АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Тоҷикистон-Малайзия: дурнамои рушди ҳамкорӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист сиёсати хориҷиро мустақилона бо давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад, чун мустақил набуд ва дар он даврон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари мамолики ҷаҳон ҳамчун кишвари алоҳида дар минтақаи Осиёи Миёна намешинохтанд. То он даме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, танҳо бо давлатҳои бародари шӯравӣ ва қисме аз мамолики Шарқ муносибатҳои наздик дошт, вале бо дигар кишварҳои ҷаҳон равобити зичи дипломатӣ надошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст даровардани Истиқолияти худ, 9 сентябри соли 1991 тамоми ҳуқуқҳоро ба даст дароварда, ҳамчун субекти комилҳуқуқ, сиёсати хориҷии мустақии худро пеш бурда, бо ташаббусҳои олмамшумули худ дар арсаи байналхалқӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.
Дар ин раванд бо дар назардошти таъриху тамаддун ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Малайзия яке аз намунаҳои омӯзиш мебошад. Малайзия як давлати тараққикардаи минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё буда, дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад.  Ин кишвар дар як марҳилаи кутоҳ, воқеъан тавонист худро дар радифи панҷ кишвари «Бабрҳои Осиёӣ» ҷой карда, мавқеъи пешрафти муассирро дар робита бо аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайдо намояд.
Дар давоми солҳои 1992-1999 муносибатҳои неки дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ барқарор карда шуд. Аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Малайзия зиёда аз ду даҳсола сипарӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатии худро бо Малайзия ҳануз 11 марти соли 1992 барқарор намуд. Ҳарду кишвари дӯст ҷиҳати баланд бардоштани ҳамкориҳо ва фароҳам овардани фазои равобити дӯстона гомҳои устувор гузошта уфуқҳои навро ҷода фатҳ намуданд.
Ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ моҳи июни соли 2012 ҷаноби Сри Лим Кок Винг бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси консули фахрӣ дар ин кишвар таъйин гардид. Баъдан пояҳои меъёрию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвари дӯст дар асоси Созишнома байни Тоҷикистону Малайзия гузошта шуда ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ гомҳо гузошта шуд. Бахотири таҳким бахшидани пояҳои дӯстии кишварҳоямон, дар Куала-Ломпур намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ин омили рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратии тарафайн мебошад [2].
Инчунин нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия 23 июни соли 2014 бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт. Сӯҳбати судманд дар мулоқоти хосса оғоз ёфт. Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдурраззоқ низ ҳавасмандии амиқи Малайзияро ба ташкил ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Малайзия дарҳои худро ба рӯйи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо истифода аз таҷрибаи ғании худ ба рушди босуботи иқтисодии кишвари шумо мусоидати фаъол намоем». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои тараққикардаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва хусусан Малайзияро «аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номид [2].
Дар ин муддат Тоҷикистон барои пойдор намудани робитаҳои хамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ пайваста саъйю кӯшиши зиёд дода истодааст. Риштаҳои гусастаи алоқаҳои таърихии халқҳои ду кишвар барқарор шудааст ва муносибатҳои кишварҳоямон акнун ба маҷрои муназзами ҳамдигарфаҳмӣ ворид шудааст. Кишвари Малайзия, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст, дар ҳамаи соҳаҳо, ба мисли маорифу илм ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ ҳамкорӣ дошта барои густариши ояндаи ин ҳамкориҳо ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Сулҳу субот барои густариши равобити ҳамаҷонибаи муносибатҳои тарафайн имкониятҳои фаровон оварда бешубҳа ба манфиати халқҳоямон хизмат хоҳад кард. Барои вусъат додани муносибатҳои дӯстона шинохти кишварҳои ҳамдигар, ошноӣ бо иқтисод, илму фарҳанг ва риштаҳои дигари ҳаёти мардум аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад. Малайзия давлате аст, ки дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуд, ки ин муваффақиятҳо сабаби ҳамчун ном гирифтани ва шомил шудани кишвар ба иқтисоди Бабрҳои Осиёи гардидааст [1, 285].
