АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Ташхис

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

10- Ташхис
Ҳамон гуна, ки медонем дар тасвире, ки бунёнаш бар пояи истиораи муканния бошад «мушабаҳун биҳи» маҳзуф аст ва «мушаббаҳ» ҳамроҳ бо яке аз лавозими мушабаҳун биҳи зикр мешавад. Дар ин сурат, агар мушаббаҳун биҳии маҳзуф, инсон бошад ва шоир яке аз афъол ва сифоти инсониро ба як унсури беҷон нисбат диҳад, ба он шахсияти инсонгуна бахшидааст. Ин ҳамон аст, ки ба халқ «ташхис»-и мунҷар мешавад. Ташхис беҳтарин тарфанд (чора) ва васлила аст барои онки ҳунарманд битавонад бо тасарруф дар аносир ва ашёи беҷон перомунаш онҳоро бо эҳсосоти худ ҳамроҳ кунад ва аз ин тариқ, дар илқои эҳсос ва интиқоли мафҳум ва мазмуни мавриди назари хеш тавфиқи бештаре ёбад. Ба баёни дигар, ҷон бахшидан ба аносир ва ашё, қаламрави дигаре аз воқеиятҳои адабӣ аст, ки суханвар метавонад ҳавзаи офаринишҳо ва ироаи тасовири хаёлангезро густариш диҳад: «Дар инҷост, ки ақл аз пайдо кардани равобити зоҳирӣ ва мантиқӣ дар миёни ашё даст мекашад ва қувваи хаёл дар авҷи ҳаяҷони отифӣ, махфитарин нерӯи рӯҳро ба ҳаракат дар меоварад то дар моварои воқеиятҳои зоҳирӣ, ба ҳақиқатҳои мактум даст ёбад»[16,200].
Дар маҷмӯъ, аз кулли истиораҳои ашъори арабии Саъдӣ 83 маврид, яъне беш аз 74 дарсад  бар ҳамин асос халқ шудааст. Саъдӣ дар шахсиятбахшӣ ба аносири беҷон, ба ҳамаи падидаҳо ва ашё перомуни худ назар доштааст. Ин шеваи сохти тасвир сабаб шудааст
ғолиби мафоҳими ироашуда дар ин ашъор, бо васфҳои аз ҳаракат ва ҳаёти инсонӣ ҳамроҳ бошанд, ки таъсири зиёде дар ғино ва пӯёии тасовир доштааст.

11- Равишҳои сохти ташхис
Сируси Шамисо барои сохти ташхиси ду равиш қоил аст. Навъи аввал он аст, ки дар истиораи муканния, мушаббаҳун биҳӣ матрук, инсон аст ва ба истилоҳ, истиора инсонмадорона аст [23,179].   Ин навъ ташхис бештарин корбурдро дар ашъори арабии Саъдӣ дорад, ба гунаҳое, ки аз маҷмӯи 82 маврид ташхис ба кор рафта, дар 69 маврид, мушаббаҳун биҳӣ маҳзуф, инсон аст.  Аз ҷумла дар байти зер, ки аносири созандаи тасовир, яъне «қалб» ва «айн» ҳар ду шахсияти инсонӣ ёфтаанд.[14,773].
« عَلي قَلبي العُدوانُ مِن عَينِيَ الَّتي               دَعَتهُ الي تِيهِ الهَوي فَاضَلَّت »
Яъне: «Бар дил аз ноҳияи  дидагонам ситам рафт. Дидагоне, ки дилро ба водии ишқ хонд,ӯро гумроҳ карданд»[9,37].
  Ҳамчунин аст дар истиораи зер, ки барои мафҳуми зеҳни «киёсат», «даст» қоил шудааст:[14,768].
«وَ بين يَدَي صَرفُ الزَمَان و حكمه               مُغَله ايدِيَ الكِيَاسَةِ و الخُبرِ  »

