АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тарҷумаи ашъори шоирони муосири араб ба забони тоҷикӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Равобити адабии форс-тоҷику араб собиқаи мадид дошта, ин робитаҳо ҳанӯз  аз давраи ҳукумати Хахоманишинон мушоҳида мешуданд. Мусаллам аст, ки қабл аз  зуҳури дини мубини ислом ва баъди паҳн шудани дини мазкур китобҳои бешуморе аз забони форсию паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуданд. Дар миёни ин китобҳо метавон китоби “Вису Ромин”, “Баҳроми чӯбинак”, “Номаи Тансар”, “Худойнома”, “Ҳазору як шаб”, “Калила ва димна”, “Маздакнома”, “Пирӯзнома”, “Бахтиёрнома”, “Синдбоднома” – ро номбар намуд. Ҳамчунин аз забони арабӣ низ ба забони форсӣ садҳо китоб, аз ҷумла Қуръони маҷид, аҳодиси набавӣ, фиқҳ ва дигар китобҳои аҳкоми динӣ, инчунин ашъор ва осори шоирон ва адибони қадими араб тарҷума шудаанд. Дар асрҳои миёна шоирони дузабонае  умр ба сар мебурданд, ки форснажод буданд, вале бо забони арабӣ таълиф менамуданд. Дар қатори онон шоироне низ буданд, ки ҳам бо форсӣ ва ҳам бо арабӣ асарҳояшонро навиштаанд. Инчунин шоирони арабнажоде низ буданд, ки забони форсиро хуб медонистанд ва бо ин забон шеърҳо менавиштанд. Ба ҷуз офарида шудани бузургтарин осори адабӣ дар натиҷаи равобити мутақобилаи ин ду миллат боз равобити диниву забониву илмӣ ва ғайра низ буд. Бузургтарин имом, ки пешвои мазҳаби исломӣ буд  Имоми Аъзам Абӯҳанифа  ва муаллифи “Ал – Ҷомеъус – саҳеҳ”  Имом Бухорӣ, инчунин  дигар родмардон, ки аз олимони араб на камтар дар роҳи дини арабҳо хидмат намудаанд,  дар сарзамини форс ба дунё омаданд. Масалан, Сибавайҳ, ки ҳамчун асосгузори наҳви забони арабӣ ба шумор меравад, дар деҳаи Байзои Шероз ба дунё омадааст. Бо ҳамин рӯҳия мо метавонем садҳо мисолҳоеро орем, ки самараи ин ду дарахти азим, яъне фарҳанги форс ва араб мебошанд. Аммо мо бо  ҳамин гуфтаҳои боло иктифо менамоем, зеро манзури мо дар мақолаи мазкур аз он иборат аст, ки перомуни ин ду равобит дар замони имрӯза гӯем.
 Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз низ ин дустиву ҳамгароии ин равобит давом доранд. Осори шоирон ва нависандагони муосири тоҷик ба забони арабӣ аз тарафи мутарҷимони тоҷику араб тарҷума ва нашр гардидаанд ва ҳамчунин ашъори шоирони муосири араб низ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, дар хориҷи кишвар интишор гардидаанд. Дар мақолаи мавриди назар мо намунаи тоҷикии шеърҳои муосирони араб, ки аз тарафи арабшиноси камназир Назруллоҳи Назар ва шоирони бузурги  тоҷик Қ. Киром, Г. Келдӣ ва А. Мирхоҷа тарҷума  шудаанд, мавриди пажӯҳишот қарор диҳем.
Дар воқеъ, мутарҷими пуркор Н.Назар бо ҳамроҳии дигар шоирони тоҷик маҷмӯаи ашъори чандин шоирони арабро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст, ки онҳоро як – як бармешуморем:
  1. Суод ас-Сабоҳ. “Хаймаи қудсии сухан”. Китоби мазкур ду маротиба: соли 1999 дар Душанбе (нашриёти “Сурушан”) ва худи ҳамон сол дар Москва (нашр. “Трансдорнаука”) чоп шудааст.  Ин  китоб  ҳам варианти арабӣ ва ҳам варианти тоҷикии шеърҳоро дар бар гирифта, матни асл ва тарҷума дар саҳифаҳо рӯ ба рӯ омадаанд. Шодравон Гулназар Келдӣ низ  дар тарҷумаи ашъори Суод ас - Сабоҳ саҳмгузор аст.
Суод Муҳаммад ас – Сабоҳ яке аз шоирони барҷастатарини Кувайт ба шумор меравад. Ӯ соли 1942 дар оилаи амирони Кувайт ба дунё омада, доктори улуми иқтисод мебошад.  Шоира муаллифи девонҳои ашъори зиёде бо номи “Дурахши бармаҳал”(1962), “Лаҳзаҳои умр”(1964), “Ормон” (1971), “Ба фарзандам” (1982), “Пораҳои зан” (1986), “Сароғози ҳама зан буд” (1988), “Гуфтугӯи гул ва тӯфон”(1989), “Бақияҳои таъҷилӣ ба ватанам” (1991), “Ашъори ошиқона” (1992), “Зани бесоҳил” (1992) ва “Маро ба марзи хуршед бибар!” (1997) мебошад.
Дар китоби “Хаймаи қудсии сухан”  перомуни эҷодиёти Суод Муҳаммад ас – Сабоҳ чунин омадааст: “Ҳусну малоҳат, латофат ва назокат, ҳуқуқ ва озодии зан дар эҷодиёти шоира мақоми хоссаро ишғол мекунад. Аз диди шоира шеър амали инқилобист ва шоир бояд бо сухани нурбори худ зулмати шабистонро шикофад, ба ҳар як хонадон табассум ва сурур эҳдо намояд”[ 9, 5].
Дар воқеъ,  Суод – ас- Сабоҳ  аз қабили он шоираҳоест, ки ҳуқуқи шаръии занҳои шарқро бо силоҳи худ, ки қалам аст, дифоъ мекунад ва ба мард таъкид менамояд, ки бо зӯри бозу ба зан зӯроварӣ накунад, ва эҳсоси ҷинси латифро поймол насозад. Дар баробари ҳамаи ин нобаробариҳо ва зулму шиканҷаҳо шоира вокуниш нишон дода, бо шеърҳояш  эътироз иброз намудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки  Суод – ас- Сабоҳ  яке аз чеҳраҳои намоёнтарини сиёсати ҷаҳони Араб низ ба шумор меравад. Ин бонуи озодандеш дар як қатор созмонҳои арабӣ ва байналмиллалӣ ба монанди “Созмони арабии ҳуқуқи инсон”, “Анҷумани мутафаккирони араб”, “Маркази омӯзиши ваҳдати араб”, “Шӯрои арабии атфол ва тараққиёт”, “Созмони байналмиллалии занони мусалмон” фаъолият менамояд. Ба ҷуз ин ҳама ӯ соҳиби  Конуни адабӣ буда, ба хотири пешравии илму фарҳанг ба ҷавони эҷодкори араб ҷоиза ва мукофотпулӣ медиҳад[ 9, 6].
Китоби “Хаймаи қудсии сухан”  бо шеъри Суод ас – Сабоҳ “Ёри ман бош” оғоз шудааст. Тарҷумаи тоҷикии шеър низ бисёр дилпазир баромадааст:

