АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАРҲИ ИСЛОҲИЯИ 14 КОНСТИТУТСИЯИ ШМА ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Муаллиф: Шамсиддин Каримов

Расм

ИНТИХОБОТИ ШМА – 2024

Низоми сиёсии яке аз кишварҳои абарқудрати замони муосир ШМА имрӯзҳо дучори буҳрони шадиде гаштааст, ки дар асли хеш бесобиқа мебошад. Чунин ҳолати ногувор заминаҳои мухталифи беруниву дохилӣ дошта, бо раванду гардишҳои марбут ба эҷоди архитектураи нави низоми муносибатҳои байналмилалӣ робитаи мустақим дорад. Ин ҳолат дар асари тезутунд шудани рақобати сиёсӣ ба иртиботи маъракаи интихоботӣ барои соҳиб шудан ба мансаби Президенти ШМА, ки дар моҳи ноябри соли равон бояд анҷом гирад, шадидтар гаштааст. Кӯшишҳои роҳ надодани Президенти собиқи ШМА Доналд Трамп барои бозгашт ба Кохи Сафед ва дубора соҳиб шуданаш ба қудрати сиёсӣ аз ҷумлаи ҳамин бозиҳои сиёсӣ мебошанд. Моҳияти он аз он иборат аст, ки ба ҳар васила номзадии Трамп ба рӯйхати маъракаи ибтидоии овоздиҳии ҳизби ҷумҳурихоҳон ворид карда нашавад, то ӯ натавонад дар мубориза барои соҳиб шудан ба мансаби Президенти ШМА ширкат варзад. Ин корро на фақат рақибони сиёсии Трамп демократҳо, балки гурӯҳҳои мухталифи либералӣ ва ҳатто ҷумҳурихоҳони зидди Трамп бо истифода аз тамоми абзори сиёсии мубориза шадидан пеш мебаранд. Дар ин роҳ мухолифони Трамп аз ҷумла аз тарҳи ислоҳияи 14 Конститутсияи ШМА васеъ истифода мебаранд [1], ки ҳоло мо мехоҳем ба он равшанӣ андозем.

Бояд зикр намуд, ки то имрӯз бо истифода аз ин тарҳи ислоҳия додгоҳҳои чандин иёлоти кишвар парвандаи махсуси ба интихобот роҳ додан ва ё роҳ надодани Доналд Трампро баррасӣ кардаанд. Агарчанде аксарияти ин парвандаҳо ба фоидаи Трамп ва тарафдоронаш ҳал шуда бошанд ҳам, аммо додгоҳҳои иёлоти Колорадо ва Мэне ба рӯйхати номзадҳо дохил накардани ӯро тасдиқ кардаанд.  Дар иёлати Ню Мексика бошад, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои иштирок дар тазоҳуроти 6 январи Капитолий маҳз мутобиқи бахши 3 тарҳи ислоҳияи 14 аз вазифааш сабукдӯш карда шуд. Хулоса, ин моддаи Конститутсияи ШМА имрӯз мазмун ва оҳанги махсус ба худ касб намуда, дар маркази таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтааст.

Асли гап дар он аст, ки 156 сол қабл аз ин, яъне 9 июли соли 1868, 14-умин тарҳи ислоҳияи Конститутсияи ШМА эътибор пайдо кард, ки тибқи он тамоми сокинони кишвар соҳиби кафолати шаҳрвандӣ гардида, маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқҳои аслии хеш бидуни ҳукми суд қатъиян манъ карда шуд [2]. Ин ислоҳия дар таърихи конститутсиализми Амрико яке аз ислоҳоти назаррас ва пурарзиши демократӣ гардид, зеро он на танҳо баробарии ҳамаи шаҳрвандонро сарфи назар аз ранги пӯст эълон намуд, балки барои давлатҳо дар сурати вайрон кардани ин қоидаҳо муҷозоти муайянро ба ҳукми қонун даровард. Дар банди якуми ислоҳияи мазкур омодааст, ки ҳамаи шахсони мутаваллид дар Штатҳои Муттаҳида ё шаҳрвандоне, ки онро соҳиб шудаанд ва ба қонунҳои ин кишвар итоат мекунанд, шаҳрвандони ШМА ва шаҳрвандони иёлате мебошанд, ки онҳо дар он зиндагӣ мекунанд ва аз ҳуқуқи ҳаёт, озодӣ ва моликият маҳрум сохтани онҳо танҳо бо ҳукми суд, на баровардани ягон қонуни маҳдудкунанда сурат гирифта метавонад. Ислоҳияи 14-ум инчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандиву комилҳуқуқии сиёҳпӯстонро муқаррар кардааст.

Хотирнишон кардан ҷоиз аст, ки аслан Конститутсияи ШМА, ки 17 сентябри соли 1787 қабул гардидааст, аз ҳафт модда иборат мебошад [3]. Дар соли 1791 ба он даҳ ислоҳияи аввалин ва дар давоми бештар аз ду сад соли ахир боз 17 ислоҳияи дигар ворид карда шуд, ки дар маҷмӯъ 27 ададро ташкил медиҳад [4]. Ворид намудани ислоҳияҳо ба матни асосии Коститутсия дар ҳолате сурат мегирад, ки агар моддаи мавриди назар ба таҳрири нав зарурат пайдо намояд, ё воқеъияти нави таърихӣ зарурати ислоҳ ва ё такмили чунин моддаҳоро ба миён оварад. Ҳама ислоҳот дар Конгресс мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва танҳо дар ҳолати тасдиқ аз тарафи Конгресс эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. Ислоҳияи 14 ба Коститутсияи ШМА бошад, ҳамчун натиҷаи дастовардҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар 9 июли соли 1868 эътибор пайдо кард (шумораи зарурии тасвиби штатҳоро гирифт) ва дар таърихи қонунгузории Амрико ҳамчун муҳимтарин амри ҳуқуқӣ дар бобати таъмини ҳуқуқи инсон ва шарофати ӯ арзёбӣ гардид.

