АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ФАЗОИ ЯГОНАИ ИҚТИСОДӢ ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ҲАМГИРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳои минтақа маҳсуб меёбад. Аз дигар ҷиҳат, тамоюли ҳамгироии минтақавӣ ҷиҳати ҳифз, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидори ғании табиӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва эҷоди тарзи ҳаёти солим барои аҳолӣ мусоидат менамояд.
  Вуруд ба мавзӯъ:
  Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ робитаи мутақобилаи кишварҳоро на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон густариш медиҳад.
  Маълум аст, ки Осиёи Марказӣ дар минтақаи ҳассоси ҷуғрофӣ ҷойгир аст. Аз тарафи дигар минтақа чанд нуқтаи муҳими ҷаҳонро ба ҳам мепайвандад ва дар меҳвари таваҷҷуҳи қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор дорад.
  Имрӯзҳо бархӯрди манфиатҳои абарқудрат, масъалаҳои марзӣ, густариши ҳаракатҳои ифротгароӣ, густариши падидаи номатлуби терроризм, густариши қочоқи маводи мухаддир, афзоиши ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра фазои сиёсиву геополитикии минтақаро беш аз пеш ноором ва муташанниҷ месозанд. Аз ин лиҳоз, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки сиёсатеро пеш баранд, ки ба фазои сиёсӣ ва манофеи геополитикии минтақа мувофиқ ва созгор бошад. Пас яке аз масъалаҳои муҳим эҷод ва таҳкими раванди ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Зеро омили асосии ташаккули фазои ҳамгироӣ таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа дониста мешавад.
  Ба ақидаи коршиносон аҳамияту муҳиммияти ташкили Фазои ягонаи иқтисодӣ ин таъмини ба истилоҳ «чаҳор озодӣ» аст: 1.ҳаракати мол, 2.сармоя, 3.хизматрасонӣ ва 4.қувваи корӣ дар ҳудуди Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ. Аз ин рӯ, яке аз мақсадҳои асосӣ ҷиҳати таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки шароити татбиқи принсипи озодии ҳаракати хизматрасонӣ, сармоя ва меҳнат, инчунин аз байн бурдани имтиёзҳои боқимонда барои таъмини озодии харакати мол дар фазои минтақавӣ таъмин мегардад.
  Боиси зикр аст, ки аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти нисбатан хурди бозори иқтисодӣ ва вобастагӣ аз содироти ашёи хом рӯбарӯ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, маҳз ҳамгироӣ ва ҳамкории минтақавӣ имкон медиҳад, ки ин мушкилот якҷоя ҳал карда шаванд. Мушкилоти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки аз имкониятҳои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ истифода бурда, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро таъмин намоянд.
  Аз ҷониби дигар, зарурати мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамкориҳои созандаи минтақавиро низ тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ калиди рушди устувор дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
  Акнун ба масъалае назар меандозем, ки барои ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ мушкилот вуҷуд дорад?
  Албатта, як қатор мушкилоте вуҷуд дорад, ки ба татбиқи равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ монеа месозанд:
  Якум, муҳити соҳибкорӣ, ки дар давлатҳои минтақа мавҷуд аст, ба воридшавии мутақобилаи сармоягузорӣ ва густариши ҳамгироӣ мусоидат намекунад. Тафовут дар суръати ислоҳоти иқтисоди бозаргонии кишварҳои минтақа, дар сатҳи танзими давлатии соҳаҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ яке аз сабабҳои асосии суст шудани рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳои минтақа мебошад.
  Дуюм, дар минтақа дастрасии мутақобилаи сармояи саноатӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ва суғурта ба бозорҳои кишварҳои шарик низ маҳдуд аст. Аз ин рӯ, воқеияти ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ширкати онҳоро дар низоми тиҷорати бисёрҷониба тақозо менамояд.
  Сеюм, мушкилоти муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои нисбатан муттараққӣ низ омили муҳими таъсиргузор ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ шуда метавонад.
  Чорум, захираҳои бои нефту газ ва обӣ ҳоло ҳам самаранок ва одилона истифода бурда намешавад.
  Ҷолиб ин аст, ки агар раванди ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд ояд, пас кадом паҳлӯҳои мусбат ва манфии он пешбинӣ мегардад?
  Боиси зикр аст, ки зарурати рушди васеъ ва ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ заминаи ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин ба чӣ вобаста аст? Албатта ба зарурати дастгирии муштараки истеҳсолкунандагони ватанӣ, фароҳам овардани шароити баробар барои фаъолияти соҳибкорӣ дар муҳити ягонаи иқтисодӣ. Дар баробари ин, умумиятҳои таърихиву фарҳангии халқҳои гуногун, ки дар тӯли садсолаҳо дар минтақа зиндагӣ мекунанд, ба монанди фарҳанг, забон, дин, урфу одат, робитаҳои хешутаборӣ, метавонад заминаи ҳамгироии давлатҳои Осиёи Марказиро таъмин намоянд.