Ёри ман бош,
Ёри ман бош.
Ваҳ, чӣ хуб аст,
Агар мову ту ҳамроҳ бошем!
Ҳар занеро ба ҷаҳон аст ниёз
Ба яке ёри мувофиқ,
Ба яке шӯълаи вожа,
Ба яке хаймаи қудсии сухан,
Ба яке оташи бӯса.
Пас чаро шавқи ту бо инҳо нест,
Ки бувад боиси хушрӯзии зан? [ 5, 9].
كن صديقي.كن صديقي.
كم جميل لو بقينا أصدقاء
إن كل امرأة تحتاج أحياناً إلى كف صديق..
وكلام طيب تسمعه..
وإلى خيمة دفء صنعت من كلمات
لا إلى عاصفة من قبلات
فلماذا يا صديقي؟.
لست تهتم بأشيائي الصغيرة
ولماذا... لست تهتم بما يرضي النساء؟..[ 5, 9].

Баробари хондани порчаи боло бароямон возеҳ мешавад, ки Суод ас-Сабоҳ бисёр шоири нозукбин ва тозанигоҳ аст. Ӯ эҳсосоти худро бидуни пардапӯшӣ менависад ва мехоҳад ҳамаи он стеоретипҳое, ки барои занҳои шарқ сохтаанд, бишканад.
Як намунаи шеъри дигари ӯро, ки Г.Келдӣ бо Низор тарҷума намудаанд, инҷо меорем:

Демократия
Демократия
Ҳаргиз набуду нест он ки сухан кунад
Марде зи ройи хеш назди мухолифин.
Демократия
Он аст, то ки зан
Аз ишқ гап занад бе тарсу бе ҳарос,
Бе бими мардҳо,
Бе неши морҳо... [5, 22].
ليست الديمقراطية
أن يقول الرجل رأيه في السياسة
 دون أن يعترضه أحد
الديمقراطية أن تقول المرأة
 رأيها في الحب...
دون أن يقتلها أحد[ 5, 22].

