АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тасвири симои устод Абдушукури Абдусаттор дар равобити адабии тоҷику араб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Робитаҳои мутақобилаи арабу аҷам таърихи мадиди дуҳазорсола доранд. Роҷеъ ба таърихи ин равобит яке аз мунаққидони машҳури тоҷик шодравон А. Абдусаттор чунин нигоштааст: “Маълум аст, ки робитаҳои фарҳангии миёни арабҳо ва  эрониён таърихи хеле тӯлонӣ дошта, оғози он ҳанӯз аз замони Ҳахоманишиниён мушоҳида мешавад. Ин ба замоне мувофиқ меояд, ки марказҳои бузурги тамаддуни арабӣ аз қабили Яман, Баҳрайн, Ҳира ва Ҳиҷоз ногузир гирифтори таъсири сиёсат, фарҳангу тамаддуни императории Эрон буданд ва бар асари ин равобит алфозу ибороти зиёде вориди забони арабӣ гардидаанд, ки теъдоде аз онҳо дар Қуръон низ дида мешавад.”[2, 3].
Чӣ тавре, ки дар боло зикр шуд, равобити адабии аҷаму араб дар асрҳои аввали милодӣ зуҳур намуда, бо омадани дини мубини ислом густариш ёфтанд. Оид ба пайдоиш ва нуфузи ин равобит нависандагони зиёде аз шаш қитъаи замин асарҳои безавол таълиф намудаанд.  Махсусан дар асрҳои миёна дар хилофати арабӣ шоирони дузабона ба амсоли  Йазид ибни Муфарриғ, Асвад ибни Абдукарим ва дигарон пайдо шуданд, ки осорашонро бо забони арабӣ ва форсӣ -тоҷикӣ менигоштанд. Ҳамчунин шоирони форснажоде ба амсоли Исмоил Ибни Ясор, Ҳусайн Мансури Ҳаллоҷ, Мусо Шахавот, Башшор ибни Бурд ва дигарон пайдо шуданд, ки шеърҳояшонро пурра бо забони арабӣ менавиштанд ва забони форсиро ба нудрат истифода мебурданд.  Дар ин давра дар минтақаҳои Эрону Осиёи Миёна забони арабӣ дар соҳаи илм ва фарҳанг ҳукмрон буд. Баъди асри X  зиёиёни кишвар ба навиштани асарҳои форсӣ шурӯъ намуданд. Аммо забони арабӣ ба осори қариб ҳамаи классикони форс-тоҷик таъсир расонид. Масалан, дар эҷодиёти ниёгони тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино,  Мавлоно Ҷаллолиддини Румӣ, Ҳаким Саноӣ, Фариддудни Аттор, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Умари Хайём, Масъуди Саъди Салмон ва дигарон ҳатман метавон таъсири фарҳанги арабиро дид.
Дар давраи советӣ низ равобити адабии тоҷику араб таҳким ёфтанд.  Бояд иқрор шуд, ки  саҳми устод С.Айнӣ, устод М.Турзунзода ва устод Ҷ. Икромӣ барои таҳкими равобити адабии арабу тоҷик дар давраи шӯравӣ бузург аст, зеро маҳз ба шарофати ин абармардон  на танҳо ҷаҳони араб, балки тамоми дунё бо илму фарҳанг ва маданияти баланди тоҷикон огоҳ гаштанд. Асарҳои ин устодон ба чандин забонҳо тарҷума шуда, дар хориҷи кишвар чоп шуданд. Ҳарчанд хонандаи хориҷӣ пеш аз ин ҳам бо эҷодиёти форсизабонон огоҳӣ дошт, вале маҳз бо тавассути китобҳои безаволи ин устодон аввалин бор бо давлати Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуд.
