АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАРҶУМА ВА НАШРИ КУТУБИ ШУАРОИ АРАБ ДАР ТОҶИКИСТОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Мусаллам аст, ки ҳанӯз дар аҳди қадим китобҳои бешуморе аз забони форсию паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шудаанд. Масалан, “Вису Ромин”, “Баҳроми чӯбинак”, “Номаи Тансар”, “Худойнома”, “Ҳазору як шаб”, “Калила ва димна”, “Маздакнома”, “Пирӯзнома”, “Бахтиёрнома”, “Синдбоднома” ва ҳоказ. Ба ҷуз ин аз забони арабӣ ба забони форсӣ низ садҳо китоб, аз ҷумла Қуръони маҷид, аҳодиси набавӣ, фиқҳ ва дигар кутуби аҳкоми динӣ, инчунин ашъор ва осори шоирон ва адибони давраи мозии араб тарҷума ва нашр шудаанд.  Махсусан дар асри вусто шоирони дузабонае  умр ба сар мебурданд, ки форснажод буданд, вале осори гаронбаҳои хешро ба забони арабӣ таълиф менамуданд. Ва ё шоироне низ буданд, ки ҳам бо форсӣ ва ҳам бо арабӣ асарҳояшонро менигоштанд. Инчунин шоирони арабнажод, ки забони форсиро хуб медонистанд, бо лафзи ширини форсӣ шеърҳои худро эъҷод менамуданд.
  Дар натиҷаи равобити мутақобилаи адабии ин ду қавм, яъне тоҷику араб  пайвандҳои диниву забониву илмӣ ва ғайра низ тарвиҷ ёфтанд. Барҷастатарин чеҳраҳои диниву сиёсии ҷаҳони араб дар сарзамини Форс ба дунё омада буданд. Масалан, пешвои мазҳаби исломӣ Имоми Аъзам Абӯҳанифа  Нӯъмон ва муаллифи “Ал – Ҷомеъус – саҳеҳ” - Имом Бухорӣ дар ин масир қарор доранд.  Ҳамчунини Сибавайҳ, ки ҳамчун асосгузори наҳви забони арабӣ ба шумор меравад, дар деҳаи Байзои Шероз ба дунё омадааст. Бо ҳамин рӯҳия мо метавонем номи даҳҳову садҳо нафари дигарро орем, ки дар ин росто саҳми арзанда гузоштаанд. Аммо мо бо  ҳамин гуфтаҳои боло иктифо намуда, ба таҳқиқи масоили тарҷума ва нашри осори шоирони араб дар Тоҷикистон руҷӯъ менамоем.
  Хушбахтона, бо итминони комил метавон гуфт, ки имрӯз низ ин дустиву ҳамгароии адабии тоҷику араб давом дорад. Далели ин нукта тарҷумаи осори шоирон ва нависандагони муосири тоҷик ба забони арабӣ ва мунташир гардидани ин кутуб дар  хориҷи кишвар мебошад. Илова бар ин, ашъори шоирони муосири араб низ аз ҷониби арабшиносон ва шоирони тоҷик ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар Тоҷикистон ба табъ расидааст. Дар мақолаи мавриди назар мо салоҳ донистем намунаи тоҷикии шеърҳои шоирони муосирони араб, ки аз сӯи арабшиноси камназир Назруллоҳи Назар ва шоирони тавонои  тоҷик Қутбӣ Киром, Гулназар Келдӣ, Ато Мирхоҷа ва Низом Қосим тарҷума  шудаанд, мавриди пажӯҳиш қарор диҳем.
  Дар воқеъ, мутарҷими пуркор Н.Назар бо ҳамроҳии якчанд шоири машҳури тоҷик маҷмӯаи ашъори чандин шоирони арабро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст, ки онҳоро як – як бармешуморем:
  1. “Овози дард”– Китоби мазкур маҷмӯаи шеърҳои ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи шоири нотакрори Сурияи Араб - Низор Қаббониро (1923- 1998) дар бар гирифтааст. Мутарҷимони ашъори ин ашъор Нарзуллоҳи Назар, Гулназар Келдӣ ва Қутбӣ Киром мебошанд. “Обози дард” соли 2000 дар нашриёти “Сурушан” –и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.
  Ба қалами Низор Қаббонӣ ӯ маҷмӯаи шеърҳои “Кӯдакии сина”, “Ту моли манӣ”, “Нигориш бо сухан”, “Дӯстат дорам, дӯстат дорам”, “Ашъори шӯрангез”, “Туро месароям”, “Байрут”, “Ишқнома”, “Ашъори сиёсӣ”, “На!”, “Достони зани шӯрида” мутааллиқанд.  Асарҳои мунтахаби ӯ таҳти унвони “Девони комил” дар се муҷаллад чандин маротиба мунташир шудаанд.
  Назруллоҳи Назар ба эҷодиёти Низор Қаббонӣ баҳои баланд дода, дар ҳаққи ӯ чунин суханҳоро муносиб донистааст: “Дар назми муосири араб шоиреро наметавон пайдо кард, ки мисли шодравон Низор Қаббонӣ бо маҳорати баланди эҷодкорӣ шеъри пурдарду алам, пурсӯзу гудоз ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбати Ватану миллат ва маҳбубааш гуфта бошад” [ 10, 6].
  Ағлаби шоирони араб дар мактаби шеъри Низор Қаббонӣ таълими эҷодӣ гирифтаанд ва ӯро дар ин ҷода устоди хеш меҳисобанд. Мунаққидони араб Низор Қаббониро амирушшуаро ва сипаҳсолори ишқ номидаанд, зеро ӯ дорои сабку услуб ва нигориши хосе буд, ки бо содагиву оммафаҳмӣ ва зебогии шеваи шеърҳояш ҷаҳони назми арабро такон дода буд.
  Барои намуна якчанд ашъори ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи Низор Қаббонӣ матраҳ хоҳад шуд:
                              Байрут
Байрут, эй олиҳаи ҳусн
Кӣ ба савдо зада дастинаи ёқутии ту?
Кӣ рабуд аз кафат ангуштарии ҷодуят?
Кӣ ба он кокули заррини ту қайчӣ зад?
Кӣ сари шодии хуспида
Ба чашмони кабудатро ҷудо кард?
Кӣ харошид рухатро ба дами теғи ҷаҳолат?
Ва ба лабҳои маҳинат бификанд
Оби оташ? [ 8, 11].
نزار قباني
يا ست الدنيا يا بيروت
 