Суод ас- Сабоҳ шоираи инқилобчиест, ки панҷараҳоро шикастааст ва пайваста ба фикри сухан аст. Сухани ӯ чун теғест бурро, вале латофату нози занона дар шеъри ӯ ҷилва мешавад. Ӯ бештар ба гуфтани “шеъри сафед” руҷӯъ намудааст. Шеъри сафед яке аз навъҳои маъмултарини шеъри давраи муосир ба ҳисоб меравад, ки қофия надорад. Қофия чист? Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Рисолаи қофия” таърифи қофияро чунин додааст: “Бидон, ки қофия дар урфи шуарои аҷам иборат аст аз тамоми он чӣ такрори он дар охири ҷамеъи абёт воҷиб бошад ё мустаҳсан, ба шарти он ки мустақил набошад дар талаффуз, балки ҷузви калима бошад, ё ба манзалаи ҷузв” [12, 16].
Як шеъри дигари Суод ас- Сабоҳ “Тири шашум” ном дорад, ки бисёр таъсирбахш ва ҷаззоб аст:

Тир кушодам ба бӯят,
Бар садоят,
Сӯи курсие, ки рӯяш менишинӣ,
Сӯи он рӯзномае, ки дар кафат пайдост.
Сӯи занҷири заррине,
Ки ба рӯи синаат зебост.
Панҷ борат ман кушодам тир...
В – аз ниҳеби тири шашум
Худ фитодам... [4,30].
 
رَصاصَة..
أطلَقْتُ الرَّصاصَ على رائِحتَكْ
على صَوتِكْ..            
على المقعدِ الذي تجلِسُ عليهْ..
والجريدةِ التي تقرؤُها..
والسِّلسَالِ الذَّهبيِّ الذي تضعُهُ في صدرِكْ
أطلقْتُ عليكَ خَمْسَ رَصاصاتْ
وبعدَ الرَّصاصةِ السَّادسَةْ..
سقطْتُ أنا.. [4,30].

Пас аз хондани шеъри боло ба  хулосае метавон омад, ки муаллифи сатрҳои зайл  шоири бисёр пурҷасорат аст, ки фикрҳои худро бидуни ягон монеъа баён мекунад ва гарчанде зан аст, роҷеъ ба муҳаббати заминӣ ошкор ҳарф мезанад.
Бидуни тардид, ин ҳама маҳсули заҳматҳои мутарҷимони шеърҳои фавқ мебошад, ки тарҷумаи тоҷикии шеър чунин мавзуну зебо ва дилпазир баромадааст.
  1. Низор Қаббонӣ. “Овози дард” – Китоби мазкур маҷмӯаи шеърҳои шоири бузурги Сурияи Арабро дар бар гирифтааст. Мутарҷимони ашъори ин маҷмӯа устодон Нарзуллоҳи Назар, Гулназар Келдӣ ва Қутбӣ Киром мебошанд. Соли 2000–ум нашриёти “Сурушан” –и шаҳри Душанбе ин китобро ба табъ расонид.
Низор Қаббонӣ (1923- 1998) шоири камназири ҷаҳони Араб буда, ба қалами ӯ маҷмӯаи шеърҳои “Кӯдакии сина”, “Ту моли манӣ”, “Нигориш бо сухан”, “Дӯстат дорам, дӯстат дорам”, “Ашъори шӯрангез”, “Туро месароям”, “Байрут”, “Ишқнома”, “Ашъори сиёсӣ”, “На!”, “Достони зани шӯрида” мутааллиқанд. Асарҳои мунтахаби ӯ зери унвони “Девони комил” дар се муҷаллад чандин маротиба чоп шудаанд.
 Аксари шоирони араб дар мактаби шеъри Низор Қаббонӣ таълими эҷодӣ гирифтаанд ва ӯро дар ин ҷода устоди хеш меҳисобанд.Арабшиноси фарҳехта Н.Назар ба Н. Қаббонӣ баҳои баланд дода, дар ҳаққи ӯ чунин суханҳоро муносиб донистааст: “Дар назми муосири араб шоиреро наметавон пайдо кард, ки мисли шодравон Низор Қаббонӣ бо маҳорати баланди эҷодкорӣ шеъри пурдарду алам, пурсӯзу гудоз ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбати Ватану миллат ва маҳбубааш гуфта бошад” [ 10, 6].
 Мунаққидони араб Низор Қаббониро амирушшуаро ва сипаҳсолори ишқ номидаанд, зеро ӯ дорои сабку услуб ва нигориши хосе буд, ки бо содагиву оммафаҳмӣ ва зебогии шеваи шеърҳояш ҷаҳони назми арабро такон дода буд.
Мо қарор додем, ки  аз  Г.Келдӣ, Қ.Кирром ва Н.Назар, ки ашъори Н.Қаббониро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудаанд, якчанд намунаҳо орем:
                              Байрут
Байрут, эй олиҳаи ҳусн
Кӣ ба савдо зада дастинаи ёқутии ту?
Кӣ рабуд аз кафат ангуштарии ҷодуят?
Кӣ ба он кокули заррини ту қайчӣ зад?
Кӣ сари шодии хуспида
Ба чашмони кабудатро ҷудо кард?
Кӣ харошид рухатро ба дами теғи ҷаҳолат?
Ва ба лабҳои маҳинат бификанд
Оби оташ? [ 8, 11].
نزار قباني
يا ست الدنيا يا بيروت
 