  Аз ҷиҳати манфӣ вобаста ба раванди ҳамгироии минтақавӣ хулоса баровардан душвор аст. Аммо ҷанбаҳои манфӣ дар ин миён вуҷуд дошта наметавонанд. Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ собит кардааст, ки ҳамгироӣ ҳамеша ҷанбаҳои мусбат дорад ва ҳеҷ гоҳ манфӣ арзёбӣ намегардад.
  Акнун ба он ишора менамоем, ки ҳамгироии минтақавӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҷиҳат муҳим аст?
  - якум, Тоҷикистон аз бунбасти геополитикӣ мебарояд;
  - дуюм, ҳамгироӣ ҳамчун омили субот ва ҳифзи сулҳ дар минтақа мебошад;
  - сеюм, тараққиёти иқтисодии кишвар рушд меёбад;
  - чорум, барои содироти нерӯи барқи обии мо, ки ба таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад, имкониятҳои васеъ ба вуҷуд меоянд.
  Ҳамин тариқ, ташаккулу тақвияти раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз роҳҳои ососии рушди устувори кишварҳои минтақа мебошад. Осиёи Марказӣ имкониятҳои ҳамгироии минтақавиро дорад. Танҳо дар асоси мувофиқаи сарони давлатҳо ва ба инобат гирифтани манфиатҳои миллии ҳамдигар метавон онро бунёд кард ва тақвият бахшид. Ҳамгироӣ метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъмини амнияту суботро боз ҳам кафолати бештар диҳад. Ҳамгироӣ сатҳи некӯаҳволии мардуми минтақаро ба вуҷуд меорад. Ҳамгироӣ дар шароити мураккаб гардидани фазои муносибатҳои байналмилалӣ ва шиддат гирифтани падидаи ҷаҳонишавӣ яке аз омилҳои муҳим дар сиёсати хориҷии кишварҳои минтақа ва ҳамкориҳои муштараки судманд ва мутақобила маънидод мегардад. Калиди рушди устувор дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ маҳз ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ маҳсуб меёбанд. Пас, ҳамгироӣ масъалаи зарур, воҷиб, баманфиат, саривақтӣ ва асосии кишварҳои Осиёи Марказист.

Сарчашмаҳои истифодашуда:
1.  Алиева Р. Р.Интеграция - фактор устойчивого развития и стабильности государств Центральной Азии. Вестник Таджикского государственного университета права, бизнеса и политики. Серия общественных наук.https://cyberleninka.ru› article › integratsiya-faktor-ust...2015.
 Развитие в регионах, региональная интеграция. https://www.unido.org› sites › default › files (дата обращения 28.01.2023)
  1. Рахмонзода А.Ш. Международные отношения Республики Таджикистан на современном этапе. Монография/А. Рахмонзода. – Душанбе: Дониш, 2022. -172 с. С. 43.-44. .(на тадж. язык).
  2. Саралаев У. Интеграционный процесс в Центральноазиатском регионе и возможность создания региональной организации / У.Саралаев // Таджикистан и современный мир.-2008.-№2(17).-С.9-17.
  3. Урунов А.А. Интеграция и экономический рост. - М.:ИД «Грааль», 2003.-418 с.
  4. Шерали.РШ Интеграционные процессы в Центральной Азии: состояние и перспективы. Журнал Азии и Европы. ИИПСАР НАНТ №1, 2029. С. 135.(на тадж. язык).
  5. Abdurašit Amélioration de la politique de l’eau en Asie centrale.Aspectenvironnemental.https://journals.openeditioorg/asiecentrale/3168 (дата обращения 03.02.2023).
  1. Integrating Central Asia into the World Economy: The Role of Energy and Transport Infrastructure. https://carnegieendowment.org (дата обращения02.2023 )
  2. Paul André. L'intégration régionale en Asie orientale et le modèle «nippo-asiatique. Revue internationale de politique comparée 2013/1 (Vol. 20), pages 139
  3. Mohammad-Reza Djalili. Intégration régionale en Asie centrale. CEMOTI, Cahiers d'Études sur la Méditerranée Orientale et le monde Turco-Iranien Année 2005 39-40 53-69
12.                     L’intégration est la clé de la relance économique soutenue de l’Asie. http://french.china.org.cn/china/txt/2021-04/19/content_77419808.htm. (дата обращения 03.02.2023).

Ардамеҳр Ашуров
ходими пешбари илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