يا ستَّ الدنيا يا بيروتْ...

مَنْ باعَ أسواركِ المشغولةَ بالياقوتْ؟

من صادَر خاتمكِ السّحريَّ،

وقصَّ ضفائركِ الذهبيّهْ؟

من ذبحَ الفرحَ النائمَ في عينيكِ الخضرواينْ؟

من شطبَ وجهكِ بالسّكّين،

.[17] وألقى ماءَ النارِ على شفتيكِ الرائعتينْ؟

 
  “Байрут” – қасидаи дарози муассирест, ки тарҷумаи он аз сӯи шоири шӯҳратманди тоҷик равоншод Гулназар Келдӣ тарҷума намудааст. Низор Қаббонӣ пас аз муҳоҷират аз зодгоҳаш муддате дар Байрут, яъне пойтахти Ҷумҳурии Лубнон зиндагӣ кардааст. Зодгоҳи шоир пойтахти Сурияи Араб -  Димишқ мебошад, ки меҳри Ватан дар дигар қасидаи шоир низ таҷассум ёфтааст:
 
                             Димишқ  
Димишқ, эй хоки пои тӯтиёиям,
Сухан гӯӣ, итоб орӣ чароям?
Ту маҳбуби манӣ, мисли тарона
Ба оғӯшам биё, кун пурнавоям... [ 8, 21].
 

فيا دمشـق... لماذا نبـدأ العتبـا؟

على ذراعي، ولا تستوضحي السببا

أحببت بعدك.. إلا خلتها كـذبا

 [17] فمسحي عن جبيني الحزن والتعبا

 

  Аз рӯи тарҷумаҳои шодравон  Гулназар метавон гуфт, ки Низор Қаббонӣ шоири Ватансаро буда, дар васфи зодгоҳи хеш қасидаҳои бисёре сурудааст. Як намунаи тарҷумаи тоҷикии шеъри дигари ӯ “Қудс” аст:
 
         Эй Қудс,
Эй шаҳри дарду ғам,
Ашке, ки ҳалқа зад ба дидагон,
Марвориди тамоми динҳо!
Ку он, ки садди роҳ шавад
Зулму тааддиро?... [ 8, 28].
  