يا ستَّ الدنيا يا بيروتْ...

مَنْ باعَ أسواركِ المشغولةَ بالياقوتْ؟

من صادَر خاتمكِ السّحريَّ،

وقصَّ ضفائركِ الذهبيّهْ؟

من ذبحَ الفرحَ النائمَ في عينيكِ الخضرواينْ؟

من شطبَ وجهكِ بالسّكّين،

.[17] وألقى ماءَ النارِ على شفتيكِ الرائعتينْ؟

 
“Байрут” – қасидаи дарозест, ки Г. Келдӣ тарҷума намудааст. Байрут пойтахти Ҷумҳурии Лубнон буда, Н.Қаббонӣ пас аз муҳоҷират аз зодгоҳаш муддате дар ин шаҳр зиндагӣ кардааст. Зодгоҳи шоир пойтахти Сурияи Араб -  Димишқ мебошад:
 
                             Димишқ  
Димишқ, эй хоки пои тӯтиёиям,
Сухан гӯӣ, итоб орӣ чароям?
Ту маҳбуби манӣ, мисли тарона
Ба оғӯшам биё, кун пурнавоям... [ 8, 21].
 

فيا دمشـق... لماذا نبـدأ العتبـا؟

على ذراعي، ولا تستوضحي السببا

أحببت بعدك.. إلا خلتها كـذبا

 [17] فمسحي عن جبيني الحزن والتعبا

 
Аз рӯи тарҷумаҳои шодравон  Г.Келдӣ метавон хулоса баровард, ки Н.Қаббонӣ бисёр шоири Ватандӯст буда, дар васфи Ватан қасидаҳои бешумореро сурудааст. Як намунаи тарҷумаи дигар шеъри “Қудс” аст:
 
Эй Қудс,
Эй шаҳри дарду ғам,
Ашке, ки ҳалқа зад ба дидагон,
Марвориди тамоми динҳо!
Ку он, ки садди роҳ шавад
Зулму тааддиро?...
Ку он, ки шӯяд доғи хун
Аз рӯи мармари кӯчаву паскӯчаҳот,
Аз фарши хонаву девору дар? [ 8, 28].
 
 
قدس
يا قدس، يا جميلةً تلتف بالسواد
من يقرع الأجراس في كنيسة القيامة؟
صبيحة الآحاد..
من يحمل الألعاب للأولاد؟
في ليلة الميلاد..
يا قدس، يا مدينة الأحزان
يا دمعةً كبيرةً تجول في الأجفان
من يوقف العدوان؟
عليك، يا لؤلؤة الأديان
من يغسل الدماء عن حجارة الجدران؟ [17]
 
Аз сабаби он, ки ҳаҷми мақола камӣ мекунад, мо порчаи хурдеро аз қасидаҳои бузург иқтибос овардем. Қудс, яъне Байтулмуқаддас пойтахти Фаластин буда, қадамгоҳи тамоми пайғамбарони пешазисломӣ ва меъроҷгаҳи паёмбари охируззамон Муҳаммад (с) мебошад. Мутаассифона, имрӯз қудс зери тасарруфи истилогарони саҳюнистӣ қарор гирифтааст. Н.Қаббонӣ ба ҳамаи бесарусомониҳо бетарафӣ зоҳир накард, балки бо қалами худ, ки чун теғ бурро аст, мубориза бурда, дарди ҷомеаро дар шеърҳояш таҷассум намуд.
Ҳамчунин як қасидаи дигари ӯро, ки ба Ҷамол Абдулносир (1918–1970) раиси Ҷумҳурии Мисри Араб (1958–1970)  бахшидааст ин ҷо меорем:
Мо туро куштем, эй пайғамбари охир,
Мо туро куштем.
Баҳри мо нав нест
Авлиёю анбиё куштан.
Ҷонамози чанд имом аз хуни покаш гашта рангин,
Сафҳаи таърихи мо ранҷ асту дард аст,
Даври мо, ҳар сӯ бубинӣ, Карбалост... [ 8, 31].
قتلناكَ..
ليسَ جديداً علينا
اغتيالُ الصحابةِ والأولياءْ
فكم من رسولٍ قتلنا..
وكم من إمامٍ..
ذبحناهُ وهوَ يصلّى صلاةَ العشاءْ
فتاريخُنا كلّهُ محنةٌ
وأيامُنا كلُّها كربلاءْ[17]..
Лозим ба таъкид аст, ки Ҷ. Абдулносир рамзи ваҳдат ва сулҳу осоиштагии миллати араб маҳсуб меёфт. Ӯ пешвое буд, ки баҳри муттаҳид кардани давлатҳои араб кӯшишҳои зиёде намудааст ва номаш дар сафҳаи таърих ва дар дили мардуми араб то абад боқӣ хоҳад монд.
Возеҳ аст, ки тарҷумаҳои шоири номвари тоҷик  Гулназар Келдӣ бисёр дилпазиру шево ва равону таъсирбахш баромадаанд.Чанд намунаи дигаре аз тарҷумаҳои шоири тавоно Қутбӣ Киром меорем:
 
