АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Терроризм-таҳдидест ба ояндаи инсоният

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Баъд аз амали террористии 11 сентябри соли 2001, ҷаҳон шоҳиди тағироти куллӣ дар тартиботи ҷаҳонӣ гардид ва ҳамин тавр, муҳокима дар бораи ҳодисаҳои террористӣ як ҷузъи ҳаёти мо гаштанд. Ҳодисаи охири террористии дар Донишгохи Кобули Афғонистон рухдода аз он далолат мекунад, ки террористон бо ҳар роҳу восита мехоҳад амалҳои касифу нобахшидани ва бераҳмонаро анҷом диҳанд.  Ҳалокати даҳҳо ҳазор мардуми осоишта, махсусан кӯдакону занон аз ин хатари марговар гувоҳ аз он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад.
Оиди таърифи терроризм дар байни муҳаққиқону сиёсатмадораон андешаҳои гуногун мавҷуданд ва таърифи дақиқи ҳамаро қонеъкунандаи он вуҷуд надорад. Коршиносону сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону кормандони амнияти таърифҳои гуногуни “терроризм” -ро истифода мебаранд. Шмидт ва Янгман дар китоби худ "Террори сиёсӣ" таърифҳои сершумори имконпазирро барои "терроризм" пешниҳод ва таҳлил карданд, ки онҳо дар як пурсише дар байни олимони соҳа ба даст овардаанд. Аз таърифҳои муаллифон бармеояд, ки дар 83,5% ин таърифҳо зӯрӣ ва зӯроварӣ ба назар мерасиданд; дар 65%-и онҳо террори сиёсӣ; дар 51%-и таърифҳо тарс; дар 47% таҳдид; дар 41,5 % таъсири психологӣ; амали барқасдона, нақшавӣ, мунтазам ва муташаккилона дар 32%; ва дар ниҳоят, усулҳои мубориза, стратегия ва тактика дар 30,5% ҳамаи таърифҳо оварда шудаанд. Терроризмро дар маҷмӯъ метавон ба таври зайл таъриф дод, яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Дар ду даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаи сайёра қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маҷрӯҳу маъюб ва садҳо кудак ятиму бепарастор шуданд. Фоҷиаи сангине, ки ба сари донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул омад, дардовараст. Донишҷӯёне, ки қурбонии ин амали даҳшатонаи террористон гардидианд бо ҳазорон орзуву нақшаҳо ва бо умеди хизмат ба Ватану миллати хеш вориди Донишгоҳ гардида буданд, ва мутассифона ҳамаи орзуву нақшаи хешро бо худ бурданд. Ҳангоми ҳамлаи ваҳшиёнаи афроди мусаллаҳ дар таърихи 2 ноябри соли ҷорӣ ба Донишгоҳи Кобул, ҳадди аққал 22 нафар кушта ва 22 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ин дувумин муассисаи таълимӣ аст, ки дар тӯли ҳафтаи охир мавриди ҳамла дар пойтахти Афғонистон қарор мегирад.  Аз руи маълумоти Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон, ҳамла замоне оғоз шуд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ барои ифтитоҳи намоишгоҳи китобҳои нав, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ ташкил шуда буданд, омаданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳамларо "амали нафратангези терроризм" номид ва барои гиромидошти қурбониён рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Дар тӯли 5 соли гузашта даҳҳо ҳамлаҳои мусаллаҳона ба марказҳои таълимии пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул аз тарафи "Давлати исломӣ"  иҷро шудааст. Соли гузашта дар натиҷаи таркиши моддаи тарканда дар назди даромадгоҳи шаҳраки Донишгоҳи Кобул ҳашт нафар ба ҳалокат расид. Дар соли 2016 бошад ҳангоми ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба Донишгоҳи Амрикои Кобул 13 нафар кушта шуданд.
Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳҳои террористӣ, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Терроризм акнун на мушкили кишварҳои мушаххас, балки масъалаест, ки ҳамаи акторони муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, созмонҳои террористӣ беш аз ҳарвақта метавонанд дар кишварҳои мухталифи олам ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, қурбониёни ин ҳамлаҳо метавонанд намояндагони миллатҳои гуногун ва коркунони қишрҳои гуногун бошанд. Имрӯз танҳо мубориза ва ҳамкории дастаҷамъонаи ҳамаи акторони муносибатҳои байналмиллалӣ зарур аст то пеши ин амалҳои ваҳшиёна гирифта шаванд.

                                   Қодиров Носирхон,
магистри бахши аввали 
Институти Осиё ва Аврупо
                                                                                                          

БОЗГАШТ