АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тасвири бархӯрдҳои мазҳабӣ дар ҳикояи Хоҷа Аҳмад Аббос ”Хандаи пеш аз марг”

Муаллиф: Раҷабов Ҳабибулло

Расм

Хоҷа Аҳмад Аббос (1914-1987) аз ҷумлаи он адибони маъруфи Ҳиндустон мебошад, ки ба хотири саҳми арзанда дар инкишофи адабу фарҳанги ин мамлакат гузоштааш, дар қатори аввалинҳо сазовори чунин мукофоти баланд ба мисли мукофоти “Падма Шрӣ” (Ордени нилуфар) шудааст.

Адиб, ҳамчун аъзои Анҷумани адибони пешқадами Ҳиндустон, бо фаъолияти бисёрҷонибааи худ, ки аз хизмат кардан ба мардум иборат буд, фарқ мекунад. Дар олами фарҳанг ӯро пеш аз ҳама ба ҳайси муаллифи сенарияҳо мешиносанд. Дар тамоми ҷаҳон “Ҷаноби 420”. “Оворагард” ва даҳҳо чунин филмҳо машҳур шудаанд, ки сенарияҳои онҳоро маҳз Хоҷа Аҳмад Аббос навиштааст.

Адиб дар Ҳиндустон ва берун аз он ҳамчун сенариянавис, ҳикоянавис, романнавис ва кинорежисёри бомаҳорат шуҳрат пайдо кардааст. Лекин бояд ёдовар шавем, ки Хоҷа Аҳмад Аббос на танҳо шоҳиди авҷгирии муборизаи тудаҳои васеи мардум муқобили аҷнабиён, балки шоҳиди вазнинтарин бадбахтии ҳиндувону мусулмонҳо буд, ки дар арафаи тақсим шудани Ҳиндустон дар ин сарзамин мушоҳида шудааст.

Вақте ки дар соли 1947 чун хабари ба ду давлат тақсим шудани Ҳиндустон паҳн гардид, чӣ фоҷиае ба сари мардуми ин сарзамин шояд биёяд, онро пеш аз ҳама адибони пешқадам эҳсос намуданд. Онҳо бо ҳар роҳ бо ҳамон имконият ва нерӯе, ки доштанд, кӯшиш мекарданд, то ин нияти ҷудошавӣ сурати амалӣ нагирад, вале душманони ин кишвар тавонистанд ҷабҳаи ягонагии мардумони Ҳиндустонро дучори шикаст кунанд ва ба ҳадафҳои зиддиинсонии худ бирасанд.

Мошини шикастофарини ба ҳаракат омада дигар ба ғайри пеш рафтан, азми таваққуф кардан ва ё пас гаштан надошт. Адибони пешқадам ба мисли Хушвант Синҳ (1915-2014), Яшпал (1903-1976), Бҳишма Саҳнӣ (1915-2003), Иброҳим Ҷалис (1924-1977), Хоҷа Аҳмад Аббос, Вишну Прабҳакар (1912-2009), Амритрай (1921-1996), Моҳан Ракеш (1925-1972) ва садҳо нафарҳои дигар задухӯрдҳои шадиди мазҳабӣ ва оқибатҳои хонумонсӯзи ин айёми ҷаҳолатро дида маҳкум мекарданд. Ҳар кадоме аз ин адибон бо ҳамон андозае, ки задухӯрдҳои мазҳабиро дида буданду шунида буданд, бо ҳамон андоза акси ин воқеаҳоро дар саҳифаҳои асарҳои худашон ҷой медоданд. Ҳангоми сар шудан ва идома ёфтани ин бадбиниҳо, задухӯрдҳо, хунрезиҳо, оташзаниҳо ва тороҷгариҳо ашхоси баёни ақли солимро гӯш мекардагиҳо хеле кам буданд.

Дар он замони ваҳшоният аксарияти мардум фақат ҷоҳиливу ваҳшоният медонисту ба кор мебурд. Ду давлати соҳибистиқлол – Ҳиндустону Покистони озод бунёд шуду бо гузаштани муддате каме оромӣ низ пеш омад, вале дарду алами ҷудошавӣ ва ҷаҳолати бадбиниро нишонаҳо аз ҳар ҷониб намудор мешуданд. Адибон ба хотири мардумонро ҳушдор кардан ва пешгирӣ намудани задухӯрдҳои нави мазҳабӣ дар замони истиқлолияти Ҳинду Покистон боз ба масъалаҳои муноқишаҳои мусулмонҳову ҳиндувон тоза ба тоза бармегарданд. Ҳанӯз ҳам захмҳои соли тақсимшавии Ҳиндустон пурра муолиҷа нашудаанд. Душманони ягонагии Ҳиндустон ҳанӯзам аз ниятҳои шуми худ даст накашидаанд. Агар ҳамин таҳдид намешуд гумон аст, ки Камлешвар (1932-2005) барин адиби замони нав романи “Чанд Покистон”-ро наменавишт.

Хоҷа Аҳмад Аббос – намояндаи насли калонсоли адибони Ҳинд як лаҳзаи задухӯрдҳои мазҳабиро дар ҳикояи “Хандаи пеш аз марг” ба қалам додааст... ва ҳамин лаҳзаҳои тасвиршуда кофист, ки насли имрӯза оид ба зиддиятҳои фоҷиаовари соли 1947 тасаввури равшан дошта бошад. Танҳо нависандаи воқеан инсондӯст метавонад ҳамин тавр таъсирбахш ва хотирмон гузаштаи талхро рӯи коғаз биёрад.

Ҳикояи “Хандаи пеш аз марг” огоҳиест барои онҳое, ки кутоҳандешӣ намуда, фирефтаи сиёсати мардумозорон, ҷангҷӯён ва аз ин ҷо манфиатхоҳон мешаванд.

 

 Ҳабибулло Раҷабов, д.и.ф.

БОЗГАШТ