قدس
يا قدس، يا جميلةً تلتف بالسواد
من يقرع الأجراس في كنيسة القيامة؟
صبيحة الآحاد..
من يحمل الألعاب للأولاد؟
في ليلة الميلاد..
يا قدس، يا مدينة الأحزان
يا دمعةً كبيرةً تجول في الأجفان
[17] من يوقف العدوان؟
 
  Қудс, яъне Байтулмуқаддас пойтахти Фаластин буда, қадамгоҳи тамоми пайғамбарони пешазисломӣ ва меъроҷгаҳи паёмбари ислом Муҳаммад (с) мебошад. Мутаассифона, имрӯз қудс зери тасарруфи истилогарони саҳюнистӣ қарор гирифтааст. Н.Қаббонӣ низ ба ҳамаи ин бесарусомониҳо бетарафӣ зоҳир накард ва дарди ҷомеаро дар шеърҳояш инъикос намуд.
  Ҳамчунин як қасидаи дигари ӯ, ки ба Ҷамол Абдулносир (1918–1970) - раиси Ҷумҳурии Мисри Араб (1958–1970)  бахшида шудааст, ин аст:
Мо туро куштем, эй пайғамбари охир,
Мо туро куштем.
Баҳри мо нав нест
Авлиёю анбиё куштан.
Ҷонамози чанд имом аз хуни покаш гашта рангин,
Сафҳаи таърихи мо ранҷ асту дард аст,
Даври мо, ҳар сӯ бубинӣ, Карбалост... [ 8, 31].
قتلناكَ..
ليسَ جديداً علينا
اغتيالُ الصحابةِ والأولياءْ
فكم من رسولٍ قتلنا..
وكم من إمامٍ..
ذبحناهُ وهوَ يصلّى صلاةَ العشاءْ
فتاريخُنا كلّهُ محنةٌ
وأيامُنا كلُّها كربلاءْ[17]..
  Ҷамол Абдулносир рамзи ваҳдат ва сулҳу осоиштагии миллати араб маҳсуб меёфт. Ӯ пешвое буд, ки баҳри муттаҳид кардани давлатҳои араб кӯшишҳои зиёде намудааст ва номаш дар сафҳаи таърих ва дар дили мардуми араб то абад боқӣ хоҳад монд.
  Пайдост, ки тарҷумаҳои шоири номвари тоҷик  Гулназар Келдӣ бисёр дилпазиру шево ва равону таъсирбахш баромадаанд. Намунаи дигаре аз тарҷумаҳои шоири фақид Қутбӣ Киром меорем:
 
Гуфтугӯи инқилобӣ бо Тоҳа Ҳусайн
 
Ин нури чашми туст ва ё ахтари замон,
Ҳар ҷо ки меравам, маро мегирад он нишон.
Ман уқдаҳои рози худ чун во кунам туро
Нахли умеду орзу пайваст бо хазон.
Ман ҷуз ту бо касе набарам рози хештан
Ҷуз ишқ сарнавишти мо набвад дар ин ҷаҳон. [ 8, 39].
 
ضوءُ عينَيْكَ .. أم حوارُ المَـرايا
أم هُـما طائِـرانِ يحتـرِقانِ ؟
هل عيـونُ الأديبِ نهورُ لهيبٍ
أم عيـونُ الأديبِ نَهرُ أغاني ؟
آهِ يا سـيّدي الذي جعلَ اللّيـلَ
[17]نهاراً .. والأرضَ كالمهرجانِ
 