Дар мавриди истифодаи ин ислоҳия бар зидди Президенти собиқи ШМА Доналд Трамп бояд гуфт, ки бештар муҳтавои бахши сеюми ислоҳияи мазкур мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин бахш омадааст, ки агар шаҳрванд дар мақомоти давлатӣ кору фаъолият дошта бошад ва барои садоқат ба Ватан қасам ёд карда бошад, вале баъдан дар фаъолиятҳои зидди ШМА ширкат карда бошад ва ё саҳмгузор буда бошад, наметавонад ба мақоми Президенти ШМА номзадии худро пешниҳод намояд, агарчанде дар ҳолатҳои алоҳида Конгресс метавонад чунин маҳдудиятро бекор созад: “Ҳеҷ кас набояд сенатор, намоянда дар Конгресс ё интихобшавандаи Президент ё ноиби Президент бошад, ё дар низоми хидматии Штатҳои Муттаҳида ё яке аз иёлот ягон мансаби шаҳрвандӣ ё низомиро ишғол намояд, агар вай қаблан ҳамчун узви Конгресс, корманди Штатҳои Муттаҳида, ё узви Ассамблеяи қонунгузорӣ ё корманди иҷроия ё адлияи ягон иёлат савганд ёд кардааст ва қасам хӯрдааст, ки Конститутсияи Штатҳои Муттаҳидаро дастгирӣ мекунад, вале баъдан дар исён ё шӯриши зидди Штатҳои Муттаҳида иштирок карда, ба душманони Штатҳои Муттаҳида ёрӣ расонда ва ё дастгирӣ карда бошад. Аммо Конгресс метавонад бо овози аз се ду ҳиссаи ҳар як палата ин гуна маҳдудиятро лағв кунад” [5].

Чуноне ки аз муҳтавои ислоҳияи мазкур бармеояд, Доналд Трамп ва ё ҳар шаҳрванди дигари ШМА, ки чунин ҷиноятро содир накарда бошанд, ҳуқуқи пешбарии номзадии худро ба мақомоти олии федералӣ, аз ҷумла мақоми Президенти ШМА доро мебошанд. Рақибони Трамп ӯро ба ҳукми фитна дар шӯриши 6 январи соли 2021 дар Капитолия муттаҳам намуда, мехоҳанд ӯро аз ҳуқуқи иштирок дар интихоботи соли равон барои ба даст овардани мақоми Президенти ШМА маҳрум созанд. Чуноне ки дар боло ишора рафт, аксари додгоҳҳои ШМА ин даъворо рад намудаанд, ба истиснои ду штат – Колорадо ва Мэне. Дар назар аст, ки қарори додгоҳҳои ин ду штат аз тарафи тарафдорони Трамп дар Суди Олии ШМА мавриди бозрасӣ қарор хоҳад гирифт.

Асли гап дар ин сару садоҳо ин аст, ки оё демократия дар хатар аст ё не? Ё ин сирф масъалаи шахсияти Трамп ва ҷиҳатҳои техникии истифодаи ислоҳияи маъмули 14 мебошад? Аз назари мо, масъала ин ҷо хеде ҷиддӣ ва нигаронкунанда аст. Гап дар сари он аст, ки дар чунин як давлати пешрафта ва воқеан ҳам демократӣ мехоҳанд шаҳрвандони оддиро аз ҳуқуқи озодона ва бо майли худ овоз додан ва тасмим гирифтан маҳрум созанд. Мушкили масъала дар он аст, ки ин ҳама бозиҳои сиёсӣ дар либоси демократия ва гӯё ба манфиати мардумони оддӣ роҳандозӣ шудаанд. Ниҳоят, ислоҳияи 14 дар таърихи конститутсионизм ва такмили низоми ҳуқуқии ШМА мавқеъ ва мақоми махсус дорад ва аз он истифода намудан ба мақсадҳои муғризона ба раванди ташаккул ва такомули низоми демократӣ ва истифодаи васеи арзишҳои аслии демократия на фақат дар ШМА, балки дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ ва паёмадҳои ғайри қобили қабулро ба бор хоҳад овард.

 

Каримов Ш.Т.,

сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада
 

___________________

   

1. The 14th Amendment plan to disqualify Trump, explained// https://www.bbc.co.uk/news/world-us-canada-66690276  

2. Завоевания Гражданской войны в США были закреплены 14-ой поправкой к Конституции // https://www.pnp.ru/in-world/zavoevaniya-grazhdanskoy-voyny-v-ssha-byli-zakrepleny-14-oy-popravkoy-k-konstitucii.html 

3. Вступила в силу 14-я поправка к Конституции США, гарантирующая гражданство страны всем лицам, рожденным на ее территории // https://www.calend.ru/events/2544/ 

4. Поправки к Конституқии США // http://www.grinchevskiy.ru/17-18/popravki-k-konstitucii.php  

5.  Constitution of the United States. Fourteenth Amendment // https://constitution.congress.gov/constitution/amendment-14/#:~:text=No%20State%20shall%20make%20or,equal%20protection%20of%20the%20laws.

 

БОЗГАШТ