Яъне: «Дар баробари гардиши рӯзгор ва фармони сарнавишт, зиракиву бинишро даст бастааст»[9,77].
 Навъи дуюм он аст, ки мушаббаҳун биҳӣ маҳзуфи ҳайвон аст ва ба истилоҳ, истиора ҷонвармадор аст ва метавон ба он «ҷондорангорӣ» гуфт[23,179]. Ин навъ ташхис, ки мушабаҳун биҳии маҳзуфи он ҳайвон аст, дар ашъори арабии Саъдӣ ба кор нарафтааст. Аз дигар равишҳои сохти ташхис он аст, ки гӯянда амри зеҳниро мунодо қарор диҳад ва бо ӯ сухан бигӯяд. Аз ин шева Саъдӣ дар чаҳор маврид баҳра бурдааст. Дар ин чаҳор бор ҳам, ду бор «насим», як бор «хаёл» ва як бор ҳам «нафс» мунодо қарор гирифтаанд[14,778].
«لَقد هَلَكت نَفْسِي بِتَدليَه             و كَم قُلت فِيما قَبل يَا نَفس رَاقبي  »
Яъне: «Ишқи диламро ба чоҳ афканд ва равонамро вайрон сохт. Эй дил! чанд туро гуфтам, ки ҳушёр бош»[9,29].
«يا طَيفُ ان غَدَرَ الحَبيبُ تَجَانباً           بينِي و بَينَك موعد لن يخُلَفا »
Яъне: «Ҳон! эй хаёли маҳбуб! агар ӯ бо шикастани паймон аз ман дӯрӣ гузид, миёни ману ту миоде аст, ки ҳаргиз хилоф нахоҳад пазируфт»[9,117].
Афзӯн бар ин се равиш, ба ақидаи Пурномдориён нисбат додани афъол ва авотифи инсонӣ ба ҳайвонот низ аз маъқулаи ташхис маҳсуб мешавад[16,203]. Ин шагард (равиш) сохти ташхис ҳам дар маҷмӯъ дар панҷ маврид дар ашъори арабии Саъдӣ ба кор рафтааст. Аз ҷумлаи «сархати  ноъиби» ба маънои «фарёди зоғ» дар тасвири зер[14,778]:
 
«و ان سَجَعَ القُمريُّ اَهمَّني       لفَقد احِبَّاي كَصَرخَة نَاعب »
Яъне: «Агар субҳгоҳон қумрӣ нағмсароӣ кунад, ба сабаб аз даст додани ёрон, нағмаи вай чун фарёди зоғ андӯҳгинам месозад»[9,29].
Ҳамчунин аст «шикоят бурдан ба паррандагон» дар байти зер:
«Фироқномаи Саъдӣ аҷаб ки дар ту нагирад[14,605].
وان شَكَوت الي الطَيرِ نحن في الوَكَنات      فراقنامۀ سعدی عجب که در تو نگیرد     
Яъне: «Ҷудоии номаи ҷонсӯзи Саъдӣ шигифто, ки дар дили ту коргар намеафтад ва агар ба парандагон шиква мебурдам, дар лонаҳо ба овози баланд мегристанд»[9,763].
 
12- Маводи мушаббаҳа дар истиораи мукания
 Саъдӣ дар сохт ва ироаи истиораи муканния, ба ҳамаи мавод ва  масолеҳ перомуни худ нигоҳе дақиқ доштааст ва қаламрави густардае аз заминаҳои мухталифро ба хидмат гирифтааст. Аз мафоҳими зеҳнӣ ва муҷаррад, ҳамчун хаёл, ваҳм, сабр, роз, ишқ, меҳр, куфр, андеша, зиракӣ гирифта, то мазоҳири гуногуни табиат, ба вижа насим, кӯҳ, сахра,паррандагон, амокни мухталиф, аъзои бадан ва.... метавон гуфт дар ҳеҷ яке аз тасовири истиорӣ, нишоне аз тасануъ ва такаллуф нест, балки ҳосили кашфи табиӣ, шуҳуди шоирона ва завқи саршори шоир аст. Дар идома, ҳар як аз ин маворид ба тартиб басомади корбурд, ҳамроҳ бо шоҳид ва мисол зикр мегардад.
(Идома дорад)

Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)

БОЗГАШТ