Зеро ин кишвар бо мардуми заҳматкашаш тавонист аз вартаи иқтисодиёти паст дар як муддати кутоҳ ба сатҳи баланд барояд. Имрӯз, Малайзия давлати тараққикардаи минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё буда, дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад. Ин кишвар дар панҷоҳ соли истиқлолияташ аз Британияи Кабир дар соли 1957 ҷаҳиши кайҳонии иқтисодӣ карда, аз як давлатиҷаҳони сеюм” ба давлати пешрафта табдил ёфт. Ва воқеъан ҳам тавонист худашро дар радифи панҷ кишвари “Бабрҳои Осиёӣ”, ки Индонезия, Филиппин, Таиланд ва Ветнам шомиланд, ҷой кунад [5,4].
Сабаби хеле дертар барқарор шудани робитаҳои дипломатӣ бо аксарияти кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва бахусус бо Малайзия дар он аст, ки дар солҳои 1992-1997 барқароршавии ин муносибатҳо асос гузошта шуда ва дар солҳои 1998-2002 густариш ёфта, аз ин ба баъд доманадор гаштанд. Рӯйдодҳои муҳими ин солҳо боздидҳои расмӣ дар сатҳи роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва доираҳои соҳибкории ин давлатҳо мебошад.
Дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Сарвари Давлат қайд намуданд, ки: «Ҳамкории оғозшудаи мо бо Малайзия, Индонезия ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ талошу фаъолияти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо дорад. Мо метавонем сармоя ва технологияҳои навини давлатҳои пешрафтаи ин минтақаи рушдёбандаро ба манфиати рушди босуръати кишварамон ҷалб намоем», зеро ҳадафи чаҳоруми стратеги ба ҳамин мақсад аст [3, 83].
Густариши рузафзуни равобити дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики мухталифи дунё, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҳоли рушд аст [6]. Инчунин сарвари давлат қайд намуданд, ки: «Яке аз воқеиятҳои ошкори рӯз афзоиш ва тақвияти нақши амалии созмонҳои гуногуни минтақавӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад»[3, 83].
Агар охири солҳои 70-ум, сатҳи камбизоатӣ дар Малайзия 57 фоизро ташкил дода бошад, пас имрӯз ба 5 фоиз расидааст. Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ барои мамлакати Малайзия дар солҳои 70-80-уми охирҳои асри XX сарчашмаи асосии захираҳои молиявии дохилӣ барои сармоягузориҳо пасандозҳои аҳолӣ ба ҳисоб мерафт, ки он ба ҳисоби миёна 12,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод [4,600]. Дар ин сурат мо бояд ҳарчи бештар ин таҷрибаи ғании кишвари Малайзияро дар доираи ҳамкориҳои ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирем ва баҳри рушди васеътари кишвар ҳарчи зудтар ҳамкориҳоро бо шарикии ин кишвари осиёӣ мустаҳкам созем [6,76-77].
Ҳадафи аслии ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ ин рушди манфиатҳои олии давлат ва миллат мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намудаанд: «Ҳадафи аслӣ ва стратегии сиёсати хориҷии мо татбиқи амалии манфиатҳои олии давлат ва миллат, қабл аз ҳама таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар аст» [3,66].
Мувофиқи маълумоти соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Малайзия ба 525 млрд доллар (ҷойи 30-ум дар ҷаҳон) расида, ин нишондод ба ҳар сари аҳолӣ-17,500 доллар рост меомад [7,74]. Маҳазир Муҳаммад дар вазифаи худ аз соли 1981 то соли 2003 хизмат намуда, Малайзияро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи на танҳо минтақа, балки ҷаҳон табдил дод. Инчунин аз нигоҳи мушовир ва муҳаққиқи иқтисодии араб, доктор Абдулҳай Заллум, комёбии Малайзияро дар он мебинад, ки Маҳазир Муҳаммад аввалин шуда сиёсати таваҷҷуҳ ба Шарқ ё ба « Шарқ нигоҳ кардан»-ро амалӣ намуда буд [8]. Ин нигоҳ нақши Муҳаммад Маҳазирро, ба монанди нақши Ден Сияопин дар модернизатсияи Чин ва Ли Хуан Ю дар рушди Сингапур, хеле ҳалкунанда мебошад, муассир гардонид [7,75].
Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри рушди стратегияи миллии худ кӯшиш ба харҷ дода, ба хотири пешрафти минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегӣ, таъмини рушди босуботи кишварро муайян намудааст [6,76].
Дар робита ба дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Сарвари Давлат қайд намуданд, ки: «Ҳамкории оғозшудаи мо бо Малайзия, Индонезия ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубу Шарқӣ талошу фаъолияти минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодиро тақозо дорад. Мо метавонем сармоя ва технологияҳои навини давлатҳои пешрафтаи ин минтақаи бузургро ба манфиати рушди босуръати кишварамон ҷалб намоем» [4,83].
Тоҷикистон низ ҷузъи ҷаҳони муосир буда, ба беҳтару хубтар гардонидани зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳ намуда ба мактабу маориф ва боло бардоштани фарҳанги миллӣ, техника ва технологияи нав, омухтани таҷрибаву забонҳои гуногун диққати ҷиддӣ медиҳад, зеро он кафолати боэътимоди пешрафти ояндаи дурахшони миллат аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд мекунад: «..дар ин раванд як нуқтаро дар назар бояд дошт: дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд» [6,76].
Азбаски 93%-и ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода дорои имкониятҳои захираҳои хуби гидроэнергетикӣ, сарватҳои зеризаминиӣ ва стратегӣ мебошад, баъди комёбии се ҳадаф дар марҳилаи ҳадафи чаҳорум қарор доранд. Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илму техника ва хизматрасонӣ бо мақсади истифодаи амсилаҳои гуногуни кишварҳои муваффақ, махсусан Малайзия «Бабри Осиё», мувофиқи мақсад аст [6,76].
Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Малайзия муносибати густардатар ташкил намуда ва дар ҳама самтҳо ҳамкориҳо идома ёбанд, пас метавонад аз таҷрибаи бойи Малайзия истифода карда ба яке аз кишварҳои пешрафта ва тараққикарда шояд табдил ёбад. Ҳоло ҳамкориҳо дар ин самт идома дорад.
 
Одинаев Абдуҳалим
Мирзоев Закариё
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
Адабиёт:
  1. Бадия Ловерас, Нури. Вазъияти ҷаҳони сеюм дар остонаи асри нав. Тарҷумаи Сируси Саҳомӣ ва Фурӯзони Хазоинӣ, Теҳрон: Интишорот Чоппахш. 1385.-285с.
  2. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зафар Шералӣ Сайидзода. (Паёми 16.04.2005). Нашрияи мустанад. Душанбе – 2019. Як муҷаллад дар ҳаҷми 368 саҳ.
  3. Суховерхова Ю. А. Сбережения населения как инвестиционный источник экономики России. Актуальные проблемы авиации и космонавтики – 2015. Т с 600.
  4. Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия. Музаффар Муҳаммадӣ. Маҷмуи мақолаҳои конфронси илмию назариявии ҷумҳуриявӣ. Душанбе Як муҷаллад дар ҳаҷми 144 саҳ.
  5. http://www. president.tj/. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
  6. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия. №69 (3215) 26.06.2014. Рӯзномаи "Садои мардум". (http://sadoimardum.tj/president)
  7. Пайвандов Х.Б., Шарипов А.Н., Амсилаи рушди иқтисодии Малайзия ва истифодаи таҷрибаи он дар шароити Тоҷикистон. Паёми Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон. №3/3 (202). Душанбе: «сино» 2016.
  8. Заллум, Доктор Абдулҳай. Оё «Таваҷҷуҳ ба Шарқ» барои айшу ишрат аст ё зарурати мутлақ? Дар бораи таҷрибаҳои дигарон чӣ гуфтан мумкин аст?. 31.12.2020 (https://www.raialyoum.com/) هل “الاتجاه شرقا” هو ترف أم ضرورة قصوى؟ ماذا عن تجارب الاخرين؟
  9. Муносибатҳои Тоҷикистон бо Малайзия. 01.03.2013. ВКХ ҶТ. (https://mfa.tj/)

БОЗГАШТ