  Тоҳа Ҳусайн (1889–1973)  адиб ва мунаққиди барҷастаи Мисри Араб ба шумор рафта, бо номи “Умдаи адабиёти араб” дар саросари ҷаҳон машҳур гардидааст. Мутаассифона, ӯ ҳанӯз дар кӯдакӣ аз дидаи бинои хеш маҳрум шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ пайваста дар омӯзиш буд ва дар ҷодаи илму маърифат талошҳо варзида, аз худ ба ҷаҳониён мероси бузурги адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст.
  Зикри ин нукта муҳим аст, ки тарҷумаҳои устод Қутбӣ Киром низ бисёр зебову муассиркунанда ҳастанд. Шоир ба умқи ҳар калима, ҳар ҳарф ворид шуда, достони мазкурро бисёр самимӣ ва дилчасп тарҷума намудааст.
  Яке аз ҷонгудозтарин достони Низор Қаббонӣ марсияи ӯ ба ҳамсараш мебошад, ки онро устод Гулназар тарҷума намудааст. Соли 1976 ҳамсари Низор Қаббонӣ дар асари инфиҷори сафоратхонаи Ироқ дар Байрут ҳалок гардидааст, ки шоир ин воқеаи мудҳишро дар манзумаи худ чунин тасвир намудааст:
Раҳмат шуморо, раҳмат шуморо,
Раҳмат шуморо, раҳмат шуморо.
Куштед охир маҳбуби моро.
Шуд аз баротон охир муяссар
Болои гӯри хунинкафан як соғар кашидан.
Куштанд эй вой
Шаҳбайти манро [ 8, 45].
شكراً لكم ..
كراً لكم . .
فحبيبتي قتلت .. وصار بوسعكم
أن تشربوا كأساً على قبر الشهيده
وقصيدتي اغتيلت ..
وهل من أمـةٍ في الأرض ..
[لا نحن تغتال القصيدة ؟[17
  Назруллоҳи Назар дар ин бора дар яке аз мақолаҳояш таҳти унвони “Чанд лаҳза бо устод Гулназар” чунин нигоштааст: “Аҷибаш он аст, ки фоҷиаи шоири машҳури араб Н.Қаббонӣ аз марги ҳамсараш барои се тарҷумони тоҷикии ашъораш Қутбӣ, Гулназар ва камина беасар набуд. Мо ҳар се ба навбат бе ҳамсар мондем, то дардошнову ҳамқисмати Низор Қаббонӣ шавем” [11]. Воқеан, ин адибон ва мутарҷимони тоҷик мутаассифона бо Н.Қаббонӣ ҳамқисмат ва ҳамдард шуданд ва шояд аз ҳамин лиҳоз тарҷумаҳои эшон чунин муассир ва дилрешкунанда аст.
  1. Суод ас-Сабоҳ. “Хаймаи қудсии сухан”.Китоби мазкур ду маротиба: соли 1999 дар Душанбе (нашриёти “Сурушан”) ва худи ҳамон сол дар Москва (нашр. “Трансдорнаука”) ба табъ расидааст.  “Хаймаи қудсии сухан” ҳам нусхаи арабӣ ва ҳам варианти тоҷикии шеърҳоро фаро гирифта, дар тарҷумаи тоҷикии Назруллоҳи Назар ва шодравон Гулназар Келдӣ интишор шудааст.
  Суод Муҳаммад ас – Сабоҳ яке аз шоирони номвари Кувайт ба шумор меравад, ки соли 1942 дар оилаи амирони Кувайт ба дунё омадааст. Мавсуф доктори улуми иқтисод буда, муаллифи девонҳои ашъори зиёде бо номи “Дурахши бармаҳал”(1962), “Лаҳзаҳои умр”(1964), “Ормон” (1971), “Ба фарзандам” (1982), “Пораҳои зан” (1986), “Сароғози ҳама зан буд” (1988), “Гуфтугӯи гул ва тӯфон”(1989), “Бақияҳои таъҷилӣ ба ватанам” (1991), “Ашъори ошиқона” (1992), “Зани бесоҳил” (1992) ва “Маро ба марзи хуршед бибар!” (1997) мебошад.
  Дар китоби “Хаймаи қудсии сухан”  роҷеъ ба эҷодиёти Суод Муҳаммад ас – Сабоҳ чунин омадааст: “Ҳусну малоҳат, латофат ва назокат, ҳуқуқ ва озодии зан дар эҷодиёти шоира мақоми хоссаро ишғол мекунад. Аз диди шоира шеър амали инқилобист ва шоир бояд бо сухани нурбори худ зулмати шабистонро шикофад, ба ҳар як хонадон табассум ва сурур эҳдо намояд”[ 9, 5].
  Воқеан,  Суод – ас- Сабоҳ  аз қабили он шоираҳоест, ки ҳуқуқи шаръии занҳои шарқро бо силоҳи худ, ки қалам аст, дифоъ мекунад ва ба мард таъкид менамояд, ки бо зӯри бозу ба зан зӯроварӣ накунад ва эҳсоси ҷинси латифро поймол насозад. Дар баробари ҳамаи ин нобаробариҳо ва зулму шиканҷаҳо шоира бо қалами худ вокуниш нишон додааст.
  Лозим ба таъкид аст, ки  Суод – ас- Сабоҳ  яке аз чеҳраҳои намоёнтарини сиёсати ҷаҳони Араб низ бамаҳсуб меёбад. Ин бонуи озодандеш дар як силсила созмонҳои арабӣ ва байналмиллалӣ ба монанди “Созмони арабии ҳуқуқи инсон”, “Анҷумани мутафаккирони араб”, “Маркази омӯзиши ваҳдати араб”, “Шӯрои арабии атфол ва тараққиёт”, “Созмони байналмиллалии занони мусалмон” фаъолият менамояд. Ба ҷуз ин ҳама ӯ соҳиби  Конуни адабӣ буда, ба хотири пешравии илму фарҳанг ба ҷавони эҷодкори араб ҷоиза ва мукофотпулӣ медиҳад[ 9, 6].
  Китоби “Хаймаи қудсии сухан”  бо шеъри Суод ас – Сабоҳ “Ёри ман бош” оғоз шудааст. Тарҷумаи тоҷикии шеър низ бисёр дилпазир сурат гирифтааст:
Ёри ман бош,
Ёри ман бош.
Ваҳ, чӣ хуб аст,
Агар мову ту ҳамроҳ бошем!
Ҳар занеро ба ҷаҳон аст ниёз
Ба яке ёри мувофиқ,
Ба яке шӯълаи вожа,
Ба яке хаймаи қудсии сухан,
Ба яке оташи бӯса.
Пас чаро шавқи ту бо инҳо нест,
Ки бувад боиси хушрӯзии зан? [ 5, 9].
كن صديقي.كن صديقي.
كم جميل لو بقينا أصدقاء
إن كل امرأة تحتاج أحياناً إلى كف صديق..
وكلام طيب تسمعه..
وإلى خيمة دفء صنعت من كلمات
لا إلى عاصفة من قبلات
فلماذا يا صديقي؟.
لست تهتم بأشيائي الصغيرة
ولماذا... لست تهتم بما يرضي النساء؟..[ 5, 9].
  Баробари хондани порчаи боло бароямон возеҳ мешавад, ки Суод ас-Сабоҳ бисёр шоири нозукбин ва тозанигоҳ аст. Ӯ эҳсосоти худро бидуни пардапӯшӣ менависад ва мехоҳад ҳамаи он стеоретипҳое, ки барои занҳои шарқ сохтаанд, бишканад.  Шеъри дигари ӯ, ки аз ҷониби Гулназар бо Н.Назар тарҷума намудаанд, “Демократия” ном дорад:
           Демократия
Ҳаргиз набуду нест он ки сухан кунад
Марде зи ройи хеш назди мухолифин.
Демократия
Он аст, то ки зан
Аз ишқ гап занад бе тарсу бе ҳарос,
Бе бими мардҳо,
Бе неши морҳо... [5, 22].
ليست الديمقراطية
أن يقول الرجل رأيه في السياسة
 دون أن يعترضه أحد
الديمقراطية أن تقول المرأة
 رأيها في الحب...
. [دون أن يقتلها أحد[ 5, 22
  Суод ас- Сабоҳ шоираи инқилобчиест, ки панҷараҳоро шикастааст ва пайваста ба фикри сухан аст. Сухани ӯ чун теғест бурро, вале латофату нози занона дар шеъри ӯ ҷилва мешавад. Ӯ бештар ба гуфтани “шеъри сафед” руҷӯъ намудааст. Шеъри сафед яке аз навъҳои маъмултарини шеъри давраи муосир ба ҳисоб меравад, ки қофия надорад. Қофия чист? Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Рисолаи қофия” таърифи қофияро чунин додааст: “Бидон, ки қофия дар урфи шуарои аҷам иборат аст аз тамоми он чӣ такрори он дар охири ҷамеъи абёт воҷиб бошад ё мустаҳсан, ба шарти он ки мустақил набошад дар талаффуз, балки ҷузви калима бошад, ё ба манзалаи ҷузв” [12, 16].
Манзумаи дигари Суод ас- Сабоҳ “Тири шашум” ном дорад, ки бисёр таъсирбахш ва ҷаззоб аст:
   Тир кушодам ба бӯят,
Бар садоят,
Сӯи курсие, ки рӯяш менишинӣ,
Сӯи он рӯзномае, ки дар кафат пайдост.
Сӯи занҷири заррине,
Ки ба рӯи синаат зебост.
Панҷ борат ман кушодам тир...
В – аз ниҳеби тири шашум
Худ фитодам... [4,30].
 