Гуфтугӯи инқилобӣ бо Тоҳа Ҳусайн
 
Ин нури чашми туст ва ё ахтари замон,
Ҳар ҷо ки меравам, маро мегирад он нишон.
Ман уқдаҳои рози худ чун во кунам туро
Нахли умеду орзу пайваст бо хазон.
Ман ҷуз ту бо касе набарам рози хештан
Ҷуз ишқ сарнавишти мо набвад дар ин ҷаҳон. [ 8, 39].
 
ضوءُ عينَيْكَ .. أم حوارُ المَـرايا
أم هُـما طائِـرانِ يحتـرِقانِ ؟
هل عيـونُ الأديبِ نهورُ لهيبٍ
أم عيـونُ الأديبِ نَهرُ أغاني ؟
آهِ يا سـيّدي الذي جعلَ اللّيـلَ
نهاراً .. والأرضَ كالمهرجانِ [17]
 
Тоҳа Ҳусайн (1889–1973)  адиб ва мунаққиди барҷастаи Мисри Араб ба шумор рафта, бо номи “Умдаи адабиёти араб” дар саросари ҷаҳон машҳур гардидааст. Мутаассифона ӯ ҳанӯз дар кӯдакӣ аз дидаи бинои хеш маҳрум шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ӯ пайваста дар омӯзиш ва ибтикор дар ҷодаи илму маърифат ва фарҳанг талошҳо варзида, аз худ ба ҷаҳониён мероси бузурги адабӣ ва илмӣ боқӣ гузоштааст.
Як намунаи қасидаи дарозтарин ва машҳуртарини дигари Н.Қаббонӣ “Достони зани шӯрида” ба ҳисоб меравад, ки тарҷумаи онро Қ.Киром ҳанӯз соли 1994 анҷом дода буд. Ин достони занест, ки бар зидди ноадолатиҳои мардҳои араб қалам ба даст гирифта, бо сад дарду алам роҷеъ ба зулму шиканҷа ва ҳуқуқпоймолкуниҳои онҳо шеър гуфтааст:
Эй хоҷа,
Рози хешро ман гар баён кунам,
Ин хок тира гардаду
Гардун фурӯ шавад.
Ин Шарқ, Шарқи мустабид
Тороҷ мекунад
Ҳар орзу, ки аз дили занҳо нумӯ кунад. [ 8, 60].
يا سيدي
أخافُ أن أقولَ ما لدي من أشياء
أخافُ ـ لو فعلتُ ـ أن تحترقَ السماء
فشرقُكم يا سيدي العزيز
 الرسائلَ الزرقاء يصادر
من خزائنِ النساء الأحلام  يصادر[17]
 
