ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ДОНИШМАНДОНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Расм

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Маҳз бо талошу заҳматҳои беназир ва таҳлилҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як муддати кутоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги байналмилалӣ ноил гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ташаббускор эътироф гардидааст. Дар замони муосир ва бархурди манфиатҳо ҳифзи муҳити зист ва тағийрёбии иқлим, яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳасос мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ аз ҷумла обшавии пиряхҳо талошҳои худро равона сохтаанд. Тағийрёбии иқлим ва аз ҳад зиёд гарм  шудани ҳаво боиси талафоти зиёди пиряхҳо гардида, хатарҳои ҷиддиро барои инсоният ва табиат эҷод менамояд. Ҳифзи пиряхҳо ва бартараф намудани хатарҳои он яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва глобалӣ мебошад, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамазкур кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли  2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ шудаанд. Аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Элон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис ёфтани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо[2].

Билохира 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, қабул кард. Ин яке аз қатъномаи нодир мебошад, ки дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд[2].

Бояд қайд намуд, ки пиряхҳо ва қабатҳои яхбандӣ тақрибан 70 дарсади оби ширини ҷаҳонро дар бар мегирад. Ин ташаббуси глобалии Ҳифзи пиряхҳо бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ барои муттаҳид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи сарчашмаҳои об, ки беш аз 2 миллиард нафарро бо оби ширин таъмин менамояд, равона гардидааст[3].

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селесте Сауло оид ба ҳифзи пиряхҳо чунин қайд мекунад: “Обшавии яхҳо ва пиряхҳо ба амнияти дарозмуддати об барои миллионҳо одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Эълон намудани соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳушдор кардани ҷомеаи ҷаҳон буд.” Ҳамзамон доир ба масъалаи мазкур Доктор Лидия Брито, ёвари директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ, дар маросими муаррифии Женева чунин ибрози андеша намуд: “50 макони мероси ЮНЕСКО бо пиряхҳо, тақрибан 10 дарсади майдони пиряхҳои Заминро

ташкил медиҳанд.” Вале дар як тадқиқоти охир чунин таъкид шудааст, ки пиряхҳо дар сеяки ин маконҳо то соли 2050 аз байн хоҳад рафт[3].

Мавриди зикр аст, ки тайи даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим махсусан аз ҳад зиёд гармшавии курраи замин тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Обшавии пиряхҳо ба табиат ва инчунин ба муҳити зист хатарҳои ҷиддиро ба миён меорад. Сабаби дигари обшавии пиряхҳо ин заводҳо ва корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд вале мутаассифона ба табиат, ҳифзи муҳити зист, инчунин ба обшавии пиряхҳо заминаи асосӣ гардида метавонанд. Ҳамасола дар курраи замин зарарҳои офатҳои табиӣ ба назар мерасад, ки боиси талафотҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ низ гардидааст. Солҳои охир тағйирёбии иқлим, махсусан обшавии пиряхҳо, боло рафтани ҳарорати гармӣ, обхезӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хисоротҳои ҷиддӣ расонид. Ҳамасола дар фасли баҳору тобистон дар минтақаҳои кӯҳӣ махсусан дар минтақаҳои Ванҷу Дарвоз обхезӣ  ва дигар садамаҳои табиӣ рух медиҳад, ки ба иқтисоди кишвар зарар мерасонад, ки  боиси нигаронии Ҳукумати кишвар гардидааст.  Аз ин рӯ Пешвои миллат барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ба Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда, барои ҳалли мушкилотҳои мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Зеро мушкилотҳои офатҳои табиӣ махсусан обшавии пиряхҳо, обхезӣ, фаромадани тарма натанҳо мушкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон балки мушкилотҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба шумор мераванд.  

