АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Технология ва истифодаи дурусти он дар рушди ҷомеаи хушбахту ҳушманду ҳушёр

Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид

Расм

Нақши донишмандону муҳаққиқон, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар тарбия ва таълими ҷомеаи солиму созандаву сарфароз муҳим буда, яке аз воситаву роҳҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Масоили мубрами илмҳои технологӣ, педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир аз масъалаҳои муҳимми илмҳои гуманитарӣ, табииву риёзӣ ва мубрами замони муосир буда, донистану огаҳӣ аз онҳо барои насли наврас хело муҳим арзёбӣ мешавад.

Дар ин зимн, мехоҳем дар мавзуи “Технология ва истифодаи дурусти он дар рушди ҷомеаи хушбахту ҳушманду ҳушёр” суханронӣ намуда, мубрамияти онро баён фармоем.

Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мардумони Осиёи Марказӣ аз қадимулайём дорои илму маърифат, ҳунару маҳоратҳое буданд, ки оламиёнро бо чунин шарофат, санъат тасхиру мафтуни худ гардониданд.

Илму маърифат, забону адаб ва меъморӣ аз васоиле мебошанд, ки тавассути онҳо фарҳанг, сиёсат ва ҳунару маҳоратҳои халқӣ шаффофу ошкоро инъикос меёбанд. Забону адаб, фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ аз рӯи дастовардҳо арзёбӣ ва баҳо дода мешаванд.

Имрӯз осори онро мо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Туркманистону Қирғизистон ва дигар манотиқ мушоҳида менамоем, ки аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо ҷаҳонро бо чунин заковату санъат ва ҳунарашон равнақ дода, зебову тазйин додаанд. Дар ин зимн, ҷойгиршавии макону минтақаҳои гуногун аз ҷумла Душанбе, Ҳисору Ҳулбук, Бухорову Самарқанд, Тошканду Куқанд, Хоразму Хуҷанд, Марву Мароканд, Искандаркулу Исиккул аз шаҳрҳои бостоние мебошанд, ки навоҳии Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор дошта, заминаҳоро дар рушду нумуи илму маърифат, сайру сайёҳат ва савдову тиҷорат фароҳам овардааст.

Қобили зикр аст, ки донишмандону аҳли адаб, санъату маҳоратҳо ва маконҳо на танҳо комёбию бозёфтҳои онҳо буда, балки таҷассумгари анъанаи бой ва нозукиҳои илму маърифат, забону адаб ва санъати меъмории Осиёи Миёна низ мебошад, чунки бо ҳамдастии донишмандону муҳаққиқон ин манотиқ зебову шодон ободу дизайнкорӣ шудаанд.

Дар ҳақиқат, халқу миллатҳо, кишвару давлатҳо бо шаҳрвандони донову доро, муаддабу бовиқор ва зираку ҳушёр, маконҳову шаҳрҳо ва деҳаҳову маҳаллаҳо дар партаву чаҳорчӯбаи хираду дониш, фарҳангу фаросат ва худшиносиву худогоҳӣ, рушду нумуъ ёфта, дараҷабандиву раддабандӣ шуда, сазовори мақому мартаба гардида, дар ҷаҳон боқӣ мемонанд. Онҳо тавассути таълиму тарбияи аҳолӣ аз ҷумла, ҷавонон ҷомеаи солиму созанда ё ба истилоҳи дигар ҷомеаи ҳушманд месозанд.

Мавриди зикр аст, ки ибора ё термини “шаҳри интеллектуалӣ” ё ҳушманд, “smart city” бо забони англисӣ «умный город» бо забони русӣ имрӯз байни мо маъруфият ёфта, забонзадаи ҳама гаштааст. Барои нигорандаи сатрҳо хело ҷолибу хотирмон аст, ки яке аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе зери ибораи “Хона ё бинои ҳушманд” (“smart home”) бунёд гардидааст, ки аз эҷоду сохтани шаҳрвандони ҳушманд гувоҳӣ медиҳад.

Тибқи баррасиҳо, ин термин нисбат ба шаҳру маҳаллаҳое гуфта мешавад, ки барои ҷамъоварии иттилоот аз намудҳои гуногуни абзору дастгоҳҳои сенсорӣ ва усулҳои электронӣ истифода карда, ба сокинон шароиту имконоти саривақтиву заруриро фароҳам меоваранд.