رَصاصَة..
أطلَقْتُ الرَّصاصَ على رائِحتَكْ
على صَوتِكْ..            
على المقعدِ الذي تجلِسُ عليهْ..
والجريدةِ التي تقرؤُها..
والسِّلسَالِ الذَّهبيِّ الذي تضعُهُ في صدرِكْ
أطلقْتُ عليكَ خَمْسَ رَصاصاتْ
وبعدَ الرَّصاصةِ السَّادسَةْ..
سقطْتُ أنا.. [4,30].
  Пас аз хондани шеъри боло метавон ба чунин натиҷае расид, ки муаллифи сатрҳои зайл  шоири пурҷасоратест, ки фикрҳои худро бе ягон монеъа баён мекунад.
  Бидуни тардид, ин ҳама маҳсули заҳматҳои мутарҷимони шеърҳои фавқ мебошад, ки тарҷумаи тоҷикии шеър чунин мавзуну зебо ва дилпазир баромадааст.
  3.Абдулазиз Ал-Мақолеҳ. “Ҷоми ашк”.  Ал-Мақолеҳ (1937) шоири иштиҳорёфтаи араб буда, дар шаҳри Санъои Яман ба дунё омадааст. Ӯ ходими намоёни давлатӣ ва сарвари ҷамъияти илмӣ – лингвистии Яман ба ҳисоб меравад. Ба ҷуз шоирӣ ӯ нависандаи забардаст ва мунаққиди хуб, доктори илми филология буда, соҳиби ҷоизаи “Нилуфар” (“Лотос”) шудааст.
  Мутарҷими шеърҳои ӯ устод Гулназар перомуни Ал-Мақолеҳ чунин андеша дорад: “Дар назари ман Абдулазиз Ал-Мақолеҳ як пораи замини Яман аст, замине, ки вулқонаш ба дунё овардааст. Ҳини сӯҳбати мо дар Санъо – бародаршаҳри Душанбе  – ӯ бисёр ором, бурдбор ва батамкин ба мушоҳидаам омад. Аммо оҳиста  –оҳиста дарёфтам, ки ботинаш саропо тӯфон аст” [6, 59].
“  Ҷоми ашк” соли 1990 дар тарҷумаи тоҷикии Гулназар ва Назруллоҳи Назар дар шаҳри Душанбе (нашриёти “Адиб”) ба табъ расидааст.
  Шоир баъди шунидани хабари мунташир шудани китобаш бо забони тоҷикӣ бисёр изҳори шодмонӣ намуда, дар ин бора чунин нигоштааст: “Дӯстони шоирам дар Ҷумҳурии Советии Тоҷикистон ба мо намунае аз ин сурудаҳоро райъ кардаанд, то ба забони ширини модариашон баргардонанд. Ва ман хушбахтам, ки суханони бо ҷунбишу такони ҳаррӯзаи эҳсосот гуфтаам имрӯз азми сафар ба иқлими навин доранд, роҳ ба шаҳри Душанбе ва қисматҳои дигари кишвари орзуҳо мепӯянд” [2, 6].
  Яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷумаи тоҷикии шеърҳои Ал-Мақолеҳ шеъри “Оҳ” мебошад:
ОҲ!
Ватанам!
Шоирони дигар аз қуллаи Олимпи бафар
Ҷоми хуршед ба каф меоранд,
Лабашон пур зи навои ишқ аст.
Ҳарфашон аз хати ёр асту ҷамоли дилбар.
Ту чаро маслубӣ?
Шаби ту турш шуда дар таҳи чашмони хамӯш,
Ҳамчунон дар таҳи об [1, 20 -21].
 