Дар замони истиқлолият низ ин равобит хушбахтона давом дорад ва далели ин гуфтаҳо тарҷумаи осори арабии шоиру нависандагони араб ба амсоли Суод ас – Сабоҳ,  Низор Қаббонӣ,  Холид – ал – Файсал, Ҷамол Абдулносир, Тоҳа Ҳусайн, Абдуалазиз ал  – Мақолеҳ ба забони тоҷикӣ аз тарафи мутарҷими тоҷику араб Н.Назар ва шоирони тоҷик Г.Келдӣ, Қ.Кирром, А.Мирхоҷа ва дигарон мебошад. Ҳамчунин осори классикони мо чун Шайх Камоли Хуҷандӣ аз тарафи номзади илмҳои филологӣ Б. Раҳмадзод ва мутарҷими тоҷику араб А. Ғафуров тарҷума шудааст. Ба ҷуз ин “Хатм–ул–авлиё” –и Ҳаким Тирмизӣ аз тарафи доктори илмҳои филологӣ, профессор У.Ғаффорова ва А. Ғафуров таҳия, тарҷума ва чоп шуд. Мутарҷим А. Ғафуров асари илмӣ - ҷуғрофии Закариёи Қазвинӣ “Осору–л–билод” –ро низ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп намуд. Асари бадеии “Шаҳноза”, ки муаллифаш  доктори илмҳои филологӣ, профессор У.Сафар  мебошад, аз тарафи устоди забони арабии ДДТ, факултаи “Осиё ва Аврупо” Кароматулло Усмонов тарҷума ва нашр гардид.  
Ба ҷуз аз тарҷума баргузор шудани рӯзҳои фарҳангии кишварҳои араб дар Тоҷикистон,  баргузории чорабиниву вохӯриҳои сафоратҳои мамолики Араб бо муассисаҳои илмӣ, кушодашавӣ ва кор кардани гӯшаҳои фарҳангӣ, ҷамъиятҳо ва марказҳои тарҷума далели наздик будани равобити адабиву фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои Араб мебошад.
Хулоса, таърихи равобити адабии арабу тоҷикро наметавон дар як мақола баён намуд. Чандин муҳаққиқони бурунмарзиву ватанӣ  буданду ҳастанд, ки дар ин замина тадқиқоти шоиста бурдаанд.  Масалан, дар кишварҳои арабӣ таърихи адабиёти арабро  якчанд муҳаққиқон пажӯҳиш намудаанд:  Ҷурҷи Зайдон китоби “Таърих одоби –л-луғат ал-арабия” , Аҳмад Ҳасан аз – Зайёт китоби “Таърих -ул- адаби -л-араби”, Тоҳо Ҳусайн  “Таърих -ул- адаби- л-араби”, Ҳасан аз –Зиёӣ “Таърих -ул- адаби-л-араби”, Ҳанно ал – Фохурӣ “Таърих -ул- адаби-л-араби”- ро таълиф намудаанд. Ҳамчунин донишмандони Ғарб Р.Николсон, К.Брокелман, И.Ю.Крачковский,  И.М.Фильштинский, А.Е. Крымский, Б.Я.Шидфарр, Гиб.Х.А, М.О.Аттая ва дигарон роҷеъ ба таърихи адабиёти араб китобҳо навиштаанд.
 Аз Эрон муҳаққиқони номвар Акбари Беҳрӯз “Таърихи адабиёти араб”, Аҳмади Тарҷонизода “Таърихи адабиёти араб”, “Таърихи фарҳанги арабӣ” – и Али Авсати Иброҳимӣ  дар ин мавзӯъ китобҳо  нигоштаанд.  Бори аввал “Таърихи адабиёти араб” бо забони тоҷикӣ аз тарафи муҳаққиқи варзидаи тоҷик шодравон устод А. Абдусаттор манзури хонандагон гардид.
Салоҳ донистем чанд нуктае роҷеъ  ба тадқиқотҳои яке аз  ховаршиносони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, шодравон профессор Абдушукури Абдусаттор  каме маълумот диҳем. 
Адабиётшинос ва мунаққиду донишвари тоҷик устод А. Абдусаттор  муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ - оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири тоҷик мебошад: «Фазоили Қуръон» (1992), «Рӯъяти Қуръон дар шеър» (1997), «Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён» (1998), «Шоирони аҳди Сомониён» (1999; бо ҳаммуаллифии X. Шари­фов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ»; (1999; бо ҳаммуалифии X. Шарифов), «Ҷилои ситораҳо» (2000; бо ҳаммуалифии X. Шарифов), «Арабият дар аҳди Ғазнавиён» (2002), «Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004),  “Асрори шеъри марғуб” (2004). Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо саҳми арзанда гузоштааст.  (2001, 2006).
Ӯ инчунин китоби  «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009).  Лозим ба таъкид аст, ки устод А. Абдусаттор бо тахаллуси Беҳрӯз шеър низ эъҷод менамуд, ки якчанд шеърҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар» нашр шудаанд. Мазкур соли 2000 ба узви Иттифоқи нависандагон ҳамроҳ шудааст.