Ҳамин тариқ, маълумот тавассути шаҳрвандон, дастгоҳҳо ва захираҳои шаҳрдорӣ, идоракунии ҳаракати нақлиёт ва системаҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва иншооти шаҳрӣ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, идоракунии партовҳо, ошкоркунии ҷиноятҳо, системаҳои иттилоотӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, беморхонаҳо ва дигар хадамоти иҷтимоӣ ҷамъоварӣ шуда, мавриди амал қарор мегиранд, ки мақсаду ҳадафи асосии “шаҳри интеллектуалӣ” ин ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои гуногуни физикии ба шабакаҳои пайвастшудаи интернетӣ барои фароҳамсозии хадамоти фарогир ва иртибот бо шаҳрвандон мебошад. Истифодаи дурусти он ба роҳбарону мансабдорони шаҳр имкон медиҳад, ки мустақиман бо ҷомеа ва зерсохторҳо робита дошта, ба талабу ниёзҳо ва арзу шикоятҳо фавран ҷавоб диҳанд.

Халлоқият, омӯзиш ва донишмандӣ аз хусусиятҳои чунин “шаҳрҳои ҳушманд” мебошад, ки ҷомеаҳои озоду ободу ором месозанду умр ба сар мебаранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарёфти Истиқлолият дар соли 1991 муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуда, бо мардумони бохираду бофаросат ва роҳбарони худ Ватанро дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ онро гулгуншукуфон сохтанд.

Бештари масоили педагогӣ, иҷтимоӣ ва фанҳои дақиқ аз ҷониби коршиносон бо зикри мисолу масъалаҳои таҷрибавӣ маънову мафҳум ва шарҳу тавсифҳо барои иштирокчиён фаҳмондадиҳӣ гардид, ки аз нукоти муҳими Форум ба ҳисоб меравад, то ки аз масоили мубрами рӯз огаҳии дуруст ёфта, малакаву касбияти худро боз ҳам қавитар гардонида, ҷомеа ва аҳли онро солиму созгору сарфароз тарбият намуд.

Ҷомеаи интеллектуалӣ як шакли пешрафтаест, ки бо системаи коркарди рақамии маълумот ҳамчун интиқолдиҳандаи асосии он мебошад. Бо вуҷуди ин, идоракунии оқилона он хело душвору мураккаб буда, ҳанӯз бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст. Бо дарназардошти чунин мубрамият дар аввал, ин тадқиқот стратегияи модернизатсияи идоракунии оқилонаи ҷомеаро месозад. Дуюм, тарзи инноватсионии механизми идоракунии ҷомеа, ки тавассути технологияи рақамӣ асос ёфтааст, пешниҳод карда мешавад, аз ҷумла назорати дақиқи зеҳнии рақамӣ, истифодаи оқилонаи интернетӣ, таҷдиду тармими тавонмандсозии системаҳо ва хидматрасонии онҳо. Сеюм, ин тадқиқот ба таври мунтазам амалияи модернизатсияи идоракунии ҷомеаи оқилонаро аз ҷанбаҳои бунёди платформаи асосии иттилоотӣ, сохтани системаи арзёбӣ, намоиши татбиқи пешгирии эпидемия ва назорати тавассути додаҳои калон асосёфта, дастгирии зеҳни фазоӣ ва технологияи зеҳни сунъӣ барои зиндагии мардум, кампуси интеллектуалӣ, захираҳои ҷамъиятӣ ва намоиши барномаҳои идоракунии додаҳо барои пешниҳоди роҳнамоии назариявӣ барои пешбурди навовариҳои технологияҳои рақамӣ дар раванди идоракунии ҷомеаи оқил таҳияшуда хидмат мекунанд.

Дар муқоиса бо шаҳрҳои интеллектуалӣ, ҷомеаи ҳушманду оқил метавонад шаҳрванди интеллектуалӣ тарбият карда, талошу саъй менамояд то дар рушди ҳамаҷониба ва таваҷҷуҳи бештар намояд. Эҷоди ҷомеаи оқилона заминаи муҳими қонеъ кардани ниёзҳои рӯзафзуни мардум ба зиндагии беҳтари онҳо мебошад. Он тавсеа ва тавсеаи як шаҳри интеллектуалиро боз ҳам васеътар мекунад ва масъалаҳоеро ба мисли монеаҳо байни шуъбаҳо ва минтақаҳои гуногун, маконҳои ҷудогонаи иттилоот ва набудани огоҳии мардум дар сохтмони шаҳрҳои интеллектуалӣ дар гузашта ҳал мекунад. Бо ин роҳ, навоварӣ ва гузаштан аз шаҳрҳои интеллектуалӣ ба даст оварда мешавад. Ташаккули ҷомеаи интеллектуалӣ зиндагии қулай, бароҳат, рангоранг, муассир ва оқилонаи иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад. Он инчунин баъзе хатарҳои бесобиқаро ба бор оварда, давраи нави идоракунии ҷомеаи оқилонаро кушод.

Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии забону адабиёт, муҳаққиқу мутааллим ва таҳлилгар бо истифода аз ченаки санҷишии чӣ, кӣ, кай, чарову чӣ хел, дар куҷо ва роҳҳои муосири таълиму тарбия аз маърузачиён бо мисолҳои ҷаззоб ва бозиҳои интерактивӣ баён мегардад. Масоили мубрам ва доғи рӯз аз қабили ҳамгироии илмиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди илму маърифат ва баҳсҳои илмӣ ва роҳҳои пешгирии хатару хатарафсоиҳо миёни мамолики ҷаҳон ва пайомадҳои манфии он ба мардумони осоиштаи ҷомеа ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо бо истифода аз доштани нақша, ҳамқадами замон, дақиқу кӯтоҳу пурмазмун будан ироа шуда, таҳлилу баррасӣ гардиданд, ки аз муҳимтарин нукоти омӯзиш ва дарки масоили мубрами замони муосир мебошанд.

Роҳу равишҳои навини педагогӣ бо истифодаи методҳои муосир, ки аз мақсадҳои семинари омӯзишӣ аз ҷумла, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд, ба роҳ мондани мусоҳибаҳои дуруст бо коршиносони соҳавӣ чӣ аз иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилоот, ҳамлу нақл ва бехатариву экологӣ буд, барои камина бениҳоят ҷолибу хотирмон ва саривақтӣ ба шумор мерафт.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки чунин конфронсу форумҳо бо ҷалби олимону мутахассисони моҳиру барҷастаи кишварҳо заминаро барои сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд ба мисли шаҳру маҳаллаҳои ҳушманди ҷаҳон нақши калидӣ гузошта, зери шиори “Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеа созгору солиму сарфароз” бо қадамҳои устувор ва ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ ба сӯи қуллаҳои баланд раҳсипор гашта, мардумонро аз хатару таҳдидҳои номатлуб огоҳ карда, минтақа ва ҷаҳонро Озоду Ободу Ором нигоҳ медоранд.

Зеро таълиму тарбияи ҷомеа аз ҷумла, ҷавонони бохираду ҳушманд муҳим арзёбӣ шуда, ҳадафи таълим аз як сӯ интиқоли муассири мероси фарҳангӣ, низомҳои эътиқод ва салоҳиятҳо аз як насл ба насл ва аз сӯи дигар роҳи тавонбахшӣ ва таҳкими зеҳни инсон аст.

Инсони донишманди ҷомеа тавассути илму донишу таълим мехоҳад, ки ҷавонон раванди тафаккури интиқодӣ, таҳлили амиқ ва пурсишҳои доимӣ ба худшиносӣ комёбӣ ҳосил намоянд. Чунин шахсият ҷавононро ташвиқ мекунад, ки тафаккури саволу пурсиш таълиму тарбия гирифта, баҳсҳои боандеша дошта бошанд. Ба эътиқоди чунин донишмандон, таҳсилот бояд ҷавононро барои амалӣ сохтани нерӯи эҷодии худ, ки метавонад ба манфиати бештари ҷомеа истифода шавад, илҳом бахшад. Маҳз ҳамин дастёбӣ ба фардият ё худшиносии онҳо заминаҳо гузошта, онҳоро бо донишу малака ва хирад ба фардои нек омода месозад. Илова бар ин, шахси хирадманд ҷавононро ташвиқ мекунад, ки ҳамчун донишманди эҷодкор тарбият ёфта, ба тавоноии шуури инсон ва бештар ба динамизми чавонии худ боварӣ дошта бошанд.

Дар ин зимн, бояд таъкид кард, ки донишмандону муҳаққиқон мушатаракона метавонанд дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва формулаи эҷодшудаи камина аз “PEACE” ё ба ибораи дигар

Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу субот

Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ

Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо

Cooperation-ҳамкорӣ

Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ доранд.

Дар воқеъ чунин маҳфилу форумҳои илмӣ дар маконҳои хуби сайёҳии кишварҳои минтақа барои рушди илму маърифат муфиду муҳим буда, муҳаққиқонро сари дастархони хираду маърифат ҷамъ оварда, тавассути онҳо масоили мубрамро ҳаллу фасл намуда, ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои олӣ дар партави озодиву оромиву ободӣ рушд медиҳад. Ташаббусҳову ташаббусгарони чунин маҳфилҳоро метавон аз фуруғдиҳандагони машъали илму маърифат донисту икдомҳои онҳоро бояд дастгирӣ карда, амалӣ намуд.

 

Мирсаид РАҲМОНОВ,

таҳлилгар, ходими калони илмии

Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