Зикри ин нукта муҳим аст, ки тарҷумаҳои устод Қ.Киром низ бисёр зебову муассиркунанда баромадаанд. Шоир ба умқи ҳар калима, ҳар ҳарф ворид шуда, достони мазкурро бисёр самимӣ ва дилчасп тарҷума намудааст.
Яке аз ҷонгудозтарин достони Низор Қаббонӣ марсияи ӯ ба ҳамсараш мебошад,ки онро устод Г.Келдӣ тарҷума намудааст. Соли 1976 ҳамсари Н. Қаббонӣ дар асари инфиҷори сафоратхонаи Ироқ дар Байрут ҳалок гардидааст:
Раҳмат шуморо, раҳмат шуморо,
Раҳмат шуморо, раҳмат шуморо.
Куштед охир маҳбуби моро.
Шуд аз баротон охир муяссар
Болои гӯри хунинкафан як соғар кашидан.
Куштанд эй вой
Шаҳбайти манро.
Дар рӯи дунё ҳамзиллати мо як миллате нест,
То ин ки букшад Шеъри равонро. [ 8, 45].
شكراً لكم ..
كراً لكم . .
فحبيبتي قتلت .. وصار بوسعكم
أن تشربوا كأساً على قبر الشهيده
وقصيدتي اغتيلت ..
وهل من أمـةٍ في الأرض ..
إلا نحن تغتال القصيدة ؟[17]
Бояд гуфт, ки Н.Назар дар ин бора дар яке аз мақолаҳояш таҳти унвони “Чанд лаҳза бо устод Гулназар” чунин нигоштааст:
“Аҷибаш он аст, ки фоҷиаи шоири машҳури араб Н.Қаббонӣ аз марги ҳамсараш барои се тарҷумони тоҷикии ашъораш Қутбӣ, Гулназар ва камина беасар набуд. Мо ҳар се ба навбат бе ҳамсар мондем, то дардошнову ҳамқисмати Низор Қаббонӣ шавем” [ 11].
Воқеан, ин адибон ва мутарҷимони тоҷик мутаассифона бо Н.Қаббонӣ ҳамқисмат ва ҳамдард шуданд ва шояд аз ҳамин лиҳоз тарҷумаҳои эшон чунин муассир баромадааст.
3.Абдулазиз Ал-Мақолеҳ. “Ҷоми ашк”.  Ал-Мақолеҳ (1937) шоири тавонои араб буда, дар шаҳри Санъои Яман ба дунё омадааст. Ӯ ходими намоёни давлатӣ буда, сарвари ҷамъияти илмӣ – лингвистии Яман ба ҳисоб меравад. Ба ҷуз шоирӣ ӯ нависандаи забардаст ва мунаққиди хуб, доктори илми филология буда, соҳиби ҷоизаи “Нилуфар” (“Лотос”) шудааст.
 Мутарҷими шеърҳои ӯ Г.Келдӣ дар охирсухани китоби “Ҷоми ашк” дар бораи  Ал-Мақолеҳ чунин гуфтааст: “Дар назари ман Абдулазиз Ал-Мақолеҳ як пораи замини Яман аст, замине, ки вулқонаш ба дунё овардааст. Ҳини сӯҳбати мо дар Санъо – бародаршаҳри Душанбе  – ӯ бисёр ором, бурдбор ва батамкин ба мушоҳидаам омад. Аммо оҳиста  –оҳиста дарёфтам, ки ботинаш саропо тӯфон аст” [6, 59].
Г.Келдӣ ва Н.Назар барои ба забони тоҷикӣ тарҷума намудани шеъри ӯ камари ҳиммат бастаанд ва маҷмӯаи мазкур соли 1990 дар шаҳри Душанбе (нашриёти “Адиб”) ба чоп расидааст.
Шоир баъди шунидани хабари чоп шудани китобаш бо забони тоҷикӣ бисёр изҳори шодмонӣ намуда, чунин навиштааст: “Дӯстони шоирам дар Ҷумҳурии Советии Тоҷикистон ба мо намунае аз ин сурудаҳоро райъ кардаанд, то ба забони ширини модариашон баргардонанд. Ва ман хушбахтам, ки суханони бо ҷунбишу такони ҳаррӯзаи эҳсосот гуфтаам имрӯз азми сафар ба иқлими навин доранд, роҳ ба шаҳри Душанбе ва қисматҳои дигари кишвари орзуҳо мепӯянд” [2, 6].
Яке аз намунаҳои беҳтарини тарҷумаи тоҷикии шеърҳои Ал-Мақолеҳ инҳоянд:
ОҲ!
ОҲ!
Ватанам!
Шоирони дигар аз қуллаи Олимпи бафар
Ҷоми хуршед ба каф меоранд,
Лабашон пур зи навои ишқ аст.
Ҳарфашон аз хати ёр асту ҷамоли дилбар.
Ту чаро маслубӣ?
Шаби ту турш шуда дар таҳи чашмони хамӯш,
Ҳамчунон дар таҳи об.
Шабаҳи доманадорат раги гардан молад,
Бидравад лек сари шайху шубоб.
Ахтарони ту насӯзанд ба чархи гардон,
Шоиронат ба сари дори сухан овезон.
Ту аз онҳо рухи худ тофтаӣ,
Меҳри худро ҳама бардоштаӣ.
Омадам дар шаби пурбими фараҳафзое,
Ки ба мардум бикушоям дари нур,
Сӯи он қисмати матраҳ.
Ва ҳадисат бинамоям, ки надонӣ ту варо,
Халқи маслуби ҷафодидаи ман! [1, 20 -21].
 