 Устод Абдушукури Абдусаттор рисолаи номзадиашро таҳти унвони “Ташаккул ва таҳаввули рубоӣ дар адабиёти форс – тоҷик (асри XV)” ва рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Арабская тематика и литература эпохи Газневидов” (Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён) ва “Литературные связи арабов и персов в XI веке”(Робитаи адабии арабу аҷам дар асри XI)  ҳимоя намудааст.
Умуман, профессор  Абдушукури  Абдусаттор  китобҳои сершумореро таълиф намудааст, ки барои пажӯҳишгарон дастури таълиму таҳқиқ маҳсуб меёбад.   Масалан, китоби “Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён” ( Душанбе -2001), ки дар он оид ба  ҷараёни нуфузи фарҳанги арабӣ ва равобити муштараку мутақобилаи Арабу Аҷамро гуфта шудааст, китоби хеле пурарзиш аст.   Боби аввали китоби мазкур роҷеъ ба заминаҳои истиқбол ва интишори арабият дар адабиёти форсӣ буда, аз ду фасл: 1. “Заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии интишори арабият ва ислом”. 2. “Ҷараёни нуфузи арабият ва ислом дар адабиёти форсӣ” иборат мебошад. Боби дуюм бошад, “Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён” ном дошта,  ду фаслро дар бар гирифтааст: 1. “Таҳаввулоти сиёсӣ –иҷтимоии ҳукумати Ғазнавиён ва нақши он дар адаби форсӣ”. 2.”Шаклҳои истиқболи арабият дар шеъри даргоҳи Ғазнавиён”.
Шодравон профессор  А. Абдусаттор дар ин китоб бештар роҷеъ ба таъсири арабият дар шеъри аҳди Ғазнавиён, мавзӯву мундариҷа, истиқболи амсолу ашъори арабӣ, оёту ҳадис навиштааст. Чи хеле,  ки муаллиф  нигоштааст: “Дар ин китоб яке аз масъалаҳои муҳими марбут ба ин мавзӯъ, яъне таъсири арабият дар шеъри аҳди Ғазнавиён аз лиҳози унсурҳои забонӣ, мавзӯву мундариҷа, истиқболи амсолу ашъори арабӣ, оёту ҳадис ва соири онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст”.  [1, 16]
Чунин ба назар мерасад, ки ин давра, яъне асрҳои X – XI- ро интихоб кардани профессор А. Абдусаттор аз он сабаб аст,  ки маҳз ҳамин давра замони бунёд ва ташаккули адабиётӣ форсӣ маҳсуб меёбад. Чун дар ин давра осори нависандагон дар сабки Хуросонӣ буда ва тадриҷан сабки ироқиро гирифтааст, аз ин лиҳоз устод ин давраро дар меҳвари тадқиқот қарор додааст ва ба қиёси оёту ҳадис, амсолу ашъор, қолабҳои шеърӣ руҷӯъ намудааст.
Китоби дигари устод  А. Абдусаттор “Фарҳанги арабӣ ва адабиёти аҳди Ғазнавиён” мебошад (Душанбе -2015), ки  ин монография  аз се боб иборат аст.  Боби аввал “Заминаҳои истиқбол ва интишори арабият дар адабиёти форсӣ” мебошад, ки дар ин боб сухан роҷеъ ба заминаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии интишори арабият ва ислом, ҷараёни вуруди арабият ва ислом дар адабиёти форсӣ, истиқболи арабият ва ислом дар адабиёти аҳди Сомониён ва ғайра зикр шудааст. Муаллиф дар боби дуюм, ки “Истиқболи арабӣ дар адабиёти аҳди Ғазнавӣ” ном дорад, матолиби марбут ба таҳаввулоти сиёсӣ – иҷтимоии ҳукумати Ғазнавиён ва нақши он дар адаби форсӣ, шаклҳои истиқболоти арабӣ дар шеъри дарбори Ғазнавӣ, вуруди унсурҳои арабӣ, истиқболи оёту аҳодис, Манучеҳрӣ ва адабиёти араб, “Варқа ва Гулшоҳ”- и Айюқӣ ва масъалаи истиқболи сужет ва ғайраро мавриди диққати назар қарор додааст. Боби севвум  масъалаҳои марбут ба истиқболи мавзӯъ, анвои адабӣ, қолабҳои шеърӣ, арӯз, қофия, бадеъ, масъалаи истиқболи арӯзро дар бар гирифтааст. Ин китоб ҳамчун дастури таълиму пажӯҳиш   дар шинохти маъхазҳои арабии забону адабиёти тоҷик барои донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷику араб маҳсуб меёбад. Чуноне ки худи устод А. Абдусаттор дар ин бора дар  муқаддимаи китоби мазкур  навиштааст:
“Дар ин китоб бори нахуст саъй карда шуд, ки аз диди нав ва орӣ аз ағрози сиёсиву мафкуравӣ ҷараёни нуфузи фарҳанги арабӣ дар шеъри форсӣ ва шаклҳои истиқболоти арабият дар шеъри форсӣ ва мухтассоти равобити муштарак ва мутақобилаи адабиёти Арабу Аҷам, заминаҳои сиёсиву иҷтимоии ин равобити адабӣ ва натоиҷи он барои фарҳанги ҳарду миллат ба таври муфассал ва ҷамъбасткунанда нишон дода шавад”. [7,14].
