АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тазоҳуроти Эрон аз нигоҳи таҳлилгарони сиёсии араб

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   Ховари Миёна яке аз минтақаҳои муҳим аз нигоҳи қавмӣ, мазҳабӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва тамаддунӣ ба ҳисоб рафта, аз аҳди бостон то ин замон пайвандгари Шарқу Ғарб дониста мешавад. Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ин минтақа мавзеи бархӯрди абарқудратҳои ҷаҳон будааст, ки ин бархӯрдҳо аслан ба хотири дастёбӣ ба манобеи муҳими табиӣ ба вуқуъ мепайвастанд.    Эрон яке аз кишварҳои Ховари Миёна буда, дорои арзишҳои таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар соли 1979 давлати Эрон ҷиҳати таҳқиқи ҳадафҳо, манфиат ва пиёда намудани стратегияи ояндаи низоми сиёсии худ такя бар арзишҳо ва эътиқодоти дини ислом намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ташаккули равандҳои байналмилалӣ ва таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсир гузорад.
   Мавқеи муҳими геополитикии Ховари Миёна ин минтақаро маркази қудрату нуфуз гардонидааст ва нуфузи Эрон дар минтақа таърихи қариб сеҳазорсола дорад, ки  бо Империяи Рум ҳамрадиф аст[1].
   Имрӯз иддае аз кишварҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дар заминаи бархурди манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифтори ҷанг, низоъ, бесарусомонӣ, тазоҳурот ва ошӯб мебошанд. Аз Гонконгу нимҷазираи Араб, кишварҳои африқоӣ ва аврупоӣ сар карда, то Амрикои Ҷанубӣ бо ин мушкилот дасту панҷа нарм мекунанд.
   Эрон ҳамчун кишвари пуриқтидор дар муқобили кишварҳои гирду атрофаш барои таҳкими ҷойгоҳи сиёсии худ дар минтақа талош мекунад. Ин раванд дар Ироқ, Сурия, Яман, Баҳрайн, Лубнон, Арабистони Саудӣ ва бахшҳое аз қитъаи Африқо таъсир гузоштааст[1]. Ҳамзамон, эроншиносони кишварҳои араб чунин андеша меронанд, ки нуфузи Эрон баъди ҳуҷуми ИМА ба Ироқ дар соли 2003 хеле бештар аз пештар гардид[1]. Аммо таҳримҳои иқтисодии ИМА ва ҳампаймононаш ба суръати рушди ҷомеаи эронӣ, аз лиҳози иқтисодӣ таъсири манфӣ расонд[1].
   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои абарқудрат кӯшишҳои Эронро барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ монеъ мешаванд ва мехоҳанд, ки ин кишвар заиф бимонад.
   Абдулборӣ Атвон таҳлилгар ва шореҳи машҳури араб дар бораи тазоҳуроти Эрон чунин назар дорад: «Ман мутмаинам президенти ислоҳотхоҳи Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вақте нархи бензинро аз рӯзи ҷумъа шуруъ карда, 50% барои 60 литр ва изофа аз ин ба 200% боло бурд, ин як тасмими дурусти иқтисодӣ дар вақти номувофиқ буд. Зеро ин қарор норозигии шадиди мардум ва эътирозҳоро дар шаҳрҳои мухталифи Эрон яку якбора ба бор овард»[6]. Ин таҳлилгари ботаҷриба вазъияти имрӯзаро шарҳ дода мегӯяд, ки ҳоло иқтисоди кишвар мушкилоти зиёдеро пушти сар карда истодааст. Бо сабаби таҳримҳои иқтисодии ҷорикардаи ИМА алайҳи Эрон, иқтисоди ин кишвар ба вазъи буҳронӣ дучор шудааст. ИМА бо ин васила мехоҳад Эронро ба нишасти дубора сари мизи музокирот водор намуда ва ӯро маҷбур созад, ки барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии худро бекор кунад[6].
   Бояд қайд намуд, ки ин тазоҳуроти мардум дар Эрон фақат дар заминаи мушкилоти иқтисодӣ ба вуҷуд наомадааст. Дороии нафтии Эрон имрӯз 10%-и нафти ҷаҳонро ташкил медиҳад[1]. Чунонки медонем, эълони болоравии нархи сӯзишвории бензин сабаби яку якбора сар задани тазоҳуроти мардум гардид. Сухангӯи расмии ҳукумати Эрон ин тазоҳуротро хеле шадид шуморида ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳамсанг донистааст. Муҳаммад Нофеъ, рӯзноманигор  ва шореҳи дигари араб, мегӯяд, ки агар ба ин тазоҳурот баргардем, тавре, ки баъзеҳо пешбинӣ мекунанд, ин мушкилии бензин нест, балки идомаи бадшавии вазъи зиндагӣ дар кишваре мебошад, ки дар он беш аз ҳаштод миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва чунин тазоҳуроти оммавӣ аслан дар заминаи мушкилоти иқтисодӣ рух додааст[3].
   Аз кишварҳои арабӣ, ки бештар дар ҷанги ғайримустақим бо Эрон даргираст, Арабистони Саудӣ мебошад. Бештари кишварҳои арабӣ Эронро барои дахолат карданаш дар умури дохилии Яман, Лубнон, Ироқ ва Сурия маҳкум мекунанд ва аз ин кор норозӣ ҳастанд.
   Бо нақл аз хабарнигории «Reuters» шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз рӯзи 20-уми ноябри соли 2019 аз Эрон даъват кард, ки аз «Тафаккури тавсеъа» дар кишварҳои арабӣ даст кашад, зеро ин «ба мардуми Эрон зарар расонидааст». Ин сухан дар вақте гуфта шуд, ки мардуми Эрон ба хотири афзоиши нархи сӯзишворӣ-бензин ба эътироз баромада буданд[7]. Инчунин, ӯ дар назди Маҷлиси Шӯрои кишвараш баён намуд: «Умедворем, ки низоми Эрон роҳи оқилонаву ҳикматро интихоб карда ва дарк хоҳад кард, ки на бо мавқеъгирии муғризона, балки маҳз бо гуфтумони дипломатӣ метавон роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кард. Агар Эрон тундравӣ кунад, пеш аз ҳама ба иқтисоди худ зиён мерасонад»[7].
   Ин суханон дар вақте гуфта мешавад, ки тазоҳуроти ҳаммисл ҷиҳати тағйири ҳукм алайҳи синфи сиёсии ҳукмрон дар Лубнон ва Ироқ оғоз ёфта буд. Аммо бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисодӣ ва таҳримҳои густардаи ИМА, Эрон барномаи ҳастаии худро дубора аз сар гирифта, хоҳони тавофуқномаи дигари ҳастаӣ намебошад[7].
   Эрон бори аввал нест, ки чунин як тазоҳуроти густардаро аз сар мегузаронад, аммо ин дафъа анбуҳи бузурги муътаризон беш аз 100 минтақаро фаро гирифтааст. Дар иртибот ба ин масъала суханони валиаҳди саудӣ, Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон дар барномаи «ал-Ихбория»-и Саудӣ ба ёд меояд, ки гуфта буд: «Медонем, ки пас аз инқилоби Хумайнӣ стратегияи тавсеъаталабӣ пеш гирифта шуд. Медонем, ки режими Эрон Саудиро ҳадафи аслии худ қарор додааст, қиблаи мусалмононро ҳадаф қарор додааст. Пас мунтазир нахоҳем монд, то набард ба даруни Саудӣ кашида шавад, балки ба гунае иқдом хоҳем кард, ки набард ба даруни Эрон кашида шавад»[4].
   Доктор Ҳасан Мурҳиҷ нависандаи фаластинӣ, ба ин назар аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва ҷангии Ховари Миёна, Америка бо баланд шудани оташи ташаннуҷ мехоҳад, ки вазъияти дохили Эронро дар радифи тазоҳуроти мардумии ҳамсояҳояш дар Ироқ ва Лубнон шиддат дода, ҳузуру нуфузи Эронро дар минтақа заиф кунад[5]. Ӯ қайд менамояд, ки Эрон як қувваи амалкунандаву таъсиргузор дар бештари масъалаҳо мебошад ва бояд нақши онро маҳдуд намоянд. Ин амал бо суқути режими мавҷуда ва ба сари қудрат овардани гурӯҳи сиёсие, ки бо манфиатҳои Америка дар минтақа мувофиқ бошад, равона шудааст[5].
   Ҷанг ягона роҳи ҳалли масъалаҳо нест, балки роҳҳои гуфтугӯ ва мусолиҳа бо истифода аз нерӯи зеҳнӣ ҳамагонро аз харобию нестӣ наҷот медиҳад. Ин паҳлуи муҳими робитаро дар гуфтугӯи валиаҳди Саудӣ, ҷавони ояндабин бо канали CBS news-и амрикоӣ мушоҳида намуда, андешаи ӯро роҷеъ ба истифода набурдани қувваи низомӣ дар муносибат бо Эрон равшан менамояд ва орзӯ намекунад, ки ин қазия бо истифода аз қувваву ҷангу куштор ҳал гардад, зеро «ҳалли сиёсию сулҳҷӯёна аз ҷангу хунрезӣ бисёр беҳтар аст»[7] таъкид намуд Муҳаммад ибни Салмон дар мусоҳибааш.
 