آه ...
يا وطني
الشعراء في ذرى "الأوليمب" عند قوس النصر
يغرقون في الكؤوس
يفتشون عن أغاني الحب
عن "فينوس"
وأنت مصلوب وليلك العبوس
ينام في العيون
أشباحه المدى
تداعب الأعناق تحصد الرؤوس
تحترق النجوم في سماك ، تطفى الشموس
والشعراء صامتون
على مشانق الحروف ميتون
لمرمر السيقان
لليهود الجائعات ينشدون
تركتهم
هجرت شعرهم
وجئت في ليالي الفرح المكذوب
أحدث الناس عن المكتوب
أقرأ ما قد أخفت الأسفار عن أيوب
أيوبنا
ياشعبنا المصلوب        [16]
Бояд иброз дошт, ки тарҷумаи тоҷикии шеърҳо бисёр дилнишин ба назар мерасад. Мутарҷимон шеърҳои Ал-Мақолеҳ-ро хеле хуб тарҷума намудаанд.
Доктори илмҳои филологӣ Ҳамробоев Н.А. перомуни ақидаҳои Ҷоҳиз оид ба назарияи тарҷума чунин навиштааст: “Ҷоҳиз баробари баёни назарияи тарҷумаи шеър ва шартҳои асосии он ақидаи хешро роҷеъ ба тарҷумаи осори мансур низ изҳор намуда, дар тарҷумаи кулли осор ҳампоя будани мутарҷим бо муаллифро амри зарурӣ медонад ва мегӯяд: “Мутарҷим бояд аз ҳамон дониши муаллифи аслӣ бархӯрдор бошад” [13,52].
Дар ҳақиқат, мутарҷимон тарҷумаи назмро, ки аз наср мушкилтар аст, ба анҷом расонидаанд ва бино ба гуфтаи Ҷоҳиз аз дониши муаллифи аслӣ бархӯрдор ҳастанд ва ба ҷуз ин ҳама онҳо боз ҳамдарди шоир низ мебошанд. Соядасти Гулназар Келдӣ далели ин гуфтаҳост:
Шодравон Г.Келдӣ “Ҷоми ашк”-ро ба Н.Назар тӯҳфа намуда, дар соядаст чунин суханҳоро навиштааст: “Нарзуллои азиз! Ин “Ҷоми ашк”-ро мову шумо бо хуни дил лабрез кардем, зеро шодиву ғами мо ва Мақолеҳ ҳамгуна аст. Бигзор ҷоми мо баъд аз ин пур аз шароби шодиву нишот бошад.(13-уми августи соли 1990)” [7].
Яъне, ин дардҳо шояд замина шуда бошанд, ки ба ин васила тарҷумонон шеърҳои ин шоири арабро чунин самимиву пурэҳсос ба забони тоҷикӣ офаридаанд.
4.Холид ал – Файсал шоири забардасти Арабистони Саудӣ соли 1940 дар сулолаи шоҳони Саудӣ ба дунё омадааст. Ӯ писари сеюмин шоҳи Арабистони Саудӣ Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд мебошад. Мавсуф солҳои 2013 –2015 ба ҳайси вазири маорифи ин кишвар кор кардааст. Аз соли 1971 то с. 2007 вазифаи амирии Асираро дар дӯш дошт ва ҳамзамон аъзои коллегияи интихобии Арабистони Саудӣ мебошад. Ӯ  солҳои 2007  – 2013 , ҳамчунин аз соли  2015 инҷониб губернатори Макка ба шумор меравад.
Лозим ба таъкид аст, ки Н.Назар бо ҳамроҳии Низом Қосим ва Ато Мирхоҷа ашъори ӯро аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд. Намунаҳои тарҷумаи тоҷикии ин ашъор дар шумораи№5(2028), соли 2020 рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст:
 
                         Таъми сиришк
Монед, ки фарёд кашам аз дилу ҷон,
Аз баҳри Худо, сина пур аст аз ғами масдуд.
Монед, ки фарёд тасаллои вуҷуд аст,
Таскини дил асту дилам огандаи дуд аст.
Монед, сиришкам бидавад бар сумани рӯй,
Зеро ки дар он таъми сиришк аст ғамандуд.
Ин гиря ба ишқест, ки бар боди хазон рафт,
Ин нола зи бахтест, ки як умр сияҳ буд[3,5].
 