Ҳамчунин ба қалами устод  А. Абдусаттор китоби “Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён” [4] тааллуқ дорад, ки китоби зикршуда масъалаҳои марбут ба талмеҳоти эронӣ ва исломиро дар бар мегирад.
Китоби дигари устод “Таърихи адабиёти араб” аз ду муҷаллад иборат аст, ки китоби аввал (Душанбе 2012), таърихи адабиёти араб аз аҳди ҷоҳилият то давраи Аббосиёнро фаро гирифтааст.  Қабл аз ин И. Ю. Крачковский, И.М. Филштинский, Б.Я. Шидфар, М. О. Аттая, А. Е. Крымский , Ҳанно ал – Фохурӣ, Ҷурҷи Зайдон, Тоҳо Ҳусайн, Аҳмад Ҳасан аз – Зайёт  ва дигарон дар ин  масир китобҳои арзишманд таълиф намудаанд, вале ин сарчашмаҳо танҳо бо забони русӣ  аз тарафи олимони рус ва арабӣ аз тарафи муҳаққиқони араб таълиф шудаанд. Чӣ тавре, ки дар боло зикр шуд, шодравон  А. Абдусаттор барои адабиёти тоҷик хидмати шостаеро анҷом додааст, ки маҳз ба шарофати ӯ “Таърихи адабиёти араб” бори аввал бо забони тоҷикӣ пешкаши хонандагону пажӯҳишгарон гаштааст.
Зимнан, муаллиф дар ин бора дар муқаддимаи китоби “Таърихи адабиёти араб” (китоби аввал) чунин навиштааст:
“Бо назардошти ҳамин ниёзҳо мо саъй намудем, ки бори нахуст таълифи китоби “Таърихи адабиёти араб” – ро ба забони тоҷикӣ анҷом бидиҳем ва дар марҳалаи нахустин дар бораи таърихи адабиёти араб аз оғози он, яъне аз аҳди ҷоҳилият то истилои муғул, ки фосилаи замонии беш аз ҳашсадсоларо фаро мегирад, таваққуф намоем. [5, 6-7].
Профессор  А. Абдусаттор дар китоби “Таърихи адабиёти араб” [5] (китоби аввал) доир ба вазъи иқтисодию сиёсӣ ва ҷуғрофию табии нимҷазираи Арабистон қабл аз ислом маълумоти пурра дода, роҷеъ ба аслу насб ва нажоди арабҳо, дини арабҳои қарни ҷоҳилият, адабиёти араб дар давраи ҷоҳилият, шеъри аҳди ҷоҳилӣ, намояндагони давраи зуҳур ва ташаккули шеъри аҳди ҷоҳилӣ, соҳибони муаллақот, адабиёти аҳди хулафои Рошидин ва Умавиён, вазъи нимҷазираи Арабистон пас аз зуҳури ислом, намояндагони шеъри муборизаи динӣ, намояндагони шеъри ғиноӣ ва ғазали бадавӣ ба таври муфассал навиштааст. Китоб бисёр оммафаҳм буда, барои пажӯҳишгарону омӯзгорони фанни забони арабӣ, ҳамчунин донишҷӯёну омӯзандагони ин забон дастуру раҳнамо ва ҳамчун китоби рӯимизӣ маҳсуб меёбад.