Абдуҳалим ОДИНАЕВ,
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
кормандони Институт
   Адабиёт:
  1. Қувваи нарми Эрон дар Ховари Миёна, д-р Айёд ал-Маҷолӣ, д-р Алӣ Ториқ аз-Зубайдӣ, устод Ҳайба Ғарбӣ. Маркази демократии арабӣ (D.A.C). (https://democraticac.de/?p=61041) القوة الناعمة لإيران في الشرق الاوسط
  2. Муҳаммад ибни Салмон. (Дар як мусоҳибаи истисноии бо CBS) 30.09.2019. Агентҳо. (www.albayan.ae/one-world/arabs/)محمد بن سلمان: أفضل الحل السياسي للأزمة مع إيران
  3. На ба сабаби ҳисоби нархи бензин, эй Эрон. Муҳаммад Нофеъ, рӯзномаи електронии Аморотӣ, 20.11.2019. (al-ain.com) ليس بسبب أسعار البنزين يا إيران
  4. Саудӣ: Набард бояд ба Теҳрон интиқол дода шавад. 07.07.2017 (https://youtu.be/DlS4jKr1PRY)
  5. Тазоҳуроти Эрон.. омӯзиши вақти баргузорӣ ва ҳадафҳои он. Дуктур Ҳасан Мурҳиҷ. 17.11.2019. (www.raialyoum.com) تظاهرات إيران.. قراءة في التوقيت والدلالات
  6. Чаро тазоҳурот дар Эрон бар асари гарон шудани нархи бензин афзоиш кард? Рӯзномаи «Назари имрӯза». 16.11.2019. (raialyoum.com) لماذا انفَجرت المُظاهرات في إيران على أرضيّة ارتِفاع أسعار البنزين؟
  7. Шоҳ Салмон аз Эрон даъват мекунад, ки аз "тафаккури густаришӣ" даст кашад... " ба мардумаш зиён расонидааст". Сарчашма:(AFP) 20 ноябри соли 2019. (annahar.com)الملك سلمان يدعو إيران للتخلّي عن "الفكر التوسّعي"... "أضرّ بشعبها ".

БОЗГАШТ