АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАШАББУСҲОИ САРИВАҚТӢ ВА ОЛАМШУМУЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Бояд зикр намуд, ки ба аксар сокинони сайёра рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлатҳо ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд. Як шахсият вақте ба падидаи пешвои миллат табдил мешавад, ки ӯ ба дарки рисолатмандӣ ва масъулияти таърихии худ дар сарнавишти ҳаммеҳанон барои як кишвар барномаи комил ва масири устувори рушдро эҷод ва василаи амалӣ шудани онро фароҳам оварад.
  Чи тавре ки аз таърихи давлату давлатдории башарият маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи ҳаёт қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилонаю шоён ба халқу ватан, меҳру садоқат ба давлату миллат, сарсупоридагӣ дар роҳи озодиву истиқлолияти кишвар ва рафтору гуфтори накӯяшон дар дилу дидаи хурду калон ҷой мегиранд, маҳз ҳамин амалҳои накӯяшон боис мегардад, ки мардум худ ононро сарвар, роҳбар ва пешво интихоб намоянд.
  Яке аз чунин шахсиятҳои номвар, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, яке аз поягузорони давлати навину ҷавони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин марди хирад, сиёсатмадори одил ва роҳбари тавоно ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба рушду тараққиёти давлату миллат ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшида, бо кирдору пиндор ва хулқу атвори накӯяш номи худро дар қалби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой намудааст.
  Чунин шахсияти таърихии башар ва бунёдгузори давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишварамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо мегиранд. Зеро маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки халқи парокандагардидаю мардуми ба ҳам душманшударо сарҷамъ карда, тамоми соҳаҳои харобгардидаи пасазҷангии хоҷагии халқро аз нав бунёд ва эҳё намояд.
  Ин фарзанди фарзонаи миллат дар марҳилаи ҳассостарини таърихӣ, ки хатари нобудшавии давлати Тоҷикистон вуҷуд дошт, зимоми давлатдориро ба даст гирифт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин вазифаи басо масъулиятнок тамоми қувваю нерӯи ҷисмонию ақлонии худро истифода карда, дар муттаҳидсозии мардуми кишвар ва пешбурди кори давлатдорӣ саҳми арзанда гузошт.
  Муваффақият ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон барои муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон уфуқҳои навро боз намудааст.
  Бештари ташаббусҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳаллу фасли мухолифати шаҳрвандӣ тариқи гуфтушунид, мусоидат ба ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, як зумра ташаббусҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин, дигар пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.
  Коршиносону мутахассисон ташаббусҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва масъалаҳои марбут ба онро дар арсаи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мекунанд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, самти фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро аз баррасиву изҳори мақсад ва эълони уҳдадориҳо ба иҷрои чораҳои амалӣ равона кардаанд.
  Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар асри XXI ҳадафи стратегии навро барои инсоният ва таъмини ҳаёти арзандаи одамон эҷод намуданд. То имрӯз панҷ ташаббуси ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2003 - Соли байналмилалии «Оби тоза», солҳои 2005 - 2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 - Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтааст, ки ин иқдомоти Роҳбари дурандешу хирадманди тоҷикон - Эмомалӣ Раҳмон дар самти рафъи мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла об ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, муҳиму назаррас арзёбӣ мегарданд.
  22 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ва ҳамчунин дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд. Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд. Ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳалҳои онҳо мебошад. Зеро имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад.
  Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони СММ Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд. Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рӯзмарраи Созмон ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд. Зимни мусоҳиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, андашеронӣ карданд. Дар идомаи мусоҳиба таъкид карда шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 - соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд. Дар мусоҳиба таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равона гардидаанд. Ин мусоҳибаро тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ бо чанд забонҳои расмиву кории Созмони Милали Мутаҳид пахш намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақшаҳои созандаву бунёдкоронаи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд.
  Бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони масоили сиёсӣ ҳама пешравиҳои муваффақонаи робитаҳои байналмилалиро бо мавқеи устувори сиёсӣ ва дурандешию башардӯстии Пешвои тавоно - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонанд.
  Воқеан, Пешвои муаззами миллати фарҳангпарвари тоҷик бо пешниҳоду ҳидоят ва тарҳҳои илман асосноки фарогири манфиатҳои умумиинсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори созандаву башардӯст эътироф гардида, кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро муваффақона ба шоҳроҳи рушду пешрафти ҳамаҷониба роҳнамоӣ карда истодаанд.
 
ҲАБИБҶОН МИРЗОЕВ
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

БОЗГАШТ