Доир ба масъалаи мазкур доктор Каролина Алдер аз Ташаббуси Тадқиқоти Кӯҳистон чунин мегуяд: “Пиряхҳо парво надоранд, ки мо ба илм бовар дорем- онҳо танҳо дар гармӣ об мешаванд.” Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки моҳи майи соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад шуд, ки дар он олимон, сиёсатмадорон ва роҳбарони созмону ташкилоти гуногун барои муҳокима ва ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилотҳои тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо гирди ҳам меоянд.  Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд мекунад “Тоҷикистон беандоза ифтихор дорад, ки дар тадбиқу таблиғи қатъномаи Ҳифзи пиряхҳо нақши муассир дорад” [3].

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки дорои 8000 макони пирях буда, миллионҳо нафарро бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин менамояд. Ин пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ об шуда, дар минтақа таъсири зиёди экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд меорад. Обшавии пиряхҳо дар Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ боиси нигаронӣ гардидааст. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, пиряхҳои кишвар аз соли 1950 тақрибан 30 дарсади вазни худро аз даст додааст. Интизор аст, ки ин раванд идома хоҳад ёфт ва баъзе коршиносон чунин пешгӯи намудаанд, ки бештари пиряхҳои Тоҷикистон дар тӯли чанд даҳсолаи оянда аз байн хоҳад рафт. Тоҷикистон дорои калонтарин пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Тибқи маълумотҳо “Маркази тадқиқоти пиряхҳои Тоҷикистон” пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд, ба баландии 7400 метр мерасад ва дар ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб ва Кофарниҳон бошад хело кам аз 4500-5000 метр аз сатҳи баҳр зиёд мешавад. Калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ Пиряхи Федченко мебошад. Асосан дар кишвар 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки ҳиссаи асосии онҳо дар қисмати шарқии кишвар мутамарказ мебошанд. Кишвар асосан ба пиряхҳои худ барои обёрӣ ва таъмини оби ошомиданӣ такя мекунад. Вақте, ки пиряхҳо об мешванд, об барои кишоварзӣ ва истифодаи маишӣ кам хоҳад шуд. Обшавии пиряхҳо метавонад боиси нарасидани озуқаворӣ ва афзоиши рақобатҳои захираҳои маҳдуди об гардад. [4].

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар минтақа ва ҷаҳон дар самти истифодаи самараноки захираҳои об эътироф гардидааст. Гарчанде ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, вале тақрибан 1 миллиард аҳолии ҷаҳон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Мушкилоти асосии об дар ҷаҳон муқовимати иқлим ба захираҳои об, афзоиши корхонаҳои саноатӣ, талабот ба об барои кишоварзӣ ва ғайра мебошад. Тибқи маълумотҳо даҳсолаҳои охир ҳарорати ҳаво боло рафта, ҳазорон пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Аз сабаби он ки онҳо манбаи асосии дарёҳои пиряхӣ мебошад, ки боиси кам шудани онҳо дар як муддати тулонӣ гардидааст. Вобаста ба ин афзоиши аҳолӣ яке аз омилҳои асосии таъмини об мебошад. Бояд қайд кард, ки афзоиши солонаи аҳолии Тоҷикистон тақрибан 2,5 фоизро ташкил медиҳад, ки боиси зиёдшавии талабот ба об, неруи барқ, манзил ва озуқаворӣ мегардад. Зиёдшавии аҳолӣ ва талабот ба захираҳои об барои танзими дуруст ва тақсимоти одилонаи захираҳои об, идоракунии об, идоракунии маҷмӯи захираҳои об, ҳамоҳангсозии истифодабарандагони гуногун, истифодаи самараноки об, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об чораҳои таъхирнопазиррро талаб мекунад. Ҳамзамон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ тавонист бо кишварҳои хорҷа робитаҳои судманд дар соҳаҳои гуногун барқарор намояд, инчунин дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ дипломатия ва сиёсати хориҷии худро ба роҳ мондааст, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳаллӣ масъалаҳои глобалӣ эътироф гардидааст[1].