Як шеъри дигари ӯро низ инҷо хоҳем овард, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст:
 
                        Аз ман марав
Аз ман марав, азизтарини азизҳо,
Бо ман бимон ту ҳамдаму ҳамрозу ҳамсадо.
Хобу хаёл бе ту бароям ҷаҳон бувад,
Бе ту сурудро набувад назди ман наво.
Маънии зиндагонии ман ин туӣ, туӣ,
Мазмуни меҳр ҳам туиву ҳикмати вафо.
Оре, туӣ хулосаи шӯру қиёми ман,
Мақсуди дӯст доштани хонаву Ватан.
То марҳаме шавӣ дили афгорро, биё,
Хонем то суруди ҷавонӣ зи сар, биё,
Ширинтарин ту хотираӣ аз гузаштаҳо,
Эй ҳафтранги ёди ту нури басар, биё.
Дар дил шудааст меҳри ту гулзорҳо, биё.
Аз ман марав!
Умре дар орзуи висоли туям ҳанӯз,
Муштоқи офтоби ҷамоли туям ҳанӯз.
Ту ҳастиву ду чашми ман пур аз шарораҳост,
Ту ҳастиву ду чашми ман боғи пурсафост.
Аз ман марав![ [3,5].
Мутаассифона  бо маҳдуд будани ҳаҷми мақола фаро гирифтани тамоми шеърҳои Холид Ал–  Файсал аз имкон берун аст, аз ин лиҳоз салоҳ донистем, танҳо  4 мисраъ аз як шеъри дигари ӯ орем:
                              Ҷафои фироқ
Рафтиву ба ман ҷафо намудӣ,
Бо ғуссаам ошно намудӣ.
Паймонаи аҳдро шикастӣ
Бемеҳр, маро раҳо намудӣ... [3,5].
Баъди хондани шеърҳои боло метавон ба хулосае омад, ки тарҷумаи шеър бисёз ҷаззоб ва шево баромадааст. Бештари мавзӯоти шеъри Холид Ал –  Файсалро ишқ ва муҳаббат ишғол намудааст. Шоир аз дарди ҳиҷрон ва муҳаббати бузурги заминӣ шеърҳои зиёдеро сурудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ин падида, яъне тарҷумаи тоҷикии шеърҳои Х. Ал –  Файсал баъди ташкил шудани маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва фаъолияти бахшӣ арабӣ ба амал омадааст.
Дар воқеъ, Н.Назар дар таҳкими равобити адабии тоҷику араб саҳми бориз дорад. Тарҷумаҳои ашъори шоирони араб ба забони тоҷикӣ ва ашъори шоирони тоҷик ба забони арабӣ бозгӯи ҳол аст.
 
 
Адабиёт:
1.Ал-Мақолеҳ Абдулазиз. “Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с, саҳ.20.
  1. Ал-Мақолеҳ Абдулазиз. Аз муаллиф/“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с,саҳ.6.
  2. Ал-Файсал Холид. Тарҷумаи Н.Назар ва Ато Мирхоҷа. Рӯзномаи “Адабиёт ва санъат”№5(2028), (30.01.2020), саҳ.5.
  3. Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Душанбе: “Сурушан”, 1999. –73с, саҳ. 30.
  4. Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Москва: “Трансдорнаука”, 1999. –62с, саҳ.9,22.
  5. Келдӣ Гулназар. Ба ҷои охирсухан. /“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с, саҳ.59.
  6. Келдӣ Гулназар. Соядаст. /“Ҷоми ашк”. –Душанбе: “Адиб”,1990. -60с.
8.Қаббонӣ Низор. “Овози дард”. –Душанбе: “Сурушан”, 2000. -102с, саҳ.11,21,28,31,39,45,60.
  1. Н.Назар. Муқаддима. / Ас-Сабоҳ Суод. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷумаи Гулназар ва Н.Назар. –Душанбе: “Сурушан”, 1999. –73с,саҳ.5, 6.
10.Н.Назар. Чанд сухан дар бораи шоир. / Қаббонӣ Низор. “Овози дард”. –Душанбе: “Сурушан”, 2000. -102с, саҳ.6.
  1. Н.Назар. Чанд лаҳза бо устод Гулназар. Расонаи www.facebook.com.
  2. 12. Сирус.Б. Қофия дар назми тоҷик. –Сталинобод: “Нашриёти давлатии Тоҷикистон”, 1955. –183с, саҳ.16.
  3. Ҳамробоев Н.А. “Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV” –Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. –464с, саҳ.52.
14.عبد العزیز المقالیح. اوراق الجسد الغائد من الموت.- بیروت: منشورات "دار الاداب 1984 س.
  1. عبد العزیز المقالیح.آلخروج من دوائر ااساعه السلیمانیه. .- بیروت: منشورات "دار الاعوده.1981س.
  2. https://konouz.com/ar.
  3. https://poetsgate.com/
  4. https://mawdoo3.com.
  5. 1 https://ar.wikipedia.org/wiki
 
 
Каримова Шоҳона,
ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
 

БОЗГАШТ