Пиряхҳо барои зиндагии инсонҳо дар сайёра аҳамияти бузург доранд, зеро онҳо таъсири назаррас ба иқлим, захираҳои обӣ ва муҳити зист мерасонанд. Пиряхҳо манбаъҳои асосии оби тоза ва ошомиданӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, оби дарёҳои худро аз обшавии пиряхҳои баландкуҳҳо мегиранд, ки ин об ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона мешавад. Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон қалби яхбастаи Осиёи Марказӣ аст.
Яке аз аҳаммияти дигари пиряхҳо дар он аст, ки нурҳои офтобро ба фазо инъикос мекунонанд ва сардии заминро нигоҳ медоранд. Агар пиряхҳо пурра об шаванд, ҳарорати сайёра метавонад боз ҳам баландтар шавад. Аз ин рӯ, пиряхҳо ҳамчун танзимкунандагони сайёра миёни замин ва офтоб амал мекунанд.
Обшавии пиряхҳо дар фасли тобистон оби ҷӯйбоҳоро пур мекунад ва барои таъмини оби дарёҳо, обанборҳо, заминҳои кишоварзӣ, нирӯгоҳҳои барқӣ ва обёрии полезҳо хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, дар минтақаҳое, ки боришоти кам доранд, пиряхҳо нақши калидӣ дар таъмини об мебозанд. Агар обшавии онҳо зуд ба вуқӯъ пайвандад, ин метавонад дар оянда боиси норасоии об гардад. Зеро обшавии пиряхҳо нишонаи бевоситаи гармшавии глобалӣ мегардад. Таҳқиқи воқеии пиряхҳо ба олимон дар пешгӯии тағйироти иқлим кӯмак мерасонад ва ҳушдоре барои тағйирёбии иқлим мебошад.
Аз ин лиҳоз, обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои ҷиддии экологӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин раванд бо гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим зич алоқаманд аст. Пас омилҳои асосии обшавии пиряхҳо дар ин аст: