ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Расм

(дар ҳошияи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 16.12.2025)

         Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе ироа карда шуд. Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди 34 соли рушду инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тўли 34 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Истиқлоли сиёсӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббускоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоиста ва таърихиеро дар ҷаҳони муосир ва арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз аз рисолати волои истиқлолият миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намудааст.

         Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли 34 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро кард. Дар ин замина таъкид гардид, ки: “Зимни татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо фаъолияти байналмилалии худро ба хотири тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» минбаъд низ идома хоҳем дод”.

         Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

         Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон иброз намуданд, ки “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд”.

         Воқеан, баргузории конференсияи мазкур тавонист барои муколамаи сатҳи байналмилалии илмӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои бартарафсозии хатарҳои обшавии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо об замина фароҳам созад.

         Лозим ба ёддоварист, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ аз 21-уми декабри соли 2021 таъкид доштанд, ки “тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо бо мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ саъй карда истодааст. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи курраи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар зарур аст, ки олимони мо омӯзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд”.

         Бояд қайд намуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз яке аз муҳимтарин технологияҳо ба шумор меравад, ки метавонад роҳи рушди кишварҳоро куллан тағйир диҳад. Дар Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои табиӣ ва имконоти бузургест барои ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ метавонад ба рушди устувор ва рақобатпазирии минтақа ёрӣ расонад. Дар ин замина, қатъномаи махсусе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ба таҳкими иқдомҳо ва ҳамоҳангсозии механизмҳои татбиқи зеҳни сунъӣ бо ҳадафи ноил шудан ба натиҷаҳои равшан дар минтақа равона карда шудааст. Тавре дар Паём зикр карда шуд, ки “Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид”.

         Таҳлилҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём гувоҳи онанд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ба миён овардаанд: “Он ҳам боиси ифтихор аст,  ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид”.

         Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон намунаи равшанест, ки нишон медиҳад маърифати ҳуқуқӣ на танҳо як арзиши назариявӣ, балки як амали воқеӣ ва зарурист, ки метавонад ҳамчун заминаи устувори сулҳу субот ва ҳамкории байналмилалӣ хизмат кунад.

        Пешниҳоди Тоҷикистон ба СММ барои эълони соли махсуси маърифати ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳро ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аҳамияти онҳо барои амният ва рушди устувор бештар равона кунад. Ин иқдом метавонад омили муҳимми таҳкими низоми ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардад ва ба рушди ҳамкории созанда байни давлатҳо мусоидат намояд.

        Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки чунин ташаббусҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо нақши муҳимму созанда ва бунёдӣ доранд. Зеро, дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҳифзи пиряхҳо зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омаданд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.

         Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш нуфуз ва мавқеи худро мустаҳкам нигоҳ медорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳаллу фасли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

         Ҳамин тариқ, ташаббуҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маврди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

 

Раҳмонзода Азимҷон

ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти  омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