Мавриди зикр аст, ки норасоии об ва таъмини аҳолии курраи замин бо оби ширин яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ба шумор меравад, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти мазкур пайваста мубориза мебаранд. Пушида нест, ки аз норасоии об дар курраи замин ҳамасола чандин ҳазорҳо нафар ҷон бохта, ҳатто табиату ҳайвоноту наботот низ зарари ҷиддӣ дида истодаанд. Аз таҳлилҳои дар боло зикр гардида,  чунин бар меояд, ки обшавии пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим ба олами зинда пайваста таъсири манфии худро мерасонад, ки боиси ташвишҳои сиёсиву иҷтимоӣ гардидааст. Мубориза бар зидди хатарҳои офатҳои табиӣ кори начандон осон буда,  ба  ҷомеаи ҷаҳонӣ махсусан кишварҳои абарқудрат, созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ лозим аст, ки бо ҳам муттаҳид гардида, дар доираи ҳамоишҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ масъалаҳои мазкурро ҷиддӣ баррасӣ намояд ва роҳи ҳалли онҳоро дарёбанд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Об ба ҳамкорӣ табдил гардад” минбаъд масъалаҳои обро дар рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳимоят намуда, аз ҳукуматҳо оҷонсиҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар сохторҳои манфиатдор барои дастгирии онҳо ҷиҳати таъмини амнияти об барои наслҳои оянда дават менамояд. Солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳамияти об дар сатҳи ҷаҳонӣ як қатор ташаббусҳои байналмилалиро ба миён гузошт:

  • Эълони соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, ки дар сессияи 54-уми Ассамблеяи Генералии СММ (1 октябри соли 1999) пешниҳод гардида буд. Дар асоси ин ташаббус дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон гардида, дар шаҳри Душанбе 29 август -1 сентябри соли 2003 Форуми байналмилалии оби тоза баргузор гадид.

  •  Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии  “Об барои ҳаёт”солҳои 2005-2015.

Тибқи Эъломияи Душанбе 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард.

  • Эълони соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ  Қатъномаи 67/204 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дар бораи Соли байналмилалии ҳамкорӣ да соҳаи об бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид. Дар қароргоҳи ЮНЕСКО 11 феврали соли 2013 дар Париж маросими эълони Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар об баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

  •  Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”.  СММ 21 декабри соли 2016 қатъномаи дахлдорро қабул намуда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Иқдоми мазкур 12 декабри соли 2015 дар форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дегуи Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд[5].

Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ӯҳдадориҳои худ барои фароҳам овардани платформаи муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ бо дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикон конфронсҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба “Даҳсолаи Амал оид ба об” ташкил менамояд. Чорабиниҳои мазкур истилоҳи “Раванди оби Душанбе”-ро ташкил дод. Дар ин доира рӯзҳои 20-21-уми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (Аввалин Конфронси Даҳсолаи Амал оид ба оби Душанбе) баргузор гардид. Дар натиҷаи конфронс бо тавсияҳо оид ба Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор бо баррасиҳои амиқи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор гузаронида шуд. Эломияи ниҳоии Конфронси якуми Душанбе диққати конфронси навбатӣ дар мавзуи “Катализатори фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳалӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи амали об ва дигар ҳадафҳои марбут ба обро тасдиқ кард [5].

Хулоса метавон гуфт, ки норасоии оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ба яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ дар арсаи ҷаҳон табдил ёфтааст. Зеро солҳои охир тағйирёбии иқлим ба ҳифзи муҳити зист ва обшавии пиряхҳо оварда расонидааст. Маҳз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан ҳифзи пиряхҳо, норасоии оби ширин ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд. Боиси ифтихор аст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ махсусан СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи обу ҳифзи пиряхҳо эътироф намудаанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта, барои бартараф намудани хатарҳои табиӣ конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Ҳифзи пиряхҳо ва об дар сатҳи баланд баргузор менамояд. Мақсади асосии баргузор намудани конфронсҳои мазкур пешгирӣ намудани хатарҳои офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо ва мушкилотҳои норасоии оби ошомиданӣ мебошад, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас пайваста кӯшишҳои худро равона месозад. 

Нигора ФАЙЗУЛЛАЕВА,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