ТАШАККУЛЁБИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Муаллиф: Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ

Расм

(бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

       Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии сиёсати хориҷӣ бо муҳтавои амалгарона ва воқеъбинона, ки самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, маҳз тавассути истеъдоди баланди сиёсатмадорӣ, назари борикбин ва жарфнигарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд оварда шуданд. Қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ”, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои марбут, ки бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудаву ба тасвиб расидаанд, баёнгари ҳадафҳо, вазифаҳо ва хостаҳои давлат ва мардуми кишвар дар роҳандозии сиёсати хориҷӣ барои соҳиб шудан ба манфиатҳои миллӣ мебошанд. Барои фаъолияти муассир ва пайгирии пайвастаи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ марҳала ба марҳала шабакаи густурдаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷ аз давлат ба вуҷуд оварда шуданд.

        Сиёсати хориҷӣ ҳамчун категорияи илми сиёсии муосир, чун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати умумии давлат ва сиёсати дохилии он баррасӣ мешавад. Ҳар як давлат, вобаста ба манфиатҳои худ ва дигар омилҳои объективӣ ва субъективӣ, самти муайяни сиёсати хориҷии худро муайян менамояд. Бояд зикр намуд, ки рушди сиёсати хориҷии ин ва ё он давлат аз давраи мушаххаси таърихӣ ва хусусиятҳои раванди сиёсии дохили кишвар ва низоми байналмилалӣ вобастагӣ дорад.

        Сиёсати хориҷӣ маҷмӯи мақсад ва воситаҳои фаъолияти давлат дар соҳаҳои муносибатҳои якҷояи он бо дигар давлатҳо, халқу миллатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Ҳар як давлат дар сиёсати хориҷии худ бояд пеш аз ҳама бехатариашро таъмин намояд, барои инкишофи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг шароити муосоид фароҳам оварад, озодии шаҳрвандонро таъмин намояд.

        Сиёсати хориҷӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар, аминияти миллӣ, ҳадафҳои идеологӣ ва боло бардоштани иқтисодиёт равона шудааст. Ба ҷуз аз ин, он низоми фаъолиятҳое мебошад, ки ҷомеаҳо онро барои тағйир додани рафтори дигар давлатҳо ва барои ба муҳити байналмилалӣ мутобиқ кардани фаъолияти худ равона кардаанд.

        Вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёдитарин ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар, тақвияти ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи баӣналмилалӣ, бармеоянд.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, дар заминаи ин ҳамкории судмандро бо дигар давлату созмонҳо ба роҳ мондааст. Яке аз дастовардҳои муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истиқлоли сиёсӣ сиёсати “дарҳои кушода” аст. Бо такя ба сиёсати “дарҳои кушода” давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт намуда, имрӯз дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд. Инчунин, дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори таъмину таҳкими сулҳу суботи саросарӣ шинохта шудааст. Бо шарофати сиёсати “дарҳои кушода”, ки ҷавҳари робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ҷумҳурии мо тавонист бо бештари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои самарабахшу гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшад.

        Дар зарфи даҳ соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро дар самти рушди сиёсати хориҷӣ роҳандозӣ намуд, ки дар натиҷа дастоварҳои муҳимме дар ин раванд ба даст омода, омили инкишофи сиёсати хориҷӣ дар Истиқлоли сиёсӣ гардиданд.

1. Бо назардошти зарурати такмили фаъолият дар самти таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва мувофиқнамоии онҳо ба манфиатҳои миллӣ, инчунин бештар мутобиқ намудани фаъолияти созмонҳои масъули сиёсати хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хидмати дипломатӣ» (солҳои 2014 ва бо тағйироти нав дар соли 2019) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2016) дар таҳрири нав қабул гардиданд.

 Илова бар ин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №657 аз 30.12.2019 дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №593 аз 26.12.2006 “Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Дар асоси қарори мазкур як қатор тағйирот анҷом дода шуданд, аз ҷумла, сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуд.

2. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Мавриди пазироии сомзонҳои ҷаҳонӣ шудани ташаббуси кишвар – Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон шудани солҳои 2018-2028 аз як тараф имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошт, аз тарафи дигар фаъолнокии сиёсати хориҷии кишварро муаррифӣ намуд.

3. 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №332 Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар он бо назардошти тағйирёбӣ дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии кишвар муайян карда шудаанд. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷрои раванди татбиқи манфиатҳои миллиро дар сиёсати хориҷии давлат муайян ва мушаххас намуда, боиси комёбиҳои назарраси кишвар дар сиёсати байналмилалӣ шуд.

4. Дипломатҳои тоҷик то соли 2016 дар тақвими миллӣ рӯзи касбии худро надоштанд. Вобаста ба ин, порлумони кишвар нақши сиёсати хориҷии кишварро дар раванди таърихии ташаккул ва рушди кишвар ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил муҳим арзёбӣ намуда, 29 сентябрро ба унвони “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол, 29 сентябр дар мамлакати мо ҳамчун “Рӯзи кормандони хадамоти дипломатӣ” ҷашн гирифта мешавад.

5. Дар солҳои қабл оид ба масоили хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон, алалхусус шаҳрвандони хориҷӣ, шикояту мушкилоти зиёд ба чашм мерсаиданд. Барои минбаъд бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта бо дарназардошти вазъи имрӯзаи технологияҳои иттилоотӣ, дар хадамоти консулӣ шабакаи электронии фарогири масоили додугирифти раводид ва рафту омади шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар ин радиф барномаи судури раводиди электронӣ (e-visa) ба кор андохта шуд, ки айни замон шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвари дунё метавонанд аз он истифода кунанд. Ин иқдом дар ташаккули имиҷи мусбати кишвар ва рушди соҳаи сайёҳии давлат нақши бузург дорад.

        Иштироки судманд дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, пуштибонии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии иқдомҳои созандаи кишвар дар ростои ҳадафҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва кӯшиш барои касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳодҳо ва сохторҳои интихобии Созмони Милали Муттаҳид яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор меравад.

        Густариши беш аз пеши ҳамкории босамари кишвари мо бо муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО ба манзури истифода кардани саҳнаи он барои муаррифии дастовардҳои фарҳангию маънавии миллати тоҷик ва ҳифзу эҳёи мероси моддӣ ва ғайримоддии он посухгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

        Боз ҳам фаъол кардани ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятноки бисёрҷониба ва дуҷониба бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз вазифаҳои муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона давлат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки наваду нуҳ дар сади тамоми қарордод ва шартномаҳоеро, ки сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳод ба имзо мерасонанд, иҷро мекунад.

        Вазифаи дигари сиёсати хориҷии кишвари мо эҷоди низоми мутавозини шарикии стратегӣ бо кишварҳои бузург, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, ҳамкории судовар бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мусоидат ба тавозуни геосиёсӣ дар минтақа, гуногунсозии ҳамкориҳои амиқи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фановарӣ ва дигар робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.

        Мусоидат намудан ба ҳифзу тақвияти сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ, табдили минтақа ба сарзамини амн ва рушди устувор, пуштибонии равандҳои солимгардонии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон ва табдил додани ин давлат ба кишвари амну ободу шукуфо аз дигар вазифаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

        Дар раванди ташаккул ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад. Шароити мушаххаси таърихии таъсису инкишофи давлати соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ дар марзи ду садсола табиатан аҳаммияти хоссаи омили беруниро дар ҳаёти ҷумҳурии мо ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.

        Дар робита ба Истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд махсусан зикр намуд, ки мо дар оғози истиқлол ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ надоштем. Имрӯз бо камоли итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии Истиқлоли сиёсӣ ва самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд!

        Маҳз ба шарофати Истиқлоли сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи баланд пайдо намуда, аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гардад. Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд.

 

РАҲМОНЗОДА Азимҷон

ходими калони илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои таърих

БОЗГАШТ