешаҳои пешқадами хешро иброз менамояд.

Низомулмулк дар масъалаи баҳисобгирии боҷу хироҷи минтақа ва вилоятҳо ва дуруст ба роҳ мондани он мефармояд: ҳисоби моли вилоятҳо бинависанд ва аз ин  маҷмуъи андозҳ о ва харҷи он  падид оранд  [2, с. 183].

Низомулмулк дар иҷрои корҳои давлатӣ нақши одамони донишманд, кордону бомаҳорат ва содиқу вафодорро махсус қайд менамояд. Вай исроркорона тавсия мекунад, ки сарварони давлат бо одамони дар асоси таълиму тарбия ва бо мурури замон ба воя расида бо мулоҳизаву эҳтиёткорона рафтор кунанд. Дар ин бобат ӯ чунин мефармояд: «Бандагоне, ки парварда бошанд ва бузург карда, нигоҳ бояд дошт, ки умре дигар ва рӯзгори мусоид бояд, то бандаи шоиста ва озмуда ба даст ояд». [3, с. 8].

Бояд тазаккур дод, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX андешаҳои мазкур дар таълимоти мутафаккири италиявӣ Вилфредо Парето қариб дар чунин шакл ва мазмун садо медиҳад, вале, мутаассифона, ҳамагон андешаи мазкурро маҳсули тафаккури Парето мешуморанд. Ба ақидаи В.Парето, бо мақсади нигоҳ доштани ҳокимият ва дароз намудани умри элитаи ҳукмрон бояд шахсони кордону донишманд ба таркиби элита ворид карда шаванд, то ки иқтидори он аз неруҳои дигари сиёсӣ афзунтар бошад. Идеяи «ротатсияи элита»-и В.Парето аз ҳамин андешаҳо маншаъ мегирад.

Низомулмулк ҳамчун шахси бомаърифату донишманди замон мушоҳида менамуд, ки вазирону амалдорони ин ва ё он дарбор ба ғорату тороҷ кардани халқ ва фисқу фуҷур овора буда, зулму ситамро дастури ҳаррӯзаи худ қарор дода буданд. Дар чунин маврид баҳри ҳалли ин гуна мушкилот ӯ ҷонибдори фаъолияти шахсии подшоҳ ва истиқлолияти фикрии сарвар буд. Ӯ пешниҳод менамуд, ки подшоҳ бо фаъолияти шахсӣ ва зиракии сиёсии худ мардумро аз гирифторӣ наҷот диҳад. Дар ин маврид ӯ чунин менависад: «Чора набошад подшоҳро аз он ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим бинишинаду дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият бишунавад бевосита ва чанд қисса, ки муҳимтар бувад, бояд ки арза кунад ва дар ҳар як мисоле диҳад. Чун ин хабар дар мамлакат пароканда шавад, ки худованд мутазаллимону додхоҳонро пеш мехонад ва дар ҳафтае ду рӯз сухани эшон мешунаваду золимонро шикаста медорад,  дастҳои эшон кӯтоҳ шавад ва кас наёрад бедодӣ кардан аз бими уқубати он» [2, с.27].

Низомулмулк борҳо хотиррасон менамояд, ки дар кори идораи давлат  мавқеъи одамони донишманд , кордону бомаҳорат ва содиқу вафодор бузург аст. Баҳри амалӣ кардани чунин таълимоти худ Низомулмулк  чораҳои зиёде меандешад. Маҳз бо ташабуси шахсии ӯ дар Бағдод, Нишопур, Исфаҳон ва ғайра мадраса ҳо кушода , кори  таълиму тарбия намудани одамони зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

Яке аз мавзӯъҳои дигаре, ки диққати Низомулмулкро ба худ ҷалб намудааст, масъалаи муносибати сарварон бо тобеон мебошад. Ба ақидаи ӯ, чӣ гуна ранг гирифтани тақдири минбаъдаи идоракунӣ аз онҳо вобаста мебошад. Ӯ қайд менамояд, ки дар дарбор шахсони ҳасадбару бадтинат ҳамеша вуҷуд дошта метавонанд, ки онҳо аз рӯйи ҳасаду тинати бад дар ҳаққи шахсони дурусткор бадгӯӣ мекунанд.

Ба ақидаи Низомулмулк, вазифаи бошарафи шоҳ иборат аз он аст, ки вай ҳақиқати ҳолро фаҳмидаву санҷида, сипас ҳукм барорад. Ӯ дар ин бора чунин мефармояд: «Андар корҳо шитобзадагӣ набояд кардан. Ва чун хабаре шунавад, ё сирате бандад, андар он оҳистагӣ кор бояд фармуд, то ҳақиқати он падид ояду дурӯғ аз рост пайдо гардад, ки шитобзадагӣ кори заифон аст, на кори қодирон» [3, с. 103].

Ҳамин тариқ, Низомулмулк ҳамчун ходими сиёсии дарбор ба кулли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии замони худ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории Салҷуқиён масъалаҳои мубрами сиёсати давлатро таҳлилу таҳқиқ намудааст.

                     Адабиёт

  1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон «Ирфон», Душанбе -1983.
  2. Низомулмулк , Книга об управлении государством, «Шарқи озод», Душанбе --1998., 207 саҳ.
  3. Низомулмулк , Сиёсатнлома, «Адиб», Душанбе --1989., 198 саҳ.
  4. Бартольд В.В. Туркестан в эпоху мангольского нашествия. Соч.Т.1.М., 1963. 249 саҳ.

 

Собир Бостон, ходими илмии Институт

БОЗГАШТ