آه ...
يا وطني
الشعراء في ذرى "الأوليمب" عند قوس النصر
يغرقون في الكؤوس
يفتشون عن أغاني الحب
عن "فينوس"
وأنت مصلوب وليلك العبوس
ينام في العيون
[16]أشباحه المدى
  Бояд иброз дошт, ки тарҷумаи тоҷикии шеърҳо бисёр дилнишин ба назар мерасад.
  Доктори илмҳои филологӣ Н.А. Ҳамробоев перомуни ақидаҳои Ҷоҳиз оид ба назарияи тарҷума чунин навиштааст: “Ҷоҳиз баробари баёни назарияи тарҷумаи шеър ва шартҳои асосии он ақидаи хешро роҷеъ ба тарҷумаи осори мансур низ изҳор намуда, дар тарҷумаи кулли осор ҳампоя будани мутарҷим бо муаллифро амри зарурӣ медонад ва мегӯяд: “Мутарҷим бояд аз ҳамон дониши муаллифи аслӣ бархӯрдор бошад” [13,52].
  Дар ҳақиқат, мутарҷимон тарҷумаи назмро, ки аз наср як андоза мушкилтар аст, ба анҷом расонидаанд ва бино ба гуфтаи Ҷоҳиз аз дониши муаллифи аслӣ бархӯрдор ҳастанд ва ба ҷуз ин ҳама онҳо боз ҳамдарди шоир низ мебошанд. Соядасти Гулназар Келдӣ далели ин гуфтаҳост:
  Шодравон Гулназар Келдӣ “Ҷоми ашк”-ро ба Назруллоҳи Назар ҳадя намуда, дар соядаст чунин суханҳоро навиштааст: “Нарзуллои азиз! Ин “Ҷоми ашк”-ро мову шумо бо хуни дил лабрез кардем, зеро шодиву ғами мо ва Мақолеҳ ҳамгуна аст. Бигзор ҷоми мо баъд аз ин пур аз шароби шодиву нишот бошад  [7].
  Яъне, ин дардҳо боиси он шудаанд, ки мутарҷимон шеърҳои ин шоири арабро чунин самимиву пурэҳсос ба забони тоҷикӣ офаридаанд.
  4.Холид ал – Файсал шоири забардасти Арабистони Саудӣ буда, соли 1940 дар сулолаи шоҳони Саудӣ ба дунё омадааст. Ӯ писари сеюмин шоҳи Арабистони Саудӣ Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд мебошад. Мавсуф солҳои 2013 –2015 ба ҳайси вазири маорифи ин кишвар кор кардааст. Аз соли 1971 то с. 2007 вазифаи амирии Асираро дар дӯш дошт ва ҳамзамон аъзои коллегияи интихобии Арабистони Саудӣ мебошад. Ӯ  солҳои 2007  – 2013 , ҳамчунин аз соли  2015 инҷониб губернатори Макка ба шумор меравад.
  Намунаҳои тарҷумаи тоҷикии ашъори Холид ал – Файсал дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар, Низом Қосим ва Ато Мирхоҷа дар рӯзномаи бонуфузи “Адабиёт ва санъат” (№5(2028), соли 2020) мунташир гардидааст:
 