Қисми дуввуми китоби “Таърихи адабиёти араб” [6]  (Душанбе -2010)  адабиёти аҳди Аббосиёнро дар бар гирифтааст. Муҳаққиқи номвар А. Абдусаттор вазъи сиёсӣ – иҷтимоӣ ва таъсири он ба адабиёти аббосиён, шеър дар он давра, намояндагони мактаби адабии Бағдод дар давраи таҷаддуд (навоварӣ), наср дар аҳди Аббосиён, вазъи илм дар он давра, наҳзати тарҷумонӣ ва таъсири он ба ривоҷи илм, намояндагони улуми адабӣ, адабиёти арабӣ – андалусиро тадқиқу баррасӣ намудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз донишҷӯёни факултаи забонҳои шарқи донишкадаҳои Тоҷикистон аз рӯи китоби фавқуззикри профессор А. Абдусаттор аз фанни “Таърихи адабиёти араб” дарс мехонанд.
Китоби дигари муҳаққиқи зикршуда “Рӯъяти Қуръон дар шеър” (1997) мебошад, ки маҷмӯи мақолаҳои марбут ба оёти қуръонӣ дар шеър,  таронаҳои ирфонӣ, саргузашти паёмбарон ва ғайраро дар бар гирифтааст.
Муаллиф таъсири маонии Қуръонро, ки  дар осори шоирони бузургвор ба амсоли Рӯдакӣ, Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳаким Саноӣ, Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав инъикос ёфтаанд, мавриди диққати хеш қарор додааст.
Бояд гуфт, ки дар китоби мазкур махсусан мақолаи “Таъсири саргузашти паёмбарон дар “Қиссаи Амир Ҳамза”  ҷолиби диққат аст. Чӣ хеле, ки профессор А. Абдусаттор  дар ин бобат зикр намудааст:
“Қиссаи Амир Ҳамза”, ки бо унвонҳои “Румузи Ҳамза” ва “Ҳамзанома” низ маъруф аст, хонотарину роиҷтарин кутуби мусалмонони олам маҳсуб мегардад, дар баробари романи паҳлавонӣ будан, решаи мазҳабӣ низ дорад ва дар бораи корнамоиҳои амаки паёмбари ислом (саллаллоҳи алайҳи ва саллам) – Амиралмӯъминин Ҳамза ибни Абдулманоф ривоят мекунад”. [3, 46].
Мақолоти дигари китоб бошад, оид ба масоили мазомини қуръонӣ дар шеъри Рӯдакӣ , арабият дар шеъри Камол мебошанд.
Ҳамчунин китоби “Равобити адабии арабу аҷам дар асри XI”, ки ба қалами муҳаққиқи донишманд А.Абдусаттор мутааллиқ аст, яке аз китоби муҳимтарин дар адабиёти мутақобилаи арабу аҷам маҳсуб меёбад. Навиштаҷоти муаллиф роҷеъ ба мазмуну мӯҳтавои китоби мазкур чунин аст: “Китоби ҳозир дар бораи ду лаҳзаи ҳамин таъсир дар таърихи адабиёти форсу тоҷик, яъне дар асри XI баҳс мекунад ва масъалаи маъхазҳои арабии достони “Варқа ва Гулшоҳ” – и Айюқӣ ба ашъори Манучеҳри Домғониро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.” [2, 3].
Аз тадқиқотҳои профессор  А. Абдусаттор пайдост, ки ӯ барои таҳкиму такмилу тараққиёти адабиётшиносиву арабшиносӣ ва равобити мутақобилаи адабии форсу араб тадқиқоти сершумор  бурда, дар ин ҷода саҳми босазое гузоштааст.
 
                                   Пайнавишт:
 
  1. Абдусаттор А. Арабият ва адабиёти аҳди Ғазнавиён. Душанбе - 2001, – 220 с, cаҳ.
  2. Абдусаттор А. Равобити адабии Арабу Аҷам дар асри XI. – Душанбе : Файз, 2004. –55с, саҳ. 3.
  3. Абдусаттор А. “Рӯъяти Қуръон дар шеър” (мақолаҳо), Душанбе-1997. – 76 с, саҳ.46.
  4. Абдусаттор А. Талмеҳ дар шеъри аҳди Сомониён. Душанбе – 1998. – 70с.
  5. Абдусаттор А. Таърихи адабиёти араб. (Китоби аввал) – Душанбе- 2012, - 275 с, саҳ.6-7.
  6. Абдусаттор А. Таърихи адабиёти араб. (Китоби дуюм)– Душанбе: Шуҷоиён, 2010 - 260 с.
  7. Абдусаттор А. Фарҳанги арабӣ ва адабиёти аҳди Ғазнавиён. Душанбе: “Бухоро”, 2015. – 430 с, саҳ.14.
 
 
                          Каримова Шохона
        Ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва
   Наздики Институти Осиё ва Авпупои АМИТ

БОЗГАШТ