ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМИ ЭМОМАЛИ ОИД БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

20 майи 2025 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомали   бо сафари кори ба шаҳри Ню-Йорки Штатҳои Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар таърихи 25 май дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Қобили зикр аст, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аввалин бор 10 феврали соли 2024 пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.

Дар робита ба ин, рӯзи 7-уми майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи A/RES/78/281 “Рӯзи ҷаҳонии футболро”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд,  қабул намуд,  тибқи он минбаъд 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қайд карда мешавад.

Дар ҷаҳони муосир, футбол танҳо як варзиши оддӣ нест, балки яке аз  воситаи дипломатияи байналмилалӣ ва таъсиргузор ба имиҷи сиёсии кишварҳо мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон тавассути Федератсияи футбол ва иштироки фаъоли намояндагони баландпоя, махсусан муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар чорабиниҳои байналмилалӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи варзиш ва дипломатияи байналмилалӣ мустаҳкам намудааст. Ин талошҳо на танҳо барои рушди футбол мусоидат мекунанд, балки барои баланд бардоштани нуфуз ва имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозанд. Мизбонии чорабиниҳои минтақавӣ, густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва ширкати фаъол дар сохторҳои байналмилалии варзишӣ, мисли СММ ва ФИФА аз он гувоҳи медиҳанд, ки нақши дипломатияи футболии Тоҷикистон дар ҷаҳон рӯзафзун мебошад.

Дар ҷаҳон давлатҳое ҳастанд, ки дар футбол муваффақ мебошанд. Масалан истифодаи футбол дар дипломатия Қатар дидан мумкин аст, ки тавассути мизбонии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 тавонист таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намояд, нуфузи сиёсии худро дар минтақаи Халиҷ ва берун аз он таҳким бахшад. Мисоли дигар ин Бразилия мебошад, ки тавассути футбол, натанҳо як бренди фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст, балки ҳамчун кишвари дӯст ва боистеъдод дар  ҷаҳон машҳур аст.

Футбол на танҳо воситаи эҳёи ҳамкориҳои дипломатӣ ва муаррифии арзишҳои умумибашари буда, балки дар баробари ин метавонад  ба танишу низоъ низ замина гузорад.  Барои мисол дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1998 новобаста аз вуҷуд доштани танишҳои сиёсӣ  байни  Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, бозии байни тимҳои миллии ин ду кишвар дар хотири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ишораи сулҳомез ва эҳтиром боқӣ монд. Аз тарафи дигар,  соли 1969 як бозии оддии интихобии байни тимҳои миллии Салвадор ва Ҳондурас ба ҷанги воқеӣ, маъруф ба унвони «ҷанги футболӣ», мубаддал гашт. Ин муноқиша, ки танҳо чанд рӯз идома кард, бо вуҷуди кӯтоҳ буданаш, талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт ва муносибатҳои ду кишварро ба таври ҷиддӣ халалдор намуд.

Футбол имрӯз як василаи муассири сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи нарм барои кишварҳо гардидааст. Он метавонад  ҳамчун пуле байни халқҳо хидмат кунад ва ҳам, дар ҳолати идоранашуда, ба манбаи ихтилоф табдил ёбад. Тоҷикистон, бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва сиёсати фаъол дар бахши варзиш,  футболро ҳамчун як унсури калидии таҳкими нуфузи байналмилалии худ истифода бурда истодааст.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

номзади илмҳои сиёсӣ, мудири шуъбаи ШМА

ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои  Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