                         Таъми сиришк
Монед, ки фарёд кашам аз дилу ҷон,
Аз баҳри Худо, сина пур аст аз ғами масдуд.
Монед, ки фарёд тасаллои вуҷуд аст,
Таскини дил асту дилам огандаи дуд аст...[3,5].
 
  Шеъри дигари мавсуф, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ин аст:
 
                        Аз ман марав
Аз ман марав, азизтарини азизҳо,
Бо ман бимон ту ҳамдаму ҳамрозу ҳамсадо.
Хобу хаёл бе ту бароям ҷаҳон бувад,
Бе ту сурудро набувад назди ман наво.
Маънии зиндагонии ман ин туӣ, туӣ,
Мазмуни меҳр ҳам туиву ҳикмати вафо.
Оре, туӣ хулосаи шӯру қиёми ман,
Мақсуди дӯст доштани хонаву Ватан [3,5].
  Баъди хондани шеърҳои боло метавон ба хулосае омад, ки тарҷумаи шеър бисёз ҷаззоб ва шево баромадааст. Бештари мавзӯоти шеъри Холид Ал –  Файсалро ишқ ва муҳаббат ишғол намудааст. Шоир аз дарди ҳиҷрон ва муҳаббати бузурги заминӣ шеърҳои зиёдеро сурудааст.
  Шоистаи таъқид аст, ки ин падида, яъне тарҷумаи тоҷикии шеърҳои Х. Ал –  Файсал баъди ташкил шудани маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва фаъолияти бахшӣ арабӣ ба амал омадааст.
  Дар ҳақиқат, Н.Назар дар таҳкими равобити адабии тоҷику араб саҳми бориз дорад. Тарҷумаҳои ашъори шоирони араб ба забони тоҷикӣ ва ашъори шоирони тоҷик ба забони арабӣ аз сӯи ӯ бозгӯи ҳол аст. Ҳамчунин шоирони мумтози тоҷик Гулназар Келдӣ, Қутбӣ Киром, Низом Қосим ва Ато Мирхоҷа низ дар тарҷумаи манзумаҳои шуарои араб ширкат варзида, дар ин росто корҳои бузургеро ба сомон расонидаанд, ки дар мақолаи мазкур роҷеъ ба ин тарҷумаҳо аз ҷониби роқими сутур иттилоъи муфассал дода шуд.
 
 
Адабиёт:
 
1.Ал-Мақолеҳ Абдулазиз. “Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с, саҳ.20.
  1. Ал-Мақолеҳ Абдулазиз. Аз муаллиф/“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с,саҳ.6.
  2. Ал-Файсал Холид. Тарҷумаи Н.Назар ва Ато Мирхоҷа. Рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”№5(2028), (30.01.2020), саҳ.5.
  3. Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Душанбе: “Сурушан”, 1999. –73с, саҳ. 30.
  4. Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Москва: “Трансдорнаука”, 1999. –62с, саҳ.9,22.
  5. Келдӣ Гулназар. Ба ҷои охирсухан. /“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с, саҳ.59.
  6. Келдӣ Гулназар. Соядаст. /“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с.
8.Қаббонӣ Низор. “Овози дард”. –Душанбе: “Сурушан”, 2000. -102с, саҳ.11,21,28,31,39,45,60.
  1. Н.Назар. Муқаддима. / Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Душанбе: “Сурушан”, 1999. –73с,саҳ.5, 6.
10.Н.Назар. Чанд сухан дар бораи шоир. / Қаббонӣ Низор. “Овози дард”. –Душанбе: “Сурушан”, 2000. -102с, саҳ.6.
  1. Н.Назар. Чанд лаҳза бо устод Гулназар. Расонаи www.facebook.com.
  2. Сирус.Б. Қофия дар назми тоҷик. –Сталинобод: “Нашриёти давлатии Тоҷикистон”, 1955. –183с, саҳ.16.
  3. Ҳамробоев Н.А. “Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV” –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. –464с, саҳ.52.
14.عبد العزیز المقالیح. اوراق الجسد الغائد من الموت.- بیروت: منشورات "دار الاداب 1984 س.
  1. عبد العزیز المقالیح.آلخروج من دوائر ااساعه السلیمانیه. .- بیروت: منشورات "دار الاعوده.1981س.
  2. https://konouz.com/ar.
  3. https://poetsgate.com/
  4. https://mawdoo3.com.
  5. https://ar.wikipedia.org/wiki
 Каримова Шоҳона,
ходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик 
 

БОЗГАШТ